Дар фароварди боздид аз шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Сафомиддин Карим ташриф оварда, ба кишти имсолаи пахта дар он оғоз бахшид.
Чунонки иттилоъ доданд, ин хоҷагӣ яке аз калонтаринҳо дар шаҳри Ваҳдат буда, 757 гектар замин дар ихтиёр дорад.
Дар 150 гектари он пахта, дар зиёда аз 500 гектар ғалладона ва дар боқӣ заминҳо сабзавот парвариш меёбад.
Хотиррасон бояд намуд, ки дар иншооти имрӯз бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат мавриди истифода қароргирифта ва корхонаю муассисаҳое, ки сохтмонашон оғоз ёфт, барои беш аз 5 ҳазор нафар ҷойи корӣ бо маоши хуб муҳайё мегардад. Сеюним ҳазор хонавода, пеш аз ҳама оилаҳои ҷавон дар биноҳои нави 13 ва 26-ошёна соҳиби хонаҳои барҳаво мешаванд. Наздики 1300 оилаи дигар соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ шуда, шароити истиқоматии худро беҳ месозанд.