Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаҳои коркарди чарм ва истеҳсоли қубурҳои пластикии қутрҳои калон

15.04.2014 09:15, шаҳри Ваҳдат

Дар кӯчаи Дӯстматови шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли либосу пойафзол аз он ва корхонаи қубурҳои пластикии калонқутр ба кор дароварда шуд.

Тавре аён гардид, корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли либосу пойафзоли чармии бозоргир дар назди ҶДММ Доро оҳангар бо харҷи наздики 10 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуқаҳҳор Холов ва шарикони хориҷии ӯ аз Амороти Муттаҳидаи Араб бунёд ёфта, бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардидааст.

Дар ин корхона бо иқтидори кунунияш дар як сол то 500 ҳазор дона пӯсти чорвои калону майда мавриди коркард қарор гирифта, аз он дар коргоҳи дӯзандагии ҳамин корхона либос ва пойафзоли гуногуни чармӣ истеҳсол мешавад. Дар оғози кор истеҳсоли то 20 намуд маҳсулоти тайёри чармӣ ба роҳ монда шуда, минбаъд номгӯйи он мувофиқ ба талаботи бозор афзун хоҳад шуд.

Чунонки зикр гардид, ин корхона танҳо қадами аввали кори муштараки ин соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб аст. Онҳо азм доранд, ки оянда шумораи чунин корхонаҳоро афзун намуда, бо либосу пойафзоли чармӣ натанҳо бозори Тоҷикистонро пурра таъмин кунанд, балки содироти маҳсулотро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд. Иттилоъ дода шуд, ки тибқи натиҷаи нишондодаи озмоишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ пӯсти чорво аз Тоҷикистон ба стандартҳои баландтарин ҷавобгӯй буда, дар озмун сазовори ҷойи аввал шудааст.

Дар давраи аввали кори корхона дар он наздики 70 нафар ба кори доимӣ ҷалб шудаанд. Ояндаи наздик дар ин ҷо беш аз 400 ҷойи корӣ муҳайё мегардад.

Тавре зикр гардид, дар назди ҶДММ Доро оҳангар, ҳамчунин як корхонаи дигари коркарди аввалияи чарм ва корхонаи истеҳсоли зарфҳои алюминӣ ҳам фаъолият доранд. Дар ҳарсе корхона ҳоло беш аз 200 нафар машғули кор мебошанд.

Корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикии калонқутр бошад, аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, дар он ду хатти технологӣ васл шудааст.

Дар яке аз онҳо қубурҳои қутри аз 200 то 630 мм ва дар дуюмаш аз 630 то 1200 мм истеҳсол мешавад. Корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикии қутри аз 630 то 1200 мм нахустин ва алҳол ягона дар тамоми қаламрави Осиёи Миёна мебошад.

Дар ин корхона бо иқтидори кунуниаш дар як сол аз 13 ҳазор тонна ашёи хом қубурҳои гуногуни ба фишори баланд тобовар тавлид хоҳад ёфт. Қубурҳои ин корхона барои расондани оби нӯшокӣ, оби кишоварзӣ ва гази табиӣ пешбинӣ шуда, зиёда аз 50 сол хизмат хоҳанд кард.

Ин корхона бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он 45 нафар бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 1200 сомонӣ таъмин гардидаанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520