Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати фарорасии Иди Наврӯз

20.03.2003 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Аз рӯйи тақвими куҳани аҷдодӣ ва мизони ҳаракати сайёраҳо пагоҳ ҳудуди шабу рӯз баробар шуда, рӯзи нахустини фасли баҳор - Наврӯз фаро мерасад. Бо омадани Наврӯз ҳар як хонадони кишвари маҳбуби мо аз шодию фараҳ пур мешавад ва пайки Наврӯзӣ хурду калонро ба сӯйи сайргоҳҳои идона ва пешвози суннати қадимаи ниёгони некномамон мехонад.

Мехоҳам дар арафаи фарорасии ин иди шодиву зебоӣ тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳамзабонону ҳамдиёрони бурунмарзиро самимона муборакбод гуфта, барояшон бахту саодат, хонаи обод, зиндагии осуда ва сарсабзию комёбиҳо орзу намоям. Наврӯз дар тасаввур ва оини миллати қадимаи мо ва умуман нажоди ориёи иди пирӯзии нур бар зулмот ва тантанаи некӣ бар бадӣ аст.

Олимону шоирони гузаштаи мо бо иншои рисолаҳои пурарзиши илмӣ ва ашъори оламгир асрори ҳикматҳои Наврӯзро барои ҳамзамонону ояндагони худ кашф ва расму суннатҳои онро васф карда, ба ин тартиб эҳтирому муҳаббати мардумро ба Наврӯз ва пос доштани анъанаҳои наврӯзӣ ҳамвора афзудаанд. Чунончӣ, Фирдавсии бузург ҷашнгирии Наврӯзро ба бузургдошти марзу буми Ватан ва посдории суннатҳои миллӣ пайванд дода, таҷлилгарони онро бо некону родмардон дар як саф гузоштааст.

Муҳаббати ин бузургмард ба оини ҷовидонаи миллат ба дараҷае будааст, ки дар ҷойи дигаре аз "Шоҳнома"-и безаволи хеш аз забони як қаҳрамонаш ба номи Наврӯз савганд ёд кардааст.

Наврӯз, ки як иди хеле табиист, на танҳо ба дили мардумони ориёӣ, балки ба қалби халқу миллатҳои дигар ҳам ба таври ҷовидонӣ маскан гирифтааст. Ин яке аз далелҳои равшани нақши тамаддунсози миллати куҳанбунёд ва фарҳангии мост.

Анъана ва суннатҳои неки Наврӯзӣ дар давоми умри чандинҳазорсолаи худ аз имтиҳонҳои шадиди таърих гузаштаанд ва ҳамчунон пуршукӯҳу шоиставу некӯ то ба даврони мо омада расидаанд. Гарчанде маскани тоҷикон дар давоми таърихи зиёда аз чандинҳазорсолаи пайдоиши Наврӯз макони тохтутозҳо ва лашкаркашиҳо, инчунин ҳукмронии сулолаҳои гуногуни аҷнабӣ гардида бошад ҳам, вале ин иди аҷдодии мо аз байн нарафт. Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро ба монанди забони модарии худ некӯ нигаҳ дошт.

Мардуми мо чун анъана ба истиқболи Наврӯз манзилу кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро тозаву обод мекунад, зеро файзу баракат дар ҷое мерезаду мемонад, ки покизагӣ ва ободӣ бошад. Аз қадим расм шудааст, ки адибон, ровиён, паҳлавонон ва ҳунармандону пазандаҳо ҳунари худро дар сайргоҳҳо ва озмунҳои наврӯзӣ намоиш медиҳанд, зеро пирӯзӣ дар ин айём ифтихори бузург маҳсуб меёбад. Ва муҳимтар аз ҳама мардум дар айёми Наврӯз кинаҳоро аз дилҳо берун месозад, то ҷойи онҳоро шафқату меҳрубонӣ бигиранд, ба дармондагону нодорон дасти ёрӣ дароз мекунанд, то дар ғаму андӯҳ набошанд ва Наврӯзро ба хурсандӣ истиқбол намоянд.

Ин иди некиву покизагӣ аз рӯйи эътиқоди ниёгон ба дастурхони ҳар хонадон файзу баракат оварда, ризқу рӯзии пиру барноро меафзояд ва ба кишоварзон кушоиши кору ҳосили фаровон мебахшад.

Аз ин ҷост, ки мардуми мо Наврӯзро дар давоми асрҳои дароз чун муждаи эҳёи табиат, бедории замин ва коштани нахустин донаҳои умед ба он азизу гиромӣ медоранд ва онро бо дуои хайру орзуҳои нек ва нақшаҳои ободгариву созандагӣ пешвоз мегиранд. Умед дорем, ки Наврӯзи имсола низ бо қадами мубораки худ ба мардуми куҳанбунёд, бофарҳанг ва заҳматдӯсти тоҷик дар роҳи талошҳои созандаву бунёдкорӣ ва марҳилаи ободонии кишвари соҳибистиқлол ва миллати тамаддунсозамон муждаҳои тоза меорад.

Имрӯз мо аз он ифтихорманд ва дилпур ҳастем, ки аз шарофати сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ дар давоми чанд соли охир ҳисси худшиносию ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандорию ватанпарастӣ, пос доштани мероси таърихию арзишҳои фарҳангӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандии халқи тоҷик хеле пеш рафта, ҳамаи ин дастовардҳо моро зина ба зина сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пеш мебаранд.

Мо Наврӯзи имсоларо дар айёме ҷашн мегирем, ки дар саросари мамлакат кору пайкори созандагӣ идома ёфта, нерӯи иқтисодии давлат ва фарҳанги сиёсии миллат таҳким меёбад. Ҳоло мардуми тоҷик дарк намудааст, ки истиқлолияти воқеиро танҳо бо заҳмати гарону созанда, тафаккури пешрафтаю технологияи муосир, эҳсоси гарми ватандӯстию масъулияти баланди шаҳрвандӣ метавон пуштибонӣ кард. Ин рисолати таърихӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ дар шароити хеле ҳассос ва авзои мураккаби сиёсии ҷаҳони имрӯза бар дӯши мову шумо вазифаҳои басо душвор, пурмасъулият ва такдирсозро мегузорад.

Дар пешорӯйи давлати соҳибистиқлоли мо чандин ҳадафи муҳими стратегӣ ва тақдирсоз қарор дорад, ки бо вуҷуди мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ мо бояд пайгирона дар фикри татбиқи амалии онҳо бошем.

Ҳадафи аввалини мо таъмини истиқлолияти озуқавории мамлакат аст, ки баъди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва дигаргунсозии муносибат ба замин натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст. Имрӯз аз ранҷу заҳмати кишоварзони мамлакат ва самараи ҳафтоду панҷ ҳазор гектар замине, ки барояшон ҷудо карда шудааст, дастурхони халқ пурфайз ва рӯзгори мардум ободтар гаштааст.

Мо афзалияти моликияти хусусиро дар истеҳсоли маҳсулоти озуқа сол аз сол бештар мушоҳида мекунем. Хоҷагиҳои шахсӣ аллакай талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти бозори истеҳсолии дохилиро таъмин карда истодаанд. Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба деҳқонони заҳматписанди кишвар барори кор, баракати хирман ва фаровонии нони деҳқониро орзу намуда, ба онҳо ҳамду сано мехонам. Зеро имрӯз дастурхони наврӯзии ҳар кадоми мо аз меҳнати ҳалол, ранҷу заҳмати шабонарӯзӣ ва обилаи дасти марди деҳқон обод аст.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Ҳукумат бо мақсади зина ба зина мустаҳкам кардани иқтидори иқтисодии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Зеро татбиқи сиёсати иҷтимоии оқилона дар чаҳорчӯбаи арзишҳои демократӣ яке аз хадафҳои стратегии мо мебошад.

Ҳуҷҷати стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки ҳамаи барномаҳои иқтисодии Ҳукумат дар зарфи се соли оянда дар доираи он амалӣ хоҳанд шуд, бешубҳа барои беҳтар шудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва шароити зиндагии табақаи камбизоату эҳтиёҷманди мардум мусоидат хоҳад кард.

Инчунин рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ талаботи рӯз мебошад, ки бе густариши онҳо мо ба мақсади ниҳоии худ, яъне расидан ба қатори давлатҳои пешрафта, ноил шуда наметавонем. Чунки равандҳои босуръат идомаёфтаистодаи илмию техникии асри XXI маҳз ба илму дониш, тафаккури пешрафта ва дастовардҳои навтарини техникаю технологияи иттилоотӣ такя менамоянд. Бинобар ин пуштибонӣ аз истиқлолияти комил маърифати баланди сиёсию иқтисодӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва тафаккури навтарини техникию технологӣ ва донистани забонҳоро тақозо мекунад.

Ҷомеае, ки ба заковати фитрӣ ва нерӯи созандаи халқ такя намекунад ва ҳадафҳои бузурги бунёдкориро пайгирона амалӣ намесозад, дер ё зуд гирифтори пойбандии иқтисодию иҷтимоӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, ман эътимоди комил дорам, ки сиёсати созандагию бунёдкорӣ аз ҷониби коргарону муҳандисон, роҳсозону нақбканон, сохтмончиёну соҳибкорон ва сарварони бахшҳои истеҳсолоту корхонаҳои саноатӣ ва тамоми фарзандони бонангу номуси миллат пуштибонии доимӣ пайдо карда, ба истиқлолияти комили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бурда мерасонад.

Болоравии фарҳанги сиёсӣ ва маънавииаҳли ҷомеаимрӯз ба устувор шудани пойдевори фарҳангии давлатдории мо мусоидат мекунад. Беҳуда нест, ки мо сиёсати фарҳангиро як рукни муҳими сиёсати давлатдорӣ мешуморем. Зеро фарҳанг арзишҳои маънавии наслҳоро фаро гирифта, хотираи таърихии миллат, дастоварду арзишҳои фарҳангии мамлакат ва нуфузу эътибори давлати соҳибистиқлоли миллиро дар арсаи ҷаҳонӣ таҳким мебахшад.

Дар ин раванд мо аз зиёиён, олимону шоирон ва нависандагони азиз, алалхусус аз кормандони воситаҳои ахбори умум умедҳои зиёд дорем. Зеро фарҳанг ҳастии миллат буда, зиёиён раҳнамо ва парчамбардорони пешоҳанги он мебошанд.

Дар айёми фарорасии Наврӯз ба ҳамаи зиёиёни мамлакат илҳому сарсабзиҳо орзу намуда, умед мебандам, ки онҳо дар пуштибонии фарҳанги миллат ва рушду нумӯи ҷаҳони маънавии наслҳои имрӯзу оянда нерӯи эҷодии хешро дарег намедоранд.

Воқеан Наврӯз ва дигар оину суннатҳои миллии мо маҳз ба шарофати осори безаволи ниёгони бофарҳангамон ва зиёиёни баномуси имрӯзаамон зинда мондаву эҳё шудаанд. Аз ин рӯ, бо назардошти саҳм ва нақши зиёиён дар бедории зеҳнии мардум, таҳқиқ ва таблиғи таъриху анъанаҳои фарҳанги миллӣ, густариши ғояҳои худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи наслҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ пешниҳод менамоям, ки бистуми марти ҳар сол ҳамчун рӯзи зиёиёни эҷодкор ҷашн гирифта шавад.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам як нуктаи дигарро хотирнишон созам: ҷашн гирифтани Наврӯз танҳо аз гузаронидани ду-се намуди мусобиқа ва пухтани чанд намуд таоми одатии ҳаррӯза бо истифодаи маҳсулоти зиёд, аз ҷумла куштани чорво иборат нест.

Миллати мо анъанаҳои зиёди таърихӣ дорад, ки ташкили мушоираву байтбарак, гузаронидани мусобиқаҳои гуногун, сайру гаштҳои оммавӣ ва ғайра аз ҳамин ҷумла мебошанд. Пухтани таомҳои миллӣ аз гиёҳҳои баҳорӣ, навъҳои гуногуни нон, оростани хони ҳафтсину ҳафтшин, аз расмҳои хеле хуби миллиамон буд. Фикр мекунам, ки эҳёи онҳо ба рангоранг шудани ҷашнҳои наврӯзӣ ва густариши анъанаҳои фарҳангии мо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Тавре ки чанд рӯз пеш дар чорабинии бахшида ба рӯзи занон таъкид кардам, модарон сарчашмаи ҷовидонаи ҳаёт ва офарандаи хушбахтӣ ва нуру зиёи зиндагӣ ҳастанд.

Имрӯз зани тоҷик на танҳо модари мушфиқу меҳрубон ва ғамхори ҳамешагии оила аст, балки пеш аз ҳама шахсият ва узви комилҳуқуқи ҷомеа, роҳбари кордон, ҷамоатчии фаъол ва фарди созандаю бунёдгари давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мост. Наврӯзро ба модарону хоҳарони меҳрубон табрик гуфта, боварӣ дорам, ки онҳо қабл аз ҳама дар рушди маънавиёти ҷомеа, пешрафти иҷтимоиёт ва фарҳанги кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

Ҷавонон ворисони ояндаи миллат, соҳибони Ватани аҷдодӣ ва такягоҳи боэътимоди давлат мебошанд. Ҷавонони мамлакатро, ки баҳори умеду орзуҳои мо ҳастанд, бо фарорасии иди Наврӯз табрик намуда, ба ҳамаашон умри бобаракат, пешравӣ ва ҷӯяндагию офарандагӣ орзумандам. Мо аз ҷавонони кишвар умед дорем, ки вақтро ғанимат дошта, ба хотири ояндаи неки Ватан донишомӯзӣ, забондонӣ, азхуд кардани техникаву технологияи навтаринро мақсаду мароми худ ва гузашта аз ин, вазифаи муқаддаси ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд.

Ниёгони мо чаҳор унсури табиат - хоку бод ва обу оташро муқаддасу гиромӣ дошта, онҳоро манбаи ҳастии табиат ва инсон мешуморанд. Имрӯз дар оғози ҳазорсолаи сеюм, ки бӯҳрони экологӣ шиддат гирифта, миллионҳо нафар сокинони олам аз нарасидани оби тоза танқисӣ мекашанд, соли 2003-юм бо пешниҳоди Тоҷикистон соли байналхалқии оби тоза эълон шудааст. Мо аз он сарфарозем, ки Наврӯзи имсола дар баробари дигар афзалиятҳояш ба Наврӯзи покизагии муҳити зист ва истифодаи оқилонаи обу замин табдил ёфта, суннати аҷдодии моро мазмуни тоза мебахшад.

Тоҷикистони азизу маҳбуби мо кишвари обҳои поку зулол, қуллаҳои сарбаланд ва табиати зебою нотакрор аст, ки дар қаламрави он манзараҳои чаҳор фасли солро мебинем. Вале, ба назари ман, рӯҳи фарзонагони бонангу номусаш аз қуллаҳояш баландтар, азму иродаи матини фарзандони ватанпарвараш аз санги хоро қавитар ва дили софу бекинаи халқи заҳматқаринаш аз оби чашмасоронаш покизаву зулолтар аст. Ва ман бо дили пур аз ифтихору боварӣ халқи бофарҳанг, соҳибхирад ва сарбаланди Тоҷикистонро табрик намуда, орзу мекунам, ки Наврӯзи имсола ба хирмани деҳқон файзу баракат ва ба хонадони ҳар кадоми шумо саломатӣ ва саодат биёрад.

Хонаатон ободу дилатон саршори шодиҳои наврӯзӣ бод! Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520