Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАҒОЙЗОДА Сумангул Саид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон


ТАҒОЙЗОДА Сумангул Саид 19 декабри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1989 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1986 ба сифати Оператори Маркази ҷумҳуриявии ҳисоббаробаркунии Кумитаи давлатии оид ба таъминоти моддию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас то соли 2005 дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ дар дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2005-2010 дар вазифаҳои муовин, муовини якуми Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Аз марти соли 2010 дар вазифаи Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард.

Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2013 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520