Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба кор даровардани корхонаи маҳлулҳои зарфшӯйӣ ва оғози сохтмони корхонаи коркарди нафт дар ноҳияи Данғара

23.03.2014 14:21, ноҳияи Данғара

Дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли маҳлулҳои зарфшӯйиро расман ба кор дароварда, ба сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт оғоз бахшид.

Нахуст корхонаи Тоҷи Осиё, ки ба истеҳсоли маҳлулҳои шустушӯй машғул аст, расман ба кор дароварда шуд.

Тавре зикр гардид, ин корхона бо харҷи 1,4 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби соҳибкорони хусусии эронӣ бунёд ёфтааст.

Иқтидори ҳозираи корхона 400 тонна маҳсулот дар як сол буда, дар он ҳоло 15 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. То соли оянда иқтидори корхона фузун гардида, шумораи коргарон ба 45 кас хоҳад расид.

Маҳлулҳои шустушӯии ин корхона бо технология ва сертификати олмонӣ истеҳсол шуда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад.

Корхонаи коркарди нафт дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара бо саҳмгузории муштараки ширкатҳои Тоҷикистону Чин бунёд ёфта, дар он солона аз 1 миллиону 200 ҳазор тонна нафти хом маҳсулоти тайёри гуногун истеҳсол карда хоҳад шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони он оғози расмӣ бахшид.

Дар сурати ба кор даромадани 2 навбати аввали корхона ва нуқтаҳои ёрирасони он дар ин ҷо 3500 нафар бо корӣ доимӣ таъмин мегарданд, ки 80 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520