Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар ҷамъомади кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба муносибати 80-солагии Прокуратураи Тоҷикистон

24.12.2004 13:00, шаҳри Душанбе

Мӯҳтарам кормандони мақомоти
ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ!

Ҳадаф аз ҷамъомади имрӯзаи мо пеш аз ҳама баррасӣ ва таҳлили вазъи таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷомеа ва давлат, инчунин муайян намудани вазифаҳои минбаъдаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат мебошад. Боиси қаноатмандист, ки гуфтугӯйи мо доир ба ин мавзӯъҳо бо ҷашни 80-солагии мақомоти прокуратураи Тоҷикистон рост омад.

Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳуриро, ки дар таъмин ва назорати иҷрои якхелаи қонунҳо, ҳамчунин дар мубориза бар зидди қонуншиканиҳо нақши асосиро иҷро мекунанд, самимона табрик мегӯям.

Дар ташаккули давлати нави ҳуқуқбунёд, ки мо бо иродаи мардум роҳи бунёди онро пеш гирифтаем, нақши прокуратура ниҳоят муҳим аст. Чунки фаъолияти он аз назорати иҷрои якхелаи қонунҳо, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин манфиатҳои давлат ва ҷомеа иборат мебошад. Дар баробари ин, прокуратура яке аз сохторҳои муҳимтарини низоми давлатдорӣ буда, ба ягон шохаи ҳокимият тааллуқ надорад ва иҷрои ҳатмии қонунҳоро аз ҷониби тамоми шохаҳои ҳокимият, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони мансабдор назорат намуда, дар мамлакат фазои ягонаи ҳуқуқиро фароҳам меорад. Бо ин мақсад ҳамаи самтҳои асосии фаъолияти прокуратура бо дарназардошти назорати умумии риояи қонунҳо, тафтишоту таҳқиқоти амалу кирдорҳои ҷиноятӣ, фаъолияти фавриву ҷустуҷӯӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ инкишоф дода мешаванд.

Кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистон ҳанӯз аз ибтидои таъсисёбии ин сохтор бо вуҷуди шароити вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он солҳо вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, кордонӣ ва садоқат ба халқу Ватан иҷро мекарданд. Дар давраҳои минбаъдаи инкишофи худ низ мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, боз ҳам пойдор гардонидани қонуният ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои назаррасро ба анҷом расониданд.

Соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд. Истиқлолият аз як тараф боиси ифтихори миллии тоҷикон бошад, аз тарафи дигар муҳофизат кардани иқтидор ва пойдору мустаҳкам намудани ин дастоварди бебаҳо ба дӯши ҳар як шаҳрванди мамлакат ва пеш аз ҳама ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ масъулияти бузургро вогузор менамояд. Вале бо таассуф бояд ёдовар шуд, ки баробари соҳибихтиёр шудани Тоҷикистон дар натиҷаи шиддат ёфтани муборизаҳои нерӯҳои сиёсии мамлакат тамоми рукнҳои давлатдорӣ, аз ҷумла фаъолияти мақомоти прокуратура, ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ фалаҷ гардида буданд. Дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ бинобар ноором гардидани вазъияти сиёсӣ мақомоти зикргардида аз фаъолият бозмонданд. Ҳолатҳое ҷой доштанд, ки кормандони мақомоти мазкур аз ҷониби ашхоси ҷиноятпеша зери фишору таъқиб қарор гирифта, ҳатто 10 нафар кормандони прокуратура ба ҳалокат расонида шуданд. Бо барқарор карда шудани ҳокимияти конститутсионӣ мақомоти прокуратура фаъолияти худро ба таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус ҷиноятҳои террористӣ, муташаккилона, коррупсия, иҷрои қонунгузорӣ оид ба ҳифзи моликият, меҳнат ва истифодаи замин равона намуда, обрӯву мартабаи худро дар ҷомеа батадриҷ баланд бардоштанд.

Яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти прокуратура ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот мебошад. Ҳамоҳангсозӣ амали мувофиқашуда буда, мақомоти прокуратура онро дар асоси салоҳият, ваколат, вазифа ва таҷрибаи худ иҷро мекунанд. Инчунин он ҳамкории соҳаи назорати прокурорӣ, робитаи доимии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ғайриҳукуматиро дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ пешбинӣ менамояд. Омили зикршуда мавқеъ ва нақши прокуратураро дар низоми ягонаи мақомоти давлатӣ муайян мекунад. Аз ин нуқтаи назар, прокуратура ҷараёни риояи қонуниятро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ низ назорат карда, барои бартараф кардани қонуншиканиҳое, ки боиси халалдор гардидани манфиатҳои давлат ва поймол шудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон мешаванд, чораҷӯйӣ менамояд. Танҳо дар давоми якуним соли охир тибқи эътирозҳои прокурорӣ қариб 2200 қарори ғайриқонунии мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия бекор карда шудаанд.

Дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ дар дастгоҳҳои идораи давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимият ҳолатҳои зиёди истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ, додани имтиёзҳои беасос доир ба пардохтҳои давлатӣ, ғайриқонунӣ додан ё кашида гирифтани қитъаҳои замин, дахолати беасос ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва дигар қонуншиканиҳо ошкор ва бартараф карда шуданд.

Бояд таъкид намуд, ки ҷаласаи имрӯзаи мо идомаи мантиқии машваратҳои солҳои 1999-ум ва 2002-юми Президенти мамлакат бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ мебошад. Чунин тадбирҳо дар ҳар як марҳилаи муҳими тараққиёти Тоҷикистон амри зарурӣ буда, ба рафъи иллатҳои содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо, мубориза бар зидди онҳо ва дар маҷмӯъ таъмини амнияту оромии давлат ва ҷомеа мусоидат менамоянд.

Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд дорад, ки то маҷлиси машваратии моҳи феврали соли 1999-ум ва қабули фармонҳои Президент «Дар бораи қатъиян манъ намудани баромадани хизматчиёни ҳарбӣ аз ҳудуди қисмҳои ҳарбӣ бо силоҳ ва техникаи ҳарбӣ» ва «Дар бораи барҳам додани хизмати ҳарбӣ дар асоси қарордод дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15-уми майи соли 2000-ум вазъи ҷинояткорӣ, сатҳи риояи қонуният, ҳамчунин фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар кадом поя қарор дошт. Воқеан он солҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат дар таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот то андозае беҷуръатӣ зоҳир мекарданд. Зеро дар дасти гурӯҳҳои ҷинояткор миқдори зиёди силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ боқӣ монда буд ва онҳо суботи ҷомеаро халалдор месохтанд.

Дар натиҷаи фаъолияти самарабахши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар давоми солҳои 1999-2004-ум дар мамлакат аз аҳолӣ, хусусан аз гурӯҳҳои ҷинояткор дар маҷмӯъ 13 ҳазор адад яроқҳои гуногунтамғаи оташфишон, воситаҳои тарканда ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуд. Танҳо моҳи сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Тоҷикобод аз гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи Ёрибек Иброҳимов бо лақаби «Шайх» 35 адад автомату пулемёт, 5 адад тӯпи худсохт, 6 адад гранатамёт бо 93 дона тир, 144 дона ракетаву снаряд ва минаҳои гуногуни истеҳсоли хориҷӣ, як килограмм маводи тарканда, 34 детонатор, 4100 дона тирҳои гуногун, 2 адад дастгоҳи пуриқтидори алоқа, 28 адад тирдонҳои гуногун ва дигар аслиҳаҳои ҷангӣ ошкор ва гирифта шуданд.

Илова бар ин, дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ ба сафҳои сохторҳои низомӣ як зумра шахсони тасодуфӣ ва ҷиноятпеша роҳ ёфтанд, ки дар натиҷаи аъмоли ғайриқонунии онҳо мақомоти мазкур то андозае эътибори худро аз даст дода буданд.

Бо мақсади тоза намудани сафи ҳайатҳои шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ аз унсурҳои ҷиноятпеша ва шахсони тасодуфӣ дар асоси қарорҳои комиссияҳои аттестатсионӣ, ки бо фармони Президенти мамлакат таъсис ёфта буданд, дар солҳои 2000-2004 аз Вазорати корҳои дохилӣ 3553 нафар, аз Вазорати мудофиа 1237 нафар, аз Вазорати амният 40 нафар ва аз Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ 250 нафар, аз Гвардияи миллӣ 43 нафар кормандон ва хизматчиёни ҳарбӣ аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод карда шуданд.

Тавассути андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва кӯшишу талошҳои Ҳукумат, ҳамчунин фаъолияти кормандони бонангу номус ва ҷасури мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ унсурҳои ҷиноие, ки ба суботи ҳаёти ҷомеа ва давлат хатару таҳдид доштанд, бартараф карда шуданд.

Мардуми Тоҷикистон аз заҳмату хизмати шабонарӯзии шумо – кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ сипосгузор аст ва Ҳукумат низ ин ҷасорату фидокории шуморо дар роҳи дифои манфиатҳои Ватану миллат ҳамеша баланд қадрдонӣ мекунад.

Дӯстони азиз!

Дар марҳилаи имрӯзаи ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, глобализатсияи проблемаҳо ва хатарҳои муосир шиддат ёфтаанд, амнияти бисёр кишварҳо таҳти таҳдидҳои гуногун қарор гирифтааст. Воқеан ҳар давлатро таҳдидҳое фаро гирифта метавонанд, ки хусусиятҳои дохилӣ ва берунӣ доранд.

Ба амнияти миллии ҳар давлат пеш аз ҳама қувваҳои моҷароҷӯву тахрибкори берунӣ таҳдид доранд, ки Тоҷикистон дар таърихи навини худ оқибатҳои фоҷиабори дахолати онҳоро аз сар гузарондааст.

Ба гурӯҳи таҳдидҳои дохилӣ экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона, коррупсия, нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти ба ин монанд шомиланд, ки метавонанд амнияти давлат ва ҷомеаи моро халалдор созанд. Пешгирӣ ва бартараф намудани чунин зуҳуроти манфӣ ва хатарнок аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ва ҷонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат мебошад. Мақомоти мазкур имрӯз барои таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва амнияти давлату ҷомеа қодир буда, ҷиҳати амалӣ намудани ваколатҳои конститутсионии худ ҳамаи имкониятҳои заруриро дар ихтиёр доранд.

Аз таҳлили нишондиҳандаҳои шаш соли охир, яъне аз машварати моҳи феврали соли 1999-ум то ҷамъомади имрӯза бармеояд, ки дар мамлакатамон шумораи умумии ҷинояткорӣ 30,4 фоиз кам шуда, танҳо дар давраи соли гузашта миқдори ҷиноятҳои бо истифода аз силоҳ содиргардида 40 фоиз ва ҷиноятҳои муташаккил 67 фоиз паст гардидааст. Чи тавре ки аз вазъи устувори имрӯзаи ҷомеа бармеояд, ҳолати риояи қонуният, тартибу интизом дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот нисбат ба соли 1999-ум ба таври куллӣ тағйир ёфтааст ва мардум имконияти мусоид дорад, ки дар шароити орому осуда аз пайи кору зиндагии худ бошад.

Албатта, дар роҳи таъмини амнияти давлат ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, инчунин таҳкими дастовардҳои истиқлолият корҳои муҳим анҷом дода шудаанд, ки дар онҳо саҳми шумо – кормандони тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, судҳо ва ҳамаи сохторҳои низомӣ бузург аст. Аз ин рӯ, зарур мешуморам, ки ба ҳамаи шумо аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон барои хизмати содиқонаву софдилона изҳори миннатдорӣ намоям.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, риоя ва ҳифзи онҳоро кафолат медиҳад. Ҳуқуқ ба ҳаёт арзиши табиӣ буда, касе ҳақ надорад, ки шахсро аз ин ҳуқуқ маҳрум созад. Бо назардошти дар амал ҷорӣ намудани ин муқаррароти Конститутсия ва ба меъёрҳои башардӯстона мутобиқ намудани Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти мамлакат моҳи апрели соли равон доир ба татбиқи ҷазои қатл дар кишварамон мораторий эълон гардида, қонунҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар тамаддуни инсонӣ аз ҷониби давлат татбиқ кардан ё накардани ҷазои қатл, дар кадом шакле, ки набошад, пеш аз ҳама ба сатҳи башардӯстӣ, шафқат ва пешрафти ҷомеа вобаста аст. Маҳз қадамҳои устувори кишварамон дар роҳи демократикунонии ҷомеа, таъмин гардидани волоияти қонун ва оромию суботи кишвар, арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳамроҳ шудан ба як қатор санадҳои байналмилалӣ доир ба ҳифзи ҳуқуқи инсон заминаи асосӣ барои қабули чунин иқдом гардиданд.

Бояд қайд кард, ки аз тарафи давлат ҷиҳати татбиқи принсипҳои башардӯстона вобаста ба қонунҳои ҷорӣ иқдомҳои назаррас сурат гирифтанд. Бо мақсади сабук намудани меъёрҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ соли ҷорӣ ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 300 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо ҳоло нисбати 5262 нафар татбиқ гаштаанд. Аз ҷумла 1070 нафар маҳкумшудагон аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда шуданд. Мӯҳлати ҷазои 1225 нафар маҳкумшудагон бо таъиноти судӣ кам гашта, низоми адои ҷазои 1033 нафар маҳкумшудагон бинобар ба категорияи ҷиноятҳои сабуктар бандубаст гардидани кирдорҳои ҷиноятиашон тағйир дода шуд.

Дар асоси тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҷиноятӣ воридгардида аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати 1941 нафар айбдоршавандагон парвандаҳои ҷиноятӣ қатъ карда шуданд. Дар баробари ин, аз соли 1999-ум сар карда, то имрӯз дар ҷумҳурӣ ду қонун «Дар бораи авфи умумӣ» қабул гардид.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» аз 29 августи соли 2001-ум 20 ҳазору 406 нафар, аз ҷумла 15 ҳазору 213 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод карда шуда, мӯҳлати боқимондаи ҷазои 5 ҳазору 200 нафар маҳкумшудагон кам карда шуд. Инчунин дар асоси қонуни мазкур 5 ҳазору 928 нафар маҳкумшудагон бевосита аз маҳбасхонаҳо ва муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуданд.

Бояд зикр намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаҳои маблағгузории соҳаҳои мудофиа, амният, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ диққати махсус медиҳад. Дар муқоиса бо буҷети соли 1999-ум хароҷоти буҷети давлатӣ барои соҳаҳои зикршуда 3,7 маротиба афзуда, аз 35 миллион то 131 миллион сомонӣ зиёд гардид. Дар буҷети давлатии соли 2005 бошад, барои таъминоти мақомоти мазкур ҷудо намудани 191 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин, дар давраи солҳои 1999-2004 барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба таври илова 63 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Яъне маблағгузории соҳа 7 маротиба афзуд.

Ҳукумат ба масъалаи бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин намудани мақомоти мазкур низ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Дар муддати панҷ соли охир дар мамлакат 4 муассисаи таълими низомӣ ташкил гардида, дар онҳо 3 ҳазор нафар ва дар хориҷи кишвар 670 нафар мутахассисони соҳаи ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ тарбия карда шудаанд.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки ҳарчанд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат тартибу интизом ҷорӣ ва сафҳои ҳайати шахсии онҳо аз ҳисоби кадрҳои соҳибихтисос ба таври кофӣ такмил ёфтаанд, вале то имрӯз дар фаъолияти онҳо камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ ҷой доранд.

Ҳанӯз ҳам ҳодисаҳои аз ҷониби баъзе хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андозу гумрук ва судҳо содир шудани ҷиноят ба қайд гирифта мешаванд, ки ин кирдори онҳо на танҳо эътибори мақомоти мазкур, балки обрӯи ҳокимияти давлатиро дар ҷомеа коҳиш медиҳад.

Дар давоми дувуним соли охир аз тарафи хизматчиёни ҳарбии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ 1088, Вазорати мудофиа 940, Гвардияи миллӣ 291, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ 228, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ 175 ҷиноят содир гардида, 238 нафар корманди Вазорати корҳои дохилӣ, 58 нафар корманди мақомоти амният, 40 нафар корманди Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ ва 8 нафар судя ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ошкор намудани ҷиноятҳо ҳанӯз ҳам дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Соли гузашта ин нишондиҳанда ҳамагӣ панҷ фоиз афзуд. Вазъи ошкор кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин то ҳол ташвишовар мебошад. Махсусан, сатҳи кушодашавии ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштор ҳанӯз қаноатбахш нест ва он соли 2003-юм ҳамагӣ 51 фоиз ва имсол бошад 56 фоизро ташкил дод. Илова бар ин, дар 11 моҳи соли равон ҷиноятҳои қаллобӣ 11 фоиз, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 13 фоиз, қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ 21 фоиз, ғоратгарӣ 26 фоиз, ҷиноятҳои иқтисодӣ 30 фоиз, роҳзанӣ 36 фоиз, ҷиноятҳои бо истифодаи яроқ содиршуда 39 фоиз ва азхудкунии амволи ғайр 64 фоиз нокушода мондаанд.

Ҳарчанд ки дар мамлакат ба таври умумӣ ҷинояткорӣ рӯ ба камшавӣ овардааст ва мутобиқи маълумоти оморӣ дар соли 2002-юм 12 ҳазору 754, соли 2003-юм 11 ҳазору 150 ва дар 11 моҳи соли 2004-ум 10 ҳазору 39 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, вале сарфи назар аз ин тамоил, содиршавии баъзе намудҳои ҷиноят дар кишвар нисбатан зиёд аст. Аз ҷумла, шумораи содиршавии ҷиноятҳои муташаккилона дар ҷумҳурӣ аз 104 ба 134 адад расидааст ё қариб 29 фоиз зиёд шудааст. Ҳол он, ки дар соли 2003-юм нисбат ба соли 2002-юм шумораи чунин ҷиноятҳо 67 фоиз кам шуда буд. Афзоиши онҳо дар шаҳри Душанбе 96 фоиз ва дар вилояти Суғд 66 фоиз буда, дар шаҳри Роғун ду маротиба ва дар ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор мутаносибан 7 ва 3 баробар бештар ба қайд гирифта шудааст. Содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ҳам 11 фоиз афзуд.

Бояд гуфт, ки ҳалли масъалаву мушкилоти ҷомеа дар давраи гузариш, аз ҷумла ҷорӣ шудани унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва татбиқи механизмҳои иқтисоди бозорӣ муносибати сифатан нав ва ба шароити имрӯза мутобиқро тақозо мекунад. Илова бар ин, коҳиш ёфтани назорати иҷтимоӣ ва зуҳур кардани падидаҳои номатлуб, аз қабили муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои иқтисодӣ, инчунин коррупсия ва одамфурӯшӣ ҳалли проблемаҳои ҷории ҳаёти ҷомеаро мушкилтар мегардонанд.

Вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мубориза бар зидди чунин зуҳуроти манфии иҷтимоист, ки бе муваффақият дар ин самтҳо амнияти давлат ва ҷомеаро таъмин кардан ниҳоят мушкил аст. То ҳол мо гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткорро, ки яке аз омилҳои хавфноки ҳаёти ҷомеа мебошанд, пурра аз байн набурдаем. Ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ва муомилоти ғайриқонунии он барои ҷамъият хатари ҷиддӣ дошта, ҳатто ба солим нигоҳ доштани генофонди миллат таҳдид мекунад. Солҳои охир ҷиноятҳое пайдо ва паҳн шуда истодаанд, ки ба ахлоқи ҳамидаи миллати тоҷик аслан ва таърихан бегона мебошанд.

Соли ҷорӣ бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе 6 нафар кормандони Вазорати корҳои дохилӣ барои ба танфурӯшӣ ҷалб намудани духтарони ноболиғ ва фисқу фуҷур ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Ширкати «Мирзои Раҳмон», ки сарпарастии онро собиқ фармондеҳи Гвардияи Президент Ғаффор Мирзоев ва бародари ӯ Абдурасул Мирзоев тайи чанд соли охир ба зимма доштанд, тиҷорати худро аз тариқи ба танфурӯшӣ ҷалб кардани духтарони ноболиғ ба роҳ монда будааст. Чунончи, ин ширкат бо омода кардани шиносномаи қалбакӣ духтарчаи дувоздаҳсола – тарбиятгирандаи мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанберо ба Аморати Муттаҳидаи Араб фиристодааст.

Мисоли дигар. Се гурӯҳи муташаккили мусаллаҳи трансмиллии шумораи аъзояшон иборат аз 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва Давлати Исломии Афғонистон, ки муддати тӯлонӣ бо қочоқи маводи мухаддир машғул буданд, ошкор ва дастгир карда шуданд. Вазъи мавҷуда тақозо мекунад, ки мақомоти зикршуда тарзу усули пешбурди кор ва муносибати худро дар масъалаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ комилан тағйир диҳанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Масъалаи аз қайди сохторҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ берун мондани ҷиноятҳои содиршуда ва аз ҷониби онҳо пинҳон кардани чунин кирдорҳо аз як тараф обрӯ ва эътибори мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст занад, аз тарафи дигар боиси беҷазо мондани шахсони ҷинояткор ва ба ҷиноятҳои дигар даст задани онҳо мегардад.

Дар давоми севуним соли охир зиёда аз 1500 ҷиноят аз қайд пинҳон карда шудааст, ки ин амал сахт ташвишовар мебошад. Чунин таҷрибаи номатлуб худ ба худ ба миён наомада, он бо амалҳои дигари ғайриқонунӣ, аз ҷумла коррупсия алоқаманд мебошад. Аз ҷониби мақомоти прокуратура аз соли 2002-юм то имрӯз нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 9 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Дар маҷмӯъ барои аз қайд пинҳон намудани ҷиноятҳо 466 нафар кормандон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа ва давлат ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар ва шаҳрвандон мебошад. Зеро иқтидори давлат аз устувории иқтисодиёти мамлакат ва даромади шаҳрвандон вобаста аст. Вале дар ин соҳаи хеле муҳим ҳанӯз қонуншиканиҳое ба назар мерасанд, ки онҳо боиси коҳиш ёфтани нерӯи иқтисодии кишвар шуда, дар роҳи инкишофи минбаъдаи муносибатҳои нави иқтисодӣ монеаи ҷиддӣ эҷод мекунанд.

Дар шароити имрӯза мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои назорати давлатии молиявии мамлакат бо имкониятҳои мавҷудаи худ қодиранд, ки шаҳрвандонро аз содир намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ нигоҳ доранд. Дар натиҷаи санҷишҳои Кумитаи назорати давлатии молиявӣ дар мамлакат дар чор соли охир истифодаи ғайримақсадноки 48 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ ошкор карда шудааст. Ҳамзамон вобаста ба қонуншиканиҳои иқтисодӣ кумитаи мазкур зиёда аз 1100 маводи санҷиширо барои баррасии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол намудааст. Дар асоси камбудиҳои ошкоркардашуда ба 7 ҳазору 700 нафар шахсони масъул ҷазои маъмуриву моддӣ татбиқ ва 560 нафар аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод карда шуданд.

Вобаста ба ҷиноятҳои иқтисодӣ мехоҳам хатари коррупсияро, ки ҷомеаи моро ба таври ҷиддӣ ба ташвиш овардааст, таъкид намоям. Коррупсия ҷиноятест, ки садди роҳи фаъолияти солими давлат ва мақомоти он гардида, омили боздошти инкишофи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа мешавад. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба муқобили ҳамаи навъҳои ин падидаи нангин бо тамоми воситаҳо ва роҳу усулҳо мубориза барем. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ин кор вазифаи бевоситаи онҳост, барои аксуламали ҷиддӣ ва қатъӣ бар зидди коррупсия ҳамаи имкониятҳо ва пеш аз ҳама қонун ва дигар асноди дахлдори ҳуқуқиро дар ихтиёр доранд.

Аз қабули фармони Президент «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза алайҳи ришвахӯрӣ» зиёда аз панҷ сол сипарӣ шуд. Аммо ҷараёни татбиқи онҳо чандон самарабахш нест ва ҳоло фаъолияти ҷиддӣ, муштарак ва ҳамоҳангшудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро тақозо менамояд.

Дар давоми солҳои 2002, 2003 ва шаш моҳи соли равон дар натиҷаи чораҳои андешидаи мақомоти прокуратура зиёда аз 226 миллион сомонӣ зарарҳои иқтисодӣ ошкор гардида, аз он 85 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ба фоидаи буҷети давлатӣ баргардонида шудааст. Аз ин бармеояд, ки ҳанӯз дар кишварамон сатҳи ҷиноятҳои иқтисодӣ ва ҳаҷми маблағи зиёни он баланд аст.

Даст задан ба талаву тороҷи моликияти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ махсусан дар комплекси сӯзишворию энергетикии ҷумҳурӣ мушоҳида мегардад. Имрӯз бо мусоидат ва дастгирии собиқ роҳбарияти «Тоҷикгаз» Искандаров Маҳмадрӯзӣ 49 ташкилоту корхонаи шакли моликияташон гуногун қариб 3 миллион сомонӣ маблағи ин корхонаи воҳиди давлатиро ғайриқонунӣ истифода бурда истодаанд, ки мӯҳлати даъво аз рӯйи онҳо гузашта, давлат аз имконияти ихтиёрдории ин маблағҳо ба таври бебозгашт маҳрум гардидааст. Дар маҷмӯъ аз тарафи роҳбарияти собиқи «Тоҷикгаз» як миллиону 800 ҳазор сомонӣ тасарруф гашта, ба давлат ба маблағи беш аз 3 миллион сомонӣ зарари ҷуброннопазир расонида шудааст. Аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши фаъолияти иқтисодии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» мақомоти прокуратура 26 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Мисоли дигар. Сарнозири шӯъбаи минтақавии гумрукии Турсунзода майори хадамоти гумрук Сафаров Б. боҷи гумрукии 10 адад автомашинаи сабукрави аз Ҷумҳурии Федералии Олмон вориднамудаи шаҳрванд Р.Ҳамдамовро 17 ҳазору 754 сомонӣ паст намуда, ба ивази ин як адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро аз ӯ ришва гирифтааст. Мутахассиси пешбари Кумитаи назорати давлатии молиявӣ Қиличев Т. бошад дар рафти санҷиши фаъолияти иқтисодии ҷамъияти саҳомии «Ирам»-и шаҳри Конибодом бо роҳи тамаъҷӯйӣ аз роҳбарияти он Аҳмадов Б. ба маблағи 20 ҳазор доллари америкоӣ пора гирифтааст. Дар айни ҳол нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ё худ, дар натиҷаи тафтиши фаъолияти молиявии Шӯрои адлия маълум гашт, ки сармуҳосиби он Хидиров М. зиёда аз 88 ҳазор сомонӣ маблағи давлатиро дар шакли нақд тасарруф намудааст. Ин аъмоли ӯ ҳоло мавриди таҳқиқи мақомоти дахлдор қарор дорад.

Дар шаҳри Роғун мудири нуқтаи ваколатдори №19-и «Амонатбонк» М.Шорухов ва сармуҳосиби он Р.Исматзода бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ 33 ҳазор сомониро, ки ба маблағҳои Фонди ҳифзи иҷтимоӣ марбут буданд, аз худ намудаанд.

Мудири филиали дар ноҳияи Шаҳритус будаи Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ёвон Қ.Холов бо сӯиистифода аз мансаби хизматӣ барои ба омӯзишгоҳ дохил намудани 17 нафар довталабон бо роҳи тамаъҷӯӣ ба маблағи 375 доллари амрикоӣ ришва гирифтааст.

Мутахассиси Раёсати назорати молиявии дар вилояти Суғд будаи Кумитаи назорати давлатии молиявӣ Шомаҳмадов фаъолияти иқтисодии Корхонаи фаръии «Панҷакентгаз»-ро санҷида, ба маблағи зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ тасарруфи амволро рӯпӯш намудааст, ки онро санҷишҳои прокурорӣ ошкор кард.

Судяи Суди вилояти Суғд Ҷ.Аминҷонов ҳангоми аз шаҳрванд К.Бекназаров бо роҳи тамаъҷӯӣ гирифтани пора ба маблағи 2 ҳазор доллари амрикоӣ дар ҷойи содиршавии ҷиноят – утоқи кориаш дастгир карда шуд. Ӯ бо ҳукми суд ба муддати ҳафт сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Бо назардошти талаботи замон, санадҳои нави меъёриву ҳуқуқии байналмилалӣ ва бо мақсади такмили заминаҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди коррупсия, инчунин тавсияҳои Шабакаи байналхалқии зиддикоррупсионӣ, ки Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта ба он ҳамроҳ гардид, ҳоло Ҳукумат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро дар таҳрири нав таҳия кардааст ва рӯзҳои наздик ба муҳокимаи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд. Илова бар ин, бо мақсади такмили заминаҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии он дар миёни хизматчиёни давлатӣ чанде пеш аз ҷониби Президенти мамлакат «Кодекси одоби хизматчии давлатӣ» ба имзо расид, ки иҷрои он барои шахсони мансабдори давлатӣ бечунучаро ва ҳатмӣ мебошад.

Бояд зикр намуд, ки дар чор соли охир дар мамлакатамон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 6000 ҳодисаи коррупсионӣ ошкор ва мавриди тафтишу таҳқиқ қарор дода, зарари аз ин кирдорҳо расида ба маблағи 19 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст.

Бо мақсади ташкил ва ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди коррупсия, инчунин пешгирӣ ва паст кардани сатҳи он бо фармони Президенти Тоҷикистон моҳи июни соли ҷорӣ дар сохтори Прокуратураи генералӣ Раёсати мубориза бар зидди коррупсия таъсис дода шуд. Дар як муддати кӯтоҳ ин раёсат 56 ҳодисаи ришвахӯрӣ, тамаъҷӯӣ, сӯиистифода аз мансаб ва тасарруфи амволи давлативу ҷамъиятиро ошкор карда, танҳо вобаста ба қонуншиканиҳо дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 19 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Ба раёсати мазкур зарур аст, ки минбаъд вобаста ба пешгирӣ ва бартараф намудани кирдорҳои коррупсионӣ дар мақомоти идораи давлат, ҳифзи ҳуқуқ, андозу гумрук ва сохторҳои низомӣ тадбирҳои мушаххас андешад. Зеро пӯшида нест, ки сатҳи коррупсия дар байни худи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ нисбатан баланд аст.

Барои он, ки дар ҷомеаи мо коррупсия ба таври зурурӣ пешгирӣ ва сатҳи он паст карда шавад, бояд пеш аз ҳама кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура ва судҳои мамлакат, ки мардум онҳоро ҳамчун намояндагони ҳокимият ва ҳомиёни қонун мешиносанд, дилу нияти нек ва дасти пок дошта бошанд. Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия вазоратҳои корҳои дохилӣ, амният, адлия, даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, маориф, тандурустӣ, Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ, мақомоти прокуратура, судҳо, ҳукуматҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки корро пеш аз ҳама аз тозагии ҳайати шахсӣ ва кормандони худ оғоз намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар миёни рукнҳои мухталифи давлат мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ мақоми хоса дошта, аз сатҳи донишу малакаи касбӣ, рафтор ва фаъолияти онҳо эътимоду эътиқоди мардум нисбат ба давлат вобастагии бевосита дорад. Дар сурате, ки ин мақомот пуштибони воқеии мардум бошанд, аз ҳуқуқу озодиҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дифоъ намоянд ва нагузоранд, ки раванди таъмини қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ халалдор гардад, онҳо дар назди мардум ҳамчун ҳомиёни қонун ва муҳофизони манфиатҳои ҷомеа ва давлат нуфуз пайдо менамоянд. Ба ибораи дигар, обрӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар миёни ҷомеа пеш аз ҳама аз рафтору кирдори намунавии ҳар корманд ва хизматчии ҳарбӣ вобаста аст. Вале хеле нанговар аст, ки баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот худ ба ҷиноятҳои гуногун даст мезананд.

Дар тӯли солҳои 2002, 2003 ва 11 моҳи соли 2004 аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ 206 ҷинояти вазифавӣ, аз ҷумла 86 ҳолати баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ, 37 ҳолати сӯиистифода аз мансаб, 26 ҳолати ғайриқонунӣ дастгир кардани шаҳрвандон содир шудааст. Масалан, М.Эргашев дар вазифаи корманди кофтукови ҷиноятии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исфара кор карда, бо сӯиистифода аз вазифаҳои хизматӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ шаҳрванд Қ.Қодировро дар содир кардани дуздӣ гумонбар дониста, ӯро лату кӯб мекунад. Қ.Қодиров худро таҳқиршуда ҳисобида, ба худкушӣ даст мезанад. Бо ҳукми суд М.Эргашев ба мӯҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

Аз тарафи баъзе кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ бе маврид боздоштани воситаҳои нақлиёт, ришваситонӣ аз ронандагон, гузоштани постҳои сайёри аз ҳад зиёд, ҳамчунин маданияти пасти муоширату муомилаи онҳо боиси норозигии мардум ва коҳиш ёфтани эътибори ин сохтор гаштааст.

Дар фаъолияти Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ як қатор камбудӣ ва нуқсонҳои ҷиддӣ мавҷуд мебошанд. Дар ин сохтор зиёдшавии сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ ба чашм мерасад. Агар дар соли 2003-юм ҳамагӣ 25 ҷиноят содир шуда бошад, пас дар 9 моҳи соли 2004-ум аллакай 113 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки чоруним маротиба зиёд аст. Бояд тазаккур дод, ки дар ин сохтори низомӣ баҳри ба даст овардани фоидаи муфт ғайриқонунӣ ба корҳои саҳроӣ ҷалб намудани сарбозон низ ҷой доранд.

Риояи интизоми хизматӣ дар Вазорати амният низ беҳбудӣ металабад. Аз соли 2002-юм то имрӯз нисбати 58 нафар кормандони ин мақомот вобаста ба сӯиистеъмоли мансаб, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 47 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Таҳлил нишон медиҳад, ки натиҷаи кори Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ ба талабот ҷавоб намедиҳад. Дар натиҷаи чораҳои андешидаи мақомоти прокуратура ба буҷети давлат аз ҳисоби қарзҳои андоз ва пардохтҳои гумрукӣ зиёда аз 46 миллион сомонӣ ворид карда шудааст. Вале маблағи қарзи андозу гумрук аз буҷети давлат зиёда аз 108 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҷой доштани чунин ҳолат аз камфаъолиятии мақомоти андоз ва гумрук шаҳодат медиҳад. Илова бар ин, риояи қонуният ва интизоми хизматӣ дар ин мақомот дуруст ба роҳ монда нашудааст. Дар тӯли солҳои 2002, 2003 ва ҳашт моҳи соли равон 40 нафар корманди масъули Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, аз ҷумла аз мақомоти андоз 24 нафар ва гумрук 16 нафар ҷиноят содир кардааст. Аз бемасъулиятиву хунукназарии баъзе кормандони мақомоти гумрук нашъаҷаллобон аз гузаргоҳҳои гумрукии ҷумҳурӣ маводи мухаддирро бемамониат гузаронида, вале дар кишварҳои дигар ба даст меафтанд. Бояд қайд намоям, ки дар соли 2002-юм 903 нафар, дар соли 2003-юм 616 нафар ва дар шаш моҳи соли равон 147 нафар, дар маҷмӯъ як ҳазору 666 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди кишварҳои дигар дастгир гардидаанд, ки аз онҳо зиёда аз 800 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст.

Дар кишварамон шумораи ҷиноятҳои марбут ба нашъаҷаллобӣ кам шуда бошад ҳам, ҳаҷми мусодираи маводи мухаддир баръакс афзудааст. Аз ин бармеояд, ки доираи шахсони бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғулбуда маҳдуд гардида, бо хариду фурӯш ва қочоқи он бештар гурӯҳҳои алоҳидаи муташаккил сарукор гирифтаанд. Агар соли 1999-ум дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 2500 килограмм маводи мухаддир гирифта шуда бошад, пас ин рақам соли гузашта 9 тоннаву 600 килограмм ва дар 11 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 7 тоннаву 850 килограммро ташкил медиҳад. Ҷамъи маводи мухаддири мусодирагардида дар тӯли солҳои 2001-2004 24 тоннаву 175 килограммро ташкил медиҳад.

Умуман дар давоми шаш соли охир дар мамлакатамон аз гардиши ғайриқонунӣ беш аз 40 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки 21 тоннаи он героин мебошад. Ин миқдор маводи мухаддир метавонист 22 миллион нафар одамро гирифтори нашъамандӣ намояд. Инчунин маблағи он беш аз як миллиард доллари амрикоӣ мебошад, ки дастраси гурӯҳҳои ҷинояткор ва террористӣ нагардид. Агар дар ин самт дар фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати амният ва Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ пешравӣ ба назар расад, пас нисбати ҳамин давраи соли гузашта фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовар 43 фоиз коҳиш ёфтааст. Аммо дар баробари ин, баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва назорати маводи нашъадор, ки вазифаи асосиашон мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошанд, дар содир гардидани чунин ҷиноятҳо даст доранд. Аз соли 2002-юм то ин ҷониб 43 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардиданд, ки аз ин 21 нафар ба Вазорати корҳои дохилӣ, 9 нафар ба Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ, дунафарӣ ба Вазорати мудофиа, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Вазорати амният, мақомоти гумрук ва шаш нафар ба Агентии назорати маводи нашъаовар тааллуқ доранд.

Бо мақсади риоя ва иҷрои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳанӯз соли 1996 дар кишварамон фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар» ба имзо расида буд, ки дар асоси он як қатор чорабиниҳои дахлдор татбиқ мегарданд. Кишвари мо ба системаи байналхалқии мубориза бар зидди нашъамандӣ ворид гардида, иштирокчии фаъоли барномаҳои зидди маводи мухаддири Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналхалқӣ мебошад. Аз соли 1999 инҷониб дар ҳудуди Тоҷикистон 16 барномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналхалқӣ амалӣ карда мешаванд, ки аз онҳо аллакай 10 барнома татбиқи худро ёфтааст. Нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомоти дахлдор гувоҳи онанд, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати мусодираи маводи мухаддир дар ҷаҳон ҷойи сеюм ва дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи аввалро ишғол мекунад. Вале бо назардошти он, ки Тоҷикистон дар роҳи паҳншавии маводи мухаддир ба ҳудуди давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Аврупо нақши буферӣ дорад, дар кори мубориза бар зидди ин вабои аср ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёзманд мебошад.

Мо борҳо таъкид намудаем, ки мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир мисли терроризм ва экстремизм проблемаи глобалӣ буда, танҳо ба Афғонистон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ марбут нест. Бояд зикр намуд, ки қаламрави кишвари мо асосан барои транзити маводи мухаддир истифода мешавад. Тоҷикистон ба мамлакати пешгирикунандаи қочоқи маводи мухаддире табдил ёфтааст, ки интиқоли онҳо барои кишварҳои дигар, аз ҷумла минтақаи Аврупо пешбинӣ мешавад. Вобаста ба пешгирии ин амалҳо кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро оид ба таъсис додани Иттиҳоди байналмилалии ҳамдастии глобалӣ дар мубориза бар зидди маводи мухаддир, ки ташкили онро кишвари мо пешниҳод намуда буд, бояд муттаҳид сохт.

Дар Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ низ талаботи қонунгузории ҷорӣ на ҳама вақт дар сатҳи зарурӣ иҷро карда мешаванд. Ҳолатҳои ғайримақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ ва азхудкунии маводи кӯмакҳои башардӯстона ҷой доранд. Ҷобаҷогузории кадрҳо низ дар ин вазорат беҳбудиро талаб менамояд. Хизматчиёни ҳарбии вазорати мазкур соли 2002-юм – 83, 2003-юм – 41 ва дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 51 ҷиноят содир кардаанд.

Таҳлил нишон медиҳад, ки аз тарафи хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа дар соли 2002 - 522 нафар, 2003-194 нафар ва 9 моҳи соли 2004 - 229 нафар даст ба ҷиноят задааст, ки ин шаҳодати корҳои сусти тарбиявӣ дар ин вазорат мебошад. Ба бемориҳои гуногун гирифтор шудани сарбозон ва вафоти онҳо гувоҳи дар сатҳи дахлдор қарор надоштани иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» мебошад. Танҳо дар 9 моҳи соли 2004 аз қисмҳои ҳарбии вазорату идораҳои ҳарбӣ пеш аз мӯҳлат 708 нафар сарбозон бинобар вазъи саломатӣ рухсат шудаанд. Як қатор шахсони мансабдори дигари ин вазорат низ бо роҳи сӯиистифода аз мақоми хизматӣ ба дуздиву аз худ кардани амволи махсус даст задаанд. Масалан, 15 нафар кормандони масъули Вазорати мудофиа ва Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд барои аз худ намудани маблағи маводи ғизоӣ (80 тонна картошка) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи марзу буми он аз фаъолияти самарабахши Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ вобастагӣ дорад. Таҳлил ва санҷишҳо нишон медиҳанд, ки мутаассифона, то имрӯз ҳолати қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар ин сохтор ба талабот ҷавоб намедиҳад. Аз тарафи сарҳадбонон дар солҳои 2002-юм як ҳодиса, 2003-юм чор ҳодиса ва 9 моҳи соли 2004-ум ҳафт ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир содир гардида, ба қайд гирифта шудааст. Вайрон кардани интизоми ҳарбӣ ва ҷинояту ҷинояткорӣ дар ин сохтори низомӣ нисбат ба дигар сохторҳо хеле зиёд мебошанд.

Дар соли 2002 аз тарафи сарҳадбонон 498 ҷиноят, соли 2003-323 ҷиноят ва 9 моҳи соли 2004-267 ҷиноят содир ва ба қайд гирифта шудааст. Аз арзу шикояти шаҳрвандон маълум мегардад, ки кормандони мақомоти дахлдор дар фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ба ҷиноят даст мезананд. Рӯзи 7 декабри соли 2004 дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе кормандони хадамоти сарҳадӣ аз мансаби худ сӯиистифода намуда, аз мусофирон тамаъҷӯӣ намуданд. Барои ин кирдорашон нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Сатҳи риояи қонуният ва интизоми ҳарбиву хизматӣ низ дар кумитаи зикршуда нисбат ба дигар сохторҳои қудратӣ паст мебошад. Дар баробари ҳифзи боэътимоди сарҳад масъулияти хизматчиёни ҳарбии Кумита вобаста ба пешгирии қочоқи маводи мухаддир, ки алҳол қаноатбахш нест, бояд дучанд баланд гардад.

Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ зарур аст, ки дар баробари тақвияти корҳои омодагӣ ҷиҳати таҳти муҳофизат гирифтани тамоми марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон, ҳамчунин барои бо кадрҳои соҳибихтисос мукаммал намудани ҳайати шахсӣ ва баланд бардоштани масъулият, маҳорати касбӣ ва таҳкими тартибу интизоми хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳифзи сарҳади давлатӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд бо рафтору одоб ва интизоми қатъии хизматӣ, инчунин бо садоқат ба қасами ҳарбӣ ва Ватан ҳомии давлату миллат ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон будани худро воқеан ва дар амал собит намоянд. Онҳо бояд муҳофизони боэътимоди амнияти давлату миллат ва манфиатҳои мардум бошанд, на ин ки мисли баъзе хизматчиёни ҳарбии собиқ Гвардияи Президент кӯшиши халал расонидан ба оромии мардум ва амнияти давлат намоянд.

Ҳоло тафтиши парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории собиқ фармондеҳи Гвардияи Президент Мирзоев Ғаффор ва дигарон оғоз шудааст. Тавре ки дар натиҷаи тафтишот маълум гардид, ӯ аз вазифаи хизматии худ сӯиистифода карда, даст ба ҷиноятҳои махсусан вазнин задааст. Аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ зиёда аз 100 ҷинояти содирнамудаи Мирзоев Ғаффор ва ҳамроҳони ӯ ошкор карда шуд. Дар айни замон нисбати ӯ ва ҳамдастонаш тафтишот оид ба кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ ва ғасби ҳокимият, одамкушӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, тасарруфи амвол, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқу аслиҳа бо миқдори ниҳоят калон давом дорад.

Моҳи ноябри соли ҷорӣ тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории муовини фармондеҳи собиқ Гвардияи Президент А.Бегматов хотима ёфта, барои баррасӣ ба суд фиристода шуд. А.Бегматов дар содир намудани ҷиноятҳои дуздии амволи давлатӣ ба миқдори махсусан калон (4 миллиону 151 ҳазор сомонӣ) ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон гунаҳгор дониста мешавад.

Ба фармондеҳони нави Гвардияи миллӣ зарур аст, ки дар бобати интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, риояи меъёрҳои оинномавӣ, интизоми ҳарбиву хизматӣ талаботи қатъӣ ҷорӣ намуда, доир ба тарбияи кадрҳои баландихтисос ва тақвияти корҳои тарбиявӣ дар байни хизматчиёну кормандон тадбирҳои иловагӣ андешанд. Фаромӯш набояд кард, ки ягон амали ношоиста пинҳон ва ягон ҷинояткор беҷазо нахоҳад монд. Мо бояд ҳама дар итоати қонун бошем. Мувофиқи моддаи 7-уми Конститутсияи Тоҷикистон «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд».

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти мақомоти судии мамлакатамон низ камбудиву норасоиҳо кам нестанд. Дар баъзе мавридҳо ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ҳукмҳои қонуниву холисона бароварда намешаванд. Ҳолатҳои бе асосҳои кофӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани шахсони гунаҳкор ва барои тафтишоти иловагӣ баргардонидани парвандаҳои ҷиноӣ зиёданд. Дар севуним соли охир бо шикоятҳои шаҳрвандон ва эътирозҳои прокурорӣ беш аз ду ҳазор, яъне 10 фоизи қарорҳои судӣ тағйир дода ё беэътибор дониста шудаанд.

Сарфи назар аз ҳамаи тадбирҳое, ки солҳои охир доир ба таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ андешида шуданд, дар байни судяҳо ҳоло ҳам ҳодисаҳои ришвахӯрӣ, дидаву дониста баровардани ҳукму таъиноти ғайриқонунӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ҷой доранд.

Ҳангоми баррасии парвандаҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир доир ба таъин кардани ҷазои ҷиноятӣ дар мамлакат таҷрибаи судии якхела вуҷуд надорад. Масалан, Шеров А. барои ғайриқонунӣ ба каси дигар додани 0,6 грамм маводи мухаддир бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба мӯҳлати 12 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст. Суди Олӣ бошад барои суиистифода аз мансаби хизматӣ ва муомилоти ғайриқонунии 6 килограмму 350 грамм маводи мухаддир шаҳрванд Ф.Сайфиддиновро ба мӯҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Ҳамчунин бо ҳукми суди мазкур узви гурӯҳи муташаккил шаҳрванд Д.Содиқов барои қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии 8 килограмм маводи мухаддир ба мӯҳлати 13 сол маҳкум шудааст.

Ё ин ки, бо ҳукми суди вилояти Суғд шаҳрванд Толибов Ш. барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани 2 килограмму 792 грамм героин ба мӯҳлати даҳ сол аз озодӣ маҳрум гардидааст. Вобаста ба ин, ба Суди Олӣ зарур аст, ки бо назардошти тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҷиноятӣ воридгардида таҷрибаи судиро дар ҷумҳурӣ ҷамъбаст намояд ва қарори пленуми худро «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани асосҳои умумии таъини ҷазо» аз нав мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Суди Олӣ ва Шӯрои адлия бояд камбудиҳои ошкоршударо бартараф карда, фаъолият минбаъдаи худро бо назардошти вазифаҳои ҳангоми вохӯрии Сардори давлат бо кормандони мақомоти судии мамлакат гузошташуда ба роҳ монда, адолати судиро таъмин намоянд. Бояд гуфт, ки волоияти қонун, риояи тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии поймолшавии ҳуқуқҳои шаҳрвандон аз бисёр ҷиҳат ба сатҳи маърифати худи аҳолӣ вобаста аст.

Дар мамлакатамон ҳанӯз маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо мувофиқи матлаб нест.

Маърифати ҳуқуқӣ аз муҳимтарин шартҳои муборизаи зидди ҳуқуқвайронкунӣ, аз ҷумла ҷинояткорӣ ва ҷалб намудани қувваҳои солими ҷомеа дар ин роҳ мебошад. Зарурати баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии кормандони масъул ба талаботи рӯз табдил ёфтааст. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйир ёфтаанд, рӯҳу мӯҳтавои онҳо ба усули тамоман нав такя мекунанд, ки аз асосҳои онҳо на танҳо кормандони масъулу шахсони мансабдор, балки шаҳрвандони оддӣ низ бояд огоҳ бошанд.

Дар кори тарғибу ташвиқ ва маънидод кардани қонуну санадҳои ҳуқуқӣ воситаҳои ахбори омма: телевизион, радио, рӯзномаю маҷалла, инчунин вохӯриҳои инфиродии кормандони роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ бо аҳли ҷомеа ва дигар роҳу воситаҳо бояд васеъ истифода бурда шаванд. Мо бояд ҳар як қонуни қабулшударо то ҳар як фарди ҷомеа расонем, ки ӯ тавонад ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои худро ҳифз кунад.

Бо мақсади таъмини волоияти қонун ва баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолӣ ва гирифтани пеши роҳи қонуншиканиҳо дар ҷомеа ҳанӯз соли 1997 фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» қабул шуда буданд, ки дар татбиқи онҳо фаъолияти сохторҳои дахлдори мамлакат ҳанӯз нокифоя аст.

Дар корхонаву муассисаҳо, донишкадаву мактабҳои миёна, хулоса дар байни тамоми табақаҳои ҷомеа омӯхтани Конститутсияи Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва асноди меъёриву ҳуқуқии давлат бояд боиси тарбияи инсони наве гардад, ки аз ҳуқуқу озодиҳои хеш дифоъ карда метавонад. Зеро маҳз чунин инсон қодир аст, ки бо дарки моҳият ва аз худ намудани қонунҳои амалкунанда ҳуқуқ ва манфиатҳои худро пуштибонӣ намояд ва ин ҳолат хоси давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд мебошад. Бояд гуфт, ки ҳар гуна ҷазои судӣ бо мақсади ислоҳ ва тарбияи шахсе, ки ҷиноят ва қонуншиканӣ содир менамояд, таъин мегардад. Аммо имрӯз дар кишварамон зиёда аз 20 фоизи ҳукмҳои судии дар бораи ислоҳоти меҳнатӣ таъингардида мавриди татбиқ қарор надоранд.

Иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2002 «Дар бораи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сохтори Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлия ба талабот пурра ҷавобгӯ нест. То ба имрӯз зиёда аз 318 ё 22 фоизи ҳукмҳои судӣ дар бораи таъин кардани корҳои ислоҳӣ иҷро нагаштаанд.

Фаъолияти Вазорати адлия дар татбиқи сиёсати тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, баамалбарории назорат оид ба фаъолияти нотариусҳои давлатӣ низ аз камбудиҳо холӣ нест.

Ба Вазорати адлия зарур аст, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва бартараф намудани камбудиҳои вобаста ба татбиқи ҳукмҳои судӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, дар бораи фаъолияти дурусти мақомоти нотариалӣ, ки дар онҳо коррупсия афзуда, боиси нодуруст ба расмият даровардани амалиёти додугирифти шаҳрвандон ва ба миён омадани баҳсҳои зиёд мегарданд, чораҳои дахлдор андешад.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Бо мақсади боз ҳам беҳтар ва самарабахш гардонидани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, мақомоти прокуратура ва судҳо Вазорати адлия дар таъмини боэътимоди амнияти давлат ва ҷомеа, таҳкими риояи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дуруст ба роҳ мондани фаъолият оид ба пешгирӣ ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, коррупсия, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар назди мақомоти мазкур вазифаҳои зерин гузошта мешаванд:

1. Татбиқ ва риояи ҳатмиву қатъии Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар фаъолияти тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, ҳамаи зинаҳои ҳокимияти иҷроия ва тамоми ҷомеа таъмин карда шавад.

2. Роҳбарони ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ кори интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро бо дарназардошти дараҷаи тахассусӣ, омодагии касбӣ, таҷрибаи корӣ, сифатҳои шахсии кадрҳо ба роҳ монда, доир ба риояи меъёрҳои оинномавӣ ва низоми ротатсионии ҷобаҷогузории онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони мақомоту сохторҳои зикршуда дар хусуси баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии ҳайати шахсӣ ва кормандони худ тадбирҳои ҷиддӣ ва бетаъхир андешанд.

4. Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати амният, Вазорати маориф ва Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боз ҳам беҳтар кардани сифати тайёрии ҳарбии ҷавонон дар муассисаҳои таълими ҳарбӣ, мактабҳои олӣ ва таҳсилоти умумӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, онҳоро амалӣ намоянд.

5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ вазифадор карда шаванд, ки дар мӯҳлати се моҳ доир ба баланд бардоштани сатҳи тарбияи касбии кадрҳои сарҳадбон, таъминоти қисмҳои ҳарбӣ бо техника, таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ барномаи махсуси даҳсола таҳия карда, ба баррасии маҷлиси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

6. Вазорати корҳои дохилӣ бо дарназардошти талаботи имрӯза, таъмини босифат ва саривақтии вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда пешниҳодоти худро дар хусуси таҷдиди сохтори вазорат таҳия карда, дар мӯҳлати ду моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намояд.

7. Роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар таркиби худ воҳидҳои низомӣ доранд, доир ба баланд бардоштани интизоми оинномавӣ ва беҳтар намудани сифати корҳои тарбиявӣ дар байни ҳайати шахсӣ тадбирҳои мушаххас ва муассир андешанд ва корро дар байни хизматчиёни ҳарбӣ дар мавриди зарурати таҳкими минбаъдаи амнияти миллӣ, садоқат ба Ватан, риояи Конститутсия, ифтихор ва нангу номуси миллӣ пурзӯр намоянд.

8. Прокурори генералӣ, роҳбарони ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ камбудиву норасоиҳои дар давоми панҷ соли охир мавҷударо таҳлил карда, дар хусуси бартараф намудани онҳо нақшаи чорабиниҳо таҳия созанд ва дар муддати як моҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намоянд.

9. Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор дар хусуси баланд бардоштани сифати тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ бо истифодаи самараноки воситаҳои муосири техникӣ ва таъмини адолати судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳо тадбирҳои қатъӣ ва бетаъхир андешанд.

10. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Прокуратураи генералӣ, сохторҳои низомӣ, судҳо, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, Кумитаи назорати давлатии молиявӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳодисаҳои коррупсионӣ, иҷрои қонун ва дигар асноди ҳуқуқии дахлдор, инчунин доир ба пешгирии чунин ҷинояткориҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони худ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

11. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор доир ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди хатарҳои нави ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама терроризм ва экстремизм, инчунин зуҳуроти одамфурӯшӣ ва дигар аъмоли барои фарҳанги миллати тоҷик бегона ва иҷрои талаботи қонун дар ин самтҳо тадбирҳои бетаъхир андешида, амалӣ намоянд.

12. Роҳбарони Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Шӯрои адлия ва Прокуратураи генералӣ ҳар се моҳ доир ба ҷараёни рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши хаттӣ пешниҳод намоянд.

13. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф, Вазорати адлия якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор бо назардошти санадҳои қаблан аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда дар хусуси баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, онро мунтазам амалӣ созанд.

14. Фаъолияти тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ доир ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини волоияти қонун ҳар семоҳа тавассути телевизион, радио ва дигар воситаҳои иттилооти омма ба мардуми кишвар расонида шавад.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки иҷрои тадбирҳои зикршуда барои беҳбудии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ва сатҳи баланди риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ба суботи комил, рушди сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва амнияти кишварамон мусоидат намуда, барои густариши муносибатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ имкониятҳои бештар фароҳам меоранд.

Дӯстони азиз!

Баъд аз ҳамин гуна мулоқотҳои васеи мо дар моҳи феврали соли 1999-ум ва моҳи майи соли 2002-юм дар мавриди таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми қатъӣ ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо дар байни кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои муҳим корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Имрӯз, ки волоияти қонун ва пойдории адолати иҷтимоӣ меҳвари асосии ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мо гардидааст, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти низомӣ бояд дар таъмини амнияти шаҳрвандон ва амнияти давлат тамоми имконияту воситаҳоро истифода намоянд.

Тавре ки мо ҳама медонем, дар ҷумҳурӣ рӯзи 27-уми феврали соли 2005 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ, инчунин рӯзи 24 марти соли 2005-ум интихоби аъзои Маҷлиси миллӣ баргузор мегардад. Интихобот дар ҳаёти сиёсии ҷомеа бисёр як маъракаи муҳим буда, тақозо менамояд, ки тибқи талаботи қонун тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шаванд ва он дар доираи қонун шаффоф ва демократӣ баргузор гардад.

Ҳамаи масъалаҳои вобаста ба интихобот бояд бо риояи қатъии қонунгузории амалкунанда сурат гиранд. Қонун, риоя ва иҷрои он бояд меъёри ягонаи фаъолияти тамоми иштирокчиёни ин маъракаи сиёсӣ бошад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи салоҳияти худ бояд иҷрои меъёрҳои қонунро ҳаматарафа таъмин намуда, барои баргузории интихоботи демократӣ ва озод мусоидат намояд.

Таъмини волоияти қонун дар ҷомеа заминаи муҳими таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, оромию осудагии мамлакат ва дар маҷмӯъ кафили инкишофи ояндаи кишварамон мегардад. Мардуми Тоҷикистон хуб медонад, ки шумо – кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат дар барқарор намудани сулҳ, ваҳдати миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, таҳкими истиқлолият ва амнияти давлат роҳи душворро паси сар карда, бар ивази хизмату заҳматҳои шабонарӯзӣ ва муборизаву ҷоннисориҳои худ оромиву суботи имрӯзаро таъмин намудаед. Халқ дар симои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ имрӯз ҳомии адолату бехатарӣ ва волоияти қонунро мебинад ва аз ҳар кадоми шумо кору муносибати шоистаи замони навро интизор аст.

Шароити нави таҳкими истиқлолият ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мову шумо эҳсоси бузурги масъулият, маҳорати касбӣ, интизоми қатъӣ, иродаи қавӣ, садоқати ватандӯстӣ, нангу номуси миллӣ, дониши мукаммал ва ниҳоят зиракии сиёсиро тақозо мекунад.

Шумо аз роҳбарони баландмартаба сар карда, то кормандони қаторӣ бояд бо рафтору кирдори шоиста, виҷдони пок ва сифатҳои худ барои мардум намуна бошед. Зеро кору рафтори шумо меъёрест, ки аз рӯйи он ба мақому мартабаи давлат ва ҳукумат баҳо медиҳанд.

Шумо такягоҳи боэътимоди давлат, кафили амнияти ҷомеа ва миллат ҳастед. Шумо пуштибони адолату ростӣ, ҳимоятгари ҳақиқату адлу инсоф буда, некро аз бад, ростро аз дурӯғ, сиёҳро аз сафед ҷудо мекунед.

Шубҳае нест, ки минбаъд ҳар кадоми шумо вазифаҳои хидматии дар марҳилаи ҳозира ба зиммаатон гузошташударо аз рӯйи садоқату виҷдон ва дилу нияти пок иҷро мекунед. Сутуни иморати давлату миллат ба фидокорӣ, ростқавлӣ, садоқату ҷасорати касбӣ ва азму иродаи ватандӯстонаи шумо устувор аст. Боварӣ дорам, ки шумо ин рисолати таърихии худро сарбаландона адо намуда, дар пешрафти Тоҷикистони азизамон саҳми шоиста мегузоред. Дар ин кори бузург ва пурмасъулият бароятон муваффақият мехоҳам.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи шумо – кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин аъзои хонаводаҳоятонро бо Соли нави 2005-ум, ки баъди чанд рӯз фаро мерасад, табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори осуда орзумандам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520