Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.04.2004 14:00, шаҳри Душанбе

Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ
ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Қабл аз ин ки Паёми худро ба мақоми олии қонунгузор - Маҷлиси Олӣ пешниҳод намоям, мехоҳам хотирнишон созам, ки раванди татбиқи сиёсати дохиливу хориҷии давлат маъмулан дар доираи як сол маҳдуд карда намешавад, зеро ҳадафу вазифаҳои дар асоси Паёми Президент муайяншуда моҳиятан барнома ва дурнамо барои даҳсолаҳо мебошанд.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ҳанӯз дар ибтидои шоҳроҳи бузурге қарор дорад, ки ҳадафи халқи он бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, ташкили ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, таъмини зиндагии орому осуда ва ҳамгироӣ бо ҷомеаи мутамаддин мебошад.

Вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар баъди Паёми соли гузашта дар чандин чорабиниҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла дар ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон, маҷлиси васеи рӯзи 24 январи соли 2004-ум баргузоргардидаи Ҳукумат, мулоқоти Президент бо зиёиён, ки 20 марти соли ҷорӣ доир шуд, ҳамаҷониба таҳлилу арзёбӣ гардид ва дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва мушаххас бисёр масъалаҳо ҳаллу фасл карда шуданд.

Боз ҳам мустаҳкам шудани пояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, густариши равандҳои демократӣ, болоравии эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва қисми даромади буҷети давлатӣ, инчунин устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ дастовардҳои асосии ин давра ба шумор мераванд. Бо вуҷуди ин, ҳадафи асосӣ аз Паёми имрӯза баррасии муфассали сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат дар роҳи таъмини рушди устувор ва бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими дастовардҳо дар бахшҳои қонунгузорӣ, густариши заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тавсеаи муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

I. Идома додани раванди ислоҳоти иқтисодӣ шарти хатмии таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар аст.

Татбиқи барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ, густариши муносибатҳои бозаргонӣ, такмили идораи иқтисодиёт ва дар ин замина таъмин кардани рушди устувори иқтисодӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардонидани дараҷаи зиндагии мардум самтҳои асосии сиёсати иқтисодиву иҷтимоии мамлакатамон мебошанд. Дар соли 2003 фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти таъмини пешрафти иқтисодӣ асосан ба татбиқи Ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронида шуда буд.

Таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодии соли гузашта шаҳодат медиҳад, ки тавассути татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон барои тараққиёти иқтисодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат ва тадриҷан беҳтар намудани дараҷаи зиндагии мардум асоси боэътимод гузошта шуд. Вале ҳарчанд ки дар иқтисодиёти кишварамон пешравиҳо ба амал омада бошанд ҳам, вале онҳо ба болоравии сатҳи зиндагии мардум ҳанӯз таъсири чандон назаррас расонида натавонистанд. Вазъи кунунӣ нишон медиҳад, ки ҳоло баъзе роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба масъалаи татбиқи Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир накардаанд. Ҳамчунин аз ҷониби онҳо дар интихоби лоиҳаҳо ба хатоҳо роҳ дода шуда, афзалиятҳое, ки бевосита ба рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамоянд, сарфи назар гардидаанд.

Бинобар ин зарур аст, ки татбиқи барномаи мазкурро самарабахш карда, ҳангоми интихоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба афзалиятҳое, ки метавонанд бевосита ба рушди иқтисодӣ кӯмак расонанд, диққати махсус дода шавад. Раванди мазкур бояд таҳти назорати доимии Ҳукумат қарор дошта бошад. Зеро Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади беҳтар кардани зиндагии мардуми кишвар аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ қарз гирифта, лоиҳаҳои сершумори муштаракро амалӣ намуда истодааст. Маблағи барои татбиқи онҳо сарфгардида қарз аст ва онро Ҳукумати Тоҷикистон бармегардонад. Барои иҷрои ӯхдадориҳои давлатии қарзҳои беруна, татбиқи дурусти сиёсат дар ин самт ва ҷалби қарзҳои нав лоиҳаҳоро танҳо дар асоси шартҳои имтиёзнок ва баъди муайян намудани мақсад ва самарабахшии иқтисодии онҳо қабул кардан лозим аст. Дар доираи татбиқи барномаи мазкур Ҳукумат ҳоло доир ба механизми баланд бардоштани дараҷаи зиндагии мардум ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ як қатор тадбирҳои иловагиро амалӣ намуда истодааст.

Соли дуюм аст, ки ислоҳоти соҳаи андозу буҷет, пул ва қарз, фаъолияти иқтисодии беруна, идоракунии қарзҳои хориҷӣ ва дигаргунсозиҳои сохторӣ вусъат меёбанд. Ҳукумат бояд дар ин бобат тадбирҳои мушаххас андешида, дар мавриди зарурӣ доир ба такмили қонунгузории бахшҳои зикргардида пешниҳодҳои худро ба Маҷлиси Олӣ манзур намояд. Ҳоло дар мамлакат Барномаи дуюми дигаргунсозиҳои сохторӣ дар арафаи анҷомёбӣ мебошад, аз ин рӯ, ба Ҳукумат зарур аст, ки барои оғози татбиқи Барномаи сеюми дигаргунсозиҳои сохторӣ тадбирҳои амалӣ андешад.

Бо назардошти он, ки ҳанӯз сатҳи зиндагии аксарияти мардуми кишварамон паст аст ва қисме аз аҳолии қобили меҳнат бо ҷойи кор таъмин нест, имрӯз вазифаи азвалиндараҷаи Ҳукумати Тоҷикистон навсозии зиндагӣ, таъмини риояи ҳуқуқи шаҳрвандон, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инкишофи соҳибкории хурду миёна ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таъсиси корҳонаҳои нави истеҳсолии дороӣ таҷҳизот ва технологияи муосир мебошад.

Бахши соҳибкорӣ, махсусан шаклҳои хурду миёнаи он дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар инкишоф ёфта истодааст, аммо то ҳол мавқеи хоси худро пайдо карда наметавонад, зеро дар роҳи густариши он монеаҳои зиёди бюрократӣ мавҷуданд. Соҳибкорони инфиродӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корҳонаҳои хурду миёна дар масъалаҳои гирифтани қарз, барасмиятдарории гумрукӣ, ба ҷо овардани амалиёти содиротию воридотӣ, андозсупорӣ, литсензиякунонӣ, сертификатсия, стандартизатсия, гирифтани иҷозатномаҳо, бақайдгирӣ, хизматрасонии бонкӣ, санҷишҳои зиёди мақомоти гуногун, тақсимоти ғайриодилонаи замин аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ ба мушкилоти зиёд дучор мегарданд.

Аз ҷониби дигар, маҳз хамин монеаҳои бюрократӣ сабаби асосии торафт паҳн шудани ришвахӯриву коррупсия дар мамлакат мебошанд. Аз ин рӯ, ба Ҳукумати Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки муборизаро бар зидди чунин зуҳуроти номатлуб дар ҳамаи самтҳо ва шохаҳои ҳокимият тақвияг бахшида, доир ба кам кардани монеаҳо дар роҳи рушди соҳибкорӣ ва ҷорӣ намудани низоми оддӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешад.

Дар баробари ин, ошкор кардани ҳодисаҳои сӯиистифода аз мансаб, тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва инъикоси натиҷаҳои тафтишу санҷишҳои Кумитаи назорати давлатии молиявӣ ба ҷараёни мубориза бар зидди коррупсия такон бахшида, барои устувор гардидани интизоми иҷроия дар ҳамаи сохторҳои идораи давлатӣ мусоидат менамояд. Ҷорӣ кардани тартибу низом, аз байн бурдани монеаҳои сунъӣ ва таъмини шаффофияти ин чараён боиси беҳбудии муҳити соҳибкорӣ, афзудани сармоягузориҳо, таҳкими бозори дохилӣ, пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ ва муҳайё гардидани шароит барои рушди соҳибкории хурду миёна, ки бахши самараноки иқтисодиёт мебошад, инчунин кам шудани коррупсия ва ришвахӯрӣ хоҳад шуд. Дар ин самт инчунин ҳарчи зудтар бояд қонун "Дар бораи литсензиякунонӣ" қабул ва мавриди амал кдрор дода шавад.

Ҳангоми қабули қонуни мазкур масъалаҳои оддӣ кардани низоми назорат, маҳдуд гардонидани дахолати маъмурии мақомоти назоратии давлатӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ бояд ба инобат гирифта шавад, то ин ки ваколат ва салоҳияти ҳар як мақоми назоратӣ мушаххас ва муайян бошад. Дар баробари ин, шаффофияти ҳуқуқи соҳибкорон ва ваколати ҳуқуқии мақомоти санҷишии давлатӣ бояд таъмин гардад. Ғайр аз ин, мо бояд бо роҳи додани афзалиятҳо ба густариши соҳибкорӣ дар кишвар шароит фароҳам орем.

Ҳукумати Тоҷикистон бояд масъалаи дар баробари сармоягузорони хориҷӣ додани имтиёзҳои якхела ба соҳибкорони ватаниро, ки ба мамлакат таҷҳизоти нави истеҳсолӣ ва технологияи пешрафтаро ворид карда, бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазирро ба poҳ мемонанд, мавриди баррасӣ қарор диҳад

Рушди соҳибкорӣ ба фаъолияти самараноки бонкҳо низ вобаста мебошад. Аз ин рӯ, ба Бонки миллӣ зарур аст, ки раванди ислоҳоти низоми бонкӣ ва сиёсати пулу қарзро мавриди омӯзиши ҷиддӣ карор дода, онҳоро барои пешрафти истеҳсолот ва содироти мол ҳамоҳанг созад. Ҳамзамон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" бояд тавассути ташкили шабакаҳои қарздиҳӣ ба соҳибкорони деҳот додани қарзҳои хурдро ҷорӣ намояд ва ба рушди бахши истеҳсолии иқтисодиёт кӯмак расонад. Имрӯз низоми бонкӣ дар мамлакат ба таҷдид ниёз дорад. Зеро яке аз проблемаҳои асосии низоми мазкур, ки бевосита ба қисми даромади буҷет таъсири манфӣ мерасонад, гардиши васеи пули нақд нисбат ба пули ғайринақдӣ мебошад. Халли ин проблема таҳқиқи ҷиддӣ ва андешидани тадбирҳои иқтисодӣ, ташкилӣ ва қонунгузориро тақозо менамояд. Пеш аз ҳама зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои бонкӣ ва беҳбудии сифати онҳо, ҳифзи сирри бонкӣ, устувории молиявии бонкҳо, ки боварии мардумро ба фаъолияти онҳо афзун менамояд, бояд таъмин карда шавад.

Ҷорӣ кардани низоми муосири техникии муомилот яке аз омилҳои баланд гардидани хизматрасонии саривақтӣ, қобилияти иҷрои фаврии амалиётҳо, афзоиши муомилоти ғайринақдии бонкӣ ва қарздиҳии бонкҳо гардида, ба тақвияти қисми даромади буҷет мусоидат менамояд. Дар баробари ин, васеъ ба роҳ мондани додугирифти ғайринақдӣ, истифодаи воситаҳои техникии ҳисоббаробарқунӣ ва карточкаҳои бонкӣ аз ҷумлаи талаботи рӯз мебошад. Ба Бонки миллӣ зарур аст, ки дар таъсиси ҷамъиятҳои қарздиҳӣ ва муассисаҳои бонкӣ пеш аз ҳама имкониятҳои молиявии муассисон ва манфиатҳои кишварро ба инобат гирад ва ҳамчунин аз болои захираҳои пули пайваста назоратро пурзӯр намуда, идораи инфлятсияро дар сатҳи талаботи бозори истеъмолӣ нигоҳ дорад.

Мувофиқи фармонҳои Президент соли сипаришуда оид ба Қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандон тадбири муҳим амалӣ гардид. Дар натиҷа зиёда аз 18 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон сармояи худро ба маблаги беш аз 190 миллион доллари амрикоӣ қонунӣ гардониданд. Ин чорабинӣ имкониятҳои маблағгузории бонкҳоро барои рушди иқтисодиёти миллӣ хеле васеъ намуд.

Дар шароити имрӯза барои суръат бахшидан ба рушди иқтисодӣ дигаргунсозии сохтори иқтисодиёт ногузир аст. Дар натиҷа танҳо он соҳаҳое босуръат тараққӣ мекунанд, ки маҳсулот ва хизматрасонии онҳо дар дохил ва хориҷи мамлакатамон истеъмолкунандагони худро меёбанд. Аз ин лиҳоз, татбиқи Нақшаи стратегии хусусигардонии корҳонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корҳонаҳои махсусан калонро барои солҳои 2003-2007-ум суръат бахшидан зарур аст.

Дар кишварамон ҳоло такмили низоми идораи давлатӣ идома дорад. Дар ин самт аллакай як қатор тадбирҳо амалӣ карда шудаанд. Вале барои такмили минбаъдаи низоми идора таҳияи Стратегияи ягонаи ислоҳот зарур аст. Такмили низоми идораи давлатро бо роҳи интихоби вазифаҳои зарурии идораи муносибатҳо дар мақомоти сатҳҳои мухталифи ҳокимияти иҷроия аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бояд анҷом дод. Вазифаҳоеро, ки иҷрои самараноки онҳо бе иштироки давлат имконпазир аст, ба сохторҳои ғайридавлатӣ супоридан лозим меояд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки ислоҳоти идораи давлатӣ бе тағйири низоми музди меҳнат аз имкон берун аст. Аз ин лиҳоз, барои пурра амалӣ намудани Қонун "Дар бораи хизмати давлатӣ" бояд ҳамаи захираҳои мавҷуда дар доираи имкониягҳои воқеии буҷет истифода карда шаванд. Баланд бардоштани самаранокии идораи давлатӣ такмили низоми маъмурии давлатиро тақозо менамояд ва дар ин раванд тамоили аз манфиатҳои умумимиллӣ боло гузоштани манфиатҳои шахсиро, ки ба баъзе масъулони дараҷаҳои гуногун хос шудааст, катъиян шикастан лозим аст.

Яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти мо кишоварзӣ мебошад. Доир ба ислоҳоти ин соҳа корҳои зиёдро анҷом дода истодаем ва хеле муҳим аст, ки мардум ислоҳотро ҷонибдорӣ менамояд. Аммо тақсимоти ғайриодилонаи замин ва мавҷудияти камбудиҳои зиёд дар дигаргунсозиҳои сохторӣ боиси ташвиши ҷиддии кишоварзон гардидаанд. Соли гузашта бо мақсади муҳайё намудани шароити мусоид ба хоҷагиҳои кишоварзии таҷдидшаванда мо қарзҳои давлатии онҳоро, ки 134 миллион сомониро ташкил медод, аз ҳисоб баровардем. Барои минбаъд аз байн бурдани қарзҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон зарур аст, ки тартиби ҳаллӣ масъалаи қарзҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермериро таҳия ва тасдиқ намояд.

Ҳоло бо мақсади дастгирии соҳаи кишоварзӣ, таҷдиди инфраструктураи он, фароҳам овардани шароит барои гузаштан ба муносибатҳои нави иқтисодӣ, азхудкунии замин ва дастгирии молиявии хоҷагиҳои деҳқонӣ чор лоиҳаи сармоягузорӣ, ки маблағи умумии онҳо беш аз 100 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, татбиқ карда мешаванд. Лекин ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва азхудкунии маблағхои онҳо дар соҳаи кишоварзӣ нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ дар сатҳи ниҳоят паст қарор дорад ва дар бахшҳои чорводорӣ, паррандапарварӣ ва боғдорӣ пешравие ба назар намерасад. Ислоҳоти бахшҳои зикргардида ва рушди онҳо таваҷҷӯҳи махсуси Ҳукуматро тақозо менамояд.

Ҳукумат Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давраи то соли 2015-ум қабул намудааст ва дар ин давра чор маротиба зиёд гардидани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар назар дошта шудааст. Ҳадафҳои муҳими ин барнома таъмини болоравии суръати тараққиёти иқтисодӣ, харчи зудтар пайвастани Тоҷикистон ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва афзун намудани даромади ҳақиқӣ ба ҳар сари аҳолӣ мебошад.

Дар шароити кунунии тараққиёт пешрафти ҳар як мамлакат ба густариши соҳаи энергетика вобаста аст. Баҳри таъмини истиқлолияти энергетикии кишварамон мо қадамҳои боэтимод гузоштаем. Аз ҷумла, соли оянда бунёди нерӯгоҳи барқи обии "Помир" бо сарфи 40 миллион доллари амрикоӣ ба анҷом расида, ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда" суръати тоза бахшида мешавад. Инчунин, мо ҳоло бо маблағҳои худӣ гузаронидани хатти интиқоли барқи Конибодом-Боткенро то охири сол ба анҷом расонида, бо истифодаи гранту қарзҳои имтиёзноки ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ лоиҳаи барқароркунии системаи энергетика, мӯътадилсозии ярчфарои Бойғозӣ, барқарорсозии шабакаҳои барқии шаҳри Душанберо амалӣ намуда истодаем. Ҳамчунин лоиҳаи барқарорсозии шабакаҳои таъминоти барқи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ карор дорад.

Илова ба ин, ҳоло аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон таҳияи лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқе, ки қисми ҷануби кишварро бо шимоли он мепайвандад ва музокирот барои идома додани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҷараён дорад.

Дар шароити кӯҳистони Тоҷикистон зиёд намудани миқдори нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ аҳамияти хоса дорад. Алҳол дар мамлакатамон 25 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ фаъолият менамоянд. Дар ояндаи наздик дар ноҳияҳои Файзобод, Балҷувон, Ваҳдат, Айнӣ, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара сохтмони 10 нерӯгоҳи хурди барқӣ пешбинӣ гардидааст. Доир ба маблағгузории сохтмони онҳо Ҳукумати Тоҷикистон чанде пеш бо Бонки исломии рушд созишномаро ба маблағи 10 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонд.

Дар соҳаҳои дигар низ бунёди иншоотҳои муҳими стратегӣ давом дорад. Азнавсозӣ ва сохтмони роҳи автомобилгарди Шағон - Зиғар бо сарфи беш аз 11 миллион доллари амрикоӣ то охири соли ҷорӣ, Зиғар -Хостав - Шкев бо сарфи 32 миллион доллар то охири соли 2005-ум, Душанбе - Қӯргонтеппа - Кӯлоб бо сарфи 27 миллион доллар то моҳи сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расонида мешаванд.

Дар баробари ин қисмати роҳи Кулма - Қарақурум то сарҳади кишвари Хитой, пули миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Дарвоз моҳи майи соли ҷорӣ ба истифода дода хохад шуд. Ҳамчунин имсол сохтмони пули Панҷи поён ва Ишкошим, ки кишвари моро бо Афғонистон пайваст намуда, барои ба баҳр баромадан имконият фароҳам меорад ва моҳи августи соли ҷорӣ навбати якуми азнавсозии шоҳроҳи Душанбе - Нуробод - Саритош бо ҷалби 24 миллион доллари амрикоӣ оғоз меёбад. Бунёди туннели мошингарди Анзоб идома ёфта, барои татбиқи лоиҳаи сохтмони туннели Шаршар корҳои омодагӣ ҷараён доранд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки яке аз масъалаҳои мушкили Тоҷикистон роҳ, аниқтараш бероҳӣ мебошад. Ин мушкилотро мо дар солҳои истиқлолияти кишварамон ба таври амиқ эҳсос намудем. Истиқлолияти иқтисодиро бе бунёди роҳҳои мошингард, хусусан роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст. Аз ин рӯ, бо мақсади аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон мо ҳоло барои аз се самти дигар - ноҳияҳои Мурғоб, Ҷиргатол ва Панҷ пайвастани кишварамон бо дигар давлатҳо ба кушодани роҳҳо ва пули дороӣ аҳамияти байналмилалӣ кӯшишу талош дорем. Дар ояндаи наздик ин роҳҳо ба густариши муносибатҳои иқтисодиву фарҳангии кишварамон бо дигар давлатҳо заминаӣ боэътимод мегарданд.

Мо бояд дарк намоем, ки воридоти инвеститсияҳо ва зиёд шудани сармоягузориҳо омили асосии рушди иқтисодиёти кишвар мебошад. Дар ин самт бештар ба воридшавии инвеститсияҳои мустақим, махсусан барои соҳаҳои истеҳсолӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намудан лозим аст. Имрӯз захираи умумии сармоягузориҳои амалкунандаи хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон азхуд карда мешавад, 463 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт 27 лоиҳаҳои инвеститсионии муштарак дар ҳаҷми 422 миллион доллар аз ҳисоби қарзи созмонҳои байналмилалии молиявӣ мавриди иҷро қарор доранд. Илова бар ин, бо кӯшишҳои Ҳукумат аз ҷониби донорҳо барои лоиҳаҳок инвеститсионии муштарак ва алоҳида дар бахшҳои ҳифзи иҷтимоӣ, барқароркунии шабакаи обрасонии шаҳри Душанбе, ислоҳоти тандурустӣ ва соҳаи маориф дар ҳаҷми 41 миллион доллар ҳамчун грант ҷудо карда шудааст.

Тавассути лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ин давра 196 иншоотҳои таъиноти иҷтимоӣ, аз ҷумла дар вилояти Хатлон -99 ва дар вилояти Суғд - 96 иншоот барқарор ва ба истифода дода шудааст. Дар доираи ин лоиҳа дар 73 иншооти соҳаи маориф ва 123 иншооти соҳаи тандурустӣ корҳо анҷом ёфтаанд. Дар доираи лоиҳаи дуюми паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон татбиқи пурраи 31 лоиҳаи хурд оид ба обтаъминкунӣ, тандурустӣ, маориф, таъмини барқу газ амалӣ шуда, дар 26 лоиҳаи дигар корҳои таъмиру сохтмон идома доранд.

Қобили қайд аст, ки Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон тавассути ҳамкории мустақил бо донорҳо барои татбиқи 430 лоиҳаи хурд 9 миллион доллари амрикоиро ҷалб кардааст. Вале дар татбиқи лоиҳаҳо ба қафомонӣ ва кашолкорӣ роҳ дода шудааст. Имрӯз дар татбиқи лоиҳаҳои алоҳида қафомонӣ аз нақша аз 6 моҳ то 1 солро ташкил медихад. Ба таври мукаммал таҳия нагардидани лоиҳаҳо, норасоиҳои ҷиддӣ дар гузаронидани озмунҳо оид ба хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, сатҳи пасти идоракунӣ ва лаёқати ташкилотчигии роҳбарони баъзе марказҳои татбиқи лоиҳаҳо сабаби асосии чунин ҳолат мебошад. Зарур аст, ки Ҳукумат барои ислоҳи ин камбудиҳо чораҳои мушаххас андешад ва раванди татбиқи лоиҳаҳоро таҳти назорати чиддӣ қарор диҳад.

Дар кишварамон то ҳол дар бобати ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ мақоми махсуси ягона оид ба тарғиб, муаррифии соҳаҳои афзалиятнок ва умуман ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷалб кардани таваҷҷӯҳи сармоягузорони ҳам хориҷиву ҳам ватанӣ вуҷуд надорад. Дар сурати таъсиси чунин як мақом мо метавонем дар ин самт бо ҷамъоварии маълумоти зарурӣ ва паҳн кардани маълумоти дахлдор дар бораи муҳит ва заминаҳои хуқуқии сармоягузорӣ пешрафтро таъмин намоем. Аз ин рӯ, ба Ҳукумати Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки бо мақсади ҷалби бештари инвеститсияхои хориҷӣ таъсиси чунин як мақомро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Дар раванди ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷалб намудани инвеститсияҳо ба воридоти таҳҷизоту технологияи нави муосир ва дар ин замина муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ низ аҳамияти чиддӣ додан зарур аст. Таъсис додани муассисаҳои муштараки бонкӣ ва кушодани намояндагиҳо ва шӯъбаҳои бонкҳои бонуфузи хориҷӣ дар Тоҷикистон низ ба ҷалби бештари сармоягузориҳо мусоидат менамояд. Барои ба иқтисодиёти кишвар ҷалб намудани захираҳои иловагии молиявӣ ба Вазорати молия ва Бонки миллӣ зарур аст, ки ҳарчи зудтар бозори ҳақиқии коғазҳои қимматнок ташкил карда, доир ба тақвияти минбаъдаи он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар муомилоти савдои хориҷӣ соли гузашта афзун гардидани нишондиҳандаҳо асосан аз ҳисоби воридот ба амал омад. Аз ин рӯ, таносуби мавҷудаи содироту воридот моро қаноатманд карда наметавонад. Бинобар ин, такмили сохтори таркибии иқтидори содиротӣ ва рушди имкониятҳои ивази воридот, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи иқтисодиёт мебошад. Масъалаи корҳонаҳои аз ҷиҳати молиявӣ зиёновар, сарфи назар аз шакли моликият ва сохтори ташкилиашон бояд мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Ба Ҳукумати ҷумҳурӣ зарур аст, ки фаъолияти чунин корҳонаҳоро ҳаматарафа таҳлил ва таҳқиқ намуда, доир ба мӯътадил гардонидани вазъи молиявӣ ё бо тартиби муқарраргардида барҳам додани онҳо тадбирҳои мушаххас андешад. Бо роҳи амалӣ кардани барномаи мутамарказонидашуда такмил додани системаи хазинадорӣ ва таъмини истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ. инчунин ба мардуми кишвар возеҳ ва аён намудани хароҷоти буҷети давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба шумор мераванд

Бо мақсади такмили минбаъдаи қонунгузории андоз ва гумрук, ки ҳадаф аз он баҳисобгирии пурра ва қатъии объект ва субъектҳои андозситонӣ, боз ҳам оддӣ гардонидани ҷараёни андозбандӣ, аз ҷумла аз байн бурдани андозҳои хурду бесамар ва ба қадри имкон паст намудани меъёри андозҳои боқимонда, хавасмандгардонии истеҳсолкунандагони ватанӣ ба содироти мол ва дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд намудани ҳиссаи андозҳо мебошад, бояд лоиҳаҳои кодексҳои андоз ва гумрук комилан таҳия гардида, дар соли ҷорӣ қабул карда шаванд ва аз ибтидои соли 2005-ум мавриди амал қарор ёбанд. Ҷорӣ намудани андози ягона ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва содда кардани андозбандӣ ба пешрафти ин соҳа мусоидат менамояд. Таҷрибаи ҷорӣ намудани андози ягона дар хоҷагиҳои деҳқонию фермерии чор ноҳияи кишвар натиҷаҳои мусбат доданд. Бо мақсади ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон мо бояд дар лоиҳаи нави Кодекси андоз ҷорӣ намудани андози ягонаро барои тамоми соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ, ки на бо коркард, балки бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд ва воҳидҳои замини истифодашаванда пешбинӣ намоем. Дар лоиҳаи мазкур инчунин мақоми ташкилию ҳуқуқии хоҷагихои деҳқониро низ муайян кардан зарур аст. Яке аз самтҳои соддатар кардани ҷараёни андозбандию беҳтар сохтани интизоми андозсупорӣ ва бо ин роҳ афзун гардонидани қисми даромади буҷет дар марҳилаи ҳозира муқаррар намудани меъёри ягонаи андози даромад аз шахсони воқеӣ мебошад. Ҳамчунин ҳадди ақали даромаде, ки андозбандӣ намегардад, бояд бо ҳадди ақали музди меҳнат баробар карда шавад.

Истифодаи мақсаднок ва сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ яке аз масъалаҳои муҳими иқтисодиёти мамлакатамон мебошад. Аз натиҷаҳои санҷиши Кумитаи назорати давлатии молиявӣ бармеояд, ки ҳоло дар баъзе вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корҳонаҳои давлатӣ маблағҳои буҷетӣ ғайримақсаднок истифода мешаванд. Барои шаффофияти вазъи Молиявии ташкилотҳои буҷетӣ, ҳамчунин пешгирии истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои қарзие, ки барои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ҷалб карда мешаванд, ба Кумитаи мазкур зарур аст, ки дар ҳар семоҳа натиҷаҳои санҷиши худро тавассути воситаҳои ахбори умум ба маълумоти ҷомеа пешниҳод намояд.

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад. Дар шароити муносибатҳои иқтисоди бозорӣ бе ҳисобу китоб, таҳлили натиҷаҳои кор ва ба нақша гирифтани имкониятҳо пешрафти мунтазамро таъмин намудан ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, мутобиқи қонунгузорӣ тамоми корҳонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва умуман ҳамаи субъектҳои истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон бояд ба мақомоти оморӣ ҳисоботи заруриро сари вакт, пурра ва ба таври дақиқ пешниҳод намоянд. Бинобар ин дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ бояд ҳатмӣ, пурра ва бенуқсон амалӣ гардад. Мақомоти дахлдори давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамкории иқтисодии ҷумҳурӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ дар таҳкими муносибатҳои Тоҷикистон бо дигар давлатҳои ҷаҳон ва пайвастани кишварамон ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин болоравии иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз татбиқи дурусти сиёсати иқтисодии хориҷӣ вобаста буда, он доираи васеъ ва устувори робитаҳои иқтисодиро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, он имкониятҳоеро, ки аз узвияти Тоҷикистон дар ташкилотҳои иқтисодию тиҷоратии минтақавӣ ва байналмилалӣ бармеоянд, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ бояд ба таври пурра истифода бурд. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки татбиқи тамоми тадбирҳои андешидашуда ва фаъолияти Президент, Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумат танҳо ба як мақсад -таъмини рушди устувор, афзун гардонидани иқтидори иқтисодии кишвар ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон нигаронида шудаанд.

II. Ғамхорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ рукни асосии сиёсати дохилии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аст.

Давлат ва ҷомеа ҳамон вақт устувор ва пойдор мегардад, ки фаъолияти тамоми шохаву рукнҳои он ба мақсади беҳбуди зиндагӣ ва осудагию оромии мардум сафарбар шуда бошад. Аз ин рӯ, мо соҳаи иҷтимоиётро ҳамеша яке аз афзалиятҳои сиёсати дохилии давлат мешуморем ва дар ин самт мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешем. Дар баробари ин, бояд зикр кард, ки зина ба зина беҳтар кардани вазъи соҳаи иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи бахшҳои иҷтимоиёт ба пешрафти иқтисодии мамлакат вобаста мебошад. Ин сиёсати давлатӣ Тоҷикистон моҳияти демократии ҷомеаи моро инъикос мекунад. Зеро ҳадафи масъалаҳои муҳимтарини иқтисодие, ки давлат дар назди худ гузоштааст, ба мустаҳкам кардани пояҳои иҷтимоии кишвар равона шудааст.

Сиёсати иҷтимоии давлатӣ Тоҷикистон аз Конститутсия сарчашма мегирад. Ин санади сарнавиштсози кишвар тамоми ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва кафолатҳои давлатиро ба онҳо мутобиқи меъёрҳои санаддои байналмилалӣ муайян намудааст. Махсусан ислоҳоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз рукнҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Аммо маблағҳои барои ин соҳаҳо ҷудошуда рушди устувори онҳоро ҳанӯз таъмин карда наметавонанд. Ин вазъият моро водор месозад, ки сохтори бахшҳои маориф ва тандурустиро тағйир дода, ба шароити муносибатҳои нави бозорӣ мутобиқ гардонем.

Идома ва густариш додани ислоҳот дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ, ба муқаррароти тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда мутобиқ гардонидани фаъолияти онҳо бояд ба як ҳадаф - тарбияи насли аз лиҳози дониш, кордонӣ, фарҳанг ва ҷаҳонбинӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ ва аз нигоҳи чисмонӣ солим равона гарданд. Дар ин масъала бояд махсус таъкид кард, ки ҳангоми ислоҳоти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ диққати асосӣ бо дарназардошти талаботи рӯз пеш аз ҳама ба дагаргунсозии сохторӣ идораи онҳо дода шавад.

Тарбияи кадрҳо хусусан барои соҳаи маориф, таъмини сифат ва сатҳи дониши кадрҳои омӯзгорӣ, дуруст ҷобаҷо кардани мутахассисони ҷавон ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои онҳо, пеш аз ҳама дар деҳот аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарине мебошад, ки бояд ҳамеша дар маркази диққати Вазорати маориф ва ҳукуматҳои маҳаллӣ карор дошта бошад. Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ 13 ҳазор муаллим намерасад ва ин масъала чанд сол инҷониб ҳалли худро намеёбад. Шояд вақти он расидааст, ки мақомоти дахлдор масъалаи ихтисори бастҳоро баррасӣ карда, маблағҳои аз ин ҳисоб озодшударо барои маоши иловагии муаллимоне, ки бо самара ва сифати баланд кор мекунанд, сарф намоянд. Дар сиёсати иҷтимоии давлат кафолати ҳадди ақали кӯмакҳои иҷтимоӣ, нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон мавқеи асосӣ дорад. Пешбурди сиёсати давлат дар соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини иҷрои чорабиниҳо дар бораи беҳдошти саломатии мардум, аз ҷумла занону кӯдакон, рушди илм, маориф, фарҳанг ва тарбияи кадрҳо натанҳо аз вазифаҳои асосии Ҳукумати кишвар мебошад, балки ҳукуматҳои маҳаллӣ низ вазифадоранд дар доираи салоҳият ва имкониятҳои худ барои амалӣ шудани ин сиёсат кӯшишҳои ҷиддӣ намоянд.

Дар давоми ду соли охир, яъне солҳои 2001 - 2003-юм дар ҷумҳурӣ барои ҳалли масъалаҳои бахши иҷтимоӣ ғайр аз маблағҳои дар буҷет барои ин соҳаҳо пешбинишуда ба маблағи зиёда аз 130 миллион доллари амрикоӣ лоиҳаҳои сармоягузории муштарак ва грантҳо татбиқ шудаанд. Соли 2003-юм дар доираи барномаҳои сармоягузории муштарак қариб 200 иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоӣ, аз ҷумла 84 мактаб ва зиёда аз 100 шифохонаву дармонгоҳ ва нуқтаҳои тиббӣ дар деҳот барқарор карда, ба истифода дода шуданд. Алҳол барои солҳои 2004-2006-ум мо доир ба ҷалби зиёда аз 60 миллион доллар лоиҳаҳои сармоягузории имзошуда дорем, ки татбиқи онҳо боиси боз ҳам беҳтар шудани вазъи маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ хоҳад гардид.

Бо мақсади беҳбуди минбаъдаи ҳаёти иҷтимоӣ ба сохторҳои дахлдори Ҳукумат, вазоратҳои молия, иқтисод ва савдо, даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷет барои соли 2005 ва солҳои минбаъда ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ: илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сол ба сол баланд бардоштани андозаи нафақа, маош, стипендия ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла кӯмакулиҳо барои оилаҳои камбизоат афзалият диҳанд. Дар баробари ин, ҳалли масъалаҳои ҷавонон ва занон, ки табақаи фаъоли иҷтимоӣ маҳсуб меёбанд, минбаъд низ дар маркази диққати Ҳукумат ва сохторҳои он қарор хоҳад гирифт.

Афзун шудани дастовардҳои мо дар сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва тадриҷан боло рафтани сатҳи зиндагии мардум ба заҳмати бунёдкоронаи худи мо, муносибати дилсӯзона ва масъулиятшиносии роҳбарон, мутахассисон ва масъулони ҳамаи мақомоту сохторҳо, корҳонаву муассисаҳо ва тамоми мардум вобаста аст. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем проблемаҳои муҳими иҷтимоии мардуми худро зудтар ҳал намоем.

Шукри оромиву суботи ҷомеаро ба ҷо оварда, мардумро ба меҳнати созанда дилгарм ва сафарбар сохтан, роҳҳои ислоҳи нуқсу камбудиҳои ҷомеаро беғаразона ва муттаҳидона пайдо намудан ва ба таҳкими дастовардҳо кӯшиш кардан имрӯз вазифа ва қарзи ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва ҳамаи онҳое мебошад, ки ояндаи Ватан, обрӯи давлати Тоҷикистон ва тақдири миллат барояшон азиз аст.

Мо фарҳанги сулҳ ва ваҳдати бадастовардаамонро қадр ва ҳифз менамоем. Зеро сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи мо дастоварди бузург ва зиёда аз ин, заминаӣ тамоми таҳаввулоти демократӣ мебошанд. Имрӯз дар Тоҷикистон муҳити ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ мавҷуд аст, яъне асосҳои ҷомеае фароҳам оварда шудаанд, ки ба фаъолияти тамоми мардум ва мавқеи ватанпарварии ҳар як шахс такя менамояд. Маълум аст, ки таҳкурсии мустаҳками демократия ин ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ мебошад. Дар кишвари мо барои чунин ҷомея шароити асосии сохторӣ дар шакли ҳуқуқи воқеии шаҳрвандон ҷиҳати ташкили созмонҳои дар ҳақиқат мустақили ҷамъиятӣ мухайё карда шудааст.

Институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварамон бомаром инкишоф меёбанд. Онҳо беш аз пеш дар ҳалли проблемаҳои мушаххас ва ҳаётан муҳими мардум фаъолона саҳм мегузоранд. Бинобар ин, мо тамоюли ҳамкории миёни сохторҳои ғайриҳукуматӣ ва Ҳукумати Тоҷикистонро ҳамчун падидаи бешубҳа мусбат арзёбӣ мекунем ва чунин мешуморем, ки ин равияро ҳамаҷониба суръат бахшидан зарур аст. Чунки ҳадафи асосӣ аз ҳамкории байни институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои Ҳукумат инсон ва ҳалли проблемаҳои ӯ мебошад. Давлат дар навбати худ ин равияро дастгирӣ мекунад ва барои чунин ҳамкорӣ ҳамеша имконият фароҳам меорад. Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Мачлиси намояндагон низ дар ин самт бисёр корҳоро ба анҷом расонидаанд ва умед аст, ки ин раванд идома хоҳад ёфт.

Ҳамкориҳо бояд ба ҳифз ва таҳкими суботи сиёсӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқиву иқтисодии аҳолӣ мусоидат карда, устувории ислоҳотеро, ки мо амалӣ гардонида истодаем, таъмин намоянд. Дар чунин шароит зарур аст, ки дар ҷараёни ҳалли ҳар як масъала ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии Тоҷикистон ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дошта бошад. Вақте ки мо аз хусуси зарурати манфиатҳои милливу давлатии хеш сухан мегӯем ва онҳоро дифоъ мекунем, баъзе бегонапарастон ба хашму ғазаб меоянд. Вале онҳо набояд фаромӯш созанд, ки мо ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатии худро бо ягон неъмати дигар иваз намекунем. Дар ин робита мехоҳам дар бораи масъалаи муносибати ҷомеа бо давлат ҳамчун унсури муҳими фарҳанги сиёсӣ таваққуф намоям. Давлат дар ҳаёти ҷамъиятии шаҳрвандони кишвар мақоми муайянкунанда дорад. Чунки ҷамъият даҳсолаҳо таҳти ҳимояи давлат рушд кардааст.

Давлат минбаъд низ масъалаҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи корҳои аввалиндараҷа хоҳад шуморид, вале дар шароити давлати ҷавони демократӣ ҳамаи институтҳои ҷамъиятии кишвар бояд дар ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ёрӣ расонанд. Зеро танҳо бо кӯшиши якҷоя мо самаранокии ислоҳотеро, ки ҳадаф аз онҳо баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аст, таъмин карда метавонем. Замони нав дар масъалаи идоракунии ҷамъият ва давлат муносибат ва бархӯрди навро тақозо дорад. Имрӯз бояд аз одатҳои манфии даврони тоталитарӣ даст кашида, усулҳои демократии идораро қабул ва истифода кунем. Вале ин суханҳо ба он маънӣ нестанд, ки ҳамаро ба ҳоли худ монем ва ба анархия ё худ бенизомӣ роҳ кушоем.

Мафҳумҳои демократия, волоияти қонун, интизом ва масъулият ба якдигар пайванди мутақобил ва қавӣ дошта, талабот дар бобати риояи интизоми қатъии иҷроия маънои ғайридемократӣ буданро надорад. Роҳбарони тамоми зинаҳои ҳокимият набояд фаромӯш созанд, ки дар назди Президент, мақомоти қонунгузор ва мардум масъул ҳастанд. Парламент ва Ҳукумат бояд ҳамеша бо дарназардошти манфиати Ватану миллат фаъолият намоянд ва фаъолияти онҳо барои ҷомеа равшану возеҳ бошад. Мо ҳама дар низоми ягонаи сиёсиву демократии Тоҷикистони нав бо ҳамдигар пайванд ва ҳамроҳ ҳастем.

Бунёди давлати нави тоҷикон, ки барои халқамон бесобиқа аст, кори танҳо Президент, Ҳукумат ва Мачлиси Олӣ нест, балки вазифаи асосии тамоми ҷомеа мебошад. Ҳадафҳои муҳимтаринн ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми тоҷик фарҳанги ягонагӣ, фарҳанги сулҳу субот ва созандагӣ, таҳаммул ва инсондӯстӣ, фарҳанги таъмини волоияти қонун, эҳтирому риояи ҳуқуқҳои инсон ва хулоса фарҳанги демократия мебошанд.

III.Таҳияи қонунҳои мукаммал ва таъмини волоияти қонун ҳадафҳои асосии мо мебошанд.

Қабули қонунҳое, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро дар шароити нави сиёсиву иҷтимоӣ ва инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ танзим намоянд ва дар айни замон ба воқеияти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мувофиқ бошанд, аз чумлаи вазифаҳои муҳимтарин аст. Муҳимтар аз ҳама дар фаъолияти Маҷлиси Олӣ дар соли гузашта ташаббуси аъзои Мачлиси миллӣ ва вакилони Мачлиси намояндагон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки он аз ҷониби мардум дар раъйпурсии умумихалқӣ дастгирии комил ёфт. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар рушду такомули унсурҳои демократӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеаи мо дастоварди наве гардид. Вобаста ба ин, дар масъалаи мувофиқ сохтани қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ба Конститутсияи кишвар зарурати ҷиддӣ пеш омадааст, ки мақомоти салоҳиятдор бояд ин кори пурмасъулиятро ҳарчи зудтар анҷом диханд. Парламенти Тоҷикистон соли гузашта бо дарназардошти густариши раванди ислоҳоти иқтисодӣ, пешрафти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг як қатор қонунҳоро қабул намуд, ки онҳо асоси ҳуқуқии ин муносибатҳоро ташкил медиҳанд.

Дар тӯли таърихи башар масъалаи эътироф, ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи давлатҳои демократӣ қарор дошт. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ҳамчун арзиши олӣ эътироф шудааст. Бо дарназардошти ин меъёри умумибашарӣ соли гузашта Парламент қонунро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул намуд, ки он ба меъёрҳои башардӯстӣ асос ёфтааст. Муҳимтарин тағйирот дар ин самт аз он иборат аст, ки истифодаи ҷазои қатл дар кишвари мо қатъиян маҳдуд карда шудааст. Агар дар Кодекси ҷиноятие, ки то соли 1998 амал мекард, дар 44 маврид ва тибқи Кодекси нави чиноятӣ дар 15 маврид чазои қатл пешбинӣ мешуд, пас мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки соли 2003 ба Кодекси чиноятӣ ворид шуданд, ин намуди ҷазо танҳо дар 5 маврид истифода мешавад.

Маҳдуд намудани ҷазои қатл амали хеле назаррас аст, аммо нисбат ба ҳаёти инсон бояд муносибати башардӯстона сурат гирад. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши оли ва дахлнопазир буда, дар миёни онҳо ҳуқуқ ба ҳаёт мавқеи хоса дорад. Воқеан ҳаққи ҳаёт арзиши табиӣ буда, ҳеҷ кас ҳақ надорад касеро аз ин ҳуқуқ маҳрум созад.

Бо дарназардошти андешаҳои боло доир ба тадбиқи ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моратория эълон карда мешавад. Аз ин рӯ, бо мақсади таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар мӯҳлати кӯтоҳтарин бояд санадҳои заруриро омода гардонад.

Таъмини воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон ба қабул ва амали қонунҳои дақиқу мушаххас ва бо якдигар мувофиқ алоқаманд аст. Бо дарки ин ҳақиқат аз байн бурдани мухолифати қонунҳо ва таъмини мутобиқати онҳо бо ҳамдигар, ки мутаассифона дар амалияи қонунэҷодкуниӣ мо ҳанӯз хам ҷой дорад, яке аз масъалаҳои хеле муҳиму ҷиддии мақомоти қонунгузор ба шумор меравад. Проблемаи дигаре, ки таваҷҷӯҳи ҷиддиро тақозо мекунад, баланд бардоштани сифати қонунҳо мебошад. Зеро қонун санадест, ки аз нигоҳи мазмун ва тарзи баёни худ бояд дар сатҳи баланд қарор дошта бошад. Бинобар ин, Парламент ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонунҳо бештар ба масъалаҳои зикршуда аҳамият диҳанд.

Ислоҳоти сохтории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ аз масъалаҳои муҳиму зарурӣ мебошад, зеро таъмини суботи сиёсӣ, амнияту оромии ҷомеа, татбиқи якхелаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсию ҳуқуқии мардум, амалӣ гардонидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат ва дар маҷмӯъ таъмини пешрафти ҷомеа аз фаъолияти дурусту оқилонаи мақомоти мазкур вобастагии бевосита дорад. Дар ин самт то имрӯз як қатор корҳои муҳим анҷом дода шудаанд. Таҳия шудани лоиҳаи қонунҳо дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот, қабул шудани Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" аз ҷониби Парламент аз қабили онҳо мебошанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" баъд аз таҳлилу баррасии хамаҷонибаи макомоти дахлдор бояд ҳарчи зудтар ба Парламент пешниҳод гардад.

Вақтҳои охир боз як зуҳуроти зиддиҳуқуқию зиддиахлоқӣ бо номи "одамфурӯшӣ" пайдо шудааст. Бо дарки хатари ин зуҳурот ва носозгор будани он бо ахлоқи ҳамидаи миллати тоҷик аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи Қонун "Дар бораи муқовимат ба хариду фурӯши одамон" таҳия шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст. Қонуни мазкур барои пешгирии ин амали нангин, ки шараф, номус ва покии ахлоқи мардуми порсою мусулмони моро доғдор месозад, мусоидат хоҳад намуд.

Ҳамаи ин корҳое, ки мо аз онҳо ёдовар шудем, дар доираи раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ сурат гирифтанд. Дар айни замон боз як силсила масъалаҳои ҳуқуқӣ ҳаллу фасли худро интизоранд. Қабул намудани кодексҳои боқимондаи Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошад. Қобили қайд аст, ки дар муддати зиёда аз 4 соли фаъолият Парламенти Тоҷикистон барон татбиқи ислоҳоти ҳуқуқӣ зиёда аз 90 қонуни нав қабул намуда, ба 228 қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид кард ва 110 санади байналмилалиро ба тасвиб расонд. Дар баробари ҳамаи ин пешрафти ҷомеа тақозо менамояд, ки ба ислоҳоти ҳуқуқӣ суръати бештар бахшида шавад. Таҳия ва қабули қонунҳо кори хеле масъулиятнок мебошад. Ҳамзамон иҷро ва татбиқ кардани онҳо кори боз ҳам масъултар аст, ки ин вазифа ба зиммаи мақомоти иҷроия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан судҳо вогузор шудааст.

Яке аз рукнҳои асосии таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳокимияти судӣ мебошад, ки баъди тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда вазъи ҳуқуқии он боз ҳам таҳким ёфт. Меъёри мазкур тақозо мекунад, ки фаъолияти мақомоти судӣ танҳо дар асоси талаботи Конститутсия ва қонунҳо ба роҳ монда шавад ва ба таъмини адолат сафарбар гардад.

Баррасии саривақтии парвандаҳо, таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, таъини ҷазои одилона ва мутобиқ ба кирдори содиршуда вазифаҳои асосии мақомоти судӣ мебошанд. Вале судҳо дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ на дар ҳамаи мавридҳо ин муқарраротро ба назар мегиранд. Тарзи баррасии парвандаҳо дар судҳо, ҳалли якхела ва қонунии худро Пайдо накардани аризаҳои даъвогии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ аз масъалаҳои ташвишовари рӯз мебошад. Дар сурати Пайдо шудани баҳсҳо оид ба масъалаҳои мушаххас, ки қонунҳои ҷумҳурӣ роҳи ҳалли дурусти онҳоро пешбинӣ намудаанд, аз ҷониби зинаҳои гуногуни мақомоти судӣ қарорҳои ҳархела қабул мешаванд. Ин амалия дар миёни мардум афкори номатлубро оид ба ҳокимияти судӣ ва фаъолияти мақомоти судӣ ба миён меорад ва мавқеи онҳоро коста мегардонад.

Суди Олӣ ва Суди олии иқтисодии Тоҷикистон бояд ба ин масъалаҳо диққати ҷиддӣ дода, назоратро аз болои фаъолияти судҳо пурзӯр намоянд ва амалияи одилонаву якхелаи судиро таъмин кунанд. Шӯрои адлия низ бояд дар доираи салоҳияти худ барои риояи талаботи қонунҳо дар фаъолияти судҳо ва таъмини дурусти корҳо тадбирҳои зарурӣ андешад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумхурии Тоҷикистон низ бояд танҳо дар асоси қонунҳои амалкунанда фаъолият карда, ҳимояи манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро аз ҳар гуна халалдоршавӣ таъмин намоянд.

Дар кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соли сипаришуда пешравиҳо дида мешаванд. Натиҷаи кӯшишҳои онҳо буд, ки дар соли 2003 содиршавии ҷиноят дар маҷмӯъ 12,6 фоиз ва аз ҷумла бо истифода аз яроқи оташфишон 40 фоиз кам гардид. Нишондиҳандаҳои мақомоти мазкур дар ошкор намудани ҷиноятҳо низ беҳтар гашта, дар натиҷа соли гузашта ошкорсозии ҷиноятҳо ба андозаи 5,2 фоиз афзуд. Дар маҷмӯъ беҳтар гардидани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро қайд намуда, ҳамзамон аз роҳбарияти онҳо қатъиян талаб менамоям, ки ба натиҷаҳои ноилшудаашон қаноатманд нагарданд.

Дар баробари пешравиҳо дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ камбудиҳо низ ба мушоҳида мерасанд. Баъзан парвандаҳои ҷиноятӣ ғайриқонунӣ ва беасос оғоз ва ё қатъ карда мешаванд, ҳангоми тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ на ҳама вақт принсипи беғаразона ва пурра санҷидани ҳолатҳои ҷинояти содиршуда риоя мегардад. Сифати тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ низ на ҳамеша дар сатҳи зарурӣ қарор дорад, ҳангоми боздошт ва ба ҳабс гирифтани шаҳрвандон дар баъзе мавридҳо ба қонуншиканӣ роҳ дода мешавад.

Зуҳуроти номатлуби дигаре, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, паҳн гардидани коррупсия мебошад. Ришвадиҳӣ ва ришваситонӣ дар ҳар шакл ва дар ҳар зинаи мақомоти давлатӣ ё субъектҳои хусусӣ, ки сурат гирад, пеш аз ҳама нуфузу эътибори давлат ва хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар миёни халқ паст мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин ҷиноят бояд яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ташкил диҳад.

Боиси таассуф ва ташвиш аст, ки баъзе аз кормандони ин мақомот худ даст ба ҷиноят, махсусан муомилоти ғайриконунии маводи мухаддир, сӯиистифода аз мансаби хизматӣ ва дигар амалҳои ғайриконунӣ мезананд. Ин ҳолат ҷиддан тақозо мекунад, ки риояи тартибу интизом дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ба сатҳи зарурӣ бардошта шуда, масъулиятшиносии воқеии онҳо таъмин гардад.

Яке аз роҳҳои беҳтар намудани кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба такмили танзими ҳуқуқии фаъолияти онҳо вобаста мебошад. Маҳз бо дарназардошти ин омил қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия", "Дар бораи системаи иҷрои ҷазои чиноятӣ», "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия гардиданд.

Самти дигари такмили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҷдиди сохтор ва ҳайати шахсии онҳо ба шумор меравад. Зарурати воқеӣ тақозо мекунад, ки ҷузъу томҳои Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ боз ҳам мустаҳкам гардонида шаванд. Кумитаи мазкур ба зиёд кардани шумораи ҳайати шахсӣ эҳтиёҷ дорад. Ин масъала бояд аз ҳисоби ихтисори ҷузъу томҳои вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, амният, ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Гвардияи миллӣ ҳалли худро пайдо намояд.

Вазорати молия ҳангоми таҳияи буҷети давлатии соли 2005 якҷоя бо вазоратҳо ва мақомоти зикршуда масъалаи зиёд намудани маблағи заруриро барои таъмини эҳтиёҷоти ин Кумита ба инобат гирад. Мақсад аз он иборат аст, ки бар зидди қочоқгарони маводи мухаддир, силоҳ ва сарҳадшиканон, алалхусус қувваҳои амнияти кишварамонро халалдорсозанда боэътимод мубориза бурда шавад. Аз ин рӯ, даъвати ҷавонони солимро ба сафи қувваҳои сарҳадӣ, боз ҳам беҳтар гардонидани Шароити хизмати марзбонон, таъминоти онҳоро бо амволи махсус, техникаи ҳарбӣ, аслиҳа, воситаҳои нақлиёт ва кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ афзалиятнок меҳисобам.

Баланд бардоштани сатҳи донишу фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат мебошад. Донистани қонунҳо ва аз ҷониби шаҳрвандон дуруст истифода шудани онҳо кафолати таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо мегардад.

Имруз ин самти фаъолияти давлат ба талаботи замон пурра ҷавобгӯ нест. Аз ин рӯ, бояд мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар муассисаҳои дахлдор дар ин соҳа мустақиман саҳмгузор бошанд.

Барои ноил шудан ба ин мақсад зарур аст, ки қонунҳои қабулшуда сари вақт дастраси ҳам мақомоти давлатӣ ва ҳам мардуми Тоҷикистон гарданд. Мақомоти марбута бояд бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ва дигар усулҳои тарғиботӣ дар шарҳу тафсири қонунҳо нақши фаъолтар бозида, ба баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии мардум мусоидат намоянд. Анҷом додани ҳамаи ин чорабиниҳо дар маҷмӯъ боиси он мегардад, ки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ беҳбудӣ ёфта, амали кормандони онҳо дар доираи ваколатҳояшон сурат гирад ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеию ҳуқуқӣ таъмин шавад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки сатҳи омодагии касбии кормандони мақомоти мазкур бо роҳи такмили ихтисос, омӯзиши қонун ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва забонҳои хориҷӣ баланд бардошта шавад. Хулоса, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд пурра ба таъмини воқеии волоияти қонун, амният ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона гардад.

Мардуми Тоҷикистон бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро мақсади асосии худ муайян кардааст. Бо дарки ин ҳадаф, мо бояд дар ин роҳ қадамҳои устувор гузошта, барои боз ҳам васеътар ворид гардидани унсурҳои демократияи муосир дар ҷомеа шароит фароҳам оварем. Дар ин самт нақш ва мавқеи интихобот чун унсури таъминкунандаи иштироки бевоситаи мардум дар идораи давлат ва бо ҳамин усул муайян намудани сарнавишти имрӯзу ояндаи хеш хеле муҳим мебошад. Бо вуҷуди он, ки қонуни амалкунандаи интихоботи Парламенти Тоҷикистон дар натиҷаи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ ва бо иштироки бевоситаи намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, давлатҳои нозири сулҳи тоҷикон ва ҳизбҳоӣ сиёсӣ таҳия шуда буд, таҷрибаи панҷсолаи амали қонуни интихобот ва дигаргуниҳои сиёсии дар ҷомеа бавуқӯъомада имрӯз зарурати такмили онро пеш овардаанд. Воқеан, қонуни интихобот бояд арзишҳои аз тарафи умум эътирофшудаӣ муосир ва ҷомеаи демократиро дар бар гирад.

Пешниҳод шудани ду лоиҳаи алтернативии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионӣ " Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз ҷониби фраксияҳои гуногуни Парламенти мамлакат бо ҳамин максад сурат гирифтааст. Итминон дорам, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи зикргардидаро ҳаматарафа баррасӣ намуда, қонунеро қабул мекунад, ки он ба талаботи демократияи муосир ҷавобгӯ бошад ва интихоботи холису шаффофро таъмин созад.

IV. Ҳадафи асосии сиёсати хориҷии мо ҳамкории мутақобилан судманд ба хотири ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии Тоҷикистон мебошад.

Аз тамоюлҳои рушди ҷаҳонӣ ва таҳлили муносибатҳои мутақобили субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бармеояд, ки вазъи геополитикии ҷаҳон ва сиёсати байналхалқӣ дар ҳолати пур аз мухолифатҳои гуногун ва бисёр мураккабу печида қарор дорад. Ҳадаф аз фаъол шудани давлатҳои бузурги олам тақвияти таъсиррасонӣ ба равандҳои ташаккули муносибатҳои байналхалқӣ ва ҷорӣ кардани низоми нави ҷаҳонӣ мебошад. Имрӯзҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ нуқтаи бархӯрди манфиатҳои глобалӣ шуда бошанд ҳам, аз ҷониби дигар ба субъектҳои ҳамкориҳои судманди стратегӣ табдил ёфтаанд. Умеди мо дар он аст, ки самти ҳамкорӣ афзалият дошта бошад на рақобат.

Дар марҳилаи ҳозира мақсад аз таҷаммӯи манфиатҳои давлатҳои бузург дар атрофи Осиёи Марказӣ аз лиҳози геополитикӣ ва геостратегӣ таҳти назорат қарор додани фазоӣ марказии Евразия ва захираҳои табииву шабакаҳои коммуникатсионии минтақа мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд таъсири сиёсати давлатҳои пешрафтаро ба раванди амалӣ гардонидани сиёсати кишварҳои минтақа ҳамеша дар назар дошта бошем.

Агар гӯем, ки дурнамои инкишофи ҳодисаҳо дар атрофи Осиёи Марказӣ дар ибтидои асри XXI яке аз омилҳои муайянкунандаи моҳияти муносибатҳои байналхалкӣ мегардад, муболиға нахоҳад шуд. Дар таърихи ҷаҳон ҳеҷ гоҳ чунин фазои мусоиди байналхалқӣ вуҷуд надошт, ки ҳамаи давлатҳои бузурги сайёра дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои нав муттаҳид шуда бошанд. Ва ин равия барои кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим аст. Агар ин нерӯи мусбати ҷомеаи ҷаҳонӣ афзоиш ёбад, бешубҳа ҳам барои Осиёи Марказӣ ва ҳам барои тамоми олам аҳамияти бузург хоҳад дошт.

Аз тарафи дигар, олами имрӯза бо таҳдиду хатарҳои нав ба монанди терроризм, экстремизм, истеҳсол, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ рӯбарӯ гардидааст, ки оқибатҳои фалокатбори онҳо имрӯз ба ҳама маълум аст. Ягон давлати ҷаҳон, ҳатто кишварҳои абарқудрат ба танҳоӣ бар зидди ин зуҳуроти даҳшатбор истодагарӣ карда наметавонанд. Ба ин маънӣ, ташаккули низоми нави тартиботи ҷаҳонӣ раванди таърихан тӯлонӣ ва пурихтилоф аст, зеро дар шароити глобализатсияи проблемаҳои умумибашарӣ баъзе ҷиҳатҳои инкишофи принсипҳои муносибатҳои байналхалқӣ боиси нигаронӣ мебошанд.

Якум, мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ дар шакл ва миқёси имрӯзаи худ ҳанӯз талаботи инсониятро қонеъ карда наметавонад.

Аз ин рӯ, мо аз созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, пеш аз ҳама Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо интизор дорем, ки мафҳуми мушаххаси терроризм ва аломатҳои онро барои оламиён таҳия ва эълон намоянд. Чунки, ба андешаи мо, то ҳол вуҷуд надоштани мафҳуми дақиқ ва гуногунфаҳмӣ дар ин масъала яке аз сабабҳои ба вуҷуд омадани сиёсати "стандартҳои дугона" мебошад. Илова бар ин, созмонҳои мазкурро даъват мекунем, ки ба таҳияи стратегияи ягонаи мубориза бар зидди терроризм фаъолтар мусоидат намоянд. Зеро Тоҷикистон ғайр аз он, ки зарбаи зуҳуроти нави асрро дар вуҷуди худ эҳсос кардааст, узви фаъоли эътилофи зиддитеррористӣ мебошад ва дар ин мавқеи худсобит хоҳадмонд.

Дуюм, бо дарназардошти ин, ки истеҳсол ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои молиявии терроризм мебошад, мо чандин маротиба аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилали ташкили иттиҳод ё коалитсияи мубориза бар зидди маводи мухаддирро пешниҳод кардем. Соли гузашта аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар қатори бист пешниҳоди муҳимтарини сайёра эътироф шудани ин пешниходи Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷаҳони муосир заруратӣ амалӣ намудани онро эҳсос карда истодааст.

Сеюм, имрӯз мафҳумҳои "терроризми исломӣ", "фундаментализми исломӣ" ва "исломиҳо" дар забони сиёсии ҷомеаи чаҳонӣ ва сиёсатшиносони баъзе кишварҳои Ғарб зиёд истифода мешаванд. Ин равия боиси дар шуури аҳолии сайёра ба вучуд омадани нафрат ба дини мубини ислом ва мардуми мусулмон мегардад. Дар натиҷа, чунон ки шоҳид ҳастем, имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам ба объекти фишору зӯроварӣ табдил ёфтани мусулмонон, поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои онҳо ҷой дорад. Ин сиёсат бисёр хатарнок аст. Зеро тафриқагузорӣ аз рӯйи дину мазҳаб ва дар ҳамин асос маҳдуд кардани ҳуқуқи мусулмонон метавонад ҷаҳонро ба мухолифати динӣ ва гузашта аз ин, ба мухолифати тамаддунҳо расонад. Бинобар ин, сиёсатшиносон бояд дар сари ин масъала андеша кунанд.

Чорум, солҳои охир дар баъзе кишварҳои дунё ҳаракатҳои неофашистӣ ва миллатгароӣ торафт қувват гирифта истодаанд. Моро махсусан густариши ин самти хатарноки сиёсӣ дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ташвиш овардааст. Ҷаҳон ҳанӯз даҳшат ва фоҷиаи сиёсати нажодпарастӣ ва фашизмро фаромӯш накардааст. Тақсимбандии одамон аз рӯйи мансубияти нажодӣ ва миллӣ, бозӣ кардан бо ин зуҳуроти сиёсӣ ё нодида гирифтани хатари онҳо метавонад моро ба гирдоби фалокатҳои нав дучор намояд. Дар чунин шароит сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон бояд ба он омода бошад, ки бо дарназардошти манфиатҳои миллии кишвар худро ба тағйироти сиёсии ҷаҳон ва минтақа мутобиқ карда тавонад. Марҳилаи сифатан нави инкишофи муносибатҳои байналмилали суръати амалҳои тактикӣ ва иқдомотеро, ки Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ меандешад, муайян мекунад. Бинобар ин, вазифаҳои асосии сиёсати хориҷии мо аз фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ, таъмини рушди устувори кишвар, таҳким ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва амнияти кишвар ва мустаҳкам кардани мақоми сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмилали иборат мебошад. Ва ин сиёсат бо роҳи мубориза бар зидди таҳдидҳои навини замон, густариши робитаҳо бо кишварҳои мухталифи олам ва созмонҳои байналмилали аз тариқи пешбурди усулҳои прагматикӣ ва бисёрсамтӣ ба амал бароварда мешавад.

Соли гузашта низ дар фаъолияти хориҷӣ мо сиёсати "дарҳои кушодаро" идома додем, ки он ба густариш ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои кишварамон бо давлатҳои дигари дунё мусоидат намуд. Мақсади мо аз пешбурди чунин сиёсат ба ҳар як дасти дӯстиву мадад, ҳамкории беғаразонаву холисона бо айни ҳамин принсипҳо ҷавоб гуфтан аст ва бо ҳар кишваре, ки дар асоси баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми манфиатҳои мутақобил муомила мекунад, муносибати дӯстона ва содиқона хоҳем кард.

Саҳми назарраси Тоҷикистон дар ҳалли проблемаҳои глобалии ҷаҳони имрӯза яке аз дастовардҳои муҳими сиёсати хориҷии мо дар соли гузашта мебошад. Моҳи сентябри соли 2003-юм дар Душанбе Форуми байналмилалии оби тоза барпо гашт, ки дар кори он бори нахуст дар таърихи кишварамон намояндагони зиёда аз 50 давлат ширкат варзиданд. Кӯшишҳои пайвастаи мо дар бобати ба миён гузоштани проблемаҳои ҳалталаби глобалӣ боиси он гардиданд, ки моҳи декабри соли 2003-юм Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси Тоҷикистонро бо дастгирии 141 давлатӣ дунё ҷонибдорӣ карда, солҳои 2005-2015-умро Даҳсолаи байналхалқии амалиёти "Об барои ҳаёт" эълон намуд. Ба ин восита давлати ҷавони мо тавонист, ки диққати аҳли оламро ба яке аз проблемаҳои глобалии сайёра ҷалб намояд.

Масъалаи об - масъалаи муҳими глобалӣ ва миллӣ аст, ки паҳлӯҳои зиёд дорад. Ҳарчанд Тоҷикистон дар саргаҳи оби минтақаи Осиёи Марказӣ қарор дорад, вазъияти сол аз сол мураккаб шудани проблемаи таъмини аҳолӣ бо оби тоза ва нақши бузурги захираҳои обӣ дар рушди устувори иқтисоди миллӣ, инчунин манфиатҳои миллӣ моро водор мекунанд, ки дар ҳалли чунин масъалаҳои муҳими минтақавию глобалӣ фаъолона саҳм гузорем. Бо ин роҳ мо мехоҳем воситаву имкониятҳои ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли мушкилоте, ки аз ҷумла Тоҷикистон ва минтақаамон бо он рӯбарӯ аст, сафарбар намоем.

Соли гузашта дар кишвари мо ҷаласаи Сарони кишварҳои узви Созмони амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё доир гардид, ки ин намунаи пайванди узвии масъалаҳои муҳими амнияти имрӯза бо ҳадафҳои рушди иқтисодӣ мебошад. Густариш ва таҳкими робитаҳои мо бо минтақаҳои пешрафта ва рушдёбандаи ҷаҳон мақоми хос дорад. Муносибатҳо бо кишвархои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо онҳо робитаҳои анъанавии таърихӣ дорем, ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқи мемонанд. Дар ин ҷода соли гузашта як қатор иқдомҳои мушаххаси фаъол намудани ҳамкориҳо бо Россия, Украина, Арманистон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифтанд. Мо кӯшишҳои худро барои торафт мустаҳкам ва васеъ кардани доираи ҳамкориҳо бо давлатҳои Аврупо идома додем. Дар давоми сол сафарҳои расмии Президенти Тоҷикистон ба Олмон, Полша ва Белгия сурат гирифтанд, ки натиҷаҳои хеле умедбахш доданд. Бояд гуфт, ки мо дар ин самт на танҳо бо кишварҳои алоҳидаи ин қитъа, балки бо Иттиҳоди Аврупо низ чун созмони бузург ва бонуфузи сиёсиву иқтисодии оғози асри XXI ҳамкории торафт густаришёбанда дорем.

Таҷрибаи пешрафтаи ҳамгироии кишварҳо дар доираи ин иттиҳод барои ҳамаи мо намунаи хубест. Бо дарназардошти ин, моҳҳои наздик бо Иттиҳоди Аврупо имзо намудани Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ, ки сатҳи робитаҳои моро ба зинаҳои баландтар хоҳад бардошт, дар назар аст. Соли гузашта муносибатҳои мо бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба мисли Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Ҷопон ва Швейтсария боз ҳам мустаҳкам шуданд. Имрӯз бо ин давлатҳо дар соҳаҳои гуногун ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаем, ки мақсад аз он таъмини заминаӣ рушди устувори иқтисодии кишвар ва амнияти давлат мебошад. Ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо ин кишварҳо дар оянда низ идома хоҳанд ёфт ва вазифа аз он иборат аст, ки доираи чунин ҳамкориҳо ҳарчи бештар васеъ гардонида шавад.

Ҳоло лозим мешуморам, ки дар бораи муносибатҳоямон бо Федератсияи Россия ба таври возеҳ ва ошкор таваққуф намоям, чунки вақтҳои охир дар ин мавзӯъ тавассути воситаҳои иттилоотии ҷаҳон ахбори бардурӯғ ва ғаразноки зиёд паҳн шуда истодааст. Бори дигар расман изҳор менамоям, ки дар давоми зиёда аз даҳ соли охир дар сиёсати хориҷии мо дар самти муносибат бо Россия ягон тағйироти куллие ба вуқӯъ напайвастааст. Мардуми Тоҷикистон нақши бузургу таърихии Россияро дар истиқрори сулҳу субот дар кишвар фаромӯш нахоҳад кард. Мо мисли пештара бо Россия чун яке аз шарикони боэътимоди стратегии худ дар ҷодаҳои сиёсиву низомӣ робитаҳои мутақобилан судманд дорем ва дар тамоми масъалаҳо, аз ҷумла дар бобати мубориза бар зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир, экстремизм, инчунин дар фаъолияти сомонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкории зич дошта, дар аксарияти масъалаву проблемаҳо мавқеи мо ба ҳам мувофиқ аст. Вале сарфи назар аз кӯшишҳои пайвастаи мо чӣ тавре ки борҳо таъкид кардаам, дар давоми сездаҳ сол сатҳи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Россия ба талаботи замона ва манфиатҳои ҳарду кишвар ҷавобгӯ нест. Бо вуҷуди ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими робитаҳо пеш аз ҳама дар масъалаи ҷалби сармоя ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Россия пайваста кӯшиш хоҳад кард.

Дар бораи нерӯҳои сарҳадии Россия дар Тоҷикистон. Ин қувваҳо дар кишвари мо тибқи созишномае, ки соли 1993 ба муддати 10 сол баста шуда буд, фаъолият доранд ва онҳо дар ин муддат дар ҳифзи сарҳадоти мо, таъмини амнияти кишвар ва минтақа нақши муҳим бозиданд. Вале дар моддаи 9-уми Созишнома пешбинӣ шудааст, ки бо танзим ёфтан ва нерӯ гирифтани қувваҳои сарҳадии Тоҷикистон ҳифз ва таъмини амнияти минтақаҳои сарҳадӣ ба дӯши онҳо вогузор хоҳад шуд. Дар ҳамин асос қувваҳои сарҳадии Тоҷикистон чун рамзи соҳибихтиёрии давлат давра ба давра нигоҳбонии марзҳои кишварро дар ҳама қитъаҳо ба дасти худ хоҳанд гирифт.

Бояд ёдовар шуд, ки аз 4183 километр марзҳои умумии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон, Қирғизистон, Хитоӣ ва Афғонистон 2912 километри он алҳол зери назорати қувваҳои сарҳадии Тоҷикистон қарор дошта, соли гузашта 500 километр марз бо Хитоӣ ва 73 километр бо Афғонистон бо ташаббуси ҷониби Россия ба ихтиёри нерӯҳои марзбони Тоҷикистон вогузор гардид. Акнун мувофиқи Созишномаи мазкур ва натиҷаҳои музокироти гурӯҳҳои кории тарафайн қитъаҳои боқимондаи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар оянда марҳила ба марҳила ба марзбонони тоҷик супорида мешаванд. Албатта, таъмини иҷрои ин кор аз лиҳози моддӣ барои буҷет осон нест. Дар баробари ин, мо аз Федератсияи Россия, ки дар ташкили қувваҳои сарҳадбони Тоҷикистон ва таъмини моддиву техникии онҳо нақши созанда гузошт, сипосгузор ҳастем ва изҳори умед мекунем, ки дар такмил ва таҳкими минбаъдаи нерӯҳои ҷавонӣ марзбони мо ёрии худро дареғ нахоҳад дошт.

Дар бораи ташкилоту созмонҳои дар фазоӣ Иттиҳодӣ Давлатҳои Мустақил таъсисёфта, ба монанди Иттиходи иқтисодии Евразия, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ гуфтан лозим аст, ки онҳо бояд кори худро дар навбати аввал бо дарназардоштӣ ифодаи ҳарчи пурратари заминаҳои таърихӣ ва имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ ба густариши робитаҳои иқтисодӣ равона созанд. Бояд таъкид кард, ки дар ин самт санадҳои зиёде қабул шудаанд, вале мутаассифона аксари онҳо ба тавре ки лозим аст, то ҳанӯз татбиқ нашуда истодаанд. Тоҷикистон дар ин самт қабл аз ҳама бо ҳамсояҳои худ - Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон пайвастагии анъанавии таърихӣ дорад ва сатҳи муносибатҳо бо онҳо ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишварамон бетаъсир нест. Аз ин рӯ, мо ба инкишофи ҳамкориҳои гуногунсоҳа бо ин кишварҳо дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ ҳавасманд ҳастем. Вале бояд гуфт, ки дар доираи Созмони ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ибрози ниятҳои нек ва гуфтугӯ дар бораи ҳамкорӣ то ҳанӯз аз худи ҳамкориҳои воқеӣ зиёд аст.

Мо бояд ҳикмати бузурги зиндагиро фаромӯш насозем, ки сиёсатмадорон меоянду мераванд, ягон шахс то абад маснадеро соҳибӣ нахоҳад кард, вале мардумони мо чун ҳамсоягони нек, ки тӯли асрҳо робитаҳои наздик доштанд, бояд дар фазоӣ сулҳу оромӣ, дӯстӣ ва дар шароити озоди рафтуомад, додугирифти бемамониати молу маҳсулот ва нерӯи корӣ, яъне шаффофияти марзҳо зиндагӣ намоянд. Бинобар ин, кӯшишҳои давлати мо дар масъалаи ҳамгироӣ ва ҳамкории минтақавӣ дар давоми солҳои охир ба он равона гардидаанд, ки дар Осиёи Марказӣ фазоӣ мусоид ба вуҷуд оварда шавад.

Тоҷикистон кӯшишҳои ҷудоиандозӣ ва истифода аз бартариҳои мавқеи ҷуғрофӣ барои мақсадҳои сиёсии ғаразнокро дар минтақа маҳкум намуда, кӯшиш дорад, ки тавассути муттаҳид сохтани имкониятҳои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷалби воситаҳои беруна проблемаҳои ҷиддии минтақавӣ ҳаллу фасл шаванд. Барои амният ва пешрафти натанҳо кишвари мо, балки тамоми минтақа вазъияти Афғонистон таъсири ҷиддӣ мерасонад. Аз ин рӯ, мо ба имрӯзу ояндаи ин ҳамсояи худ бетафовут нестем. Имсол дар ин кишвари ҳамсоя воқеаҳои муҳими сиёсӣ дар назар аст, ки аз бисёр ҷиҳат тақдири минбаъдаи онро муайян месозанд. Дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ ман вазифаи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро дар ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли олам ба мушкилоти имрӯзаи Афғонистон, таҳкими фазоӣ ваҳдат ва ризоияти сиёсӣ дар он кишвар ва кӯмаки ҳамаҷониба дар бозсозии он мебинам.

Албатта, кишвари мо низ дар ин кори хайр бояд фаъолона ширкат дошта бошад. Баробари ин, мо кӯшишҳои мудохила ба корҳои дохилии кишвари ҳамсоя, тафриқаандозӣ, ҳавасмандгардонии экстремизми сиёсӣ, динӣ ва миллиро маҳкум менамоем, зеро маҳз чунин аъмол сабаби асосии бӯҳрони тӯлонӣ ва фоҷиавӣ дар ин кишвар буд. Ба ақидаи мо, танҳо Афғонистони ягона, демократӣ ва сулҳпарвар имкони раҳоиро аз бӯҳрони ҳозира дошта метавонад.

Афзоиши рӯзафзуни ҳаҷми истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон хеле ташвишовар аст. Мавқеи Тоҷикистон дар ин масъала бетағйир боқӣ мемонад, яъне барои ҳалли ин проблемаи глобалӣ муттаҳид сохтани ҳамаи воситаву имкониятҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур мебошад. Зеро он фақат проблемаи Афғонистон ва Осиёи Марказӣ нест. Танҳо бо таъсиси иттиҳоди глобалии мубориза бар зидди маводи мухаддир метавон кӯшишҳои ҳамаи созмону кишварҳоро ҳамоҳанг сохта, самаранокии муборизаро бар зидди ин вабои аср таъмин намуд.

Дар сиёсати хориҷии мо бо дарназардошти афзалиятҳои миллии Тоҷикистон таҳкими муносибатҳо бо Хитой, Эрон, Ҳиндустон, Туркия ва Покистон мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Соли гузашта дар ин самт иқдомҳои мушаххас сурат гирифтанд, ки барои вусъати минбаъдаи ҳамкориҳоямон бо ин кишварҳо заминаӣ хуб фароҳам оварданд. Дар моҳи майи соли ҷорӣ ба истифода додани гузаргоҳи марзии Кулма ба рушди босуръати ҳамкориҳои мо бо ин кишварҳо мусоидат хоҳад кард.

Солҳои охир бахусус робитаҳои мо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳким ёфтанд. Дар натиҷаи мулоқотҳои пайваста миёни Capoни ҳарду давлат муносибатҳоямон ба сатҳи сифатан нав бардошта шуданд. Алҳол ширкатҳои эронӣ дар сохтмони туннели Анзоб иштирок доранд ва масъалаи таъсиси консорсиуми байналмилалӣ барои анҷом додани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда дар марҳилаи ҳаллу фасл қарор дорад.

Муносибатҳои мо бо мамолики араб низ дурнамои хуб доранд. Бахусус дар соҳаи ҷалби сармояҳо ва истихроҷи захираҳои табиӣ мо метавонем бо онҳо ҳамкориҳои судманд дошта бошем. Аз ин рӯ, Вазорати корҳои хоричӣ якҷоя бо дигар мақомоти манфиатдор бояд имкониятҳои мавҷудаи фаъол кардани робитаҳоро бо мамлакатҳои араб ва умуман кишварҳои мусулмонӣ ҳаматарафа истифода намояд. Муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии мо барои густариши ин гуна равобит заминаӣ хубе шуда метавонанд.

Соли гузашта инчунин дар масъалаи ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ заминаи хуб гузошта шуд. Имрӯз дарёфти воситаҳои татбиқи созишномаҳое, ки дар натиҷаи мулоқотҳо бо роҳбарияти Индонезия ва Малайзия имзо шудаанд, вазифаи сохторҳои дахлдори Ҳукумат мебошад, зеро дараҷаи пешрафти иқтисодии ин кишварҳо ба ҳама маълум буда, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фаъоли гуногунсоҳа бо онҳо ва кишварҳои дигари ин минтақа ҷавобгӯи манфиатҳои миллии мо мебошад. Ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои молиявии байналхалқӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии моро ташкил мекунанд. Бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва амнияти кишвар масъалаи таҳкими фазои ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон аз ҷумлаи ҳадафҳои аввалиндараҷа мебошад. Бинобар ин, барои торафт васеъ гардондани доираи ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи он, институтҳои байналмилалии молиявӣ, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ андешидани тадбирҳои зарурӣ идома хоҳад ёфт.

Соли чорӣ марҳилаи муҳими музокирот барои дохил шудани Тоҷикистон ба Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо оғоз мегардад ва мо бояд барои бомуваффақият ва ҳарчи зудтар анҷом ёфтани музокирот тамоми чораҳои лозимаро андешем. Алҳол Тоҷикистон ба ин ташкилот ҳамчун нозир пазируфта шудааст. Ба мо зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳо барои дохил шудан ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ қонунгузории кишварро бо қоидаҳои ташкилоти зикршуда мутобиқ намоем. Вобаста ба ин зарурати ҳарчи зудтар баррасӣ ва ворид намудани тағйирот ба қонунгузории соҳаҳои стандартизатсия ва сертификатсия, арзёбии гумрукӣ, назорат аз болои интиқоли борҳо, хариди давлатии мол ва хизматрасонӣ, ҳифзи муҳити зист, дар бораи рақобат, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, туризм, об, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ба миён омадааст. Умедворем, ки аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҷиҳати дохил шудани Тоҷикистон ба Ташкилоти умумичаҳонии савдо масъалаҳои марбут ба такмили қонунгузориро бо тартиби афзалиятнок баррасӣ ва қабул менамоянд.

Имрӯз минтақаи мо дар арсаи ҷаҳон торафт мавқеи намоёни сиёсӣ пайдо карда истодааст, зеро чунон ки зикр шуд, равандҳои дар ин ҷо суратгиранда барои тамоми олам бетаъсир нахоҳанд монд. Аз ин рӯ, вазифаи таъмини амнияти кишвар ва минтақа барои мо ҳаётан муҳим аст ва дар ин самт густариши робитаҳо бо Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) қабл аз ҳама барои баланд бардоштани иқтидори мудофиавии Тоҷикистон мувофиқи мақсад аст. Ҳамзамон бо ин, аз имкониятҳое, ки баъзеи ин созмонҳо, аз ҷумла Созмони ҳамкориҳои Шанхай фароҳам меоваранд, дар рушди бомароми иқтисоди кишвар ва таҳкими робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ба таври ҷиддӣ истифода бояд кард.

Яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии мо ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони кишварамон дар қаламрави давлатҳои дигар мебошад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар куҷое набошад, бояд ҳимояту пуштибонии давлати худро эҳсос намояд. Мо аз муносибате, ки нисбат ба ҳамватанонамон дар кишварҳои дигар, бахусус дар кишвархои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил раво дида мешавад, сахт дар ташвиш хастем. Аз ин рӯ, дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба танзим даровардани масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандонамон дар хориҷа соли равон бояд вазифаи рӯзмарраи мақомоти дахлдор гардад. Ба халлу фасли масъалаҳои зикршуда вазоратҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор бояд аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Ҳодисаҳое, ки имрӯз шаҳрвандони мо бо онҳо рӯбарӯ мешаванд, нишон медиҳанд, ки корҳои дар ин самт анҷомёфта кифоя нестанд.

Вобаста ба робитаҳои хориҷии Тоҷикистон бори дигар хотирнишон месозам, ки сиёсати давлати мо сиёсати сулҳ ва ҳамкорӣ мебошад ва ба пешрафти бомароми кишвар, эҳтироми меъёрҳо ва муқаррароти асноди байналхалқӣ ва иҷрои содиқонаи ӯҳдадориҳои байналмилалии кишвар ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому манзалати шоиста пайдо кардани Тоҷикистон равона карда шудааст. Мо нисбат ба ягон кишвар ниятҳои ғаразнок ва хоҳиши бад кардани робитаҳои худро надорем. Вале ҳар як кишвар, чи хурду чи бузург, манфиатҳои олии милливу давлатии худро дорад ва мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамеша бо дарназардошти ин манфиатҳо амал хоҳем кард.

Ҳамватанони азиз!
Мӯҳтарам аъзои Мачлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Тавре ки аз таҳлили мухтасари фаъолияти ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва мақомоти зинаҳои гуногун бармеояд, то имрӯз ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ободии Ватан, оромии ҷомеа ва болоравии обрӯву нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ кори зиёде анҷом дода шудааст. Вале аз  миёни  ҳама  корҳои   анҷомдода ва комёбиҳои бадастовардаамон дар ин давра мехоҳам оромии ҷомеа, сулҳу суботи сиёсӣ ва сарҷамъии мардумамонро махсус таъкид намоям. Сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар ҳақиқат неъмати бузург аст ва ба қадри он расидан барои ҳар як шахси бонангу номус ва худшиносу худогоҳи миллат фарз мебошад. Зеро он мақсадҳои бузурги созандагиро, ки доир ба ободии ояндаи Ватан, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқамон пеш гирифтаем, танҳо дар сурате амалӣ карда метавонем, ки ҳамаи мо, сарфи назар аз мансубияти ҳизбӣ ва мавқеи иҷтимоӣ, сулҳу оромии кишварро чун муқаддасоти миллӣ эҳтиром ва ҳифз намоем.

Имрӯз ба мову шумо рисолати бузурги таърихии хизмат кардан ба халку миллат ва сазовори боварии мардум будан насиб гаштааст. Дар раванди пурталотуми асри нав ва вазъи ноороми ҷаҳон, ки чаҳор самти онро муқовимату мухолифатҳои сиёсиву иқтисодӣ фаро гирифтаанд, ба андешаи ман ҳадафе волотар аз амнияту оромӣ ва сулҳу субот дар кишвари мо нест.

Аён аст, ки роҳи пешгирифтаи мову шумо роҳи чандон росту Ҳамвор ва осону бемонеа нест. Алалхусус дар даврае, ки мо марҳилаи нави давлатсозию давлатдориро аз cap мегузаронем, Дар пешорӯи мо даҳҳо мушкилоту монеаҳо падид меоянд. Ин раванди табиии пешрафти ҷомеа ва инкишофи қонунии ҳаёт ба самти нав аст. Аз ин лиҳоз ҳамкории пурсамару робитаи солим дар миёни ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия, ҳокимияти судӣ ва ҳизбу созмонҳои сиёсӣ беш аз ҳарвақта барои мо заруртар аст. Пастию баландиҳои ин роҳи душвору тақдирсоз аз ҳар кадоми мову шумо сабру таҳаммул, маданияти баланди сиёсӣ, зиракию одоби касбӣ, масъулияти баланду эҳсоси коршиносӣ ва қабл аз ҳама ба инобат гирифтани манфиати миллату давлат ва мардуми кишварро тақозо менамояд.

Умедворам, ки дар роҳи душвори истиқлолият муттаҳидию рафоқат, тифоқию ваҳдат, муросою ҳусни тафоҳум, якдигарфаҳмию ҳамраъйӣ ва ниҳоят такя кардан ба азму иродаи халқ ва нерӯи созандаи миллат моро аз тӯфонҳои шадиди аср ва талотумҳои амвоҷи замона эмин дошта, ба эҳёи давлату давлатдорӣ ва таҳкими рӯзафзуни мустақилияти сиёсиву иқтисодӣ бурда мерасонад ва Тоҷикистони азизи моро дар сафи кишварҳои мутамаддини олам ҷой медиҳад.

Ба ҳамаи шумо саломативу хушбахтӣ ва дар фаъолияти ҳаррӯзаатон барори кор орзумандам!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520