Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат

20.03.2004 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Мулоқоти мо бо намояндагони аҳли зиёи мамлакат дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки ба сарзамини бостониамон Наврӯзи эҳёгару ҳаётбахш қадам мениҳад ва соли нави аҷдодии тоҷикон бо шукӯҳу ҷалоли идона фаро мерасад.

Шодии Наврӯзиро ба тамоми мардуми Тоҷикистон, ба шумо - зиёиёни кишвар, алалхусус ба онҳое, ки Иди Наврӯз барояшон азизу гиромӣ аст, яъне тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон самимона табрик мегӯям.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи зиёиёни эҷодкор аст, ки ба ин муносибат низ ҳамаи шумо - ҳозирини мӯҳтарам ва тамоми зиёиёни бедордили мамлакатро муборакбод менамоям.

Боиси хушҳолист, ки бо қадамҳои мубораки Наврӯз Театри академии драмаи ба номи устод Лоҳутӣ ҳам баъди таъмири тӯлонӣ оғӯши худро барои дӯстдорони санъати саҳна ва фарҳанги миллиамон боз намуд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ин рӯйдоди фараҳбахшро ба тамоми зиёиёну аҳли фарҳанг ва ҳунарпешаҳои театр табрик гуфта, ба ҳамаи онҳое, ки дар таъмиру таҷдиди ин бинои мӯҳташам заҳмат кашидаанд, изҳори миннатдорӣ менамоям. Умеду боварӣ дорам, ки ин ҷашни бостонӣ ба ҳар зиёии тоҷик ва фарзандони баномуси кишвари соҳибистиқлоламон ғайрату нерӯи тоза мебахшад ва онҳоро барои фатҳу кушоишҳои нав ҳидоят мекунад.

Воқеан, Наврӯз дар таърихи тоҷикон мисли китоби муқаддасест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо суннатҳои неки гузаштагони ориёии моро дар саҳифаҳои худ маҳфуз дошта, бо вуҷуди тохтутозу истилои аҷнабиён ва ҳангомаҳои мазҳабу минбар аз насл ба насл то замони мо овардааст.

Вақте ки ба таърихи пайдоиш ва такомули ҷашни Наврӯз дар тамаддуни ориёӣ назар меафканем, мебинем, ки ин оини куҳани аҷдодӣ дар низоми давлатдориҳои ниёгони мо мақому манзалати басо арзанда доштааст.

Мувофиқи ахбори сарчашмаҳои мӯътабари таърихӣ, аз ҷумла рисолаҳои пурарзиши мутафаккирони барҷаста Абӯрайҳони Берунӣ, Мӯсои Кисравӣ, Умари Хайём, ҷашни Наврӯз дар аҳди давлатдории Пешдодиён ба ҳукми анъана даромада, чун ҷашни эҳёи табиат ва бузургдошти пешаи кишоварзӣ, истиқболи баробарии рӯзу шаб ва фарорасии нахустин рӯзи соли нав, айёми бахшоишу адлу додгустарӣ ва шодмонии мардум таҷлил мегардад.

Тибқи маълумоти манбаъҳои мухталифи аҳди ислом, аз ҷумла ба қавли Мӯсои Кисравӣ "нахустин касе, ки Наврӯзро оин гузошт, подшоҳиро бунёд кард ва рамзи давлатдориро барқарор намуд, нуқраву тилло ва дигар маъданҳоро ба даст овард ва аз оҳан силоҳ сохт, қасру кӯшкҳо офарид, корез ва обёрӣ кард ва расмӣ кишоварзиро пеш ниход, Ҷамшеди Каёнӣ буд".

Наврӯз яке аз падидаҳои равшантарини фарҳанги қадимаи халқҳои ориёинажод буда, дар даврони давлатдории ниёгони тамаддунпарвар, башардӯст ва фарҳангофарини мо - аз Пешдодиён то Сомониён арзишҳои навро соҳиб шуда, бо ҳамон шукӯҳу шаҳомати хеш то рӯзҳои мо расидааст. Хусусан дар аҳди Куруши Кабир, ки давраи марказиятёбӣ ва дар қаламрави як давлати бузург муттаҳид шудани давлатҳои хурд ва қабилаҳои парокандаи ориёинажод ва ориёизабони сарзамини Осиё ба ҳисоб меравад, оини Наврӯз ва тамаддуни ориёӣ нуфузу шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст.

Ниёгони тоҷикон низ дар таҳти васояти ин давлати мутамарказ баробари дигар қавмҳои ҳамреша, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ як тақдири муштараки таърихиро бунёд гузоштаанд. Бохтару Суғд ва Хоразму Порт дар қаламрави шарқии ин давлати бузург чун зарабоне ба густариши сиёсати давлатдорӣ ва тамаддуни ориёӣ мусоидат кардаанд. Аз ҷониби дигар, қадимтарин маҳалҳои будубоши ниёгони мо ба андешаи донишмандони маъруфи рус, эронӣ ва дигар муҳаққиқони намоёни ду асри охир маҳз Осиёи Миёна, аниктараш водиҳои ҳосилхези байни дарёҳои Оксус, яъне Ому ва Яксарт, яъне Сир будааст. Олими бузурги Эрон Саид Нафисӣ Осиёи Миёнаро сарзамини поки ниёгон номида, борҳо таъкид мекунад, ки аҷдоди ориёии мо маҳз дар ҳамин сарзамини дилкашу биҳиштосо "дар доманаи кӯҳҳои Ҳиндукуш, дар канори рӯди Ҷайҳун ва Сайҳун нахустин рӯзҳои зиндагии хешро гузаронидааст".

Ҷойи баҳс нест, ки бузургтарин тамаддунҳои ҷаҳонӣ дар соҳили дарёҳои серобу водиҳои ҳосилхез пайдо туда, сипас шӯҳрати оламгир ёфтаанд. Тамаддуни Мисри қадим дар канораҳои дарёи Нил, тамаддуни Бобулу Ошур дар минтақаҳои ҳосилхези миёни рӯдҳои Даҷла ва Фурот, тамаддуни Ҳинд дар ҳамвориҳои паҳновари миёни рӯдҳои бузурги Ганг ва Ҳинд, тамаддуни Чин дар паҳноҳои байни дарёҳои Хуанхе ва Янсзӣ падид омада, минбаъд ба ташаккул ва инкишофи тамаддуни башарӣ мусоидат намудаанд.

Ва тамаддуни ориёӣ ва ҷашни Наврӯз низ дар марзҳои ҳосилхези байни дарёҳои Ому ва Сир арзи ҳастӣ намуда, сипас дар ҷараёни муҳоҷирату кишваркушоиҳо ва густариши робитаҳои маданию тиҷоратӣ, хусусан тавассути Роҳи бузурги абрешим ба чаҳор самти олам паҳн шудаанд. Ва шояд ҳамин асолати куҳанбунёд ва оини парастишу муқаддас доштани об чун манбаи ҳаёт буд, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аввал ташаббуси Соли оби тоза ва сипас даҳсолаи "Об - ба хотири ҳаёт"-ро пешниҳод кард ва ин иқдомҳои башардӯстона аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд.

Ҳамин тариқ, васати рӯдҳои Ому ва Сир қаламравест, ки дар он чандин давлатдориҳои ниёгони мо - аз Каёниён то Сомониён падид омада, ҳамчун марказҳои илму маърифат ба инкишофи тамаддун, пешрафти ҳунари меъмориву шаҳрсозӣ, густариши тиҷорат ва робитаҳои иқтисодӣ дар байни мамолики Шарқу Ғарб асос гузоштаанд. Ин силсилаи давлату давлатдориҳо дар пайдоиш, рушду нумӯъ ва шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани тамаддуни ориёӣ занҷири заррине гардида, унсурҳои нахустини арзишҳои умумибашарӣ ва оинҳои инсондӯстиро ба оламиён эҳдо кардаанд.

Тоҷикон бо вуҷуди беадолатиҳои зиёди таърих аз рисолати инсондӯстӣ ва фарҳангпарварии худ ҳеҷ гоҳ даст набардоштаанд. Балки онҳо табиатан миллати фарҳангпарвару башардӯст, созандаву бунёдкор, нексиришту заҳматкаш ва порсою маърифатпарвар буда, аслан ба ягон андешаву акидаи ирқпарастию инсонбадбинӣ, таассуби нажодию зӯроварӣ ва фишори сиёсию таъқиботи данӣ такя накардаанд.

Ниёгони мо яке аз куҳантарин тамаддунҳои ҷаҳониро офаридаанд, ки бар пойдевори "пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек" устувор буд. Гузашта аз ин, онҳо низоми мукаммали давлатдорию идоракунӣ, санъати асили меъморию шаҳрсозӣ, тарзи мутамаддину оқилонаи муносибати байни миллатҳо, эҳтироми озодии мазҳабу равияҳои гуногун ва риояи оинҳои мухталифи динӣ, инчунин ҷараёну мактабҳои гуногуни илмию фалсафиро ба мерос гузоштаанд.

Ҳадаф аз руҷӯи мухтасари таърихӣ ин аст, ки бо истифода аз фурсати муносиби вохӯрӣ бо зиёиён баъзе андешаҳоямро дар робита бо марҳилаи нави давлатсозиву давлатдорӣ, ки ба шарофати истиқлолият ба мо муяссар шудааст, иброз намоям. Зеро вобаста ба тақозои шароити истиқлолият ва давлатдории миллӣ таърихи гузашта, кору фаъолияти имрӯза ва такдири фардои миллат таҷдиди назар мегардад ва дар чунин шароит бори масъулияти бузурги ҳифзи арзишу дастовардҳои миллат қабл аз ҳама бар души зиёиёни бонангу номуси мамлакат қарор дорад.

Давлат аз ҷониби худ дар ҳалли масъалаҳое, ки дар ҷараёни вохӯрии Президент бо зиёиён ба миён гузошта мешаванд, аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. Масалан, баъди ду вохӯрие, ки дар арафаи Наврӯзи солҳои 2001 ва 2002 доштем, Ҳукумати Тоҷикистон дар асоси эроду пешниҳодот ва таклифу мулоҳизоти зиёиён қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Ва ҳоло ба маълумоти шумо расониданӣ ҳастам, ки аз 80 супориши соли 2001 танҳо яктои он ва аз нақшаи чорабиниҳои соли 2002 фақат се супориш иҷро нашудааст, ки ин супоришҳо низ дар мӯҳлатҳои наздиктарин иҷро хоҳанд гашт.

Таъсиси Консерваторияи миллӣ, таҷлили 2500-солагии Истаравшани бостонӣ, маблағгузории корҳои ҷустуҷӯйи археологӣ дар шаҳрҳои Панҷакенту Кӯлоб, яъне Саразм ва Хулбук, таъмир ва барқарор намудани як силсила ёдгориҳои таърихиву меъморӣ, азнавсозии бинои театри ба номи устод Лоҳутӣ, ташкили дастаҳои хореографӣ ва гузаронидани озмуну фестивалҳои гуногун, бузургдошти Рӯзи "Шашмақом" ва таъсиси ансамбли "Фалак", барқарор намудани номҳои таърихӣ ва ба номи шахсиятҳои барҷастаи миллӣ иваз кардани шаҳру ноҳияҳо, нашри беш аз сад китоби адибони тоҷик, тарбияи мутахассисон барои соҳаҳои илм, маориф ва санъат дар мактабҳои олии кишварҳои тариққикардаи ҷаҳон аз ҷумлаи корҳое ҳастанд, ки дар ин муддат анҷом дода шудаанд.

Мо ин равандро идома мебахшем ва масъалаҳоеро, ки садди роҳи густариши илму фарҳанг мегарданд, пайваста мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳем.

Баъзан сару садоҳо баланд мешаванд, ки гӯиё дар ин шароит гузаронидани ҷашнҳо ва чорабиниҳо чандон зарур нест. Чунин ашхос фаромӯш набояд кунанд, ки мо холо давлати соҳибихтиёр ва соҳибистиклол ҳастем. Инчунин вақтҳое низ буданд, ки мо аз таъриху фарҳанг ва миллати худ сухан гуфта наметавонистем.

Ин гуна ҷашнҳо барои баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии мардум, пеш аз ҳама ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳи ватандӯстӣ, муттаҳид кардани миллат аҳамияти бағоят муҳим доранд. Дигар ин, ки дар давраи омодагӣ ба ҷашнҳо дар шаҳру ноҳияҳо чӣ қадар ёдгориҳои таърихӣ ободу барқарор карда шуданд.

Барқарор кардани ёдгориҳои таърихӣ ва барои наслҳои ояндаи миллат обод нигоҳ доштани онҳо вазифаи мост. Лекин чорабиниҳои аҳамияти милливу давлатидоштаро аз панҷоҳсолагиву шастсолагии шахсони алоҳида, ки ин гуна чорабиниҳо барои мо аслан бегонаанд, фарқ бояд кард.

Ҳозирини мӯхтарам!

Ҳар боре, ки бо зиёиён мулоқот мекунам, ба назарам чунин мерасад, ки оид ба масъалаҳои хурду реза сухан рондан зарурат надорад. Мо якҷоя бояд масъалаҳоеро дар миён гузорем ва барои ҳалли онҳо кӯшиш кунем, ки ояндаи Ватан ва миллати мо ба онҳо вобаста мебошад.

Пеш аз хама бояд бар сари ин проблема андеша кунем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатхои байни абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва ё иҷтимоӣ дар ҷомеа, мо барои хифзи сарвати бузургтарин ва бебаҳои худ - яъне Ватан ва истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои хифзи манфиатхои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем.

Ҳамаи моро дар ин толор ҳамин мақсади наҷиб, яъне зарурати таҳкими вахдати миллӣ ба хотири Ватан ва ҳифзи дастовардхои истиқлолияти давлатӣ ҷамъ овардааст.

Ҷомеаи мо имрӯз дар марҳилаи аввали дигаргуниҳои таърихӣ ва бунёдӣ қарор дорад. Дар давраҳои таҳаввулоти бунёдӣ, хусусан дар марҳалаҳои аввал на ҳамаи мардум истеъдоду тавоноии иштирок дар ин равандҳо ва дарки дурусту амиқи ин дигаргуниҳоро дорад.

Ва дар сурате ки инсон зиндагии худро пурра идора карда натавонад, яъне бар ҳастии худ ҳоким набошад, бар шуури худ низ ҳоким шуда, ба ҳодисаву воқеаҳо мустақилона баҳо дода наметавонад.

Дар чунин ҳолат инсон соҳиби истиқлолияти фикрӣ нахоҳад шуд. Барон он, ки истиқлолияти фикрӣ дар ҷомеа ба як падидаи фарогир табдил ёбад, дарку шуури мардум ба дараҷаи зарурии худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ расад, дар замири аҳли ҷомеа ва пеш аз ҳама ҷавонон эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ амиқ ҷоӣ гирад, заҳмату талошҳои холисона ва содиқонаи адибон, олимон, рассомон, табибон, рӯзноманигорон, хулоса зиёиён, ки табақаи пешсаф ва раҳнамои ҳар халқу миллатанд, зарур аст.

Ба ибораи дигар, маҳз зиёиён барои ташаккули андешаву афкори солими ҷомеа нақши муайянкунанда мебозанд.

Вақте онҳо мавқеи масъулиятшиносона ва дурандешонаро ишғол мекунанд, ҷамъият аз як соҳил ба соҳили дигари дарёи пурталотуми ҳодисаҳои айём, алалхусус дар асри ноороми бистуякум беихтиёр ва ғайриогоҳона намеравад. Зеро шуури пешрафтаи ҷомеа ба бесуботиву бенизомиҳо ва фиребу дасисабозиҳо имкон намедиҳад.

Дигар ин, ки мақсаду мароми асосии ҳар як давлат дар шароити пурҳаводиси асри нав таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти давлат ва шаҳрвандони худ аст. Дар навбати худ, мардум низ дар чунин шароит зиракиву ҳушёриро набояд аз даст диҳад ва огоҳ бошад, ки мо дигар ҳаққи гирифтор шудан ба фитнаву дасисаҳои аз cap гузаронидаамонро надорем.

Миллати қадима ва сарбаланди тоҷик дар тӯли таърихи дарозаш маънавиёти баланд, одобу ахлоқи ҳамида, забони шевои модарӣ, девону дафтари парокандаи бузургони гузаштаи хеш, умуман мероси фарҳангию тамаддуни қадимаи худро бо ҳазорон заҳмат ҳифз карда, то рӯзҳои мову шумо расонидааст.

Агар дар аҳди Сомониён дар сари гаҳвораи фарҳангу адабиёти оламшумули мо - сардафтари адабиёти тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шабзиндадорӣ карда бошад, дар садсолаи бистум, ки масъалаи будан ё набудани миллати тоҷик борҳо дар дастури рӯз қарор дошт, устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ба пуштибониву посдории таърих, фарҳанг, забон ва мероси адабӣ, парчаму оини давлатдорӣ ва ҳаққу ҳуқуқи маънавии миллати тоҷик бархоста, бар зидди фарҳангситезони кӯрботин муборизаи оштинопазир бурданд.

Ин ду фарзанди бузурги миллат бо шоҳасарҳои худ "Намунаи адабиёти тоҷик" ва дертар "Тоҷикон" нақшаҳои шуми бадхоҳон ва душманони миллати тоҷикро бо бурҳону далелҳои қотеъ ва санадҳои раднопазири илмӣ барбод дода, таъриху фарҳанг ва забони ноби тоҷикиро наҷот доданд.

Бо вуҷуди ин, таърихи даҳсолаи наздик ва фоҷиаи ҷанги шахрвандӣ ба мо ҳушдор медиҳад, ки ин хатар аз сари миллати мо ҳанӯз чандон дур нарафтааст.

Бадхоҳони миллати мо кӯшиш мекунанд, ки дар лаҳзаҳои муносиб аз воситаву усулҳои иғвоангезию хусуматҳои дохилӣ, ихтилофоти динию мазҳабӣ ва дигар омилҳо истифода карда, дар сари роҳи истиқлолияти миллии мо мушкилоти нав эҷод намоянд.

Баҳсу мунозира ва рисолапардозиҳое, ки солҳои охир дар атрофи забон, решаҳои таърихӣ ва фарҳангу тамаддуни куҳани тоҷикон дар матбуоти даврӣ ва дигар расонаҳои хабарии баъзе кишвархои хориҷӣ сурат мегиранд, идомаи пайгиронаи ҳадафҳои деринаи ихтилофангезӣ дар миёни миллати мо мебошанд.

Илова бар ин, раванди зодаи халқу миллати худ эълон кардани шахсиятҳои машҳур ва бузургони гузаштаи мо ва азхуд кардани сарватҳои зеҳниву фарҳангии тоҷикон тавассути чопи мақолаҳо ва китобу рисолаҳо дар хориҷ аз Тоҷикистон, аз ҷумла дар баъзе кишварҳои Аврупо ҳанӯз ҳам идома дорад.

Дар чунин шароит зиёиёни мо набояд мавқеи бетарафӣ ва беҷуръатиро ишғол намоянд.

Аз ин лиҳоз, қарзи худ медонам, ки дар ин марҳилаи тақдирсози бунёд кардани давлатдории миллӣ бо низоми нави муносибатҳои иқтисодӣ ва дурнамои ташаккули ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бори дигар таваҷҷӯҳи зиёиёни эҷодкор, олимону ҷомеашиносон, кормандони соҳаҳои илм, маорифу фарҳанг ва иттилооти оммаро ба масъалаҳои зикршуда ҷалб намоям.

Дӯстони азиз!

Ба таъсиси Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки кормандони он дар самти омӯзиши масъалаҳои гуногуни таърих, забон, адабиёт, мероси адабӣ, эҷодиёти шифоҳӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёти маънавии миллатамон саҳми арзанда доранд, ҳафтод сол пур шуд. Ин маркази илмии академӣ дар масъалаи ҳамаҷониба таҳқиқ кардан ва дастраси мардум гардонидани мероси фарҳангии миллати тоҷик ва ифтихороти гузаштаи он, ки дар даҳсолаҳои аввали асри гузашта бағоят муҳим буд, корҳои зиёдеро анҷом додааст.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ин маркази илмӣ омӯзиши давраҳои таърихии забони тоҷикӣ ва таҳаввулу ташаккули он аз оғози пайдоиш то рӯзҳои мо мебошад. Тоҷикон дар миёни халқияту миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардуми соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсоларо маҳфуз дошта, имрӯз низ шеъри Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо нафар шоирону адибони гузаштаро озодона мефаҳманд ва дар гуфтугӯйи ҳаррӯзаашон истифода мекунанд.

Забон дар ҳақиқат асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст. Ифтихор аз Ватану ватандорӣ, таъриху фарҳанг, ифтихор аз миллат ва ҳувияти миллӣ аввалтар аз ҳама дар поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ифода меёбад. Таърих гувоҳ аст, ки баъди гум кардани забони модарӣ миллат низ дер ё зуд тафаккур, ифтихор ва ҳатто давлату давлатдории миллии худро аз даст дода, забон ва унсурҳои фарҳангии бегонаро мепазирад.

Яке аз вазифаҳои асосӣ ва пурифтихори Институти забон ва адабиёт дар давраи истиқлолият пуштабонӣ ва густариши забони давлатӣ, таҳкими мақому мартабаи он, аз ҳисоби захираи забони классикӣ ва халқӣ суфтаву ғанитар намудани забони адабӣ, оммафаҳм сохтани забони нашрияҳо, пеш аз ҳама китобҳои дарсӣ, забони матбуот ва тоза нигоҳ доштани забони муошират мебошад. Ҳамчунин зарурати эҷод ва эҳёи забони илмии тоҷикӣ кайҳо расидааст, ки ин ҳам аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини муҳаққиқон ва зиёиён, аз ҷумла Институти забон ва адабиёт аст.

Мо барои амалӣ сохтани ин мақсадҳо ба ғайр аз Институти забон ва адабиёт дар тамоми мактабҳои олӣ кафедраҳои забон, инчунин факултаҳои филологияи тоҷик ва олимону муаллимони соҳибтаҷрибаву забондон дорем.

Гузашта аз ин, аз Ҳукумат ва сохторҳои дахлдори он, Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагон ва дигар мақомоти босалоҳияту манфиатдор cap карда, то доираи васеи зиёиён, олимону забоншиносон, кормандони воситаҳои ахбори умум, падару модарон ва умуман ҳар фарди бонангу номуси миллат барои баланд бардоштани маданияти забондонӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, болоравии сатҳи худшиносӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ, инчунин пешгирӣ аз пайравии кӯркӯронаи забонҳои дигар саҳми муносиб гузошта метавонанд. Вале мутаассифона, сатҳи забондонӣ ва сухангӯии баъзе зиёиёни мо ҳанӯз паст аст. Ҳангоми аз минбар ё аз тариқи радиову телевизион шунидани суханронӣ ё сӯҳбати онҳо ин баръало ба мушоҳида мерасад. Барои озодона бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтану сӯҳбат карда тавонистан бояд ҳар як зиёии тоҷик на танҳо кӯшиш намояд, балки ба дигарон намунаи ибрат бошад.

Кори ҷиддӣ дар бобати аз байн бурдани эҳсоси нангини бегонапарастӣ, ки дар байни баъзе гурӯҳҳо ва ҳатто шахсони алоҳидаи мансабдор мутаассифона ҳанӯз ҳам ҷой дорад, вазифаи муқаддас ва ватандӯстонаи ҳар фарзанди огоҳи миллат аст.

Забони нобу шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ ҳанӯз дар дарбори Тоҳириёну Саффориён, сипас дар дарбори Сомониён чун забони идораи давлату коргузории вазоратхонаҳо ривоҷ пайдо карда буд. Бо ин забон дар Хуросону Мовароуннаҳр аввалин шеърҳои тоҷикӣ суруда шуда, дар давоми садсолаҳои минбаъда ҳазорҳо чилд асарҳои таърихӣ, илмӣ, фалсафӣ ва динӣ эҷод гардиданд.

Аз ин рӯ, баъди ба даст овардани истиқлолият мо ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки ба поймол шудани истиқлолияти фарҳангии миллатамон роҳ диҳем. Зеро истиқлолияти фарҳангӣ барои мо баробари истиқлолияти сиёсӣ азиз аст. Дар баробари ин, дӯст доштан ва омӯхтани забони модарӣ ҳаргиз маънои дар доираи забони худ маҳдуд мондан ва аз омӯзиши забонҳои дигар, аз ҷумла русӣ ва англисӣ сарфи назар карданро надорад.

Дар айни ҳол, ҳар касе, ки забони модарии худро хуб медонад, барои ӯ омӯхтани забонҳои хориҷӣ осон мегардад. Дигар ин, ки ҷорӣ кардани дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир, яъне пешрафти минбаъдаи мамлакат, ба роҳ мондани робитаҳои гуногунсоҳа бо давлатҳои тараққикарда, яъне пайвастан ба ҷаҳони мутамаддин бе донистани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама русӣ ва англисӣ ғайриимкон аст. Масалан, мо бо мардуми ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки теъдодашон имрӯз зиёда аз 300 миллион нафарро ташкил медиҳад, бо кадом забон муошират мекунем? Албатта, бо забони русӣ.

Инчунин забонҳои русӣ ва англисӣ аз ҷумлаи шаш забони коргузории Созмони Милали Муттаҳид ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, донистани ин забонҳо тақозои замон буда, ба мо дар густариши муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон ва ба таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани мақсаду маром ва манфиатҳои миллиамон бештар мусоидат менамоянд. Вале бо вуҷуди ин қадар зарурат омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест.

Чун сухан аз забону забондонӣ аст, мехоҳам хотирнишон намоям, ки омӯхтани забон ва равону суфта шудани он танҳо ба шарофати мутолиаи китоб муяссар мегардад. Лекин ба хотири манфиатҳои шахсӣ аксарияти дӯконҳои фурӯши китоб ба мағозаҳои молҳои дигар табдил дода шудаанд.

Барои ислоҳи вазъи ногувор ба ҳамаи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш медиҳам, ки дар давоми як сол дар маркази хар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо як мағозаи китобфурӯшӣ бунёд намуда, ба истифода диҳанд.

Фаромӯш набояд кард, ки миллати мо аз қадим китобдору китобхон буд ва ин анъанаро ҳифз карда, бояд идома диҳем.

Вобаста ба ин, мехоҳам сари як масъалае, ки ба андешаи ман, ҳамчунин муҳим аст, таваққуф намоям.

Баъзе мунаққидон ва ҳамфикрони берунии онҳо мушкилот ва масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии имрӯзаи кишвари моро пайваста ҳадафи танқиди ғаразнок қарор медиҳанд. Ва чунон қаламдод мекунанд, ки гӯё дар зиндагии мардуми мо пешравие ба назар намерасад.

Дар бораи бурду бохтҳои иқтисодиву иҷтимоиамон дар ин ҷо сӯҳбат намекунам. Зеро дар маҷлиси васеи Хукумат, ки 24 январи соли ҷорӣ доир гардид, ин масъалаҳо ба таври ҷиддӣ таҳлил шуданд.

Ман душвориҳоро пинҳон карданӣ нестам. Ҳар ҷо, ки кор ҳаст, камбудиву проблемаҳо низ вуҷуд доранд. Барои рафъи онҳо ва ҳалли проблемаҳо Ҳукумати Тоҷикистон мунтазам тадбирҳо андешида истодааст. Як қатор дастовардҳо ҳам дорем. Вале комёбии аз ҳама бузурги мо сулҳу суботи ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллатамон мебошад.

Вобаста ба ин масъала зикр кардан бамаврид аст, ки дар давоми чанд соли охир амнияти саросарӣ таъмин гардид. Худатон мебинед, ки роҳҳо дар ҳама ҷо бехавфу хатар шудаанд, касе таҳдид намекунад. Зӯроварӣ, гурӯҳҳои силоҳдори гайриқонунӣ, ки даст ба ғорати мардуми осоишта ва куштори одамони бегуноҳ мезаданд, аз байн бурда шуданд. Волоияти қонун дар мамлакат таъмин шуда истодааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳоло бо ҷиддияти том бо муборизаи беамон бар зидди ҷинояткорӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризму экстремизм машғул ҳастанд.

Дар айни замон, аз воситаҳои ахбори омма медонед, ки ҳатто дар давлатҳои пешрафтатарини дунё ҳам, ки чандин даҳсолаҳо ҷангро надидаанд, чӣ гуна нооромиҳо ва таркишҳо ба амал меоянд.

Мо бояд шукр гӯем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда расидаем ва сулҳу субот, ваҳдати миллиро ҳамчун дастоварди азизтарини халқамои ба монанди гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.

То замони истиқлолият мо артиши миллӣ ва қувваҳои мустақили сарҳадӣ надоштем. Дар як муддати кӯтоҳ Артиши миллӣ ва Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ таъсис додем, ки имрӯз қисман бошад ҳам, марзҳои ҳассоси кишварамонро ҳимоя мекунанд. Бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодӣ омӯзишгоҳҳо ва академияҳои низомӣ созмон додем, ки ҳоло барои Қувваҳои Мусаллаҳамон кадрҳои миллӣ тайёр карда истодаанд.

Биёед, холисона эътироф кунем, ки дар замони Шӯравӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистон ва тоҷиконро дуруст намешинохтанд. Имрӯз на танҳо моро мешиносанд, балки бо мо робитаҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ барқарор менамоянд.

Имрӯз Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва аъзои 35 ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз ба сухани Тоҷикистон гӯш медиҳад ва ташаббусҳои наҷибу башардӯсгонаашро, ки ба ҳаллу фасли проблемаҳои глобалӣ равона шудаанд, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва даҳҳо давлатҳои сайёра дастгирӣ ва қадрдонӣ мекунанд.

Бо назардошти ҳамаи ин, дар шароити душвори глобализатсияи проблемаҳои ҷаҳонӣ таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдати устувори ҷомеа муҳимтарин вазифаи мост. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем: ҳар коре, ки имрӯз тарҳрезӣ менамоем, бо дастгирии халқ ва пуштибонии зиёиён барои даҳсолаҳои пешомад, яъне барои тараққиёти Ватан ва наслҳои оянда мекунем.

Дӯстони гиромӣ!

Мо бунёд кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро эълон намудаем. Вале мехоҳам таъкид созам, ки мо ҳоло дар марҳилаи аввали он қарор дорем.

Бо вуҷуди он, ки заминаҳои ҳуқуқии давлати демократиро ба вуҷуд оварда истодаем, муносибатҳои нави иҷтимоӣ ҳоло ҳам дар ҷамъияти мо мавқеи мустаҳкам пайдо накардаанд. Аз ин рӯ, мо бояд эҳтиёткорона ва пайдарҳам мушкилотеро, ки сади роҳи демократикунонии ҷомеа мешаванд, аз байн барем.

Яке аз проблемаҳои ин раванд аз ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва ҷараёни суръатгирандаи рушди демократӣ то андозае канораҷӯӣ намудани зиёиён мебошад. Бо чунин канорачӯиҳо ва бетафовутиҳои қисме аз зиёиён қафомонии иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии миллатро аз байн бурдан ғайриимкон аст.

Аксарияти проблемаҳое, ки имрӯз дар шуури сиёсии мардум ҷоӣ доранд, ба канораҷӯии баъзе зиёиён аз халқ ва давлат вобаста мебошад. Албатта, қисме аз онҳо дар раванди сиёсӣ ва ислоҳоте, ки дар кишвар гузаронида мешавад, иштирок менамоянд, вале ин нокифоя аст.

Mo зимни ин бояд ба саволи "Кӣ асосҳои назариявии дурнамои сиёсии давлатдории Тоҷикистонро таҳия менамояд?" ҷавоби амиқ диҳем. Дар Тоҷикистон имрӯз дар амал воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва механизми мушаххаси татбиқи онҳо дар кадом поя қарор дорад? Кӣ бояд ин механизмро таҳқиқ ва таҳия намояд?

Барои чӣ зиёиён, хусусан олимони институтҳои илмию тадқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва намояндагони пешсафи илм дар ҳалли масъалахои асосии ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ягон пешниҳод ё ташаббус зоҳир намекунанд?

Зиёиён табақаи пешсафи миллатанд ва аз ин рӯ бояд арзишҳои демократиро ҳимоя намоянд, чунки дар таърихи давлатдории тоҷикон чунин сохти ҷомеае, ки моро ба кишварҳои мутараққии имрӯзаи ҷаҳон наздик намояд, вуҷуд надошт.

Зиёӣ танҳо шахси соҳибтаҳсилот нест, инчунин шахси боистеъдоди сиёсие мебошад, ки дар инкишофи сиёсиву фархангии миллат ва давлат вазифаи хосро иҷро менамояд. Асолати таърихии зиёиён маҳз аз ҳамин нуқтаи назар муайян карда мешавад.

Дар шароити кунунии мамлакат зиёиёни тоҷик дар баробари баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии мардум, бояд ба тағйир додани он муносибатҳои манфие, ки дар ҷомеа нисбат ба давлат вуҷуд доранд, мусоидат намоянд. Шумо нағз дар хотир доред, ки ҳокимияти шӯравӣ ба бунёди асосҳои назариявии сохтори сиёсӣ чӣ гуна таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамуд. Дар тамоми давраи мавҷудияти ҳокимияти шӯравӣ ҳазорҳо сиёсатшиносон, аҳли илм ва фарҳанг дар бораи ҷомеаи коммунистӣ навиштаанд.

Олимон, иқтисоддонҳо, ҷомеашиносон, нависандагон ва зиёиёни эҷодкор коммунизмро тавсиф карда, сотсиализмро давраи гузариш арзёбӣ менамуданд ва мушкилоти ин марҳиларо омили табииву таърихӣ ҳисоб мекарданд.

Ҳазорон корҳои илмиву эҷодӣ ба мавзӯи капитализмро сарфи назар карда, ба марҳилаи сотсиализм гузаштани Тоҷикистон бахшида шуда буданд. Ин танқид нест, балки баёни воқеият аст.

Марҳилаи имрӯзаи тараққиёти Тоҷикистон аз олимон тадқиқотҳоеро интизор аст, ки ба бунёди муносибатҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи мо бахшида шуда, принсипҳои асосӣ ва ҳудудҳои ин ҷомеаро муайян намоянд.

Барои чӣ механизмҳои бартараф кардани мушкилотро, ки давлат бо онҳо дучор мегардад, таҳия намекунем? Аксарият гӯиё мӯъҷизаеро интизоранд ва "Президент ба ислоҳот оғоз бахшид, бинем оқибат чӣ мешавад" мегӯянд.

Ба раванди сиёсӣ ҳамроҳ гардида, ба Ватан содиқона хизмат намудан қарзи шаҳрвандии ҳар як зиёӣ аст. Дар ин бобат бояд ватанпараст шуд. Зеро дар оянда ҳаёти фарзандон ва наберагонамон аз он вобаста аст, ки мо имрӯз чӣ гуна давлат бунёд мекунем!

Аз ин рӯ, бояд ҳамаи зиёиён дуруст дарк намоянд, ки зарурати иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ вуҷуд дорад. Дар Тоҷикистон заминаҳои демократӣ ва фарҳанги нави сиёсиро, ки дастраси ҳар шаҳрванди кишвар бошад, чӣ гуна бояд бунёд намуд?

Дар ин бобат вазифаи зиёиён дар рӯҳияи фарҳанги баланди сиёсӣ тарбия намудани мардум ва дар шуури он ҷойгир кардани воқеияти сиёсӣ аст.

Ташаккули демократия дар Тоҷикистон ва ҳалли муноқишаи байни тоҷикон собит намуд, ки асоси сиёсат созиш аст. Ягон таълимот зӯровариро аз оштиву созиш боло намегузорад.

Ба зиёиёни тоҷик зарур аст, ки дар шуури ҷомеа мохияти миллат ва давлатро ташаккул диҳанд. Муттаҳидии давлат ва миллат дар шахсият ва ҳисси ватандӯстӣ зоҳир мегардад. Ватанпарастӣ ҷавҳари худшиносии миллӣ мебошад.

Зиёиён ба мардум бояд таблиғ намоянд, ки ба қадри давлату давлатдории миллӣ, рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон, Суруди миллӣ расидан лозим аст, Конститутсия ва дигар муқаддасоти миллиро риоя ва эҳтиром намудан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Фаромӯш набояд кард, ки давлат доштан барои ҳар як миллат бахти бузург ва ифтахори бепоён мебошад.

Албатта, дӯст доштани Ватан, миллат, мероси фарҳангӣ ва гузаштаи таърихӣ ба ҳар фарди равшанфикру бедордил ва хоса зиёиён воҷиб аст. Аммо ин дӯстдорӣ ба ҳеҷ кас ҳуқуқ намедиҳад, ки чи дар баҳсҳои илмӣ ва чи дар ҷараёни пуштибонии асолату фарҳанги миллат, одоби муомилаву муошират, маданията хоси миллии тоҷикон ва ҳусни музокираву тафоҳумро поймол намояд. Ин асолатро набояд фаромӯш кард.

Дар шароити кунунӣ бояд тамоми зиёиён ва мардуми Тоҷикистон дар баробари азхуд кардани беҳтарин арзишҳои ҷомеаи башарӣ дар раванди глобализатсияи масъалахои ҷаҳонӣ манфиатҳои миллии хешро дуруст дарк ва ҳимоя намоянд.

Зеро мо агар қадру манзалати Ватан, миллат ва забони худро ба таври амиқ дарк насозем, зарурати густариши худшиносию худогоҳӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистонро пайваста таъкид накунем, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодиву фарҳангиро таъмин карда наметавонем.

Дар ҷараёни босуръати пешрафти техникаи муосири иттилоотӣ мо бояд ба рушду такомули воситаҳои ахбори умум ва шабакаҳои техникии иттилоотию телекоммуникатсионии миллии худ муваффақ шавем.

Рӯзноманигорон, сиёсатшиносону коршиносон метавонанд ҳамкорию рақобатҳои эҷодиро дар шабакаҳои байналмилалии иттилоотӣ вусъат дода, бо риояи одоби журналистӣ, тавассути инъикоси ҳақиқати ҳол ва таҳлили вазъи воқеии ҳаёт дар афзудани мавқею манзалати байналхалқии кишварамон мусоидат намоянд.

Дар роҳи таъмини амнияти иттилоотии кишвар ва танзими воситаҳои ахбор мо консепсияи ягона ва заминаҳои меъёриву ҳуқуқии заруриро таҳия ва қабул кардаем. Мувофиқи он дар давоми даҳ соли охир фазоӣ иттилоотӣ ба таври назаррас тағйир ёфт. Дар ин ҷода нишондиҳандаҳои афзоиши нашрияҳо, радиову телевизионҳои давлативу ҷамъиятӣ ва хусусӣ хеле ҳам назаррас аст. Ҳоло нисбат ба соли 1990-ум дар кишварамон шумораи нашрияҳо ва радиову телевизионҳои давлативу ҷамъиятӣ ва хусусӣ хеле ҳам афзудааст. Аз ҷумла, теъдоди нашрияҳои давлатӣ аз 65 ба 199 адад, ғайриҳукуматӣ - ба 154 адад, радиову телевизионҳои хусусӣ аз 1 ба 26 адад расидаанд.

Озодии сухан ба омили устувори сиёсати давлат табдил ёфтааст. Дар баробари ин ошкорбаёниву озодандешӣ ва танқид низ густариш меёбад.

Дар фазоӣ иттилоотии Тоҷикистон дар баробари субъектҳои худ инчунин манбаъҳои воситаҳои ахбори умуми хориҷӣ низ фаъолият менамоянд. Барномаҳои радиоҳои "Би-Би-Си", "Радиои Озодӣ", "Садои Амрико", "Садои Хуросон", "Мавҷи Олмон", "Маяк", "Радиои Россия" ва ғайра озодона пахш мегарданд. Ҳар як шаҳрванди мамлакатамон бо харидани воситаҳои мавҷгири маснӯӣ метавонад бемамониат барномаҳои садҳо телевизионҳои хориҷиро тамошо намоянд.

Мо ҳамчунин дастраси озоди шабакаи иттилоотии "Интернет"-ро ба ҳамаи шаҳрвандон таъмин намудаем. Ҳукумати Тоҷикистон ба идома ва густариши ин раванд мусоидат хоҳад намуд. Аз ин лиҳоз, воситаҳои ахбори умум, сарфи назар аз шакли моликияташон, дар риояи муқаррароти қонунҳои амалкунанда ва таъмини амнияти иттилоотиву фарҳангии мамлакат масъулияти баробар доранд. Ин масъулият аз рӯзноманигорон маданияти баланди сиёсӣ, дониши мукаммали ҳуқуқӣ, риояи одоби касбӣ, қарзи шаҳрвандӣ, эҳсоси ватандӯстию ватанпарастӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатии Тоҷикистонро тақозо менамояд.

Мо ҷонибдори он ҳастем, ки рӯзноманигорон камбудиҳои ҷомеаро ошкор карда, доир ба роҳҳои ҳалли мушкилоти рӯзгори мардум, рафъи нуқсонҳои мавҷуда пешниҳодҳо намоянд ва барои болоравии сатҳи маърифату фарҳанг, тафаккуру ҷаҳонбинии мардум кӯшиш кунанд. Робитаи Ҳукумати мамлакат бо воситаҳои ахбори умум минбаъд низ мустаҳкамтар мегардад.

Вобаста ба ин, ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода мешавад, ки барои шаффофияти фаъолияти худ ва вазорату идораҳо механизми ба воситаҳои ахбори умум додани маводи таҳлилӣ, факту далелҳо, санадҳои тадбирҳои андешидашуда, чорабиниҳо ва ғайраро таҳия ва қабул намоянд.

Воситаҳои ахбори умум бояд дар бораи амалӣ шудани лоиҳаҳо, тарзи гузаронидани тендерҳо, иҷрои буҷети давлатӣ хусусан дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, инчунин ҳолати коррупсия дар соҳаҳои зикршуда, аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ далел ва тасаввуроти аниқу дуруст дошта бошанд.

Аз ин чизҳо сирри давлатӣ сохтан зарур нест.

Дар ин робита, ба Ҳукумати Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки бо мақсади рушди минбаъдаи воситаҳои ахбори умум ва таъмини мустақилияти онҳо, инчунин нашри рӯзномаву маҷаллаҳо, адабиёти бадеӣ, адабиёт барои бачагон, китобҳои илмиву техникӣ ва китобҳои дарсиро аз андози арзиши иловашуда озод намояд.

Ҳоло мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба он ҷалб намоям, ки солҳои охир бисёр сиёсатшиносону тадқиқотчиёни мамлакатҳои гуногун фаъолияти қувваҳои террористиву экстремистиро ба мардуми мусулмон нисбат медиҳанд.

Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, пеш аз ҳама Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бояд дар мавриди пешгирии ин равия ва бозии хатарнок тадбирҳои муассир андешанд.

Бо кӯшиши муштараки созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, инчунин сиёсатмадорону сиёсатшиносон ба ҷойи исломро ба як воситаи тарсдиҳии инсоният табдил додан мафҳуми "терроризм"-ро дуруст арзёбӣ карда, бояд аз баҳри сиёсати "стандарти дугона" нисбати ин зуҳуроти даҳшатнок бароянд.

Дар ҳақиқат, баъзе қувваҳои экстремистӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсии худ таҳти шиорҳои исломӣ ба кирдорҳои ношоиста даст зада, дини ислом, яъне манбаи покизагии маънавию ахлоқиро бадном месозанд. Марҳилаи "ҷанги сард" гузашт, вале баъзе сиёсатмадорони муосир мехоҳанд, ки ҷаҳонро боз аз нав дучори муноқиша гардонанд. Шиори онҳо "Ислом - душмани тамаддун" мебошад. Ин ақида басо ғалат аст ва оқибати бад дорад. Ба андешаи ман, сабаби он дар муборизаи начадон босамар бар зидди терроризми байналмилалӣ аст ва аз ин рӯ, кӯшиш мекунанд, ки ба ҳамаи ин ислом ва мардуми мусулмонро гунаҳкор намоянд.

То он даме, ки кишвархои пешрафта ба рушду нумӯи давлатҳои рӯ ба тараққӣ кӯмаки ҷиддӣ нарасонанд, танҳо бо роҳи низомӣ бартараф кардани ин хатари азими аср амри маҳол аст.

Мо борҳо ба таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидаем, ки ислом бо терроризм ва экстремизм ягон робитае надорад ва баръакс чунин зуҳуроти номатлуб ва хатарнокро маҳкум менамояд, вале ҳамоно кӯшишҳои ба рақиби идеологии ҷаҳонӣ табдил додани ислом ва мардуми мусулмон идома доранд.

Хусусан ин тамоюл баъд аз амалиёти террористии 11 сентябри соли 2001-ум дар кишварҳои пешрафта вусъат ёфтааст. Ҳоло дар баъзе кишварҳо қувваҳои миллатгаро ва гурӯҳҳои неофашистӣ равнақи тоза пайдо карда, ҳуқуқҳои шаҳрвандони мусулмонро ошкоро поймол менамоянд ва нисбат ба онҳо таҳқиру шиканҷаҳоро раво мебинанд. Албатта, ин амали номатлуб хатару таҳдиди чиддӣ дорад. Онро бояд пешгирӣ кард.

Дар бораи проблемаҳои глобалӣ сухан ронда, муҳимияти масъалаи мубориза бар зидди коррупсияро зикр кардан низ бамаврид аст. Коррупсия дар ҷаҳон зуҳуроти нав нест ва он умри ҳазорсолаҳо дорад.

Мутаассифона, коррупсия дар соҳаи илму маорифи кишварамон низ мушоҳида мешавад. Хусусан он дар мактабҳои олӣ бештар ба назар мерасад. Мубориза бар зидди ришвахӯрӣ танҳо вазифаи Ҳукумат нест, он бо ҳамдастии аҳди ҷомеа ва бо шумо - зиёиёни мӯҳтарам муяссар мегардад.

Дар ин робита ман борҳо таъкид карда будам, ки мубориза бар зидди ин амали хатарнок кори тамоми ҷомеа мебошад. Зеро то даме, ки бо кӯшиши умум решаҳои коррупсияро суст накунем, ба пешрафти зарурии иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат ноил шудан мушкил ва ҳатто аз имкон берун аст.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Асри XXI асри ҳамгироии иқтисодиву иҷтимоӣ, асри инкишофи рӯзафзуни илму фарҳанг, асри дастовардҳои бузурги техникиву технологи, асри глобализатсияи масъалаҳо мебошад. Алалхусус дар ҷараёни вусъати глобализатсияи проблемаҳо тафовути байни мамлакатҳои пешрафта ва қафомондаи олам торафт афзуда, сатҳи камбағалию қашшоқӣ дар кишварҳое, ки ба инкишофи илм, аз худ намудани технологияҳои муосир ва болоравии истеҳсолот муваффақ нашудаанд, баланд мегардад.

Дар амал татбиқ кардани дастовардхои нави самарабахши илм ва истифодаи технологияи пешрафта омили асосии рушди иктисодӣ, рақобатпазирии истеҳсолот ва роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ, афзудани даромади миллӣ ва дар ниҳояти кор беҳбудии вазъи иҷтимоии мардум мебошад. Аммо дар кишвари мо мавзӯъҳои тадкиқотии баъзе институтҳо, лабораторияҳо такрори ҳамдигар ва муҳим набуда, ба талабота рушди илму техника ва технологияи муосир ҷавобгӯ нестанд. Таҳқиқоти баъзеи онҳо аз як сол ба соли дигар гузаронида шуда, дар онҳо ягон пешниҳоди мушаххас ва ё навигарии илмие ба назар намерасад.

Аз ин лиҳоз, ба Хукумати Тоҷикистон ва Раёсати Академияи илмҳо зарур аст, ки фаъолияти институтҳои илмиву тадқиқотиро таҳти назорати ҷиддӣ ва қатьӣ гирифта, натиҷаҳои кори онҳоро ҳар сол як маротиба мавриди баррасӣ қарор дода, ба кори роҳбарияти онҳо мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ баҳо диҳанд.

Ҳукумат хангоми таҳияи лоихаи буҷети давлатӣ бояд ба масъалахои рушди илм диққати зарурӣ диҳад.

Бо мақсади густариши минбаъдаи соҳаи илм ва тарбияи олимони ҷавон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки аз 1 июли соли ҷорӣ хаҷми стипендияҳои аспирантҳоро се маротиба баланд бардошта, ба андозаи 60 сомонӣ муқаррар намояд ва ҳангоми таҳияи Буҷети давлатии соли 2005-ум барои таъмир ва ба истифодаи аспирантҳо додани яке аз хобгоҳҳои мактабҳои олии мамлакат маблағ пешбинӣ намояд.

Дар баробари ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молия вазифадор карда мешаванд, ки дар доираи маблағгузории умумии Академияи илмҳои мамлакат музди меҳнати кормандони онро аз 1 июли соли ҷорӣ ба андозаи 30 фоиз баланд бардоранд.

Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар муддати як сол сохта ба истифода додани бинои Институти гастроэнтерологияи Академияи илмҳои Тоҷикистонро, ки корҳои сохтмонии он қариб 30 сол инҷониб кашол меёбад, бо маблағи зарурӣ таъмин созад.

Инчунин ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки барои чопи китобҳои адибону олимон дар соли ҷорӣ аз Хазинаи эҳтиётии Президент 200 ҳазор сомонӣ ҷудо намояд.

Густариши фарҳанги миллӣ ва болоравии иқтисодиёту истеҳсолот ба ислоҳоти соҳаи мактабу маориф ва ҷорӣ намудани усулҳои пешрафтаи таълиму тарбия вобаста аст.

Дар ҷаҳони имрӯза маҳсули ақли инсон ва дастовардҳои он чун маводи пурарзишу гаронбаҳо хариду фурӯш мегардад. Маҳсули ақли инсон дар ҳазорсолаи сеюм ба сармояи пурарзиш табдил хоҳад ёфт ва ҳатто нисбат ба сарватҳои табиӣ даромади бештар меорад. Бинобар ин мақому мартаба ва масъулияти Вазорати маориф, Академияи илмҳо, мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи ворисони арзандаю соҳибмаърифат, ки дар оянда амнияти миллӣ, фархангӣ ва иқтисодии мамлакатро пуштибонӣ хоҳанд кард, хеле бузург аст.

Аз ҳамин хотир Хукумати кишвар ба инкишофи соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг аҳамияти аввалиндараҷа дода, сол аз сол маблағгузориро аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёд мекунад.

Шумо аҳли зиё ҳастед, яъне аҳли инсофу рӯшной. Хама чиз дар муқоиса маълум мегардад. Андозаи миёнаи музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ соли 1997-ум тақрибан 5 сомонӣ буд. Дар соли 2002 - 35,5 сомонӣ шуд, дар ду моҳи чорӣ ба 42,5 сомонӣ расид.

Ё худ аз бучети давлатӣ барои соҳаи маориф дар соли 2000-ум зиёда аз 41 миллион сомонӣ, соли 2002-юм 87 миллион сомонӣ, соли 2003-юм 113 миллион сомонӣ чудо шуда буд ва имсол 173 миллион сомонӣ дар назар гирифта шудааст. Яъне дар байни се сол маблағгузории танҳо соҳаи маориф чор баробар зиёд шудааст.

Дар ин давра маблаггузории соҳаи тандурустӣ ҳам кариб 100 миллион сомониро ташкил дода, чор баробар афзуд ва соли чорӣ чудо намудани 76 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Гузашта аз ин, мо дар доираи Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ дар се соли охир аз ҳисоби лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба соҳаи маориф ва беҳбудии таълим зиёда аз 24 миллион доллар, барои соҳаи тандурустӣ 15 миллион доллар сарф намудем.

Барои соҳаи фарҳанг дар се соли гузашта аз буҷети давлатӣ 57 миллион сомонӣ сарф шудааст. Маблағе, ки имсол ба нақша гирифта шудааст, 26 миллион сомониро ташкил медиҳад ва ин нисбат ба соли 2001-ум се баробар зиёд аст. Аз буҷети давлатӣ барои ҳифзи иҷтимоӣ соли 2000-ум 28 миллион сомонӣ, соли 2003-юм -101 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд. Имсол бошад ҷудо кардани 174 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст. Яъне дар давоми чор сол маблағгузории давлатии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ шаш маротиба афзуд.

Вале, мутаассифона, дастовардҳои соҳаи илму маорифи мамлакат дар қиёси ин маблағгузориҳо моро қонеъ намесозанд. Алалхусус омӯзиши илмҳои дақиқ ва дастовардҳои нави илму техника, ки пойдевори ҳама гуна кашфиётҳои ҷаҳонӣ мебошанд, дар мактабҳои оливу таҳсилоти умумӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ суст ба роҳ монда шудааст.

Сатҳи донишандӯзиву ҷаҳонбинӣ ва дар рӯҳияи ватанпарвариву арзишҳои миллӣ тарбия намудани хонандагону донишҷӯён ниҳоят паст аст. Чунончи, санҷиши сатҳи саводи донишҷӯёни мактабҳои олии мамлакат собит намуд, ки зиёда аз 50 фоизи онҳо дониши казоӣ надоранд.

Барои ҳамин ҳам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки ҳар сол ҳисоботи ректорони мактабхои олӣ ва мудирони идораву шӯъбаҳои маорифро вобаста ба натиҷахои таълиму тарбия баррасӣ намуда, аз рӯйи сатҳи саводи донишҷӯёну хонандагон ба фаъолияти роҳбарияти донишкадаву донишгоҳҳо ва соҳаи маориф баҳои ҷиддӣ диҳанд.

Рисолати бузургтарини ҳар фарде, ки худро зиёӣ мешуморад ва дар соҳаи маорифу фарҳанг ва илму маърифат заҳмат мекашад, бо талошҳои пайгирона сатҳи донишандӯзӣ ва тафаккури илмию технологии насли наврасро баланд бардоштан аст.

Дар баробари Ҳукумат ва сохторҳои низоми давлатии маориф беҳбудии сифати таълиму тарбияи наели наврас бояд дар маркази диққати ҳар як оила ва падару модарон низ қарор дошта бошад. Онҳо бояд дар тарбия ва донишандӯзии фарзандони худ ҳамеша бо муассисаҳои таълимӣ дар тамос туда, масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд.

Холо аксари ахолии кишварамон дар дехот зиндагӣ мекунанд. Бо мақсади ҳавасманд гардонидани муаллимони мактабхои дехот онҳо дар оянда аз андози қитъахои замини наздиҳавлигӣ озод карда шаванд.

Дар ҷаҳони мутамаддини имрӯза қафо мондан аз суръати кайҳонии таҳаввулоти илму техника ва технологияи муосир дар оянда проблемаву мушкилоти бузургро ба бор меорад. Зиёиён бояд раҳнамо ва қувваи воқеии пешбарандаи ҷамъият бошанд ва рисолати «аърифатпарварии худро хам дар оила, ҳам дар мактабу муассисаҳои таълимӣ, ҳам дар миёни ҷавонон ва аҳли ҷомеа ба сомон расонанд. Махсусан зиёиёни деҳот ва муаллимони ноҳияҳои дурдаст бояд ба сифати таълиму тарбияи ҷавонон таваччӯҳи бештар зоҳир намоянд.

Ниёгони мо бузургтарин эҷодгарони фарханги ахлокӣ, одоби оиладорӣ, хусни басират ва тарбияи пайгиронаи фарзандон дар оила буда, ба маънои пуррааш ба мактаби тарбияи одамият замина гузоштаанд.

Мероси фарҳангии ниёгони мо, аз ҷумла садҳо одобномаю андарзномаҳо, рисолаҳои ахлоқию дастурҳои давлатдориро фаро мегирад. Ин рисолаҳо арзиши бузурги тарбиявию ахлоқӣ дошта, ба одоби сӯҳбат, пазироиву нишаст, одоби зиёфату меҳмондорӣ, таълиму тарбия, одоби илмомӯзиву интихоби пешаи муносиб, одоби посдории касбу кор, ҳурмату эҳтироми падару модар, умуман калонсолон ва расидан ба қадри заҳмати ҳалол ва дигар паҳлӯҳои мухталифи тарбияи фарзанд ва рисолати оиладорӣ бахшида шудаанд.

Барои тарбияи насли аз ҷиҳати маънавию ҷисмонӣ солими ҷомеа аҳамияти ин рисолаҳо бағоят мухим аст. Дар баробари онҳо мо бояд ба ҳаллу фасли масъалахои демографӣ ва танзими оила низ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоем. Зеро вазифаи падару модарон танҳо ба дунё овардани фарзанд нест, балки вазифаи муқаддаси онҳо бо ахлоқи ҳамида тарбия ва соҳибмаърифат кардани онҳо мебошад. Бинобар ин, ба назар гирифтани муносибат ва таносуби фарҳанги миллӣ ва хориҷӣ, муайян кардани роҳҳои пешгирии унсурҳои фаҳш ва касофати зиддифарҳангии аз хориҷ таҳмилшаванда ва дар ивази онҳо ба ҷавонон пешниҳод кардани афкору андешаҳои солими фарҳанги умумибашарӣ шарти зарурии суботи ҷомеа мебошад.

Шумо медонед, ки имрӯз гурӯҳҳои ҷинояткор ва муташаккили трансмиллии муомилоти маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамон ба вуҷуд омадаанд. Мутаассифона, ин хатар ҷомеаи моро низ таҳдид мекунад.

Зиёиёни кишвар якҷоя бо Хукумат бояд роҳҳои баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, ташаккули маданияти муомилаву муошират ва усулҳои ҳамкориву тарбиятро ҷустуҷӯ намоянд. Хатаре, ки гуфта шуд, проблемаи як давлат ё минтақаи алоҳида нест, балки хатари глобалӣ буда, ҳоло тамоми одамони поквичдону бошарафи оламро ба ташвиш овардааст.

Мо бо иродаи мардуми худ бунёдӣ давлатӣ демократиро пеш гирифтаем. Лекин мафҳумҳои ҷамъияти озод ва муносибатҳои нави иҷтимоӣ ҳаргиз маънои қабули бечунучарои тарзи зиндагии дигарон ё нусхабардории онҳоро надоранд. Аз ин рӯ, падидаҳои нангине, ки дар баъзе кишварҳо ба мушоҳида мерасанд, аз қабили одамфурӯшӣ, зӯроварӣ, фаҳш ва монанди инҳо барои миллати мо аслан ва табиатан бегона мебошанд.

Бинобар ин мову шумо баръакси он вокунишҳои фарҳангӣ ва таҳаввулоти ахлоқии асри ҷадид, ки фиску фуҷур, ахлоқи зишт ва кирдорҳои инсонбадбинию зӯровариро тавассути филмномаҳою телевизион ба манбаи даромад табдил додаанд, бояд гуманизми ачдодӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои беҳтарини тамаддуни хешро пайгирӣ намоем.

Ин маънои онро дорад, ки миллати фарҳангпарвари тоҷик бехтарин арзишҳои тамаддуни башарии Шарку Ғарбро истифода намуда, дар айни хол таърих, фарҳанг, забон ва маънавиёти бисёрҳазорсолаи худро пос медорад.

Мо аз Ғарб имрӯз асосҳои иқтисоди бозорӣ, намунаи давлатдории демократӣ, тарзи мукаммали идоракунӣ, шаклҳои пешрафтаи коргузорӣ, дастовардҳои нави илму технология, тарзи пешрафтаи таълим ва бисёр чизҳои дигарро бояд омӯзем.

Дар қаламрави Осиё, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ки ғолибан анъанаи идоракунии авторитарӣ ва тафаккури садрпарастӣ афзалият дошт, сохтани усули идоракунии демократӣ бо тамоюли иқтисодӣ бозорӣ ва принсипҳои волоияти қонуну адолат бо душвориҳо ба даст меоянд.

Албатта, марҳилаи гузариш ба ҷомеаи нав аз камбудиҳо холӣ нест. Чунки ҳамаи мо зода ва дастпарварони давраи авторитарӣ ҳастем, демократия бошад дар тӯли садсолаҳо барпо мегардад. Илова бар ин унсурҳои демократияро мо аз Аврупо аслан нусхабардорӣ ва айнан дар ҷомеаи худ ҷорӣ карда наметавонем.

Сарфи назар аз ҳамаи ин, мо дар мархилаи аввали тарзи давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дошта, пойдевори ҷомеаи шаҳрвандиро бо ҳифзи асолати миллӣ ниҳода истодаем.

Ҳамватанони азиз!

Зиёӣ будан пеш аз хама эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва рисолати пешоҳангӣ, раҳнамоӣ ва маърифатпарварии худро дар ҳама гуна шароиту муҳити зиндагӣ пос доштан аст.

Зеро масъулияти нуру зиё афкандан ва аҳли ҷомеаро ба сӯйи маърифату рушанфикрӣ ҳидоят намудан дар ҳама давру замонҳо сараввал бар души зиёиён афтода, як рукни рисолати онҳо дар назди Ватану миллат, давлату кишвардорӣ, аҳли оилаю қишрҳои ҷомеа ва ниҳоят виҷдону сиришти маънавии онҳо будааст.

Зиёӣ будан ба маънои томаш миллатдӯсту ватанпарвар будан, дар таҳкими давлатдории миллӣ, асолати худшиносӣ, фарҳанги башардӯстӣ ва тарғиби арзишҳои волои миллӣ ва умумиинсонӣ пайваста саҳм гузоштан аст.

Зиёӣ будан фарзанди асили халқу миллати хеш будан, нангу номус, шарафу виҷдон, маданияти баланд, зиракии сиёсиву фаросати волои маънавӣ доштан ва ҳастии хешро барои рушду нумӯи имрӯзу ояндаи кишвар бахшидан аст.

Бинобар ин ман бо эътимоду боварии комил ба кулли зиёиёни соҳаи илму маориф, фарҳангу иттилоот, ҳунару бахшҳои мухталифи санъат рӯ оварда, аз ҳар кадоми шумо дастгирию пуштибонии истиқлолияти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии Тоҷикистони азизро умедворам.

Мову шумо дар остонаи Иди фархундаи Наврӯз қарор дорем, ки аз қадимтарин суннатҳои ориёӣ буда, бо қадами мубораки хеш ба хонаи пиру барноӣ кишвари мо пайки шодӣ, муждаи иқбол, бахту саодати тоза меорад. Соли нави аҷдодӣ бо нафаси тозаи баҳор фаро расида, аз оғози кишту кор, аз огози накшаҳои тозаи эҷодию офарандагӣ башорат мерасонад.

Чашмаи илҳоми шоирону нависандагон ва кулли эҷодкоронро ба ҷӯш меорад, ба олимону кашшофони баҳри беканори илм нерӯю ғайрати тоза мебахшад.

Умедворам Наврӯзи имсола барои кулли зиёиён ва тамоми мардуми Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт, илму маориф ва фарҳангу маънавиёт дастовардҳои тоза ва фатҳу нусратҳои навро ба бор меорад.

Ба шумо ва ҳамаи мардуми Тоҷикистон тинҷию осудагӣ, саломативу сарбаландӣ ва файзу баракати наврӯзӣ орзӯ мекунам.

Иди Наврӯз - Соли нави аҷдодӣ муборак бошад!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520