Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати фарорасии Соли нави 2003

01.01.2003 00:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Соли нави милодии 2003-юм - соли сеюми ҳазорсолаи нав фаро мерасад. Дар ин лаҳзаҳо чун анъана ҳамаи мо дар гирди дастархони идона ба нақши соли равон дар зиндагии хеш ва ҳаёти кишварамон назар меандозем ва барои оянда пешомадҳои нек орзу мекунем.

Соли 2002-юм ба таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун соли бофайзу баракат, соли таҷлили санаҳои муҳим, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва афзудани нуфузу обрӯи мамлакатамонро дар арсаи байналмилалӣ ворид хоҳад шуд.

Дар давоми ин сол мардуми тоҷик зери парчами вахдати миллӣ ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт.

Муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсию ҷамъиятӣ дар ин давра таҷлили ёздаҳсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, даҳсолагии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даҳсолагии таъсиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ва 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан буданд, ки ҳар кадоми онҳо дар саросари кишвар бо шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн гирифта шуд. Ин ҷашнҳои фархундаи таърихӣ бо шукӯҳу шаҳомати хеш ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва дар айни замон масъулияти ватандории моро афзун намуданд ва бешубҳа то дергоҳ дар хотири мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамзабонону дӯстони бурунмарзиамон нақш хоҳанд баст.

Дастоварди муҳимтарини мо дар давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин аст, ки ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шуд.

Махсусан, ҷашни иҷлосияи таърихии XVI ба маъракаи арзёбии корҳои дар давоми даҳ сол анҷомдодаамон дар бобати таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, густариши ислоҳоти ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ, ба ҷамъбасти марҳилаи пурмасъулият ва пурифтихори таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфт.

Соли равон дар иқтисодиёти миллӣ низ яке аз солҳои бобарор ва идомаи ислоҳоти иқтисодӣ мебошад. Дастовардҳои мо дар аксари соҳаҳои иқтисодиёт аз болоравии мунтазам ва бомароми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, афзоиши истеҳсоли навъҳои содиротии маҳсулот дарак медиҳад, ки ин ҳама нишонаи таъмини суботи тадриҷии иқтисодӣ мебошад. Лекин комёбиву пешрафти то ба имрӯз ноилшудаамон боиси қаноат ва хотирҷамъии мо шуда наметавонад. Чунки андозаи имрӯзаи маош, нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоии аҳолӣ то ба ҳол ҷавобгӯйи талабот нест ва сатҳи зиндагии мардум ҳанӯз паст аст. Ҳамаи ин моро водор месозад, ки андешидани тадбирҳои муассир ва пурсамарро дар ин бахш ва умуман дар таҳкими истиқлолияти иқтисодӣ идома диҳем. Маҳз аз ҳамин рӯ, мо мавҷудияти проблемаи камбизоатиро дар ҷомеаи худамон эътироф намудем ва ба хотири ҳалли тадриҷии он бо истифода аз таҷрибаи созмонҳои байналхалқӣ стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро қабул кардем.

Ҳамаи барномаҳо ва чорабиниҳои иқтисодии Ҳукумат дар давоми се соли минбаъда дар доираи стратегияи мазкур сурат хоҳанд гирифт ва мо умед дорем, ки дар ин муддат ба рушди устувори иқтисодии кишвар ва паст кардани шиддати вазъият дар бобати камбизоатӣ муваффақ хоҳем шуд. Бо ин мақсад мо ҳангоми таҳияи буҷети соли 2003-юм ба самти иҷтимоии он аҳамияти аввалиндараҷа додем ва ба нақша гирифтем, ки 43 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ба соҳаи иҷтимоиёт сарф карда шавад. Ҳамзамон бо ин, дар назди мо вазифаҳои муҳиму стратегие қарор доранд, ки саъю кӯшиши доимии ҳар як фарди бедордилу заковатманд ва бонангу номуси Ватани азизамонро тақозо мекунанд.

Пешрафти минбаъда ва умуман ояндаи Тоҷикистонро бе нерӯгоҳҳои барқи обии Роғуну Сангтӯда ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ тасаввур кардан амри маҳол аст. Бинобар ин дар ояндаи наздик ба анҷом расонидани сохтмони нерӯгоҳҳои Роғуну Сангтӯда ва ба ин восита таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, сохтмони туннели Анзоб, роҳи байналхалқии Қулма-Қароқурум, роҳи Душанбе-Ҷиргатол-Қиргизистон, ҳамчунин рушди маориф, татбиқи барномаи компютерикунонии мактабҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ, тарбияи кадрҳое, ки бо донишу ҷаҳонбинӣ, забондонӣ ва малакаи корӣ ба талаботи меъёрҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ бошанду дар оянда Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин муаррифӣ карда тавонанд, вазифаи стратегии мо мебошанд.

Дар мавриди сиёсати хориҷии Тоҷикистон бояд гуфт, ки мо сиёсати дарҳои кушодаро интихоб ва эълон кардаем. Дар ҳамин замина мо минбаъд низ муносибатҳои неки дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судмандро бо ҳамаи давлатҳое, ки бо мо робита ва ҳамкории беғаразона доштан мехоҳанд ва пеш аз ҳама бо ҳамсояҳои наздиктарини худ, яъне кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш хоҳем дод.

Бо пешниҳоди Тоҷикистон соли 2003-юм аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид Соли оби тоза эълон шудааст. Ин иқдом гувоҳӣ медиҳад, ки садои Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ дар миёни кишварҳои ҷаҳон торафт баландтар мегардад ва муҳимтар аз ҳама, ҳамовозӣ ва дастгирии амалӣ меёбад. Ин боз як далели аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани сиёсате мебошад, ки Тоҷикистон онро устуворона ба амал мебарорад.

Дар шароити глобализатсияи проблемаҳо ва мушкилоти сайёра дар оянда қимат ва аҳамияти об аз нафту газ бештар мегардад. Воқеан, имрӯз ҳам дар ҷаҳон даҳҳо ва садҳо миллион одамон аз сабаби нарасидани ин неъмати худодод азият мекашанд ва ҳатто миллионҳо нафар аз истеъмоли оби ифлос гирифтори бемориҳои гуногун шуда, ба ҳалокат мерасанд. Яъне масъалаи истифодаи об имрӯз ба як проблемаи ҷиддии глобалие табдил ёфтааст, ки фақат тавассути кӯшиш ва иқдоми дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаллу фасл шуда метавонад. Зимнан, соли оянда дар Тоҷикистон оид ба проблемаҳои оби тоза дар сайёра симпозиуми байналмилалӣ баргузор хоҳад гашт.

Тоҷикистон аз давраи аввали соҳиб шудан ба истиқлолият, яъне хеле бармаҳал аз рух додани ҳодисаҳои фоҷиабори 11-уми сентябри соли 2001-ум дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар сафи пеши мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир қарор дошт ва дар сари роҳи ин офатҳои марговар нақши минтақаи буфериро мебозид. Мо, ки оқибати ин падидаҳои зишт бевосита аз сарамон гузаштааст, баъд аз воқеаҳои мудҳиши 11-уми сентябр аз аввалинҳо шуда, узви фаъоли коалитсияи мубориза бар зидди терроризм гардидем. Мо аз ибитдои муборизаи худ байни терроризми байналхалқӣ, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир фарқ намегузоштем, зеро муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир манбаи асосии молиявии терроризм ва экстремизм аст. Бинобар ин, яке аз шартҳои асосии аз байн бурдани терроризми байналмилалӣ нест кардани манбаи ғизобахши он, яъне парваришу қочоқи маводи мухаддир мебошад. Тоҷикистон дар ин самт сол аз сол саҳми фаъолонаи худро гузошта истодааст. Бинобар маълумоти Созмони Милали Муттаҳид имрӯз кишвари мо аз рӯйи ҳаҷми мусодираи қочоқи маводи мухаддир дар миқёси ҷаҳон ҷойи чорум ва дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақоми аввалро ишғол мекунад. Пешниҳоди мо доир ба ташкили коалитсияи мубориза бар зидди маводи мухаддир ба ҷаҳониён аллакаӣ маълум аст. Бори дигар таъкид кардан мехоҳам, ки ин проблема барои тамоми аҳли башар хатари ҷонӣ дорад ва онро танҳо бо кӯшишҳои дастаҷамъонаи давлатҳои ҷаҳон пешгирӣ намудан мумкин аст.

Ҳодисаҳои 11-уми сентябр ҳушдори ҷиддӣ доданд, ки ягон кишвари дунё, хоҳ бузург бошаду хоҳ хурд, дар кадом қитъаи рӯйи замин ҷоӣ нагирифта бошад, ҳар лаҳза метавонад ҳадафи терроризми байналмилалӣ қарор гирад. Зимнан, роҳбарияти бисёр кишварҳои ҷаҳон ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба саҳми Тоҷикистон дар амалиёти коалитсияи байналмилалии зиддитеррористӣ баҳои баланд доданд. Мо инро ҳамчун натиҷаи сиёсати устувор ва оштинопазири Тоҷикистон нисбат ба чунин падидаҳои зишт, ба мисли терроризми байналхалқӣ, ҳама гуна шаклҳои экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир арзёбӣ менамоем.

Вобаста ба фардои кишвари ба мо ҳамсояи Афғонистон бошад, ҳаминро таъкид карданӣ ҳастам, ки ояндаи он дар дасти худи мардуми афғон аст. Мо ҷонибдории худро аз ҳукумати қонунии кишвари ҳамсояамон изҳор намуда, орзуманди таъмини ҳарчи зудтари оромӣ ва суботи комил дарин сарзамини ҷафокашида мебошем.

Дар қатори рӯйдодҳои фараҳбахши соли равон мо ҳамчунин бунёди аввалин кӯпруки дӯстиро, ки ба густариши минбаъдаи робитаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Афгонистон мусоидат хоҳад кард, бо ифтихор ба забон меорем. Ва чунон ки ҳангоми ифтитоҳи ин иншооти дӯстӣ эълон доштам, дар ояндаи наздик сохтмони якчанд кӯпрукҳои дигар низ ба нақша гирифта шудааст.

Мақсади мо аз густариши ҳамкориҳо ва таҳкими робитаҳо бо кишварҳои пешрафта ҳамгироии пурра ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳарчи бештар бархӯрдор шудан аз дастовардҳои тамаддуни муосир, пайвастан ба иқтисодиёти глобалӣ ва шомил шудан ба бозори ҷаҳонӣ мебошад. Мо дар ин раванд манфиатҳои олии давлат ва миллатамонро ҳифз мекунем. Чунки ҳар як давлат, хоҳ хурд бошаду хоҳ бузург, манфиатҳои худро дорад ва барои ҳимояи онҳо талош мекунад.

Тоҷикистон бояд ба ҷомеаи мутамаддин бо симои хоси худ ворид шавад ва дар он мақоми шоистаи худро ишғол намояд. Ба ин хотир, мо бояд ҳар як соли навбатии истиқлолиятро ба зинаи нави ободии Ватан, пешрафти иқтисодиёт, густариши робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва афзудани обрӯю нуфузи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ табдил диҳем.

Мо шукронаи он мекунем, ки соли навро дар фазои сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ, рӯҳияи созандагӣ ва шодмонию рӯҳбаландӣ, бо орзуву ниятҳои нек пешвоз мегирем. Ба нерӯи созандагӣ, фарҳангу хиради азалӣ, қудрати тамаддунофарӣ ва азму иродаи миллати кӯҳанбунёдамон такя карда, бо роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ пайваста пеш меравем.

Ва дар ин лаҳзаҳои пурнишот ба даргоҳи Худованди мутаол дуо мекунем, ки Соли нав барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми бонангу номуси он соли пурфайзу баракат, осудагӣ ва иқболи баланд гардад. Бори дигар фарорасии Соли навро барои ҳар кадоми шумо, ҳамватанонӣ азиз, муборакбод гуфта, ба ҳаммаатон саломатӣ, хушбахтӣ, кушоиши кор ва саодати рӯзгор орзумандам.

Соли наватон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520