Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикот ба ифтихори 21-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

23.02.2014 08:47, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Рафиқон генералҳо, афсарону прапоршикҳо ва сарбозон!
Муҳтарам собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!

Имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон 21-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамонро дар фазои орому осудаи Ватан ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории мустақили миллӣ таҷлил менамоянд.

Ба ин муносибат ҳайати шахсии ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро самимона табрик гуфта, ба ҳар шаҳрванде, ки таҳти парчами давлати соҳибистиқлоламон суботу оромии кишвар, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияти давлату ҷомеаро таъмин мекунад, саломативу сарбаландӣ, рӯзгори обод ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ орзу менамоям.

Таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба истиқлолияти давлатӣ ҳамчун кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагии мустақим дорад.

Зеро ноил шудан ба истиқлолият ва дар ин асос бунёд намудани давлатдории мустақили миллӣ ба халқҳои ҷаҳон имкон фароҳам меорад, ки соҳиби ҳаққи табииву таърихии худ бошанд.

Дар ҷаҳони пуртазоди охири садаи гузашта, ки истиқлолияти Тоҷикистон ба чунин давраи ҳассос рост омад, ҳарчанд барои мардуми тоҷик бисёр душвор буд, вале мо ба хотири ҳифзи арзишҳои милливу таърихии халқамон ва суннатҳои давлатдории миллатамон роҳу равиши хосаи худро дарёфтем ва имрӯз ба сӯи ҳадафи бузурги интихобкардаамон - эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ дилпурона пеш меравем.

Сарфи назар аз мушкилоти солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба мо муяссар шуд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат бо дастгириву пуштибонии мардуми шарифи Тоҷикистон сохти конститутсионӣ ва фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро барқарор карда, амалан дар ҷои холӣ Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таъсис диҳем.

Ва имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки дар натиҷаи пуштибонии гарму самимонаи мардуми сарбаландамон, бахусус ҷонбозиву фидокориҳои афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи навтаъсиси кишварамон хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва парокандашавии миллат рафъ шуда, ҳоло мо барои пойдору устувор гардонидани аркону пояҳои давлати миллиамон дастаҷамъона азму талош карда истодаем.

Ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли ин солҳо дар натиҷаи иқдомоти пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сохтори муташаккил ва муосири ҳарбӣ табдил ёфта, таҷрибаи омодабошии ҷангии худро такмилу тақвият бахшида, бо мутахассисони касбии дорои таҳсилоти олии ҳарбӣ таъмин карда шуданд, ки имрӯз бо интизоми қавӣ, донишу малакаи замонавӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ рисолати бошарафу муқаддаси худро садоқатмандона иҷро мекунанд.

Дар тӯли таърихи бистуяксолаи Қувваҳои Мусаллаҳ Ҳукумати кишвар доир ба дастгирии хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла дар самти ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва хизмат ҳамаи имкониятҳоро истифода карда истодааст.

Ҳиссаҷудокунӣ барои таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳ ва маоши хизматчиёни ҳарбӣ давра ба давра зиёд гардида, ин раванд бо дарназардошти имкониятҳои молиявӣ минбаъд низ идома дода мешавад.

Мутобиқи Барномаи азнавсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон барои солҳои оянда таҷҳизонидани ҷузъу томҳо бо аслиҳа ва воситаҳои техникии муосири ҳарбӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани шароити хизмат пешбинӣ шудааст.

Ҷомеаи мо имрӯз дар шароити тағйироти босуръат ва мураккаби ҷаҳони муосир қарор дорад, ки метавонад ба истиқлолият, пояҳои давлатдорӣ, суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ хатар эҷод намояд.

Аз ин рӯ, дар шароити торафт афзудани хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва ҳаётӣ пайдо карда, чунин вазъ аз ҳамаи кормандони сохтору мақомоти давлатӣ, бахусус хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ тақозо менамояд, ки аз ҳарвақта дида бештар масъулиятшинос ва ҳушёру зирак бошанд.

Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори тақвияти стратегияи мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ мебошад.

Бо дарназардошти хатарҳои мавҷуда ва дар соли 2014 аз қаламрави Афғонистон хориҷ гардидани нерӯҳои байналмилалии зиддитеррористӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки ҷиҳати тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Ҳомиёни шуҷои Ватан!

Шумо бояд фаромӯш насозед, ки мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро ба зиммаи шумо вогузор намудаанд.

Мардуми кишвар дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинанд, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша вафодор ҳастанд.

Аз ин рӯ, ҳар яки шуморо зарур аст, ки тамоми азму ирода ва нерӯву малакаи касбии худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва сазовор будан ба эътимоду бовари сокинони кишвар сафарбар намоед.

Ҳамчунин хотирнишон месозам, ки шумо бояд аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик сабақи мардонагӣ гирифта, дар баробари нишон додани садоқат ба Ватан, инчунин шахсони аз таърихи миллати худ огоҳ ва зираку ҳушёр бошед.

Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд амиқан дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар эҳтиром ва пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату миллат зоҳир мегардад.

Итминони комил дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан - Модар, миллат ва давлати Тоҷикистон бо сарбаландӣ иҷро мекунанд.

Бори дигар ҳамаи шумо – ҳомиёни шуҷои Ватанро ба ифтихори 21-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, рӯзгори обод, хушбахтӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани муқаддасамон барори кор орзу менамоям.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520