Азим ИБРОҲИМ
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии ТоҷикистонАзим Иброҳим 1 марти соли 1962 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилот олӣ. Соли 1984 Донишгоҳи давлатии техникии Тошкентро бо ихтисоси муҳандиси маъдан-маркшейдер бо дипломи аъло хатм кардааст. Номзади илмҳои техникӣ мебошад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1984 ба сифати таҷрибаомӯз-тадқиқотчӣ оғоз намуда, солҳои 1985-1988 аспирант, сипас то соли 1992 ҳамчун ассистенти кафедраи геодезия ва маркшейдерии Донишкадаи политехникии Тошкент фаъолият намудааст.
Солҳои 1992-1994 дар вазифаи муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва тасвири муҳандисӣ, декани факултаи саноати сабуки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 1994-1995 дар мансаби муовини аввали Раиси Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ фаъолият намудааст.
Солҳои 1995-2002 дар вазифаи муовини аввали Раиси Кумитаи металлу сангҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, сипас муовини вазир – сардори департаменти саноати кӯҳӣ ва металлҳои киматбаҳои Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2004-2005 дар мансаби Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Аз соли 2005 то соли 2013 дар вазифаи Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2013-2020 дар мансаби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нав Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Барои фаъолияти меҳнатиаш бо ордени «Шараф» дараҷаи II ва унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон», сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.