Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи мактаби нави таҳсилоти умумӣ дар деҳаи Ҳусейншайхи ноҳияи Данғара

22.03.2014 09:16, ноҳияи Данғара

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ва такон додани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф овард.

Боздиди корӣ аз деҳаи Ҳусейншайхи ҷамоати деҳоти Корез бо ифтитоҳи расмии мактаби нави таҳсилоти умумӣ оғоз ёфт.

Мардуми деҳа ва хусусан омӯзгорону хонандагон аз мавриди истифода қарор гирифтани мактаби нави замонавӣ басо хушҳол шуданд, зеро то ин вақт дар ин ҷо танҳо мактаби нӯҳсола мавҷуд буд ва хонандагони синфҳои болоӣ ба мактаби умумии деҳаи ҳамсоя мерафтанд.

Тавре зикр гардид, бунёди ин мактаб соли 2012 оғоз гардида, бо харҷи беш аз 17 миллион сомонӣ барои 1280 хонанда дар ду баст бунёд шудааст ва дорои 22 синфхонаи таълимӣ, утоқҳои маъмурӣ, майдони варзишӣ ва устохонаҳои омӯзиши касбу ҳунарҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир мебошад.

Майдони варзишии ин мактаб, ки аз се қисмат иборат буда, барои бозиҳои футбол, волейболу баскетбол, теннис ва дигар намудҳои варзиш пешбинӣ шудааст, басо зебою матлуб мебошад.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми деҳаи Ҳусейншайхро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, мактаби навро туҳфаи пурарзиши наврӯзӣ номид ва хонандагони онро ба таҳсили хубу аъло, одобу ахлоқи ҳамида ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520