Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи мухтасари Паёми Президент ба Парлумони кишвар

23.04.2014 14:22, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои то ҳол анҷомёфта ва вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои оянда муайян намуд.

Ирсоли Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум сурат гирифт.

Роҳбарияти парлумон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти оғози ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бинои Маҷлиси Олӣ ба ҷо оварда, барои шунидани паёми навбатии Президенти кишвар ба толори калони Кохи Ваҳдат ташриф оварданд.

Дар толор, ҳамчунин Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, мақомоти марказии судӣ ва дигар идораҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарони корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, ширкатҳои фаъолу соҳибнуфузи хусусӣ, намояндагони ҳайати дипломатӣ, воситаҳои ахбори умум ва дигар шахсони масъул ҷамъ омадаанд.

Дар оғози паём Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати бузургдошти шоистаи солгарди 20-уми Конститутсияи Тоҷикистон, ки имсол фаро мерасад, таъкид намуда, аз солҳои таҳия ва қабули он ва арзишҳои волои дар ин санади тақдирсоз сабтгардида ёдоварӣ кард.

Таҳлили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди иқтисодиёт ва ҳам беҳсозии фазои сиёсию ҳуқуқии сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ аз бахшҳои аъзами паём буд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи 7 соли охир рушди иқтисодиёти миллӣ дар сатҳи 7,4% нигоҳ дошта шуд, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 1,7 баробар афзуд. Пасандозҳои бонкии аҳолӣ танҳо дар соли 2013 1 миллиард сомонӣ афзун шуд.

Зикр гардид, ки то анҷоми замони фаъолияти Стратегияи миллии рушд то соли 2015 камтар аз 2 сол боқӣ мондааст. Аз ин рӯ дастур дода шуд, ки таҳияи Стратегияи нави миллии рушд барои то соли 2020 оғоз карда шавад. Таъкид гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз соли 2015 то соли 2020 ба ҳар як нафари аҳолӣ бояд 1,5 баробар афзун гардад.

Тавре зикр гардид, дар 7 соли гузашта дар ҷумҳурӣ 870 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё ва ё барқарор карда шудааст. 185 ҳазори он ба соли 2013 рост меояд. 250 ҳазор ҷойи корӣ, тибқи нақшаҳо соли равон муҳайё мегардад, аз ҷумла дар 150 корхонаи нави истеҳсолӣ, ки имсол бояд ба кор дароварда шаванд.

Пешниҳод карда шуд, ки солҳои 2014-2020 давраи дастгирии давлатии саноат, соҳибкории хусусӣ ва коркарди ашёи хоми ватанӣ эълон карда шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Кодекси нави андоз барои пешрафти соҳибкории хурду миёна беш аз 240 номгӯй имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидааст. Аз 1-уми январи соли 2015 андозҳо аз фоида ва аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард кам карда мешавад. Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард аз 1-уми январи соли 2017 умуман бекор карда мешавад.

Супориш дода шуд, ки дар 7 соли оянда ба фонди аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таъсисдодашудаи дастгирии соҳибкорӣ аз ҳисоби буҷет то як миллиард сомонӣ равона карда шавад. Таъкид гардид, ки бештари маблағҳои ин фонд ба дастгирии соҳибкорони истеҳсолӣ дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон равона карда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷалби ҳамаҷонибаи дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосирро ба соҳаи кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ аз роҳҳои асосии афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ин соҳаҳо ва аз ин ҳисоб афзун намудани иқтидори содиротии кишвар номида, таъкид дошт, ки дар ояндаи наздик Тоҷикистон бояд аз кишвари кишоварзию саноатӣ ба индустриалию кишоварзӣ табдил дода шавад.

Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия зоҳир гардид. Аз ҷумла зикр карда шуд, ки танҳо соли равон тавассути ба кор даровардани иқтидорҳои нав ва навсозии нерӯгоҳҳои мавҷуда имкони ба ҳадди 320 мегаватт зиёд намудани истеҳсоли нерӯи барқ ба миён меояд.

Барои бунёди зербинои муосири соҳаи нақлиёту коммуникатсия бошад, соли равон 1 миллираду 100 миллион сомонӣ ва дар 7 соли оянда 8 миллиард сомонӣ равона мегардад.

Бо таваҷҷуҳи зиёд ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки дар 7 соли гузашта ба рушди он 23 миллиард сомонӣ равона гардидааст ва барои 7 соли оянда бошад харҷи 70 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Тавре зикр гардид, аз ин маблағ 23 миллиард сомониаш ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас равона мегардад. Таъкид гардид, ки ба баланд бардоштани мақому манзалат ва обурӯю нуфузи омӯзгор бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.

Рушди соҳаҳои тандурустӣ, илм ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ниёзманд низ аз самтҳои афзали сиёсати давлатӣ номида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси маркази таълимию истеҳсолии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ дар вилояти Суғд изҳори хушнудӣ карда, таъкид дошт, ки чунин марказҳо бояд дар тамоми минтақаҳои кишвар таъсис дода шаванд. Тавре зикр гардид, бо ин роҳ ҳазорон нафар занону духтарон дар хонаҳои худ соҳиби кор, ҳунар ва даромади хуб мешаванд.

Бо таваҷҷуҳи хос ба масъалаи ҷалби занон ва ҷавонони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ ва корҳои роҳбарӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки ҳоло беш аз 41% ходимони давлатиро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Таъкид гардид, ки тарбияи ҷавонон ва занону духтарони болаёқат ва ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ минбаъд боз ҳам тақвият дода мешавад.

Дар бахши вобаста ба фаъолияти сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, аз ҷумла таъкид гардид, ки кадрҳои ин соҳаҳои ҳаётан муҳим бештар бояд дар дохили кишвар омода карда шаванд ва барои ин беҳтарин шароити зарурӣ муҳайё гардад.

Дар бахши сиёсати хориҷӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таҳаввулоту тағйироти торафт афзоянда дар арсаи байналмилалӣ, ки аксари онҳо натиҷаи бархӯрдҳои бесобиқа ва пуршиддати манфиатҳои нерӯҳои абарқудрат ва бозигарони муҳимтарини саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ мебошанд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва дастовардҳои даврони истиқлоли Тоҷикистонро аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як мақоми давлатӣ ва ҳар як фарди ватандӯст номид.

Бо таваҷҷуҳи хос ба равобит бо кишварҳои ҳамсоя Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: “Мо минбаъд низ ба анъанаҳои деринаву созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ содиқ мемонем. Ба ин мақсад дар муносибатҳоямон бо кишварҳои ҳаммарз ба пешбурди сиёсати дӯстӣ, ҳамсоягии нек, адами мудохила ба корҳои дохилии якдигар, истифодаи воситаҳои дипломативу сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, аз ҷумла масъалаҳои сарҳадӣ ва обу энергетика, афзалияти комил хоҳем дод”.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон густариши равобити ҳасана, равуои озоди одамону нақлиёт ва интиқоли бемамониати сармояву хизматрасониҳоро дар Осиёи Марказӣ амри зарурӣ номида, таъкид дошт: “Тоҷикистон барои таҳкими равандҳои ҳамгироӣ ҷонибдори рафъи низоми раводид дар минтақа мебошад”.

Ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу суботи сиёсии пойдор дар қаламрави ҳамсояи ҷанубии мо – Афғонистон – “ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётиву миллии Тоҷикистон” арзёбӣ гардид.

Густариши равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла дар доираи муносибатҳои сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон низ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Федератсия Русияро “шарики асосии стратегӣ” ва таҳкими ҳамкории судманди гуногунарса бо Ҷумҳурии Мардумии Чинро “аз вазифаҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар Осиё” номида, аз рушди чунин муносибот изҳори қаноат кард.

Ҳамчунин ба рушди босуботу бемайлони ҳамкорӣ бо Япония, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Туркия, бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо таъкид гардид.

Зарурати таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои олами араб ва ҳамаи давлатҳои дигари ҷаҳон ва ҳам бо созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ низ таъкид гардид.

Дар маҷмӯъ изҳор карда шуд, ки “низоми нави ҷаҳонӣ бояд аз ҷангу низоъҳо, фишору зӯроварӣ, терроризм, ифротгароии сиёсиву динӣ, ҷудоихоҳӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, паҳншавии силоҳи қатли ом комилан орӣ бошад ва бар ҳамкории густурда, баробар ва мутақобилан судманди ҳамаи кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ асос ёбад”.

Да охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Офаридгори олам дуо намуд, ки ба хотири амалӣ гардидани нақшаву ниятҳои неки дар назди мо қарордошта, қабл аз ҳама, дастоварди асосиву бузургтарини мардуми Тоҷикистон - ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи Ватани маҳбубамонро абадӣ гардонад, муҳаббату садоқати фарзандони ин миллати сарбаландро ба ояндаи ободу осудаи сарзамини аҷдодиамон афзун созад ва сарзамини биҳиштосои моро ҳамеша дар паноҳи офияташ нигоҳ дорад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520