Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии занон

06.03.2003 14:00, шаҳри Душанбе

Модарон ва хоҳарони азиз!

Хеле хушҳолам, ки имрӯз дар остонаи иди анъанавии занону модарон боз ба дидори шумо расида, ба ифтихори ин иди фархунда шумо ва тамоми модарону хоҳарони меҳрубон ва сарбаланду баномуси Тоҷикистонро табрик мегӯям.

Ҷашни занон дар байни дигар идҳои милливу байналмилалӣ мақоми хоса дорад ва аз ҷумлаи самимитарин ва зеботарин рӯзҳои сол мебошад. Зеро ин ҷашн ба оғози баҳор, яъне фасли зебоӣ, озодӣ ва шукуфоии табиат, ба оғози фасли умеду орзуҳои неки инсоният баробар меояд. Илова бар ин, занро бе баҳор ва баҳорро бе зан тасаввур кардан аз имкон берун аст. Зан - модар, ки ибтидои ҳастии башарият ва эҳёгари нияту ормонҳои фараҳбахш аст, ҳақ дорад, ки зеботарин рӯзи сол низ аз ӯ бошад.

Беҳуда нест, ки бузургони олам дар назди қадру манзалати зан - модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ӯ воқеан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад. Дар ҳақиқат, мақому мартабаи зан дар ҷомеае, ки худро пешрафтаву мутамаддин мешуморад, басо арзанда ва баланд аст.

Дар таърихи тамаддуни башар шоир, нависанда ё файласуферо пайдо кардан маҳол аст, ки дар васфи зан ва иззату эҳтироми ӯ сухане нагуфта бошад, зеро зан сарчашмаи ҷовидонии ҳаёт ва манбаи эҷод аст. Ниёгони соҳибхиради мо доир ба эҳтирому бузургдошти зан-модар барои наслҳои инсоният суханҳои пурҳикмат ва пурарзиш ба ёдгор мондаанд.

Дар китоби азимушшаън ва каломи лоязолӣ - Қуръони маҷид низ мақоми шоистаи зан, риояи ҳаққу ҳуқуқи ӯ, эҳтиром ва ҳимояи вай борҳо таъкид шудааст. Аз ҷумла Худованд мефармояд, ки "шумо - занҳо ва мардҳо ёвари ҳамдигар ҳастед".

Ғайр аз ин, дар ҳадисҳои Пайгамбари ислом омадааст: "беҳтарини мардҳо касоне ҳастанд, ки бо занҳо муносибати хуб доранд".

Зан - модар, ки офаранда ва тарбияткунандаи авлоди башар аст, ҳаёт ва неъматҳои бузурги он - озодӣ, сулҳ, оромӣ ва осудагиро бештар қадр мекунад.

Ба ин маънӣ, набзи зиндагии башар дар тамоми тӯли таърихи инсоният бо набзи ӯ ҳамсадо, ҳамнаво ва ҳамоҳанг мебошад.

Мо - тоҷикон, ки барҳақ яке аз миллатҳои қадимаву соҳибфарҳанги дунё ҳастем ва нақши тамаддунсозии моро оламиён эътироф кардаанд, аз он ифтихор дорем, ки дар давоми чандин ҳазорсолаи умри миллатамон занону модарони оқил, баномус ва соҳибхирад дар паҳлӯи мардони корзори сарбаландиҳо ва фатҳу кушоишҳо будаанд ва барои озодиву истиқлолияти сарзамини аҷдодӣ далерона талошу мубориза кардаанд.

Модари тоҷик Рӯдакӣ - султони мулки сухани Аҷамро ба дунё овард ва шеъри оламгири ӯро ҳамроҳ бо ҳамосаи мардонагии Фирдавсӣ, осори безаволу наҷотбахши Ибни Сино, ашъори пуршӯр, пур аз ишқу муҳаббат ва панду андарзи Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷомӣ ва дигар фарзандони худро бо забони ширину гуворои тоҷикӣ ва нармиву покии тоҷикона барои наслҳо хонд, аз боду борон ва газанди рӯзгор ҳифз карда, барои наслҳои оянда, аз ҷумла мову шумо ҳамчун мероси падар ба ворисонаш расонд.

Давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, ки орзуи деринаи аҷдодони мо, аз ҷумла занони бофарҳанг, озодидӯст, адолатҷӯ ва тараққихоҳи миллат буд, аз ибтидои ташкилёбии худ ба хотири таъмини мақоми хосаи занон дар ҷомеа ва риояи Ҳуқуқҳои инсонию конститутсионии онҳо ҳамаи тадбирҳои зарурӣ ва имконпазирро андешида ва тибқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ онҳоро татбиқ карда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин давлатҳоест, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ проблемаи баланд бардоштани мавқеи занро дар ҷомеа ба пояи сиёсати давлатӣ ва гузашта аз ин, ба як рукни таркибии сиёсати давлатдорӣ бардошт. Тоҷикистони мо, ки ҳанӯз дар ибтидои шоҳроҳи истиқлолият қарор дошт, дар натиҷаи дасисаҳои қувваҳои дохиливу берунӣ ба озмоиши шадид ва зарбаи ҷонкоҳи ҷанги дохилӣ рӯбарӯ шуд. Занону модарони мамлакат дар айёми пурошӯб ва пурфоҷиаи ҷанги таҳмилии гражданӣ азобу машаққати ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд. 25 ҳазор занон аз шавҳарони хеш маҳрум шуданд, 55 ҳазор тифлон ятим монданд. Бори гарон ва андӯҳи ҷудоии даҳҳо ҳазор қурбониёни ҷанг пеш аз ҳама ба дӯши нозуки занону модарон афтид. Вале занону модарони мо ҳамаи ин талафоту маҳрумиятро босабру хиради азалӣ таҳаммул карданд ва барои сулҳ, оромӣ ва суботи ҷомеа баробари мардон мубориза бурданд.

Бинобар ин, яке аз вазифаҳои муҳимтарини Ҳукумат аз он иборат буд, ки дар доираи имконият занони кишвар бо ғамхорӣ фаро гирифта шаванд.

Ба ин хотир, пеш аз ҳама фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ лозим буд. Маҳз аз ин рӯ, доир ба проблемаи занон як силсила асноди қонунӣ, аз ҷумла чандин фармони Президент ва қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон қабул шуданд. Мо ҳамчунин ба як қатор асноди байналхалқӣ, пеш аз ҳама ба Конвенсия "Дар бораи аз байн бурдани ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон" ва Конвенсия "Дар бораи ҳуқуқи кӯдакон" ҳамроҳ шудем.

Қабули қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи "Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005", фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа", инчунин барномаи давлатӣ дар бораи "Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба ҳуқуқҳо ва имкониятҳои баробари мардону занон" ва санадҳои дигар дар баробари пешбинӣ намудани чорабиниҳо оид ба таҳкими мақоми занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ширкат ва масъулияти онҳоро дар рушди иқтисодиёт, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо зиёд намуд. Дар ин давра ҷомеаи мо хеле пеш рафт, сиёсати бо иродаи халқ пешгирифтаи давлат, яъне ташаккули ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи дунё эътироф ва пазируфта шуд. Бо мақсади татбиқи амалии роҳи пешгирифтаи давлат занон ба ҳамаи соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ҷалб карда шуданд ва ин раванд минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Имрӯз намояндагии занон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият, яъне мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти иҷроия ва судҳо таъмин шудааст. Ба андешаи ман, дар ҷаҳон кам давлате пайдо мешавад, ки дар мақомоти гуногуни он занон мисли Тоҷикистон фоизи баланди намояндагӣ дошта бошанд. Масалан, дар ҳайати аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон занон имрӯз қариб 20 фоизро ташкил медиҳанд, ки чунин нишондиҳандаи баланд дар таърихи парламентаризми кишварамон ҳеҷ вақт вуҷуд надошт (дар Маҷлиси миллӣ аз 33 нафар 5 нафар занон ва дар Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил 11 нафар занон). Аз ҷумлаи занон ҳоло дар вазифаҳои муовинони раисони палатаҳо, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои доимоамалкунандаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон фаъолият мекунанд. Дар ҳайати ҳокимияти иҷроия - аз Ҳукумати марказӣ то ҳукуматҳои маҳаллӣ низ занон дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ кор карда истодаанд.

Аз соли 1997 шурӯъ намуда, бо мақсади тарбияи кадрҳо аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ, пеш аз ҳама аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дар ҳамаи мактабҳои олие, ки аз буҷет маблағгузорӣ мешаванд, квотаи президентӣ ҷорӣ кардем, ки бо истифода аз ин имтиёз то имрӯз 2700 нафар духтарони деҳоти дурдаст ба мактабҳои олӣ дохил шудаанд. Яке аз оқибатҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ ва таблиғоти баъзе гурӯҳҳои экстремистии динӣ боиси зиёни ҷиддии соҳаи маориф низ гардид.

Масъалаи таҳсили духтарон ба яке аз проблемаҳои мушкиле табдил ёфт, ки ҳаллу фасли он вазифаи бетаъхири мо буд. Фақат дар давоми солҳои 1992-1997 шумораи духтарони донишҷӯ аз 48-49 фоизи давраи Шӯравӣ ба 19 фоиз поён фаромад. Аз баъзе ноҳияҳои дурдаст ба мактабҳои олӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ рафтани духтарон ҳатто қатъ гардид. Ин дар ҳоле, ки аз кишвар рафтани мутахассисони соҳаҳои гуногун идома дошт ва дар баъзе ноҳияву маҳалҳои аҳолинишин шумораи боқимондаи мутахассисони баъзе соҳаҳо ангуштшумор гашта буд.

Баъди ҷорӣ намудани квота соли 2001 боз як фармони Президент ва Қарори Ҳукумати Тоҷикистон "Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон аз минтақаҳои дурдаст ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи квотаи президентӣ барои солҳои 2001-2005" қабул шуд. Вале таҳлил нишон медиҳад, ки кори мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия ва вазорату идораҳои дахлдор дар бахши татбиқи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат чандон қаноатбахш нест. Масалан, на аз ҳамаи ноҳияҳо духтарони воқеан лоиқ ва хоҳишманди таҳсил ба мактабҳои олӣ фиристода мешаванд.

Талаботи ноҳияҳо ба кадрҳои дорои ин ё он ихтисос ба инобат гирифта намешавад. Робитаи ҳукуматҳои маҳаллӣ бо фиристодагони худ ва роҳбарияти мактабҳои олӣ суст ба роҳ монда шудааст. Духтарони донишҷӯ бо ғамхории лозима аз тарафи масъулони ҳуқуматҳо ва ҷойи таҳсилашон фаро гирифта нашудаанд. Фаромӯш набояд кард, ки вазифаи ҳукуматҳои маҳаллӣ ва мақомоти дигари дахлдор танҳо бо фиристодани духтарон ба таҳсил ва иҷрои нақша ба охир намерасад. Дастгирии моддӣ ва ғамхории ҳамаҷонибаи онҳо бояд як амали доимии мақомоти зикршуда бошад. Зеро натиҷаи ҳамин беэътиноист, ки танҳо аз чор донишгоҳи пойтахт дар шаш соли охир қариб 200 нафар духтарон таҳсилро тарк кардаанд ё аз мактабҳои олӣ хориҷ карда шудаанд.

Бо истифода аз фурсат таваҷҷӯҳи мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, Вазорати маориф, Кумитаи оид ба корҳои занон ва оила, инчунин Кумитаи кор бо ҷавононро, ки намояндагонашон дар толор ҳузур доранд, бори дигар ба аҳамияти ин масъала ҷалб менамоям. Дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва глобализацияи проблемаҳои ҷаҳонӣ масъалаи баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва маърифати занону духтарон рӯз то рӯз аҳамияти бештар пайдо мекунад. Аз ин рӯ, ғамхорӣ дар ҳаққи таҳсили ҷавонон, аз ҷумла духтарони маҳалҳои дурдаст ғамхорӣ дар ҳаққи ояндаи миллат, густариши маърифати ҷомеа ва ба ин восита таҳкими кудрати Ватан аст. Дар хотир бояд дошт, ки зан ва модари бомаърифат муайянкунанда ва созандаи маърифати миллат аст.

Мо пайвастан ба ҷомеаи мутамаддин ва пешрафтаро мақсаду мароми худ қарор додаем. Барои расидан ба ин ҳадаф мо бояд сатҳи маърифати миллатро баланд бардорем, насли нави дорои тафаккури пешрафтаву созанда ва аз дастовардҳои тамаддуни муосир баҳраварро тарбия намоем. Дараҷаи саводу маърифат ва густариши ҷаҳонбинии нав бошад, танҳо бо роҳи таъмини саводу маърифати зан-модар ба даст меояд. Вобаста ба ин, масъалаи омӯзиши забонро, ки ҳамчунин аз оила оғоз мегирад, бори дигар таъкид менамоям. Занону модарон бояд ифтихор дошта бошанд, ки башарият, аз ҷумла мо - тоҷикон забони худро бо номи забони модарӣ мешиносем.

Дар айни замон, занону модарон масъулияти покизагии забон, сатҳи забондонии фарзандон ва дар баробари ин, омӯзиши забонҳои дигар, аз ҷумла русӣ ва англисиро, ки имрӯз аллакаӣ талаботи ногузири ҷомеаи пешрафта мебошад, ба зимма доранд. Илова бар ин, ҳоло зарурате пеш омадааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон доир ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ тадбирҳои қатъитар ва муассир андешад.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ва ҷалби ҳарчи бештари занони бомаърифат дар корҳои идораи давлат моҳи декабри соли 1999 фармони Президенти Тоҷикистон қабул шуд. Дар натиҷаи татбиқи талаботи ин фармон шумораи заноне, ки ба зинаҳои гуногуни роҳбарӣ тавсия шуданду имрӯз дар вазифаҳои масъул кор карда истодаанд, дар маҷмӯъ нисбат ба давраи то қабули фармон қариб ду баробар афзуд. Ин нишондиҳанда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон се баробар ва дар баъзе минтақаҳои дигар афзоиши аз ин ҳам бештарро ташкил медиҳад.

Имрӯз занон дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёти кишвар қувваи бузургро ташкил менамоянд. Ҳоло қариб 45 фоизи шумораи умумии кормандон, аз ҷумла роҳбарони зинаҳои гуногунро занон ташкил менамояд, ки ин нишондиҳанда аз шумораи миёнаи давлатҳои ҷаҳон 11 фоиз зиёд мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2001 занон дар соҳаи маориф 51 фоиз, тандурустӣ 58,6 фоиз ва фарҳанг 48 фоизро, ки аз он 22 фоизаш занони маълумоти олидор мебошанд, ташкил медиҳанд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам дар мактабҳои мамлакат, хусусан дар деҳот омӯзгорон намерасанд, муассисаҳои табобатӣ, махсусан ноҳияҳои кӯҳистон, бо шумораи зарурии духтурон таъмин нестанд. Дар маҷмӯъ имрӯз дар кишвар зиёда аз 12 ҳазор муаллимон, қариб 3 ҳазор духтурони маълумоти олидор ва 6 ҳазор кормандони миёнаи соҳаи тиб намерасанд. Тасаввур кунед, ки дар се беморхонаи ноҳияи Тоҷикобод ҳамагӣ як духтурзан ба шаш ҳазор оила хизмат мерасонад. Дар ду беморхонае, ки дар деҳоти дурдасти ноҳияи мазкур сохта шудаанд, якнафарӣ духтур кор мекунаду халос. Масъулони соҳаҳо бояд аз ин вазъ хулоса бароранд ва ба хотири рафъи мушкилот тадбирҳои зарурӣ андешанд. Яке аз роҳҳои асосии рафъи мушкилот - ҳамкории ҳарчи бештари вазорату идораҳо бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия ва татбиқи якҷояи чорабиниҳо мебошад.

Ҳукумат аз ҷониби худ асоси ҳуқуқии ҳалли масъалаҳоро ба таври возеҳу равшан ба вучуд овардааст ва минбаъд низ проблемаҳои занону духтарон, пеш аз ҳама тарбияи кадрҳо ва болоравии хизматии онҳоро зери назорати доимӣ қарор хоҳад дод. Мо ҳамчунин шуғли аҳолӣ, яъне бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, аз ҷумла занон, инчунин ҳифзи иҷтимоии онҳоро дар марҳилаи имрӯзаи инкишофи мамлакатамон ба қатори масъалаҳои дорои аҳамияти умумидавлатӣ дохил кардаем ва дар ин бобат минбаъд низ тадбирҳои муассир меандешем.

Дар айни замон, барои ҳалли тадриҷии проблемаи бекорӣ тамоми мақомоти давлативу ғайридавлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, ташкилоту корхонаҳо, ширкату ассосиатсияҳо, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва сохторҳои дигар масъулият доранд.

Яке аз роҳҳои ҳалли масъала ривоҷ додани соҳибкории хурд ва ҷудо намудани қарз ба соҳибкорон, таъмин кардани озодии воқеии соҳибкорӣ ва дигар имтиёзҳо барои шахсоне мебошад, ки ҷойи корӣ муҳайё мекунанд. Вале имрӯз вазъи корҳо дар бобати ба занони соҳибкор додани қарзҳои хурд чандон қонеъкунанда нест ва дар баъзе мавридҳо низоми қарздиҳӣ барои занон қариб дастнорас аст. Дар ин бахш Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои саҳҳомию тиҷоратӣ, ҳамчунин вазорату идораҳои дахлдор, ҳукуматҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва сохторҳои дигар бояд шаклҳои нави ҳамкориро густариш диҳанд.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Чанд муддат мешавад, ки баъзе созмонҳо ва воситаҳои ахбори умум доир ба ҷанбаъҳои ахлоқии занону духтарони тоҷик маводи бӯҳтономез пахш карда, доғдор сохтани чеҳраи тобноки онҳоро ба як равия табдил додаанд. Ғарази пинҳонии муаллифони чунин мавод ғайр аз бадном кардани номи неки занон ҳамчунин ба манфиати баъзе ашхос ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ низ мебошад.

Инсонияти тараққипарвар то ҳанӯз даҳшати сиёсати толибон ва муносибати онҳоро нисбат ба занону духтарон фаромӯш накардааст. Толибон як режими асримиёнагиро ба роҳ монда, ҳуқуқ ва озодиҳои занонро ба дараҷае поймол карданд, ки назираш дар таърих кам дида шудааст. Дар замоне, ки башарият дар фикри пешрафт ва кашфиётҳои нав ба манфиати насли инсон аст, ба чунин рафтору ақидаҳои ҷоҳилона роҳ набояд дод. Инчунин ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки зан пеш аз ҳама шахсият аст. Вақте шахсият соҳиби маърифати баланд шуд, ҳатман аз болои ҷоҳилият пирӯз мегардад.

Албатта, ҳамаи паҳлӯҳои зиндагии ҷомеа дар ягон давру замон бе камбудӣ намешавад ва ахлоқи аъзои ҷомеа низ аз ин қоида истисно нест. Вале вайронии ахлоқ дар байни занони тоҷик ҳеҷ вақт омили муайянкунандаи симои онҳо набуд ва нест.

Баъзе муаллифон ба хотири ҳангомаҷӯйӣ ва зиёд кардани харидори навиштаҳояшон сатҳи пасти зиндагиро сабаби асосии костагии ахлоқи занон нишон медиҳанд. Лекин агар солҳои вазнину тоқатфарсои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва дигар давраҳои душвори таърихи халқамонро ба хотир биёрем, бебунёд будани чунин даъвоҳо равшан мешавад. Зани тоҷик номусу иффати худ ва ахлоқи ҳамидаву покизаи худро дар тӯли тамоми таърих ҳифз кардааст, зеро ин хислат яке аз мушаххасоти барҷастаи ӯ мебошад. Ва бо итминони комил метавон гуфт, ки занону духтарони сарбаланди мо ин хислати қиматро минбаъд низ ҳифз хоҳанд кард.

Хукумати Тоҷикистон масъалаи тандурустии занонро низ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мешуморад. Зеро саломатии зан омили муайянкунандаи генофонди солими ҷомеа ва миллат аст. Яъне танҳо зани солим насли солим ба вуҷуд оварда метавонад.

Мардуми мо занро нуру чароғи хонадон мегӯянд, ки беҳуда нест. Агар ба ин ҳикмат аз лиҳози амалияи иҷтимоӣ назар андозем, то кадом андоза аҳамият доштани саломатии зан - модар ҳам барои хонавода ва ҳам барои ҷомеа ва давлат равшан мегардад. Агар зан - модар сиҳати хуб дошта бошад, хонадони мо ҳамон қадар пурнур ва корҳои аъзои оила пешрав мегарданд, ки ин омил дар навбати худ шарти муҳими осоиши ҷомеа мебошад. Аз ин хотир, саломатии занон муносибати ҷиддӣ ва эҳтиёткорона мехоҳад.

Бо назардошти аҳамияти бузурги иҷтимоӣ ва сиёсии ин масъала, ҳамчунин беҳдошти минбаъдаи вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа соли гузашта мо доир ба проблемаҳои демографӣ ва танзими оила чорабинии махсус гузаронидем. Бояд гӯям, ки бинобар менталитети миллӣ ва ҷаҳонбиниву ақидаи мардуми мо ба муҳокимаи умум гузоштани ин масъала чандон содда набуд.

Ҳарчанд ки теъдоди аъзои оила ва фарзандон кори худи оила аст, лекин вазифаи мо аз ин иборат буд, ки дар бораи оқибатҳои ногувори афзоиши бенизоми аҳолӣ ҳам барои оилаҳо, пеш аз ҳама занон ва ҳам барои ҷомеа ҳақиқати талхро гӯем. Воқеан дар шароити глобализацияи проблемаҳои башарият, бархӯрди манфиатҳои давлатҳои мухталиф аз як тараф ва асри пешрафти бесобиқаи илму техника ва технологияи муосир аз тарафи дигар ҳар як оиларо маҷбур месозад, ки фарзанди солиму ҳушёр, забондон ва дорои ҷаҳонбинии васеъро тарбия намояд. Зан - модар низ ба тақозои замона бояд на аз пайи шумораи зиёди фарзандон, балки дар фикри баланд бардоштани сатҳи маърифати худ, тарбияи хуби фарзандон, ба оянда тайёр кардани онҳо, инчунин хуб дарк кардани ҳуқуқу вазифаҳояш ва мавқеи иҷтимоияш бошад. Бо мақсади мусоидат кардан ба ҳалли вазифаҳои зикршуда баъди гузаронидани чорабиниҳои танзими оила мо Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2003-2015 ва моҳи январи ҳамин сол қарори Хукуматро доир ба тасдиқи Барномаи татбиқи он қабул кардем. Ҳадафи асосии барнома ғайр аз танзими оила ва фароҳам овардани шароит барои болоравии сифати зиндагии аҳолӣ, боз ҳам баланд бардоштани фаъолияти занон дар таҳсил, меҳнат, таъмини иштироки ҳарчи бештари онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мебошад. Ғайр аз ин, мо ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро низ қабул кардем, ки мақсади он таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Вале як нуктаро бояд таъкид намоям: санадҳои иқтисодии қабулкардаамон танҳо ҳамон вақт самара медиҳанд, ки мардум тарзи зиндагии оқилона ва ҳамқадами замонаи пешрафт буданро мароми ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд, нисбат ба тақдири наслҳои оянда, тақдири миллат, Ватан ва давлати худ дилсӯз бошанд. Итминони комил дорам, ки ҳамин тавр ҳам мешавад ва занону модарони мо ҳамчун қувваи бузурги иҷтимоӣ дар иҷрои нақшаҳои ба ояндаи нек нигаронидашуда саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Модари тоҷик, ки дар тӯли асрҳои дароз ба инсоният ҳазорон алломаву нобигаҳоро додааст, сиёсатмадорону давлатдорони бузург, паҳлавонону қаҳрамонони миллатро дар домани покаш парваридааст, имрӯз ва оянда низ қодир аст фарзандоне ба дунё орад, ки номбардорони аҷдоди хирадманду сарбаланди худ бошанд ва ба ганҷинаи тамаддуни башарият мисли гузаштагони хеш дурдонаҳои ноб ҳамроҳ намоянд. Занону модарони оқилу баномуси мо ҳалқаҳои заррини пайванди гузашта бо имрӯзу ояндаи миллати куҳанбунёди мо ҳастанд.

Фарҳанги волои миллати соҳибмаърифат ва тамаддунсози мо аз аллаи ширини тоҷикии занону модарони меҳрубон ва поксиришти мо ибтидо мегирад. Пас меарзад, ки чунин занону модарони фозилро тоҷи сар намоем ва дар назди қадру манзалати олии онҳо мардона сари эҳтиром ва таъзим фуруд орем.

Мехоҳам паёми табрикотии худро бо як байт аз гузаштагони хирадмандамон, ки бозгӯйи ҳадиси Пайғамбари мо мебошад, хотима бахшам:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.

Бори дигар ҳамаи шумо - модарону хоҳарони азизро ба ифтихори идатон табрик мегӯям. Орзуманди саломатӣ, хушбахтии ҳар кадоми шумо ва оромиву осоиши хонадони шумо ҳастам.

Идатон муборак ва хонаатон обод бошад!

Ташаккур!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520