Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон

27.03.2014 17:31, Афғонистон

Мавзӯъҳои муҳимтарини минтақавӣ дар бахшҳои сиёсат, амният, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва илму фарҳанг, ҳамчунин дар мулоқоти дуюми чаҳорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон баррасӣ шуд.

Ин мулоқот бо иштироки сарони ҳарчор давлати мазкур – Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай, Ҳасани Рӯҳонӣ ва Мамнун Ҳусейн ҷараён гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ, аз ҷумла изҳор дошт, ки “нақши чаҳор кишвар дар ҳамкории минтақавӣ ва умуман ҷаҳони ислом пайгирона боло меравад”.

Эмомалӣ Раҳмон “сохтмони шабакаи муосири интиқоли барқ, газ, оби нӯшокӣ, роҳҳои оҳану мошингард”-ро барои чор кишвар “дорои аҳамияти ҳаётӣ ва геоиқтисодӣ” номида, таъкид дошт: “Зарур аст, ки роҳҳои пайванди чаҳор кишвар ҳарчи зудтар ва дар сатҳи имрӯзӣ бунёд ва навсозӣ шаванд, то ки нақши кишварҳои чорроҳӣ ва транзитии мо дар ҳамкории минтақавӣ ва байниминтақавӣ ҷиддан боло равад”.

Сарвари давлати Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки “Форуми ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятии кишварҳои чоргона таъсис дода шавад”.

Дар фарҷоми сухан аз сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон ва Покистон даъват карда шуд, ки моҳи сентябри соли равон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Душанбе ташриф биёранд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520