Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати 10-солагии Конститутсияи Тоҷикистон

05.11.2004 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини мӯҳтарам!

Даҳ сол қабл аз ин, яъне шашуми ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, ки ин падида дар таърихи давлати навини мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои воқеан сарнавиштсоз буд. Ба муносибати даҳсолагии ин санаи муҳими таърихӣ ҳамаи шумо - ҳозирини мӯҳтарам ва тамоми мардуми бошарафи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Ин санади муқаддас, ки бо дарназардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар ва роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.

Дар ин ҷо бояд таъкид намуд, ки бо соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон кишвари мо ба бӯҳрони конститутсионӣ рӯ ба рӯ шуд ва дар натиҷаи поймол шудани Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда дар солҳои 1991-1992-юм фаъолияти тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида, кашмакашиҳои сиёсиву бесарусомониҳо ба миён омаданд.

Дар давраи ниҳоят ҳассоси аз як сохт ба сохти дигари давлатдорӣ гузаштани Тоҷикистон қудратталабии сиёсии баъзе ҳизбу ҳаракатҳо ва шахсиятҳои алоҳида боиси риоя нагардидани меъёрҳои Қонуни асосӣ гардид ва ин амал оқибат ба ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ оварда расонд, ки он воқеан ба тамомияти арзиву мавҷудияти давлати Тоҷикистон ва ягонагии миллати тоҷик хатари ҷиддӣ дошт.

Барои ба эътидол овардани вазъият, суботи ҷомеа ва ризоияту ваҳдати миллӣ зарурати эҷоди давлати нави ҷавобгӯ ба манфиатҳои тамоми ҷомеаи Тоҷикистон ба миён омада буд. Дар навбати худ тағйири комили сохт ва низоми нави давлату давлатдорӣ бояд бо қабул намудани Конститутсияи нав ба расмият дароварда мешуд. Ва мо тавонистем, ки ин имконияти таърихиро танҳо баъди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ амалӣ гардонем. Маҳз дар ҳамин иҷлосия мақсади худро оид ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қатъиян эълон намудем, ки он роҳи минбаъдаи рушду такомули давлату давлатдории навини моро муайян кард.

Ба ин раванд Иҷлосияи XVII Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки масъалаи қабули Конститутсияи навро баррасӣ намуд ва ҷиҳати таҳияи он Комиссияи конститутсиониро таъсис дод, оғоз бахшид. Дар ҷараёни кори комиссия мо ба хулосае омадем, ки бояд таҷрибаи таърихии таҳия ва қабули Конститутсияи давлатҳои пешрафтаи демократӣ мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор гирад. Бо ин мақсад аъзои гурӯҳи кории Комиссияи конститутсионӣ якчанд маротиба ба Федератсияи Россия, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва як қатор давлатҳои аврупоӣ сафар кард.

Дар баробари ин ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, бахусус он ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи инсонро танзим менамоянд, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Қарордоди байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, Қарордоди байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи гражданӣ ва сиёсӣ, Эъломияи Париж ва санадҳои Маҷлиси машваратӣ оид ба амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди омӯзиш қарор ёфтанд ва муқаррароти онҳо ба инобат гирифта шуданд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки кори Комиссияи конститутсионӣ бо баҳсҳои шадид ҷараён гирифт ва ин ҳолат боиси пайдо шудани ду варианти лоиҳаи Конститутсия бо дарназардошти хусусиятҳои идоракунии парламентӣ ва президентӣ гардид. Ҳамчунин дар масъалаи тарзи қабули Конститутсия низ андешаҳои аъзои комиссия мухталиф буданд. Баъзеҳо дар парламент қабул кардани Конститутсияро аз раъйпурсии умумихалқӣ авлотар медонистанд.

Ҳангоми баррасии масъала мо бо ҷонибдории қатъӣ аз шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ андешаи худро изҳор доштем, ки он дар шароити кишвари мо ба талаботи ҳаёти ҷомеа ҷавобгӯ мебошад ва таҷрибаи даҳсолаи амали Конститутсия низ инро собит намуд.

Бо дарки воқеияти таърихи сиёсии кишвар ва аҳамияти Конститутсия дар таъмини суботу устувории ҳаёти ҷомеа мо ба хулосае омадем, ки лоиҳаи Конститутсияи нав ба муҳокимаи мардум бароварда шуда, он аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардад. Зеро мо аз таҷрибаи талхи кишвари худ медонистем, ки бо талабу пофишории қувваҳо ва гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатто дар як рӯз ба Конститутсия якчанд тағйирот ворид мекард, ки онҳо баъзан мухолифи ҳамдигар буданд. Аз ин ҷиҳат, ба назар гирифтани майлу иродаи мардум, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ изҳор карда мешавад, муҳим буда, итоат ба он барои тамоми нерӯҳои сиёсӣ ва ҳар як фарди ҷомеа муқаддасу ҳатмӣ мегардад.

Бо ин мақсад лоиҳаи Конститутсия ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид, ки дар натиҷа мардуми Тоҷикистон бевосита бо мазмуну мӯҳтавои он шинос шуда, фикру андешаи худро доир ба такмили он изҳор дошт. Дар ин ҷараён ба унвони Комиссияи конститутсионӣ зиёда аз ҳаштуним ҳазор пешниҳоди ташкилоту созмонҳо ва шахсони алоҳида ворид гардид, ки ҳамаи онҳо мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор ёфтанд ва ба инобат гирифта шуданд.

Ташкили дурусти кори Комиссияи конститутсионӣ, дар ҷаласаҳои он ба таври васеъ, дақиқ ва якчанд дафъа баррасӣ шудани лоиҳаи Конститутсияи нав, ба муҳокимаи мардум пешниҳод гаштани лоиҳаи мувофиқашудаи он ва ниҳоят аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия баёнгари раванди демократии таҳия, муҳокима ва қабули ин санади тақдирсоз буд.

Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад. Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёдии тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муайянкунанда дорад. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохти ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкили ҳудудии давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян менамояд.

Дар Қонуни асосии мо ин масъалаҳо бо дарназардошти хусусиятҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, милливу таърихӣ ва анъанаву суннатҳои мардуми кишварамон дарҷ ёфтаанд. Аз ин ҷиҳат, Конститутсияи мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯйи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст.

Конститутсия заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро тағйир дода, низоми идоракунии авторитариро ба рақобати озоди сиёсӣ ва муколама иваз намуд ва дар Тоҷикистон барои густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам овард. Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем.

Имрӯз мо ҳаёти худро бе арзишҳои умумибашарӣ, ки ҳамчун меъёри ҳуқуқии зиндагии инсон қабул шудаанд, тасаввур карда наметавонем. Конститутсияи нав рӯҳу фалсафаи муносибатҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии моро тағйир дода, арзишҳои умумибашариро бо дарназардошти хусусиятҳои миллии кишвар ба ҳаёти сиёсиамон ворид намуд. Дар заминаи он асосҳои ҳуқуқии низоми сиёсии ҷамъият ва муносибатҳои мутақобилаи миёни давлат ва шахс муқаррар гардиданд.

Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқи инсонро арзиши олӣ эътироф намуда, ба принсипи озодӣ ва демократия устувор аст. Бо дарназардошти ин воқеият мазмун, моҳият ва истифодаи қонунҳо, инчунин фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ вобаста ба ҳуқуқ ва озодии инсон муайян карда шудааст.

Қонуни асосӣ ҳамчунин доираи фаъолияти тамоми нерӯҳои сиёсӣ - ҳизбҳо, иттиҳодияҳо ва созмонҳои ҷамъиятиро муайян намуда, барои густариши кори онҳо заминаи қонунӣ фароҳам овард.

Бо қабули Конститутсия дар роҳи такмили сохти давлатдории Тоҷикистон қадамҳои ҷиддӣ гузошта шуданд.

Бори аввал дар таърихи кишварамон ба меъёрҳои Конститутсия амали мустақим дода шуд. Яъне ҳар як шахс метавонад ҳуқуқҳои худро бо такя ба меъёрҳои конститутсионӣ ҳимоя намояд. Аз ин рӯ, мақомоти судӣ ва дигар сохторҳои ҳокимияти давлатӣ бояд пеш аз ҳама меъёрҳои Қонуни асосиро дастури амал қарор диҳанд. Зеро Конститутсия дорои эътибори олии ҳуқуқӣ буда, дигар санадҳои қонунгузорӣ бояд ба он мутобиқ бошанд.

Конститутсия низоми ягонаи иқтисодиро, ки қаблан дар асоси моликияти давлатӣ амал мекард, сарфи назар намуда, ҳамаи шаклҳои моликиятро ба таври баробар эътирофу ҳимоя менамояд ва рушди озодонаи ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин месозад.

Қонуни асосӣ ҳамчун танзимкунандаи фаъолияти мақомоти олии давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сарвари давлат ва Раиси Ҳукумат эълон дошта, ҳомии Конститутсия, қонунҳои кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ, тамомияти арзӣ ва пойдории давлат эътироф намудааст.

Бо рушду такомули ҷомеа Конститутсия, меъёрҳои он ва дигар санадҳои қонунгузорӣ ба такмил эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Ин хусусан ба Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлат ва ҷомеае иртибот мегирад, ки дар марҳилаи гузариш аз як сохт ба сохти дигар ва рушду такомул қарор дорад. Чунин зарурати такмили Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ дар Тоҷикистон низ пеш омад, ки мо онро сари вақт анҷом додем.

Тағйиру иловаҳое, ки соли 1999 мутобиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба Конститутсия ворид гардиданд, воситаи муҳими ризоият, созиш, ваҳдат ва суботи ҷомеа гаштанд. Дар асоси он тағйиру иловаҳо аввалин маротиба дар мамлакат парламенти касбии иборат аз ду палата - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфт, ҳамчунин фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мувофиқи таҷрибаи маъмули ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуд.

Аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуну санадҳое қабул карда шуданд, ки онҳо ба пешрафти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа мусоидат намуданд.

Пешрафти ҷомеа тақозо менамояд, ки асосҳои конститутсионӣ низ пайваста такмил ёбанд. Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои баъдӣ ба Конститутсия, ки соли гузашта сурат гирифт, пеш аз ҳама ба танзими тараққиёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва таҳкими кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вобаста буд.

Такмили Конститутсия ба мо имконият дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорем.

Дӯстони азиз!

Мо борҳо таъкид кардаем, ки мақсади мардуми кишвари мо бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад ва ин ҳадаф дар моддаи якуми Конститутсия ба таври возеҳ зикр шудааст.

Дар ҷаҳони муосир сохти демократӣ ва дунявии давлатдорӣ ба суботи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёт мусоидат кардааст. Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудоинопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, бунёд кардани чунин давлатро бо дарназардошти арзишҳои миллӣ ихтиёр намудааст. Зеро ҳар як миллати соҳибтамаддун мувофиқи хусусиятҳои миллӣ, таърихиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву мазҳабии худ давлатдорӣ мекунад.

Мо маҳз дар асоси ҳамин принсип давлате бунёд карданӣ ҳастем, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин зиндагии шоистаи онҳо воқеан дар заминаи суннатҳои миллиамон таъмин карда шаванд. Вобаста ба ин, бори дигар хотирнишон месозам, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон муайянкунандаи моҳият ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ буда, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд.

Дар Қонуни асосӣ аввалин маротиба ҳуқуқҳои фитрӣ ва табиии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, қадр, номус, амният, озодӣ ва дигар ҳуқуқҳои он ба таври возеҳ муқаррар гардидаанд, ки ин хусусият Конститутсияи моро дар радифи Қонунҳои асосии кишварҳои пешрафта қарор медиҳад.

Дарвоқеъ, инсон бо ҳуқуқҳои табиӣ ба дунё меояд ва ин ҳуқуқҳоро ба инсон касе ва ё мақоме намедиҳад. Маҳз бо тақозои чунин принсипи умумибашарӣ мо ба татбиқи ҳукми қатл моратория эълон намудем.

Дар Конститутсияи кишварамон зикр шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Аз ин нуқтаи назар, давлат бояд ба шахсони камбизоат ва эҳтиёҷманд ғамхорӣ зоҳир намуда, барои онҳо заминаи зарурии зиндагиро муҳайё гардонад.

Ҷавҳари асосии Конститутсия аз он иборат аст, ки давлат бояд ба ҷомеа ва одамон хизмат карда, барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам оварад. Албатта, чунин дастгирии давлатӣ ба иқтидори иқтисодӣ ва молиявии ҳар як кишвар вобаста аст.

Ҳоло мо бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ қариб нисфи буҷети давлатиро барои соҳаҳои иҷтимоии мамлакат сарф карда истодаем ва дар оянда низ мақсади асосии мо идома додани чунин сиёсат аст.

Дар давоми даҳ соли сипаришуда мо роҳи ниҳоят душворро тай карда, проблемаҳои зиёдро бартараф намудем. Акнун масъалаҳои боз ҳам муҳимтар, яъне таъмини рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишварамон бояд ҳаллу фасл карда шаванд.

Дар натиҷаи дигаргунсозиҳои бунёдии иқтисодӣ ва гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодӣ, ки гуногуншаклии моликият ва фаъолияти озоди субъектҳои хоҷагидориро тақозо менамоянд, пешрафти соҳаҳои иқтисодии мамлакат торафт назаррас мешавад. Дастовардҳои истеҳсолӣ зиёд гашта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ сол то сол меафзояд. Албатта, ҳамаи ин ба шарофати сулҳу салоҳ, ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа, фаъолияти озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкорӣ, таъмини баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, пеш аз ҳама моликияти хусусӣ муяссар мегардад, ки дар Конститутсия кафолат дода шудаанд. Бо вуҷуди ин, ҷиҳати рушди иқтисоди бозорӣ, тавсеаи шаклҳои нави хоҷагидорӣ ва ташкили рақобати истеҳсолӣ дар мамлакат ҳанӯз корҳои зиёдеро анҷом додан зарур аст. Дар ин бобат бояд пеш аз ҳама фазои кориро ба таври ҷиддӣ тағйир дода, тамоюлҳои номақбули иқтисодиро бартараф намоем.

Барои инкишофи тамоми шаклҳои хоҷагидориву моликият давлат заминаи боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Аз ҷумла, қабули ду қисми Кодекси гражданӣ, қонунҳо дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ, дар бораи маблағгузории хурд, дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба таъмини фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди иқтисоди бозорӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон мо бояд эътироф намоем, ки падидаҳои номатлуби ҷомеа, ба монанди коррупсия ва бюрократизм ба пешрафти иқтисодии мамлакат ва идораи самараноки давлат халали ҷиддӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, ба мо лозим аст, ки шаффофияти хизмати давлатиро таъмин намуда, масъулияти шахсони мансабдорро ҷиҳати иҷрои қисми хароҷоти буҷетҳои давлативу маҳаллӣ ва сарфи мақсадноку пурсамари маблагҳои барои лоиҳаҳои инвеститсионӣ ҷалбгардида ва пешгирии зуҳуроти нангини коррупсия баланд бардорем.

Дар ин бобат дар воситаҳои ахбори умум дарҷ намудани натиҷаҳои санҷишҳои Кумитаи назорати давлатии молиявӣ, мақомоти суд ва прокуратура ба мақсад мувофиқ аст, зеро бо ин роҳ метавон ба пешгирии истифодаи гайримақсаднок, тасарруфи маблагҳои давлатӣ ва коррупсия мусоидат карда, ҳамзамон шаффофияти хизмати давлатиро таъмин намуд.

Яке аз рукнҳои муҳими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ принсипи конститутсионии гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ мебошад. Тибқи Конститутсия дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ аз хусусияти демократии давлат ва озодии шахс бармеояд.

Дар ҷомеаи мо ягон мафкура, аз ҷумла мафкураи ҳизбӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат, гурӯҳ ё шахсе ба ҳайси мафкураи давлатӣ ва ҳатмӣ эътироф карда намешавад. Вале ин маънои онро надорад, ки давлат дорои мақсаду ормонҳои олӣ набошад. Давлат ҳамчун созмони сиёсӣ масъули таъмини амнияти ҷомеа ва фард, намояндаи тамоми ҷамъият, ифодакунандаи арзишҳои умумибашарие мебошад, ки онҳо дар Конститутсия ифода ёфтаанд.

Тибқи принсипи гуногунандешии сиёсӣ ҳоло дар мамлакати мо ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои гуногуни ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд. Дар воқеъ дар ин самти ҳаёти ҷомеаи мо дигаргуниҳои куллӣ рух доданд. Агар соли 1991 дар мамлакатамон дар маҷмӯъ 60 иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолият дошта бошад, ҳоло 6 ҳизби сиёсӣ ва зиёда аз 2200 иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд, ки ин баёнгари дар амал татбиқ шудани усули гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷомеаи мо имрӯз дар асоси хусусиятҳои сиёсиву ичтимоӣ воситаи нодири ризоияти миллӣ - Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис ёфтааст ва он барои таъмини мубодилаи афкори нерӯҳои гуногуни ҷамъиятиву сиёсӣ, барқарор намудани шаклҳои нави ҳамкории онҳо фаъолият намуда, ба ҳамаи аъзоён, яъне ҳизбу созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ имкон медиҳад, ки дар бобати масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ва давлат табодули назар карда, дар ҳаллу фасли онҳо бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ саҳм дошта бошанд.

Мувофиқи Конститутсия ташкилотҳои динӣ дар асоси принсипи озодӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон танҳо барои қонеъ сохтани эҳтиёҷоти диниашон таъсис дода мешаванд. Бо мақсаду ғаразҳои сиёсӣ ва экстремистӣ истифода бурдани онҳо пеш аз ҳама ба зарар ва хилофи моҳияти дин мебошад.

Дин ва муносибатҳои динии одамон кори хусусӣ мебошад. Дар ҷое, ки масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои истиқлолият ва амнияти давлат пеш меояд, дин бояд дар хидмати онҳо қарор гирад. Чунин холат дар таърихи дини мубини ислом ва давлатдории қадимаи халқи тоҷик хеле зиёд рӯӣ додаанд.

Ба тақвияти ин суханҳо порае аз китоби "Саҳифаи нур"-и бунёдгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятулло Хумайнӣ иқтибос меорам:

"Ман сахт эътиқодманд ҳастам ба он нукта, ки арзиши идора намудани давлат бояд аз тамоми манфиатҳои дигар, ҳатто манфиатҳои динӣ, чун намоз, рӯза ва ҳаҷ ҳам авлотар дониста шаванд.

Давлат метавонад тамоми зуҳуротро манъ эълон намояд, агар ин зуҳурот ҷавобгӯи манфиатҳои давлат набошанд, ҳатто агар ин манъкарданҳо дар зиддият бо манфиатҳои исломӣ ҳам бошанд. Зеро манфиатҳои ҳокимияти давлатӣ бузургтар аз қонуниятҳои исломӣ ҳастанд".

Дар ин робита бояд таъкид кард, ки давлат ҳақ дорад монеи ҳуқуқии ҳар гуна суиистифода аз дин аз ҷониби ҳаракатҳову гурӯҳҳои ифротии дохиливу байналмилалӣ гардад. Бахусус, ки имрӯз фаъолияти харобиовари онҳо хатару тахдидҳои ҷиддиро ба миён оварда, хусусияти глобалӣ пайдо кардааст.

Мо ба хотири оромиву субот, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати ягонаву иҷтимоӣ ва таҳкими асосҳои он шароити мусоид фароҳам овардем, то ин ки дар ҷомеаи мо демократия реша давонда, самара диҳад.

Барои озодӣ ва ҳуқуқҳои динӣ, агар онҳо дар доираи қонун амалӣ шаванд, ҳаргиз таъқиб вуҷуд надорад. Озодии виҷдон комилан риоя мешавад. Вале баъзе қувваҳо, ҳатто шахсони шӯҳратталаби алоҳида аз ин вазъи орому босуботи ҷомеаи мо, аз ин фазои демократӣ фурсатталабӣ намуда, мехоҳанд бо рафтори авомфиребона вориди саҳна шаванд ва дар зери ниқоби ҳомии дин манфиатҳои сиёсиву идеологиву иқтисодии худ ва хоҷагони хориҷиашонро пинҳон карда, ҷомеаро ноором созанд.

Дар баъзе масҷидҳо хутбаву мавъизахониҳо аз доираи муқаррароти қонунгузорӣ оид ба дин берун баромада, ба тарғибу таблиғи идеологияву сиссатҳои ифротгароёна роҳ мекушоянд. Ҳатто дар онҳо фатвоҳое содир мегарданд ва масъалаҳое ба миён гузошта мешаванд, ки хилофи қонунҳои амалкунанда буда, дар ҷомеа ихтилофотро ба вуҷуд меоранд ва муносибатҳои ҷамъиятиро тезутунд месозанд. Ҳадаф аз онҳо ҳалли мушкилоти зиндагӣ, қонеъ сохтани талаботи динии шаҳрвандон набуда, баръакс дар ҷомеа низоъ барангехтан ва диндоронро муқобили ҳам қарор додан мебошад. Ҳол он ки дар моддаи 30-юми Конститутсияи Тоҷикистон возеҳу равшан таъкид шудааст, ки "Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезад, манъ аст".

Такрор мекунам, ки дин ва муносибатҳои динии одамон кори хусусӣ мебошанд. Чунин муносибатҳоро қонунҳо ва муқаррароти динии худи одамон ба танзим медароранд. Вале, мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо байни шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯйи тасавзуроти диниашон зиддиятҳо сар мезананд.

Инкишофи ояндаи чунин ихтилофот метавонад сабаби нооромӣ ва носуботии ҷомеа шавад ва амнияти ҷамъиятӣ ва миллиро зери хатар гузорад. Давлат дар масъалаҳои динӣ ҷонибдори ягон тараф нахоҳад шуд. Давлат танҳо вазифадор аст, ки пеши роҳи бӯҳрони ҷамъиятиро, аз ҷумла бӯҳрони диниро гирад. Мутаассифона, баъзе шахсони алоҳида кӯшиш менамоянд, ки масъалахои диниро ба сатҳи проблемаҳои давлатӣ бардошта, давлатро ба ҷанҷоли дохилии динӣ бикашанд. Мисоли ҷолиб масъалаи ҳуқуқи динии занҳои мусулмон, аз ҷумла, ҳаққи намози ҷамоати онҳо дар масҷидҳо аст.

Таърихи зиёда аз ҳазорсолаи ислом, аз ҷумла, фиқҳи Аҳли суннат ва ҷамоат, бахусус, мактаби фиқҳии Имоми Аъзам аз он шаҳодат медиҳад, ки намози занон дар узлат (хилват) бартарӣ дорад. Яъне дар хона намоз хондани онҳоро беҳтар мешуморад ва ба сабаби вуқӯъ наомадани фитна рафтани занҳоро ба масҷидҳо манъ менамояд.

Ба ҳар навъ, набояд масъалаҳои хусусии динӣ ба сатхи масъалаҳои миллӣ расонида шаванд ва дар ҷомеа нооромиву носуботиро ба вуҷуд оранд. Дар ин маврид бояд як чизи дигарро хотиррасон намоям. Ин танзими расму оинҳои динӣ аз нуқтаи назари стратегияи инкишофи устувори ҷомеа мебошад. Мутаассифона, ҳарчанд мегӯем, аммо расму оинҳои динӣ беш аз пеш вазнинтар ва мураккабтар шуда истодаанд.

Манзури нигаронии ман дар ҷомеаи мо "расм" шудани, ба истилоҳ, таҷлили мавлуди Паёмбари ислом аст. Маълум аст, ки ба таври доимӣ ва пайваста ба Паёмбар дуруд фиристода мешавад ва мӯъминин ҳамеша аз Худо барои ӯ раҳмат талаб менамоянд.

Аммо аз мавлудхонӣ расми ҷудогона сохтан ва маъракаву тӯйҳои мардумиро ба маъракаҳои динӣ табдил додан як навъ суйистифода аз ҳиссиётҳо ва ҳуқуқҳои динӣ мебошад. Исломро набояд ба дини расму оинҳо табдил дода, аз он расму оинҳо ба ғаразҳои сиёсӣ ва ифротии баъзе гурӯхҳо истифода бурда шавад.

Баъзе шахсон ҳоло ҳам аз мухолифатҳои ҳалокатбори оғози солҳои навадум хулосаҳои зарурӣ набаровардаанд ва ё он фоҷиаҳоро аллакай фаромӯш кардаанд. Ин қабил ашхос сабру таҳаммул ва дурандешии мақомоти сиёсии кишварро нишонаи заифии онҳо мепиндоранд. Вале ҳар сабру таҳаммул охир дорад ва ҳар кас барои сухану амали худ бояд масъул ва ҷавобгар бошад. Вазифаи ман ҳамчун кафили ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмини ҳуқуқу озодиҳои тамоми мардуми Тоҷикистон аст, новобаста аз манфиати як гурӯҳ, ҳизб ё як иттиҳодияи ҷамъиятӣ!

Конститутсияи Тоҷикистон муносибатҳои ҷамъиятиеро танзим менамояд, ки ба манфиатҳои олии давлат, ҷомеа ва фард вобаста мебошанд. Аз ин рӯ, бо дарназардошти таҷрибаи даҳсолаи амали Конститутсия мо бояд ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро таъмин намуда, онҳоро аз ҳар гуна тахдидҳои нави ҷаҳонӣ эмин нигоҳ дорем.

Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир ба мо пеш аз ҳама зарур аст, ки шаҳрвандони мамлакати худро аз хатару тахдидҳои глобалӣ, яъне терроризму экстремизм ва маводи мухаддир ҳифз карда, амнияти воқеӣ ва шароити мусоиди зиндагии онҳоро таъмин намоем.

Дар кишварамон тибқи Қонуни асосӣ таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Зеро чунин амалҳо хусусиятҳои зиддиконститутсиониву зиддидемократӣ дошта, оромӣ ва суботи ҷомеаро халаддор мекунанд ва ба амнияту озодии инсон тахдид менамоянд. Бинобар ин, таъсиси чунин созмонҳо ва амалҳои экстремистӣ дар тамоми давлатҳои демократӣ ва ҷаҳони мутамаддин манъ карда шудаанд.

Конститутсияи Тоҷикистон тамомияти арзии мамлакат, муттаҳидӣ, озодӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳимоя карда, терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи яроқу аслиҳаро қатъиян манъ ва маҳкум мекунад.

Борҳо таъкид намудаем, ки дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи яроқ бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ муттаҳид бошад.

Зеро дар ибтидои асри XXI созмонҳои террористӣ барои башарият хатари ҷиддӣ ба миён оварда, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба проблемаи ҷиддитарин табдил ёфтааст.

Густариш ёфтани амалиёти террористӣ, таъсири фоҷиабори онҳо ба инкишофи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳаёти дохилидавлатӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки терроризми байналхалқӣ ба амнияти на танҳо як давлат, балки ба тамоми ҷомеаи умумибашарӣ таҳдиди воқеӣ дорад. Баъди фоҷиаи маълуми 11 сентябри соли 2001-ум масъалаҳои бехатарӣ, амнияти давлатӣ ва суботи ҷомеа дар ҷаҳон ба ҷойи аввал баромаданд. Вале мо ҳамзамон ҷонибдори он нестем, ки аз тарафи доираҳои баъзе кишварҳо сиёсати "стандарти дугона" минбаъд низ идома ёбад. Ин равия метавонад боиси мухолифати тамаддунҳо ва оқибатҳои даҳшатнок гардад.

Дар бобати дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ муайян намудани принсипҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккил саъю кӯшиши ҳамаи кишварҳо ногузир ва ҳатмист. Ба назари мо, ба тамоми кишварҳои ҷаҳон вақти таҳия намудани санади умумӣ дар бораи мубориза бар зидди кирдорҳои мазкур фаро расидааст. Ҳамзамон то ҳоло дар сатҳи ҳуқуқи байналхалқӣ мафҳуми ягона ва аломатҳои терроризм муайян карда нашудаанд. Дар ин бобат принсипҳои асосии мубориза бар зидди терроризмро низ бо ҳамдастӣ таҳия намудан зарур аст.

Аз ҷониби дигар, барои таъмини муборизаи самарабахши ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди хатару таҳдидҳои муосир на танҳо таҳияи стратегияи ягона, балки тактикаи муштараки ҷомеаи башарӣ низ ногузир мебошад.

Дар баробари ин, аз байн бурдани манбаъҳои таъминоти молиявии гурӯҳҳои байналмилалии экстремистӣ ва террористӣ, ки дар аксар ҳолатҳо аз ҳисоби "қонунигардонии" маблагҳои ғайриқонунӣ ва фурӯши маводи мухаддир сурат мегиранд, яке аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад. Барои иҷрои чунин вазифаҳо таъсиси маркази ҷаҳонии мубориза бар зидди ҷинояткории трансмиллӣ ва терроризм талаби замон аст. Мо пешниҳоди таҳия ва қабули кодекси рафтори давлатҳо дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, маҷмӯи принсипҳо ва қоидаҳои асосии ҳамкорӣ дар ҳолатҳои мушаххасро ҷонибдорӣ менамоем.

Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро борҳо ба ҳаллу фасли масъалаҳои Афғонистон, хусусан барҳам додани истеҳсоли маводи мухаддир, ки манбаи асосии молиявии гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ, экстремистӣ ва ҷиноятпеша мебошад, даъват кардааст.

Мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир на танҳо проблемаи Афғонистон ва давлатҳои минтақа, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Бинобар ин, бори дигар давлатҳои ҷаҳонро ба таъсиси иттнҳоди байналмилалии ҳамдастии глобалӣ дар мубориза бар зидди маводи мухаддир даъват менамоем.

Ҳозирини муҳтарам!

Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ дар Конститутсияи худ принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатиро қабул намуд. Тибқи ин принсип ҳокимияти ягонаи давлатӣ барои ба таври демократӣ ва самаранок фаъолият намудан ба се рукн - ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим шудааст. Ҳар як рукни ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ вазифаҳои ба зиммадоштаашро мустақилона иҷро менамояд.

Вобаста ба ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ тамоми қонунҳои зарурӣ қабул шудаанд ва онҳо пурра имконият медиҳанд, ки ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти он тибқи принсипи зикршуда фаъолият намоянд. Мувофиқи ин принсип тамоми масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа тавассути Конститутсия ва қонунҳо танзим гардида, иҷрои онҳо барои ҳама ҳатмӣ мебошад.

Барои тамоми давлатҳои дорои низоми демократӣ интихобот яке аз унсурҳои асосӣ мебошад. Ҳоло мо дар арафаи чорабинии муҳими сиёсӣ - интихоботи парламент қарор дорем ва маҳз интихоботи шаффофу демократӣ метавонад дастовардҳои моро дар самти дигаргунсозиҳои ҷомеа таҳким бахшад.

Барои ба даст овардани боварии якдигар дар ҷомеа мо бояд на танҳо шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, балки шаффофияти фаъолияти ҳизбҳои мухталифи сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъмин созем. Ин амал имконият медиҳад, ки шахсони арзанда ба мақоми қонунгузор интихоб шуда, ба Ватан ва мардуми худ содиқона хизмат намоянд. Интихобот дар сурате метавонад демократӣ ва шаффоф гузарад, ки ҳар як шаҳрванд нисбат ба тақдири давлати худ бетараф набошад ва ба арзишҳои волои умумимиллӣ такя намояд.

Дар маъракаи пешазинтихоботӣ табиист, ки воситаҳои иттилооти омма фаъолтар мегарданд. Онҳо метавонанд барои таъмини шаффофияти баргузории интихобот ва баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва граждании интихобкунандагон корҳои муҳимро анҷом диҳанд. Итминони комил дорем, ки воситаҳои ахбори умум ҷараёни омодагиву баргузории интихобот ва умуман ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварро воқеъбинона инъикос мекунанд ва бо ин роҳ ба пешрафти ҷомеа мусоидат менамоянд.

Мақомоте, ки татбиқи қонунҳои марбут ба воситаҳои ахбори умумро назорат менамоянд, бояд риояи қатъии талаботи қонунгузории мамлакатро дар мавриди фаъолияти тамоми воситаҳои ахбори умумиватанӣ ва намояндагиҳои иттилоотии хориҷии муқими Тоҷикистон таъмин намоянд. Зеро эҳтиром ва таъмини волоияти қонун муҳимтарин шарти бунёд кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ аст ва мо набояд инро лаҳзае фаромӯш созем.

Конститутсия воқеан шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи сарнавишти ҳар халқу миллат мебошад. Маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва қабули Конститутсия бунёди давлати навини тоҷикон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва он ба сифати сарчашмаи олии низоми ҳуқуқии мамлакат эътироф гардид.

Риоя ва татбиқи Конститутсия вазифаи муқаддаси тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон аст. Дар ҷомеае, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад.

Танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обрӯ мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя мекунад, танҳо ҳамон давлате нуфуз пайдо менамояд, ки шаҳрвандонаш сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон эҳтиром ва волоияти қонунро ба ҷо меоранд ва дар айни замон ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷ мегузоранд.

Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати санади муқаддас бояд мавриди омӯзиши дақиқи тамоми гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеа қарор гирад ва мо насли ҷавонро бояд дар рӯҳияи эҳтиром ба он тарбия намоем. Омӯзиши Конститутсия дар ҳамаи мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ, ташкилоту корхонаҳо ба роҳ монда, барои татбиқи он бояд тамоми воситаву имкониятҳо истифода шаванд.

Мо барои насли имрӯза ва наврасону ҷавонон дар бобати риояи қонуният бояд ҳамеша намунаи ибрат бошем ва ба он муваффақ шавем, ки бо қонун зистан ва танҳо дар доираи қонун фаъолият кардан ба меъёри ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад Онҳо бояд афзалияти омӯзиш ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, илму техника ва технологияи пешрафтаи ҷаҳони муосирро ба хубӣ эҳсос намоянд. Зеро бе таҳсилоти дунявӣ ва бе омӯзиши дастовардҳои илму техникаи муосир пешрафти давлати худро таъмин ва дар қатори давлатҳои мутамаддин ҷойгир карда наметавонем.

Асоси низоми таҳсилоти давлатиро асли дунявият ташкил медиҳад. Дар доираи ин низоми таълимӣ ҳам таҳсилоту тарбияи динӣ ва ҳам атеистӣ манъ мебошад. Аз ин ҷиҳат дину атеизм аз мактаб низ ҷудо мебошанд ва падару модарон ҳақ надоранд, ки дар доираи низоми таълимии давлатӣ мувофиқи талаботу муносибати динӣ ё атеистии худ таълиму тарбияи динӣ ё атеистиро талаб намоянд. Аммо ба мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои динии ҷамъиятӣ давлат таълими донишҳои илмии диншиносиро ҳатмӣ меҳисобад.

Диншиносии илмӣ бояд қисми таркибии низоми таҳсилоти давлатӣ бошад. Вале хусусисозии таълиму тарбияи динӣ набояд ба касб намудани донишҳои дунявӣ монеъ шавад. Баръакс, бояд мусоидат кунад. Бояд тарбияву таҳсилоти динӣ анъанаҳои динии ҷомеаро ба назар гирад ва дар чорчӯби фарҳанги миллӣ онро инкишоф диҳад. Дин бояд аз рӯйи адабиёти диние таълим дода шавад, ки он бо талаботи системаи таҳсилот ва тарбияи фарҳангӣ ва ахлоқии миллии мо созгор бошад.

Ман дар ин рӯзи барои миллатамон таърихӣ бори дигар таъкид менамоям, ки падару модарон барои ояндаи фарзандони худ масъулияти бузург эҳсос намоянд, таҳсилоти дунявӣ ва забондонии онҳоро аз вазифаҳои муҳимтарини худ шуморанд. Бояд аз дастовардҳои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир хулосаи зарурӣ барорем. Маҳз инкишофи маорифи дунявӣ, дарки дурусти сиёсати давлат аз ҷониби падару модарон ва гурӯҳҳои ҷамъиятӣ ба он кишварҳо имконият дод, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ соҳиби технологияи навин, иқтисоди пешрафта ва дастовардҳои иҷтимоӣ гарданд.

Таърихи дини ислом гувоҳ аст, ки мусулмонони аввалин бисёр олимони бузургро дар риёзиёт, илмҳои табиӣ, физика, илми нуҷум ва ғайра ба камол расондаанд, ки дар баробари омӯзишу таҳқиқи дин дар тамоми бахшҳои илму маърифати замони худ аз беҳтаринҳо буданд. Вале ҳамзамон дар таърихи назария ва амалияи исломӣ рӯҳониёни тангназаре низ ёфт шуданд, ки афкори ҷомеаро ба масъалаҳои дуввумдараҷа, аз қабили оё шим ва сарпӯш дар ислом раво ҳастанд ё не, баъдтар дар масъалаи оё барои равшании масҷидҳо қувваи барқ истифода шавад ё не ва амсоли инҳо машғул сохтанд. Онҳо на ба мазмун, рӯҳи гуманистӣ ва халлоқонаи Қуръони маҷид, балки ба шакли зоҳирии он аҳамият медоданд. Барои мусулмонон таҳсили илмро фақат дар омӯхтани догма, фиқҳи исломӣ медиданд ва ҳамин тавр мардумро ба омӯзиши илм ба маънои пуррааш ташвиқ намекарданд.

Мусулмонон аз ҷиҳати мафкуравӣ ба ақибмонӣ шурӯъ намуданд ва тамаддуни исломӣ рӯ ба таназзул овард. Мусулмонон аз ҷараёни инқилоби саноатии ғарб бехабар монданд.

Бар асари ҳамаи ин равандҳо дар тӯли асрҳо пайравони ислом ва тамаддуни исломӣ ба дараҷае заифу нотавон гардиданд, ки ҳатто ягон кишвари исломӣ аз тасарруф ва ишғоли давлатҳои пешрафта эмин намонд. Ҳол он ки Қуръон таълим медиҳад, ки инсон бояд дунёро фатҳ намояд, қонунҳои табиатро чи дар замин ва чи дар осмон ба худ тасхир созад. Чунин ислом ба манфиати миллӣ созгор аст. Исломият бояд омили инкишофи миллат, суботи ҷамъият ва таҳкимёбии давлат гардад.

Баъзеҳо мекӯшанд то моро бовар кунонанд, ки ақибмондагию нотавонии мо ба хости Худост, ҳамчунин мо бояд азобу шиканҷаҳо бикашем, то ба роҳати он дунё комёб гардем...

Мо бояд сари натиҷаҳои ин дунё низ фикр ронем. Моро зарур аст, ки ба хотири таъмини рушди минбаъдаи мамлакат ва болоравии тадриҷии сатҳи зиндагии мардумамон бештар ба самтҳои стратегии тараққиёт нигарем, сари он андеша кунем, ки имрӯз ба чӣ корҳо қодир ҳастем, барои фардо ва даҳсолаҳои наздик чӣ гуна нақшаҳои дурнамо таҳия намоем ва онҳоро чӣ гуна амалӣ созем. Дар баробари ин, муҳофизати Ватан, таъмини амнияти миллӣ, оромиву суботи ҷомеа ва бехатарии марзҳои давлатӣ муҳимтарин вазифаи Ҳукумат ва шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

Бо дарназардошти он, ки мо ҳоло дар марҳилаи нахустини давлатсозии Тоҷикистон қарор дорем ва дар ин давра вазифаи асосии мо аз бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат аст, барои ташаккули механизмҳои воқеии таъмини ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд бори дигар омодагии худро барои ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ эълон медорем.

Ҳамватанони азиз!

Ҷашни даҳсолагии Конститутсия боз як фурсати мувофиқе шуд, ки мо дар бораи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии худ мулоҳиза ронем. Барои ба ин мақсади олӣ расидан мо бояд фосилаи дурудароз, пурпечутоб ва мушкилро тай намоем. Дар ин роҳ Конститутсияи давлати озоду соҳибистиклоламон роҳбаладу роҳнамои мост.

Конститутсияи Тоҷикистон паёми рӯҳи бешикасту озодипарастии миллати тоҷик ба мардумони дунёст, ки аз истиқлолияти давлатии мо бозгӯйӣ мекунад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи ормону ниятҳои ниёгон ва дастури кору зиндагии наслҳои имрӯзу фардои миллати мутамаддини тоҷик аст.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қавлу қасами миллати тоҷик дар назди худ ва аҳли ҷаҳон дар мавриди бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аст.

Муҳимтар аз ҳама, халқи заҳматкаш, бонангу номус ва ватандӯстамон дар бунёди ҷомеаи нав, пешрафти давлат, оромиву суботи ҷомеа такягоҳи мо мебошад. Ва бо чунин қувваи бузург мо итминон дорем, ки Тоҷикистони азизамонро ба қатори кишварҳои пешрафта ва осуда мерасонем.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори даҳсолагии Конститутсия табрик намуда, ба ҳамаатон дар кори ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон пешрафту пирӯзиҳо ва ба ҳар хонадони мамлакатамон осудагиву рӯзгори фаровон орзумандам.

Саломат бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520