Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар 80 -солагии Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҷашни Меҳргон

08.10.2011 13:00, шаҳри Душанбе

Имрўз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 80 -солагии Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҷашни Меҳргон таҷлил гардид.

Субҳи имрўз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ташриф оварда, дар тантанаҳои идонаи бахшида ба солгарди 80 - уми ин муассисаи таҳсилоти олӣ ва ҷашни Меҳргон иштирок намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсули кору эҷоди олимону омўзгорон ва донишҷўёни Донишгоҳи аграрии кишвар дидан кард. Ба намоиш, аз ҷумла тухмиҳои гуногуни навъҳои сершумори зироатҳои кишоварзӣ, тухмӣ ва маҳсулоти дигар, ки дар натиҷаи корҳои селексионии олимону омўзгорон ва донишҷўёни тоҷик ҳосил шудаанд, навъҳои гуногуни техника ва механизмҳои кишоварзиро бароварда буданд. Як мошинолоти кишоварзӣ, ки дар як гашт 6 амали коркарди заминро иҷро мекунад, мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт. Ин мошин дар як гашташ нармкунии хок, воридсозии нуриҳо, майдакунии кулухҳо, ҳамворнамоӣ ва ҳамчунин кишти тухмию ҷўяккаширо анҷом медиҳад.

Дар саҳни ҳавлии донишгоҳ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои нави факултаи Агробизнес, ки аз 4 ошёна, 27 синфхонаи муҷаҳҳаз ва дигар шароити зарурӣ иборат хоҳад буд, оѓоз бахшид.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аҳли ҷамъомад, меҳмонони дохилию хориҷӣ, ҳамаи онҳоеро, ки бо Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон алоқамандӣ доранд ва умуман кулли мардуми Тоҷикистонро бо солгарди 80 - уми ин донишгоҳ ва иди бостонии Меҳргон табрику таҳният гуфт.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро бештар ба натиҷабахшии тадбирҳои сершумори давлату ҳукумат доир ба рушду нумуи илмҳои кишоварзӣ ва бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ ҷалб намуда, таъкид дошт, ки бояд мардум натиҷаҳои мушаххаси татбиқи барномаю стратегия, қарорҳои ҳукумат ва дастуру супоришҳои Сарвари давлатро дар бозори истеъмолӣ ва ҳаёти ҳаррўзаи худ бубинанду эҳсос намоянд.

Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки замони шўравӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии Тоҷикистон кишти такрорӣ қариб вуҷуд надошт, ҳоло бошад имсол дар 100 ҳазор гектар кишти такрорӣ ба роҳ монда шуда, дар таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ нақши намоён гузошта шуд. Соли гузашта дар кишвар 760 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шуд, имсол ин нишондод ба 800 ҳазор тонна ва дар ду соли оянда ба 1 миллион тонна расонда хоҳад шуд. Дар беҳтарин соли замони шўравӣ бошад, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 160 ҳазор тонна картошка ҷамоварӣ шуда будааст. ҳамин тариқ маҷмўи маҳсулоти кишоварзии кишвар дар соли 2010 нисбат ба соли 1997 2,8 баробар афзуд.

Дастур дода шуд, ки иди бостонии Меҳргон ҳар сол рўзи 8 октябр чун иди миллии давлатӣ бо шукўҳу шаҳомати ҳамонанди Наврўзи хуҷастапай таҷлил гардад. Таъкид гардид, ки Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рўёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дўстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз дастовардҳои намоён дар назди роҳбарияти Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ва масъулини соҳаи кишоварзии кишвар доир ба густариш додани робитаи миёни илму таълим ва истеҳсолот, васеъ ба роҳ мондани коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ ва дар шакли маҳсулоти ниҳоӣ содирот кардани онҳо ва ҳамчунин доир ба рушду нумўи ҳамаҷонибаи ин соҳаи асосии иқтисодии миллии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дар ҷамъомади тантанавӣ, ҳамчунин дотсенти факултаи агрономӣ Абдуғанӣ Нурматов, Ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Русия ба номи Тимирязев Владимир Баутин ва донишҷўдухтари Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Идимои Нарзулло суханронӣ намуданд

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520