Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи истифодаи мақсадноки
қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ


Мутобиқи моддаи 13 Конститутсияи (Сарқонуни) ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 2 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмини истифодаи мақсадноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, фармон медиҳам:

1) Қитъаҳои замине, ки ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудаанд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон истифода карда шаванд.

2) Бастани аҳдҳо оид ба хариду фурўш, тўҳфа ва дигар аҳдҳои гражданӣ марбут ба ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замини ба эҳтиёҷмандони пешбининамудаи банди якуми ҳамин Фармон додашуда бе бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё хонаҳои истиқоматии нотамом ва ба қайди давлатӣ гирифтани аҳдҳои зикргардида манъ карда шавад.

3) Муқаррар карда шавад, ки дар ҳолати ошкор карда шудани ҳолатҳои бастани ҳама гуна аҳдҳои ғайриқонунӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигии ба шаҳрванд ҷудошуда, ҳуқуқи шаҳрванд оид ба истифодаи қитъаи замини мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад.

4) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати се моҳ қоидаҳои муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамомро (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон), ки метавонанд ба муомилоти гражданӣ бароварда шаванд, таҳия ва тасдиқ намуда, якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбиқи Фармони мазкурро таъмин намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе
3 октябри соли 2011
№1147

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520