Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

РАСУЛЗОДА Қоҳир
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон



Расулзода Қоҳир 8 марти соли 1961 таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1982 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис – гидротехник ва соли 2008 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси идоракунии давлат ва маҳаллӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои техникӣ мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1982 ба сифати техник– лаборанти лабораторияи сохтмонии иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда, минбаъд солҳои 1985-2000 аз вазифаи устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №4 иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой» шаҳри Хуҷанд то сардори иттиҳодияи мазкур фаъолият намудааст.

Солҳои 2000-2006 дар мансаби Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2006 то 2013 дар вазифаи Раиси вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Солҳои 2007-2013 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм ва чорум ва муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нав Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Барои фаъолияти меҳнатиаш бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон», медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон», ордени Зарринтоҷ дараҷаи II  ва мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – ордени «Фидокорона хизматлари учун» (Барои меҳнати фидокорона) сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520