Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати 80-солагии пойтахти Тоҷикистон

20.11.2004 13:00, шаҳри Душанбе

Дӯстони азиз!
Ҳозирини мӯҳтарам!

Таҷлили 80-солагии таъсисёбии пойтахти кишвари азизамон, ки яке аз рамзҳои муқаддаси давлатдории миллӣ ва истиқлолияти Тоҷикистон мебошад, на танҳо барои сокинони Душанбе, балки барои тамоми мардуми тоҷик ҷашни муборак аст. Бо ифтихору хушҳолӣ ин ҷашни таърихии пойтахтро, ки аз рӯйдодҳои басо бузурги таърихиву фарҳангӣ ва сиёсӣ аст, ба ҳамаи сокинони мамлакат ва меҳмонони арҷманду ҳозирини гиромӣ табрик мегӯям.

Пойтахт воқеан гаҳвораи камолот ва инкишофу пешрафти миллат буда, ягон давлати соҳибтамаддун ва кишвари олам бе марказҳои тавонои илмиву фарҳангӣ вуҷуд дошта наметавонад. Миллати соҳибфарҳанги тоҷик, ки ҳазорҳо сол қабл аз ин дорои низоми хосаи давлату давлатдорӣ ва пойтахтҳои ободу фарҳангпарвар буд, бо оини деринаи шаҳрсозиву шаҳрдорӣ, инчунин бунёди марказҳои бузурги илмию фарҳангӣ шӯҳрати оламгир ёфтааст.

Мо имрӯз ҷашни пойтахти навини давлати тоҷиконро ба ҷойи марказҳои куҳанбунёди собиқа таҷлил менамоем ва аз баландиҳои асри XXI ба роҳи душвору пуршарафи давлатсозию ободгарии миллати худ назар меандозем.

Дар айни ҳол силсилаи давлату давлатдории тоҷикон ва пойтахтҳои қадимаи онро дар тӯли ҳазорсолаҳо зикр накарда, танҳо ёдовар мешавем, ки миллати тоҷик аз қазои таърих дар чоряки аввали асри ХХ давраи пур аз таззод ва муборизаҳои пурфоҷиаро барои ҳастию нестӣ паси сар намуда, зинаҳои нави ташаккули давлат ва роҳи сахту сангини расидан ба истиқлолияти миллиро гузашта, Душанберо пойтахти нави худ интихоб кард.

Таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ва навсозии давлатдорӣ сарфи назар аз иштибоҳҳои тақсимоти марзии Иттиҳоди Шӯравӣ барои пайвастани миллати тоҷик ба решаҳои кӯҳани таърихӣ ва ташаккули фарҳангу ҷаҳонбинии нав мусоидат кард.

Бояд таъкид намоем, ки давраи аввали давлатсозии навини тоҷикон ва бунёди пойтахти он - шаҳри Душанбе давраи муборизаҳои шадид барои ба даст овардани истиқлолияти сиёсии миллию давлатӣ ва дифои ҳуқуқҳои маънавии миллати мо буд.

Миллати куҳанбунёди тоҷик файзи истиқлоли воқеиро эҳсос намуда, онро дар мубориза барои сохтани пойтахти нав, давлати нав ва фарҳанги нав сафарбар намуд. Давлати порашуда, марказҳои илмиву фарҳангии аздастрафта ва миллати парокандаро маҳз ин мардуми ташнаи истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ба гирд овардан сар карда, тоҷиконро дар қаламрави маҳдудтари сарзамини аҷдодӣ муттаҳид сохт.

Таърихи ҳафтод соли ҳамзистӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ як пораи фаромӯшнашавандаи бунёдкорию созандагӣ ва эҳёи давлату давлатдории мо дар фазои нави сиёсӣ буда, бо вуҷуди маҳдудиятҳояш Тоҷикистонро ба сӯйи иқтисоди пешрафта, техникаю технологияи нав ва маърифати волои замонавӣ ҳидоят намуд. Дар қаламрави ҷумҳурии мо шаҳрсозию шаҳрдорӣ авҷ гирифта, Душанбеи тозабунёд ба чаҳор самт вусъат ёфт ва чун пойтахти нави давлати тоҷикон шӯҳрат пайдо намуд.

Муттаҳидшавии тоҷикон устувории давлати навинро таъмин намуда, дастовардҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷумҳурии моро афзуд. Маҳз дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе дигаргуниҳои азими бунёдкорона ба вуқӯъ пайвастанд.

Шаҳри Душанбе шаҳри ҷавони куҳанбунёд, шаҳрест, ки шоҳиди бисёр воқеаҳои таърихӣ, падидаҳои сиёсию фарҳангӣ, рӯзҳои вазнину фоҷиабор ва шодмонию ҷашнҳо мебошад. Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст.

Имрӯз мо бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пойтахти кишвари азизи худ - шаҳри Душанберо хонаи умеди тамоми тоҷикон ва форсизабонони олам медонем. Зеро шаҳри Душанбе дар радифи ҳамаи шаҳрҳо ва пойтахтҳои қадимаи давлати тоҷик қарор ёфта, рисолати муқаддасу бошараф, яъне маркази маъмурии кишвар, илму фарҳанг ва муттаҳидкунандаи миллатро ба дӯш гирифт.

Гарчанде дар таърихи тӯлонии миллати тоҷик Душанбе чандон шаҳри маълуму машҳур набуд, вале дорои таърихи қадимӣ ва осори нодир мебошад. Дар ҳазорсолаҳои чорум ва сеюми то милод қароргоҳи одамони ибтидоӣ будани маҳалли якҷошавии дарёчаҳои Лучоб ва Душанберо бозёфтҳои бостоншиносон собит кардаанд.

Дар ин маҳал дар асри якуми то мелод шаҳри ободе вуҷуд доштааст, ки он то асрҳои VII-VIII соҳибнуфузу пойбарҷо будааст. Ин шаҳр намунаи барҷастаи фарҳанги давраи таърихии Юнону Бохтариён ва Кушониён мебошад. Мувофиқи шаҳодати бозёфтҳои археологӣ Душанбе дар қатори шаҳрҳои кӯҳани Осиёи Миёна, аз ҷумла Бухоро, Самарқанд, Кӯлоб, Истаравшан ва Хуҷанд қарор дорад.

Дар асоси маълумоти охирини бостоншиносон Душанбе зиёда аз ду ҳазор сол қабл аз ин бунёд ёфтааст. Аммо дар марҳилаи тохтутози арабҳо шаҳр пурра хароб гардида, дар давраи давлатдории Сомониён аз нав барқарор мешавад.

Бар асари истилои муғул бошад, Душанбе комилан валангор гашта, аз тараққиёт бозмондааст. Вале дар марҳилаи давлатдории темуриён шаҳр ба яке аз марказҳои тиҷоратӣ ва ҳунармандии чағониён, яъне водии Ҳисор табдил меёбад. Дар асри XVI, яъне дар даврони шайбониён Душанбе боз вайрону валангор шуда, ҳангоми салтанати манғитиён низ ба тараққиёти он чандон таваҷҷӯҳ зоҳир накардаанд.

Сарфи назар аз таърихи қадимӣ ва чандинасраи худ Душанбе дар харитаҳои ҷуғрофии олам нисбатан дертар сабт шудааст. Ҳол он ки аз замонҳои қадим то барқароршавии ҳокимияти шӯравӣ Душанбе маркази тиҷоратӣ буд ва яке аз минтақаҳои муҳими Роҳи бузурги Абрешим ба ҳисоб мерафт. Амлокдории Душанбе дар Бухорои Шарқӣ яке аз ноҳияҳои сераҳолӣ ва убургоҳи роҳи тиҷоратӣ буда, ба ақидаи муаррихон номи Душанбе аз рӯзи баргузории бозор дар ин шаҳр гирифта шудааст.

26 ноябри соли 1924 дар сарнавишти миллати тоҷик воқеаи муҳими таърихӣ ҳисоб мешавад, ки дар ин рӯз Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон таъсис ёфт ва шаҳри Душанбе пойтахти он муқаррар гардид. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии пойтахт марҳилаи бунёд кардани шаҳри Душанбе оғоз ёфтааст. Сарфи назар аз шароити душвори ҳамонвақта Ҳукумат ва сокинони шаҳр бо кӯмаку дастгирии мутахассисон аз тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия бо ҳисси баланди ватандӯстиву масъулиятшиносӣ ба сохтмону бунёдкорӣ шурӯъ намудаанд. Дар як муддати кӯтоҳ дар шаҳр аввалин биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои маърифативу фарҳангӣ ва иншоотҳои саноатӣ бунёд шуданд.

Дар марҳилаи аввали ташаккули саноат дар Душанбе асосан корхонаҳои коркарди ашёи хом ва истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум, аз ҷумла комбинати саноати хӯрокворӣ, корхонаи пахтатозакунӣ, комбинати абрешим сохта шуданд.

Дар чунин давраи пешрафти иқтисодиёту фарҳанг Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт. Дар қатори халқҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ ҳазорон нафар ҷавонони тоҷик бо ҳисси бузурги ватандӯстӣ барои ҳимояи Ватан ба ҷанги зидди фашизм рафтанд. Бисёр фарзандони халқамон ихтиёран ба ҷанг рафта, қаҳрамониҳо нишон доданд, як иддаи зиёд дар ҷабҳаҳо қурбон шуданд. Дар ақибгоҳ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе мардум сарфи назар аз мушкилиҳои ҷонкоҳ, шабу рӯз меҳнат мекард. Дар ин ҷо баъзе корхонаҳои аз назди ҷабҳаи ҷанг кӯчондашуда дар муддати кӯтоҳ насб ва ба кор андохта шуданд. Табобатхонаҳои ҳарбии дар шаҳр кушодашуда ҳазорон маҷрӯҳи ҷангро табобат карда, боз ба ҳифзи Ватан мефиристоданд. Бинобар ин мо бо ифтихор метавонем бигӯем, ки дар ғалаба бар фашизм сокинони мо аз пойтахти Тоҷикистон ҳиссаи муносиби худро гузоштанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аҳолии пойтахт асосан аз ҳисоби мардуми аз шаҳру ноҳияҳои ҷангзадаи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ паноҳёфта зиёд гардид ва ҳамзамон иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ афзуд. Тарҳи меъморию муҳити фарҳангии шаҳр ба куллӣ дигаргун шуда, дар чаҳор самти он иморатҳои бошукӯҳ қомат афрохтанд. Бунёд гардидани кӯчаву хиёбонҳо, биноҳои нави замонавӣ ва маъмурию истиқоматӣ, иншоотҳои маишӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, марказҳои илмиву фарҳангӣ, мактабҳои олӣ ва ғайра Душанбеи кӯҳани моро ба шаҳри ободу ҳозиразамон табдил дод.

Бозсозӣ ва бунёди пойтахти Тоҷикистон аз соли 1947 дар асоси Нақшаи нави генералии таҷдиди пойтахт ҷараён ёфт. Вусъати корҳои сохтмонӣ ва инкишофи шаҳри Душанбе асосан солҳои 1965-1980 сурат гирифта, ба бунёд гардидани иншоотҳои бузурги маъмуриву фарҳангӣ ва шаҳракҳои истиқоматӣ мусоидат намудаанд.

Дар давоми солҳои 1986-1990 бошад дар пойтахт зиёда аз як миллион метри мураббаъ манзил сохта шуд, ки ин марҳилаи авҷу пешрафти корҳои сохтмонӣ буд. Ҳамаи ин корҳои созандагиву бунёдкорӣ воқеан аз талошҳои пайгиронаи миллати тоҷик барои ободии пойтахти давлати худ шаҳодат медиҳад. Дар ин бобат саҳми калон ва кӯмаку дастгирии беғаразонаи мардуми русро бояд ёдовар шуд. Зеро ҳанӯз соли 1926 меъморони рус ба Душанбе омада, нақшаи аввалини бозсозии пойтахти моро тартиб дода буданд. Ҳамчунин соли 1932 шаҳри Санкт - Петербурги Федератсияи Россия корҳои сохтмонии шаҳри Душанберо таҳти сарпарастии худ гирифта буд.

Мо нақши халқи рус ва ходимони сиёсиву олимони барҷастаи онро дар эҳёи давлатдории тоҷикон, густариши илм ва инчунин ташаккули пойтахти нави он ҳамеша қадр менамоем. Дар қатори намояндагони халқҳои дигар, ки дар он солҳои душвор ба Душанбеи навбунёд омада, дар инкишофи илму фарҳанги тоҷик хизмат карда буданд, яҳудиёни тоҷикзабонро низ бояд зикр кард. Онҳо дар пешрафти фарҳанги миллати мо, аз ҷумла шаҳри Душанбе, ҳиссагузор шуданд. Ҳоло онҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Исроил, Канада ва кишварҳои дигар марказҳои фарҳангии худро ташкил карда, ба забони тоҷикӣ рӯзнома, барномаҳои радиову телевизион, асарҳои бадеӣ интишор мекунанд ва бо эҳтироми бузург дар бораи Тоҷикистон, ҳамчун Ватани худ ҳарф мезананд ва ифтихор менамоянд.

Ҳамзамон саҳми намояндагони халқу миллатҳои дигар, аз ҷумла украину белорус, ӯзбеку тотор ва гурҷиву осетинро, ки барои ободонии Душанбе нерӯю ғайрати худро дареғ надоштаанд, махсус қайд кардан зарур аст. Онҳо фидоиёне буданд, ки дар баробари тоҷикон дасту дили гарм ва ғурури волои ватандӯстӣ дошта, дар ниҳодани пойдевори давлатдории навини мо ва рушду такомули илму фарҳанг фидокорона заҳмат кашидаанд.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Душанбе аз рӯзҳои нахустини пойтахт эълон гардиданаш рисолати пойтахтҳои қадимаи миллати тоҷикро ба дӯши худ гирифта, барои ташаккули давлатдорию инкишофи илму фарҳанг ва муттаҳидсозии нерӯҳои зеҳнию афроди пешбарандаи миллат нақши арзанда бозид.

Дар навбати худ ҳамин рисолати таърихии пойтахтро бисёр фарзандони бофазлу дониш ва бонангу номуси миллати тоҷик саривақт дарк карда, аз Самарқанду Бухоро, Фарғонаву Хуҷанд, водиҳои Зарафшону Бадахшон, Рашту Хатлон ва дигар шаҳрҳо ба Душанбе ҷамъ омадаанд.

Ба нодорию қашшоқӣ ва дигар сахтиҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, ҳама ба мактабу маориф, фарҳангу китоб рӯ оварданд, то ки барои миллати худ хизмат намоянд, давлати хешро эҳё созанд ва пойдевори Душанбеи ҷавонро ниҳода, соҳиби пойтахти нави худ гарданд.

Устод Садриддин Айнӣ бо хираду ҷасорати таърихиаш ба ҳифзи фарҳангу адабиёти куҳанбунёди миллати тоҷик бархоста, дар густариши онҳо дар сафи пеш қарор дошт. Бо ҳидояти ӯ даҳҳо шогирдонаш ба пойтахти навтаъсис кӯч бастанд. Ҳамон солҳо даҳҳо шоирону нависандагон, олимон, овозхонону оҳангсозон ва дар маҷмӯъ зиёиёни зиёде ба пойтахти мамлакат омаданд, то ин ки нерӯи солим ва пешбарандаи зеҳниву ақлонии онро ташкил дода, ҳамчунин дар маҳви бесаводии мардум саҳми сазовор гузоранд. Пойтахти давлати навини тоҷикон ба макони нашъунамои сиёсатмадорони нав, қаҳрамонони меҳнат, олимони забардасти соҳаҳои табиатшиносию ҷомеашиносӣ, шаҳри дӯстию бародарии миллатҳои гуногун табдил ёфт.

Дар натиҷаи кӯшишу талошҳои назарраси бисёр ходимони давлативу сиёсӣ ва илмиву фарҳангии тоҷик, аз ҷумла Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Чинор Имомов, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва бисёр дигарон ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ба маҷрои нави тараққиёт ворид шуд. Душанбе чун пойтахт ба маркази воқеии маъмурӣ, сиёсиву иқтисодӣ ва илму фарҳанги Тоҷикистон табдил ёфт.

Гузаштан ба низоми нави сиёсию иқтисодӣ дар шароити ниҳоят мураккаб сурат мегирифт, вале азми қавии созандагӣ, ҳисси амиқи ватандӯстӣ, меҳнати фидокорона ба хотири идеали иҷтимоӣ тамоми мушкилиҳоро бартараф мекард.

Дар кори муассисаҳои маданию маърифатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмиву тадқиқотӣ, театрҳо ва соҳаҳои маорифу тандурустӣ пешрафтҳои муайян ба даст омаданд. Дар ин давра шоирону нависандагони бузург, ҳунарпешагони забардаст, оҳангсозони барҷаста, режиссёрони намоён, филмбардорони боистеъдод, наққошону рассомони воқеъиятнигор, овозхонҳои варзида ба камол расиданд. Равияҳои нави санъату фарҳанг ба вуҷуд омаданд. Санъати рақс, овозхонӣ, кинематография, эстрада, опера ва балет, драма, мазҳакаи мусиқӣ ва ғайра ташаккул ёфта, дар ҳаёти фарҳангии кишвар мавқеи намоён ишғол карданд.

Таъсиси иттифоқҳои эҷодӣ, махсусан иттифоқҳои нависандагон, оҳангсозон, журналистон, рассомон, киносозон, созмонҳои занону ҷавонон дар пойтахти ҷумҳуриамон барои муттаҳидӣ ва пешрафти корҳои эҷодӣ такони ҷиддӣ шуд.

Дар пойтахт Академияи илмҳо таъсис ёфт ва сохтори он аз ҳисоби пажӯҳишгоҳҳои нави илмиву таҳқиқотӣ васеъ гардид ва гурӯҳи калони олимони намоёни табиатшинос ва ҷомеашинос ба воя расиданд, ки баъзеи онҳо дар илм мақоми ҷаҳонӣ пайдо карданд. Дар ин ҷо мактабҳои илмии астрофизика, сейсмология, физика, фалсафа, адабиётшиносӣ ва таърихнигорӣ ба вуҷуд омаданд, ки дар комёбиҳои илми ҷаҳонӣ саҳми намоён гирифтанд.

Ҷашни пойтахти кишварамон имрӯз аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳри Душанбе рисолати муттаҳидкунандаи халқи тоҷикро иҷро карда, дар марҳилаҳои тақдирсози миллатамон нақши ҳалкунанда бозид ва тақдири он бо эҳёи давлатдории тоҷикон пайванди ногусастанӣ пайдо намуд.

Бояд таъкид кард, ки пойтахт ҳамчун маркази давлат дар рушди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон, оромиву суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ нақши асосӣ дорад. Зеро ҳар як иқдоми созандаву тақдирсоз дар ҳар давлат ва ҳар кишвар маҳз аз пойтахт ибтидо мегирад. Чунон ки зикр намудем, қувваҳои пешбарандаи давлату миллат асосан дар пойтахт ҷойгир мебошанд ва бо ҳидояту роҳнамоии онҳо пешрафти ҷомеа ва рушди тамоми соҳаҳои ҳаётро мувофиқи мақсад таъмин кардан мумкин аст. Вале баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, яъне дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, вақте ки халқи тоҷик сарнавишти худро ба даст гирифт, дар пойтахти мо – шаҳри Душанбе баръакси ҳол дар натиҷаи муборизаҳои сиёсӣ беҳокимиятиву бенизомӣ ба миён омад.

Бар асари амалҳои даҳшатафканандаи ифротиён ҳазорон нафар нерӯҳои ақлонию зеҳнии пойтахт, ки захираи тиллоии миллат буданд, манзилу кори худро маҷбуран тарк намуданд. Низоъ ва қонуншиканиҳо ҳокимияти марказӣ ва ҳукумати пойтахтро фалаҷ намуда, ҳаракатҳои ҷудоихоҳӣ ҷумҳурии тозаистиқлолро ба вартаи парокандагӣ ва нобудӣ мекашиданд. Дар баробари ин, пойтахт ҳамчун маркази маъмуриву сиёсӣ, фарҳангӣ ва нерӯи ақлониву зеҳнӣ аҳамияти худро аз даст дода, ба маркази гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ҷинояткор табдил ёфт. Аз ин рӯ, бинобар беҳокимиятӣ ва бесарусомониҳои пойтахт иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид. Ҳукумати нав интихобшуда дар шароити ниҳоят душвор ва хатарнок ба пойтахт омад. Унсурҳои моҷароҷӯ, гурӯҳҳои ҷиноӣ ва тахрибкор бо ҳар роҳу восита мехостанд онро фалаҷ намоянд. Вале мо ба хотири таъмини ҳуқуқҳо ва озодиҳои шаҳрвандон роҳи ҷорӣ намудани волоияти қонунро пеш гирифтем.

Қабл аз ҳама ба мо зарур буд, ки амниятро дар шаҳри Душанбе ҷорӣ намуда, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро ҳам дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳам дар сатҳи шаҳрдории пойтахт таъмин созем. Маҳз қатъият, ҷасорат ва дарки амиқи масъулият дар назди миллату Ватан ва боварии халқи азизамон, махсусан сокинони пойтахти он – шаҳри Душанбе ба роҳбарияти нави Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки вазъияти сиёсиву низомӣ ва баъдан иқтисодиву фарҳангиро ба эътидол оварем.

Бо дарки он, ки ризоияти миллӣ меҳвари асосии пойдории истиқлолият, ташаккули меъёрҳои демократия ва тақвияти давлатдории миллӣ мебошад, мо дар назди халқи худ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ собит намудем, ки аз ӯҳдаи ҳифзи шаъну шарафи миллат ва Ватани худ мебароем. Ҳамчунин исбот намудем, ки пойтахти кишварамон на маҳалли иғвою дасиса, моҷарову задухӯрд, балки маркази воқеӣ ва мустаҳками ваҳдат ва ризоияти миллӣ, намунаи барҷастаи амният, фарҳанги сулҳ ва ҳаёти дунявӣ мебошад.

Бо дарназардошти оқибатҳои фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ, ки асосан аз пойтахт шурӯъ гардида буд, мо бояд минбаъд ҳаргиз тақдири давлату миллатро таҳти хатар нагузорем.

Давраи навини давлатсозию давлатдории халқамон ба мо расидан ба қадру қимати истиқлолият ва давлати миллиро омӯзонда, имкон дод, ки саросари ҷаҳон тоҷикон ва Тоҷикистонро шиносанд, ба таърихи қадимӣ, мероси бой, оини сиёсатмадорию сулҳпарастӣ, башардӯстию фарҳангпарварии онҳо эҳтиром гузоранд ва таҷрибаи нодири сулҳофарии моро омӯзанд. Дар ин бобат ба мо сабру таҳаммул ва хиради азалии миллатамон мусоидат намуд. Чунки агар боигарии баъзе халқу миллатҳо сарватҳои табиӣ, аз ҷумла нафту газ бошад, арзиши бебаҳои мо - тоҷикон сарвати беинтиҳои зеҳниву ақлонӣ ва фарҳангӣ аст.

Имрӯз Душанбе шаҳри сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ гардидааст. Саҳми бузурги онро дар таҳкими сулҳи комили Тоҷикистон ба инобат гирифта, моҳи августи соли ҷорӣ ЮНЕСКО тибқи қарори худ шаҳри Душанберо бо Ҷоизаи якуми «Шаҳри Сулҳ» дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором дар солҳои 2002-2003-юм қадр намуд, ки воқеан ин мукофот боиси ифтихори ҳар сокини пойтахт ва шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.

Ҳамзамон моро водор менамояд, ки сулҳу оромӣ ва суботи устувори мавҷудаи кишварамон, аз ҷумла пойтахтро ба таври абадӣ чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва нигоҳ дорем.

Сулҳу созиш ва оромии ҷомеа барои мо пояи асосии сиёсат ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ мебошад. Амнияти ҷамъиятӣ пеш аз ҳама маънои ба вуҷуд омадани ҷомеаеро дорад, ки сатҳи фарҳанг ва амали қонунҳо ба дараҷае расидааст, ки дигар касе ё гурӯҳе наметавонад кору зиндагии ороми шаҳрвандонро халалдор намояд.

Таъмин намудани амнияти ҷомеа на танҳо маънои мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ва экстремизми сиёсиро дорад, балки он таъсир расониданро ба чунин омилҳои вайронкунандаи суботи ҷамъиятӣ ба монанди камбизоатӣ, бекорӣ, зиддиятҳои миллию мазҳабӣ, омилҳои демографӣ низ мебошанд. Аз ин сабаб яке аз рукнҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мо маҳз ба таъмин намудани амнияти ҷомеа нигаронида шудааст.

Бояд таъкид кард, ки яке аз омилҳои воқеии ҳамчун маркази бонуфуз эътироф шудани Душанбе соли 1961 ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии бародаршаҳрҳо қабул гардидани пойтахти кишварамон мебошад. Имрӯз Душанбе бо як қатор марказҳои бузурги давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла шаҳрҳои Санкт-Петербург, Клагенфурт, Боулдэр, Минск, Анқара, Урумчӣ, Теҳрон, Лоҳур паймони бародарӣ ва муносибатҳои неки фарҳангӣ дорад. Ба мо зарур аст, ки доираи муносибатҳоро васеъ карда, миёни Душанбе ва бародаршаҳрҳои он ҳамкориҳои муҳими иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиро вусъат диҳем.

Имрӯз пойтахти ҷумҳурӣ раванди ба иқтисоди бозорӣ гузаштанро ба роҳ монда, ба пешрафтҳои муайян ноил гардидааст. Ҳоло дар ин ҷо 107 корхонаи саноатӣ, 111 муассисаи сохтмонӣ амал мекунад. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ аз соли 1998-ум бо суръати дар як сол то 15 фоиз афзоиш меёбад. Ҳамзамон дар пойтахт ҳоло 20 муассисаи олии таълимӣ, 19 гимназияву литсей ва беш аз 100 мактабу коллеҷҳо фаъолият доранд. Душанбе бо зиёда аз 30 кишвари хориҷӣ робитаҳои тиҷоратӣ дошта, саҳми он дар иқтисодиёти кишвар торафт меафзояд. Вале сарфи назар аз ин ҳанӯз дар пойтахт проблемаҳо кам нестанд. Таъмини аҳолӣ бо гармӣ, оби тозаи ошомиданӣ, вусъат додани инфраструктураи ҳозиразамон, ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, барқарорсозии иншоотҳои коммуникатсионӣ, беҳтар намудани муҳити зист, сохтмони манзилҳои замонавии истиқоматӣ аз ҷумлаи проблемаҳои муҳими иҷтимоии ҳалталаб мебошанд.

Он салоҳияте, ки ба шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти кишвар ба воситаи қонун муайян шудааст ва имкониятҳое, ки рӯз то рӯз ба вуҷуд омада истодаанд, вазифадор месозанд, ки пойтахт ба шаҳри боз ҳам зебову намунаи олии фарҳангию ахлоқӣ табдил дода шавад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, пешниҳод менамоям, ки ба хотири рушду тараққиёт ва ободии минбаъдаи шаҳри Душанбе ҳар сол шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи пойтахт таҷлил гардад.

Дӯстони азиз!

Пойтахт симои миллату кишвар, маркази илму тамаддун ва пойгоҳи маърифат аст. Аз ин рӯ, дар асоси симои зоҳирӣ, тарҳи меъморӣ ва ободии пойтахт ба сатҳи тараққиёти мамлакат ва маърифату фарҳанги миллат баҳо медиҳанд.

Солҳои охир дар Душанбе корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷараёни тоза пайдо карда, ҳар як иншооти навсохт боиси шукӯҳу шаҳомати шаҳр ва ифтихори сокинони он мегардад. Хиёбону кӯчаҳои марказӣ торафт зебо шуда, ба намуди шаҳр ҳусни нав мебахшанд. Албатта, дар ин бобат кӯшишу талошҳои Ҳукумати шаҳр ва сокинони пойтахт назаррас ва шоистаи миннатдорӣ мебошад. Вале ҳамаи ин дар маҷмӯъ ҳанӯз кам аст.

Барои тараққиёти пойтахтро ба сатҳи марказҳои пешрафтаи олам расонидан боз даҳсолаҳо заҳмат кашидан лозим меояд. Аз ин лиҳоз тармиму таҷдид ва ободсозии пойтахтро вобаста ба талаботи асри XXI аз рӯйи дастовардҳои тозаи меъморӣ, усулҳои мукаммали муҳандисӣ, истифодаи масолеҳи сабуку тобовари сохтмон, такмили шабакаи гармидиҳию обрасонӣ, танзими инфраструктурӣ ва коммуникатсияи ҳозиразамон, сатҳи баланди хидматрасонӣ пеш бурдан мувофиқи матлаб аст.

Дар марҳилаи имрӯза, ки тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат торафт суръат мегирад, бояд ба рушди стратегии шаҳри Душанбе – ҳамчун пойтахти давлати мустақил ва соҳибихтиёр таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад. Пеш аз ҳама, бояд мутахассисон ва шаҳрдорону шаҳрсозон дар заминаи имкониятҳо ва унсурҳои фарҳанги миллӣ масъалаи такмилу таҷдиди Нақшаи генералии шаҳрро баррасӣ намуда, ба майдонҳо, биноҳо ва муҷассамаҳои меъморӣ бахшидани симои тозаи замонавӣ ва сохтмони биноҳои хуштарҳу назарраборо ба инобат гиранд.

Илова бар ин, мо бояд маданияти шаҳрдорӣ ва масъулияти шаҳрвандиро баланд бардорем, аз пойтахти хеш ифтихор намоем, онро чун як рукни муқаддаси давлатдорӣ ва маркази тамаддуни миллӣ дӯст дорем, қадр созем ва ба ободию шукуфоии он эътибори хоса диҳем. Зеро ҳусни пойтахт ҳусни миллат аст ва ободию шукӯҳи он маънои ободии кулли сарзамини тоҷиконро дорад.

Бояд хотирнишон намуд, ки 9-уми сентябри соли 2006-ум 15-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Итминони комил дорем, ки тамоми мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони пойтахти азизамон ин санаи таърихиро бо дастовардҳои арзандаи иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ ҷашн мегиранд.

Бо дарназардошти нуфузу эътибори умумимиллии пойтахт ва расмиятҳои маъмули давлатдорӣ шаҳри Душанбе бояд ҳамеша ободу зебо, бонизому хуштарҳ бошад ва чеҳраи воқеии Тоҷикистонро инъикос карда тавонад. Аз ин рӯ, Ҳукумати шаҳри Душанбе вазифадор карда мешавад, ки дар бобати дар давоми даҳ соли оянда барои пурра бартараф намудани камбудиҳои соҳаҳои хидматрасонии манзиливу коммуналӣ ва нақлиёти дохилишаҳрӣ, аз ҷумла таъминоти оби босифати нӯшокӣ ва гармӣ тадбирҳои мушаххас андешад.

Шаҳри Душанбе яке аз пойтахтҳои ҷавони Осиёи Марказӣ мебошад, ки онро падарону бобоёни мо аз аввали солҳои бистуми асри гузашта дар айни ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ сохтаанд. Собиқадорони ҷангу меҳнат, ки саҳмашон дар ободии Душанбе зиёд аст, воқеан дастпарварони мактаби бузурги бунёдкорӣ, намунаи садоқат ба халқу Ватан ва ахлоқи ҳамида мебошанд. Мо имрӯз ба ҳамаи онҳое, ки бо заҳмати хеш хиштҳои нахустини биноҳои пойтахтро гузоштаанд, самимона миннатдорӣ баён мекунем.

Ҷавонон ворисони арзандаи собиқадорони меҳнат ва ободгари пойтахти хеш буда, дар ҳама давраҳои душвор нерӯю ғайрати ҷавониро ба ободию сарсабзии пойтахт мебахшанд. Сарсабзии пойтахт дар айни ҳол рамзи ҷавонии мо ва рамзи ҷавонии ҷумҳурии соҳибистиқлоли мост.

Фардои кишвар фардои рӯзгори ободу илҳомбахши ҷавонон аст. Боварии комил дорем, ки тамоми сокинони шаҳри Душанбе – аз хурд то бузург бо дарки моҳият ва рисолати таърихии пойтахт дар рушду такомули давлати Тоҷикистон бо ҳисси баланди ифтихори ватандӯстиву ватанпарварӣ, бузургдошти оини давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, барои бунёдсозӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша кӯшишу талош менамоянд ва намунаи ибрат мегарданд.

Душанбе ин рамзи пирони барнодилу бунёдкор мебошад, ки умри азизи хешро барои эҳёи пойтахти замонавии тоҷикон сарф намудаанд.

Душанбе ин рамзи ҷавонони умедбахшу сарбаланд аст, ки дар корхонаҳои саноативу муассисаҳои таълимӣ ба хотири пешрафти ояндаи Тоҷикистон кору таҳсил мекунанд ва содиқона заҳмат мекашанд.

Душанбе ин рамзи кӯдакони некбахту хуштолеъ аст, ки мисли гулҳои рангоранг арзу тӯли пойтахт ва зиндагии моро зебу зиннат мебахшанд.

Душанбе рамзи муқаддаси давлатдорӣ ва симои Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки фарзандони бонангу номуси он бояд ин симоро ҳамеша поку равшану беғубор нигоҳ доранд.

Дар ҷаҳон пойтахтҳои зебову маҳбуб хеле зиёданд, вале барои мо – тоҷикон, табиист, ки пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе аз ҳама зеботару маҳбубтар аст.

Бори дигар ҳамаи иштирокчиёни ин маҷлиси бошукӯҳ, меҳмонони гиромиқадр ва тамоми сокинони мамлакатро ба муносибати ҷашни 80-солагии пойтахт табрику муборакбод мегӯям.

Имони комил дорам, ки боғшаҳри кишварамон рисолати муттаҳидсозии миллатро идома дода, ба маркази ҳамешагии сулҳу ваҳдат, илму фарҳанги тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.

Поянда бод Душанбе – шаҳри умеду ормонҳо ва ягонагиву ваҳдати мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони тамоми ҷаҳон!

Саломату сарбаланду пирӯз бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520