Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева

02.09.2011 18:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дўсту ҳамсоя баррасӣ шуд.

Дар робита ба вазъияти пешазинтихоботии кишвари ҳамсоя Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: - «Тоҷикистон ҳамеша ба рушди боэътидолу осоиштаи қирғизистон ва рўзгори накуи мардуми он манфиатдор аст».

Изҳори боварӣ карда шуд, ки интихоботи президентии қирғизистон дар фазои орому осуда ҷараён гирифта, ба таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар ин кишвар мусоидат мекунад.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Тоҷикистону қирғизистон доир ба аксари масоили минтақавию ҷаҳонӣ аз мавқеи ҳамдигар пуштибонӣ намуда, барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими амнияту субот дар минтақа равонагардида тадбирҳои муҳим амалӣ менамоянд.

Сарони ду давлат ба аҳамияти роҳи мошингарди Душанбе-Рашт-Ҷиргатол- сарҳади Қирғизистон, ки чанде пеш пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, баҳои баланд дода, ҳавасмандии ду кишвари ҳамсояро ба татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерўгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли нерўи барқ, аз ҷумла хатти барқии КАСА – 1000 ва роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон ва Эрону Покистон таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520