Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Табошар

27.09.2011 17:00, шаҳри Истиқлол

Имрўз сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Табошар идома ёфт.

ҳадаф аз ин боздид шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, аҳволи рўзгори мардум ва мусоидат ба ҳалли як зумра мушкилоти асосии ин шаҳри овозадори саноатӣ арзёбӣ гардид.

Дар Табошар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба маҷмааи варзишии сатҳи олимпӣ, ки дар майдони 3,5 га ҷойгир шудааст, ташриф оварда, бо натиҷаи корҳои тармиму навсозии он аз наздик шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин маҷмааи бузурги варзишӣ имсол бо харҷи беш аз 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ мавриди тармиму навсозӣ қарор гирифта, бо таҷҳизоту ашёи нави замонавӣ дубора ба истифодаи васеи дўстдорони варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим дар Табошар пешкаш гардидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз майдони калони варзишӣ, ки дорои 1800 ҷойи нишаст аст, толори атлетикаи вазнин ва гўштигирӣ, толори калон барои бозиҳои волейболу туби дастӣ, толори баскетбол, корти теннис, ҳавзи калони шиноварӣ, ки дарозию паҳноияш 50х25 метр аст ва дигар толору майдончаҳои ин маҷмааи бузург дидан карда, барои боз ҳам беҳтар кардани шароити машқу тамрин ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Тибқи супоришҳои Сарвари давлат, шароити машқу тамрин дар ин ҷо бояд мутобиқ ба талаботи байналмилалии олимпӣ бошад. Тавре зикр гардид, дар ин маҷмааи варзишӣ бояд захираҳои ҷумҳуриявии олимпӣ машқу тамрин карда, дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ шарафи Тоҷикистонро ҳифз намоянд.

Дар вақти тармиму навсозии ин маҷмаа 140 нафар аз аҳолии маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин буданд. Кунун, баъди навсозии маҷмаа роҳбарияти он метавонанд то 100 нафарро ба кор ҷалб намоянд.

Ду меҳмонхонаи дар назди ин маҷмааи бузурги олимпӣ вуҷуддошта ҳам мавриди тармиму навсозӣ қарор гирифта, дар онҳо барои 60 нафар шароити муосири зист ва истироҳату фароғат муҳайё гардидааст.

Дар яке аз кўчаҳои марказии шаҳри Табошар, ки биноҳои маъмурию истиқоматиаш бо тарҳу намои зебои фарқкунанда ва аксаран аз санг сохта шудаанд, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзию саноатӣ дидан кард.

Маҳсули ҳунари қолинбофони табошарӣ, ки асосан қолинҳои дастӣ мебофанд, бо рангубори зебо ва нақшу нигори дилкаш мавриди таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Таъкид гардид, ки қолинбофии дастӣ ва умуман маҳсули ҳамаи ҳунарҳои дастӣ дар бозори ҷаҳонӣ арзиши хеле баланд доранд. Аз ин хотир Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қолинбофони чирадасти табошариро ба ривоҷ додани ин ҳунар, тарғибу ташвиқи он дар миёни ҷавонон ҳидоят намуда, ба масъулини давлатӣ дастур дод, ки барои эҳёи дубора ва тараққӣ додани чунин ҳунарҳо тамоми шароити заруриро муҳайё созанд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар муҳлати кўтоҳ бояд бо ҷалби сохторҳои давлатию соҳибкорӣ як зумра корхонаҳои хурди саноатӣ бунёд ёфта, 1000 нафар занону духтарони шаҳри Табошар бо кор таъмин гарданд.

Намоишгоҳи маҳсули кишоварзӣ ва ҳунарҳои мактаббачагон, аз ҷумла мактаби русии тамоюли мусиқӣ низ басо ҷолиб буд.

Зимни боздид аз намунаҳои маҳсулоти корхонаҳои саноатии Востокредмет, Мармари Табошар, Сомон-Суғд, Зиннат ва ғайра дастур дода шуд, ки барои бо иқтидори пурраашон ба кор даровардани корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ ва бунёди корхонаҳои нави хурд аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода карда шавад.

Тавре зикр гардид, дар корхонаи Мармари Табошар ҳоло 35 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидааст ва то охири соли равон шумораи онҳо ба 100 нафар хоҳад расид. Роҳбарияти ин корхона 100 нафари дигарро дар кони мармари Адрасмон, ки манбаи ашёи хоми корхонаи мазкур аст, ба кори доимӣ ҷалб намудааст.
Чунонки аён гардид, солҳои охир истеҳсоли маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металҳои қимматбаҳо рў афзоиш ва тараққӣ дорад ва ин табиист, зеро сол ба сол шумораи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзун шуда, талабот ба ороишоти миллии тоҷикӣ, зару зевар ва тўҳфаҳои хотиравии хосси кишвари кўҳистони мо зиёд мешавад.

Дар шаҳри Табошар бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин Маркази саломатӣ ва қасри фарҳанг баъди тармиму навсозӣ аз нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зимни боздид аз Маркази саломатии шаҳри Табошар, аз ҷумла зикр гардид, ки ин бино бо харҷи 750 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ навсозӣ ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Акнун маркази саломатӣ имкон дорад, ки дар як баст ба 750 нафар ниёзмандон хизмат расонад. Ба иттилои масъулин, камбудии асосии ин марказ норасоии мутахассисони соҳа аст. Аз ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилояти Суғд дастур дод, ки барои рафъи ин мушкил табибон аз дигар шаҳру ноҳияҳо ҷалб карда шаванд. ҳамчунин дастур дода шуд, ки шумораи квотаҳои президентӣ барои қабули довталабон ба Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино аз Табошар зиёд карда шавад.

қасри фарҳанги шаҳри Табошар бошад, бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ навсозӣ шуда, бо намои зебою дилкашаш ба маркази шаҳр ҳусни тоза зам намудааст.

Толори калони қаср, ки 400 ҷойи нишаст дорад, баъди навсозӣ хеле зебою дилкаш ва бо асбобу ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар толори дигари қасри фарҳанг хатнасури 22 нафар писарчаҳо аз оилаҳои бесаробон ва ё ниёзманд ороста шуд. Ба ҳар яки онҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон яктогӣ телевизор, дучарха, сарулибос ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии назди қасри фарҳанг бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми шаҳри Табошар мулоқоти тўлонии озоду ошкоро доир намуд.

Зимни суханронӣ ва пурсишу посух бо мардум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф кардани як қатор мушкилоти мавҷудаи шаҳри Табошар дастуру супоришҳо дод.

Тибқи супоришҳои Президенти кишвар, дар зарфи 2 соли оянда бояд норасоии об, ки мушкили асосии шаҳри Табошар аст, бартараф хоҳад шуд, барои аз нав ба кор даровардани корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ ва бунёди корхонаҳои хурди нав тадбирҳои судбахш амалӣ гашта, дар зарфи як сол дар онҳо бояд 1000 ҷойи корӣ муҳайё шавад.

Ба мактабҳои шаҳри Табошар, ки 2200 нафар хонанда доранд, 100 компютери нав бо 20 принтер ва ба Маркази саломатии шаҳр як мошини ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа карда шуд.

Ба масъулини дахлдор, ҳамчунин доир ба идома додани корҳои авҷгирифтаи созандагию бунёдкорӣ ва омодагии ҷиддӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 супоришҳои мушаххас дода шуд.

Cарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки мутобиқи расму оини волои номгузории тоҷикӣ шаҳри Табошар минбаъд Истиқлол номида шавад. Пешниҳод аз ҷониби мардум хуш пазируфта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520