Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

17.04.2014 10:38, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки барои иштирок дар Мулоқоти нуҳуми худ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамгироии пурсамар дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки “мо барои рушду густариши робитаҳои судбахш минбаъд низ ҷаҳду талош мекунем”.

Президенти Тоҷикистон таъкид дошт, ки дар шароити нави геосиёсии ҷаҳонӣ таҳия ва қабули Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай барои то соли 2025 аҳамияти басо калон дорад.

Таваҷҷуҳи зиёд ба таҳкими ҳамгироии муштарак бар зидди падидаҳои терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир зоҳир карда шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон таъкид гардид, ки ҳифзи марзи тӯлонии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя бояд бо саҳмгузории муштарак пурзӯр карда шавад.

Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳакории Шанхай аз ҷониби котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои ин созмон “муваффақу босамар” номида шуд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба омодасозии босифати кадрҳо ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520