Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ба навсозии куллии роҳи мошингарди кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд оғози расмӣ бахшид.
Тавре зикр гардид, солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозии роҳҳои мошингард авҷи тоза пайдо намудааст.
Танҳо дар соли 2013 30 км роҳҳои мошингарди шаҳри Хуҷанд мавриди навсозӣ қарор гирифтаанд. Соли 2014 бошад навсозии 116 км роҳҳои дохилии шаҳри Хуҷанд дар нақша аст. Ин миқдор роҳҳо бо харҷи 40 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ва аз соҳибкорону аҳолии саҳмгузор бояд аз нав обод шаванд. Навсозии роҳҳои шаҳри Хуҷанд аз ҷониби ширкатҳои ватании Суғд роҳсоз, Хуҷанд роҳсоз ва Сомон роҳсоз анҷом меёбад.