Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо cокинони ҷамоати деҳоти Шуғнови ноҳияи Ховалинг

15.10.2011 17:00, ноҳияи Ховалинг

Ҳамдиёрони мўҳтарам!
Ҳозирини гиромӣ!

Тавре дар хотир доред, ду моҳ қабл зимни сафари корӣ ба ноҳияи зебоманзари Ховалинг дар хусуси дастовардҳои ноҳия ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар мамлакат сўҳбат намуда, ҷиҳати вусъат бахшидани ҳалли масъалаҳои гуногуни ҳаёти ноҳия андешаронӣ карда будем.

Тағйирёбии ҳамарўзаи вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла афзоиши рўзафзуни шумораи аҳолии сайёра, баландшавии қимати маводи озуқа ва болоравии арзиши сўзишворӣ, инчунин хушксоливу камобии зуд-зуд такрор шудаистода моро водор менамояд, ки ба масъалаи рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт, истифодаи ҳамаҷонибаву самараноки имконияту захираҳои дохилӣ ва таҳкими иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ таваҷҷўҳи махсус зоҳир намоем.

Бо ҳамин мақсад дар даврони истиқлолият тавассути татбиқи «Барномаи рушди соҳаи коркарди тилло ва нуқра барои солҳои 2002–2010» дар кишвар як қатор корхонаҳои нави саноатӣ таъсис дода шуданд.

ҳамзамон бо ин, дар натиҷаи ҳалли саривақтии мушкилоти корхонаҳои соҳа афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, зиёдшавии шумораи ҷойҳои нави корӣ, пардохти андозҳои давлатӣ ва ворид гардидани техникаву технологияи муосир таъмин карда шуд.

ҳамин тавр, ба мо муяссар шуд, ки суръати пастшавии истеҳсоли металлҳои қиматбаҳоро, ки аз соли 2004 ба мушоҳида мерасид, боз дорем ва барои сол то сол афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти ниҳоии металлҳои қиматбаҳо чораҳои судманд андешем.

Тавре ки маълум аст, металлҳои қиматбаҳо дар баробари истифодаи васеъ ҳамчун мол ва воситаи арзишу ченак дар мубодилаву тиҷорат, ҳамзамон дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла дар истеҳсоли микроэлементҳои электронӣ, саноати ҷавоҳирот, тандурустӣ ва ғайра васеъ истифода мегарданд.

Бо дарназардошти маҳдудияти захираҳои металлҳои қиматбаҳо дар қаъри замин ва талаботи рўзафзун ба он, алалхусус дар давраи бўҳрони молиявию иқтисодӣ, металлҳои қиматбаҳо аз ҷумлаи эътимодноктарин воситаҳои дороӣ буда, сармоягузорӣ барои истеҳсоли бештари ҳамаи намудҳои он барои боз ҳам ғанӣ гардидани буҷети давлат хизмат мекунад.

ҳамин тавр, бо ма?сади рушди металлургияи ранга дар се соли охир ба корхонаҳои соҳа зиёда аз як миллиард сомонӣ сармояи ватаниву хориҷӣ ҷалб карда шудааст.

Дар натиҷа ба ҳолати имрўза дар соҳаи саноати маъдан қариб 5 ҳазор нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мебошанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 800 нафар зиёд мебошад.

Бояд қайд намуд, ки корхонаҳои саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳои мамлакат дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 554 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 150 фоизро ташкил медиҳад.

Дар асоси «Барномаи рушди заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015» корхонаҳои заргарии мамлакат суръати афзоиши маҳсулотро аз тилло ва нуқра нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 ду баробар зиёд кардаанд.

Дўстони азиз!

Дар ноҳияи Ховалинг дар давоми нўҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 70 миллион сомониро ташкил додаст, ки ба 140 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар мебошад.

Мавриди зикри хос аст, ки чанд сол қабл истеҳсоли маҳсулот дар Корхонаи муштараки «Дарвоз» ба талабот ҷавобгўй набуда, ҳаҷми истеҳсоли он сол аз сол тамоюли коҳишёбӣ дошт. Махсусан, дар зарфи солҳои 2003-2007 ҳаҷми истеҳсоли тилло ҳамасола ба таври назаррас кам гардида, дар соли 2007 ҳамагӣ 48 фоизи нишондиҳандаи истеҳсолии соли 2003 - ро ташкил намудааст.

Дар баробари ин, қарзҳои кредиторӣ ва қарзи маоши кормандони корхона зиёда аз 13 миллион сомониро ташкил дода, фаъолияти молиявии корхона зараровар гардида буд.

ғайр аз ин, техника ва таҷҳизоти истеҳсолии собиқ корхонаи муштараки «Дарвоз» фарсуда шуда, коэффитсиенти истифодабарии онҳо 15–20 фоизро ташкил медод.

Бинобар ин, ҳукумати мамлакат бо мақсади эҳёи корхона, таъминот ва навсозии воситаҳои истеҳсолот, барқарор намудани иқтидори лоиҳавии он ва ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар заминаи корхонаи муштараки «Дарвоз» аз моҳи октябри соли 2008 корхонаи махсуси давлатии «Тиллои тоҷик»-ро таъсис дод.

Дар натиҷа дар як муддати кўтоҳ вазъи молиявӣ ва истеҳсолии корхона ба эътидол оварда, қарзҳои кредиторӣ ва маоши кормандон давра ба давра пардохт карда шуданд. Аз ҷумла қарзҳои бонкӣ, музди меҳнат ва дигар қарзҳои кредиторӣ ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ пардохт гардиданд.

Дар баробари ин, бо мақсади мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии корхонаи мазкур дар солҳои 2008-2011 37 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда, коргоҳ бо 33 адад техникаи замонавӣ таъмин гардид.

ҳамаи ин чораҳо имкон доданд, ки истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо дар корхонаи «Тиллои тоҷик» аз соли 2007 то инҷониб ҳамасола аз 30 то 35 фоиз афзоиш ёфта, соли 2010 дар муқоиса бо соли 2007 2,4 баробар афзоиш ёфтааст.

ҳоло ҳиссаи корхонаи мазкур дар пурра гардонидани хазинаи давлатии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо 75 - 80 фоизро ташкил медиҳад. Барои иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ аз буҷети давлатӣ 80 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардида, ҳоло ҳаҷми маҳсулоти молӣ бошад, 115 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Саҳми корхонаи «Тиллои тоҷик» дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии минтақа хеле назаррас мебошад. Аз ҷумла, нигоҳдории зиёда аз 70 километр роҳи автомобилгарди Ховалинг – Сиёфарк – минтақаҳои кории корхона ва 18 пул ба зиммаи корхона гузошта шудааст.

Танҳо дар соли 2010 ва нўҳ моҳи соли 2011 барои нигоҳдории роҳи мазкур зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

Соли ҷорӣ корхонаи «Тиллои тоҷик» тибқи нақшаи рушди саноати маъдан бо дарназардошти қарзҳои солҳои пешин истеҳсоли 500 килограмм металлро ба нақша гирифтааст. Бо ин мақсад тибқи сметаи хароҷотии корхона аз буҷет 53 миллион сомонӣ ҷудо гардида, аз ин 19,4 миллион сомонӣ барои хариди таҷҳизот, техника ва лавозимоти зарурӣ равона шудааст.

Корхона дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ 189 килограмм маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоишро нибат ба ҳамин давраи соли гузашта 94,3 фоиз таъмин намудааст ва ҳоло дар он зиёда аз 600 нафар коргарон фаъолият менамоянд.

Вобаста ба масъалаи рушди минбаъдаи соҳаи металургияи ранга ва бо дарназардошти тағйироти иқтисодиву молиявии ҷаҳони имрўза, аз ҷумла болоравии мунтазами арзиши металлҳои қимматбаҳо, алалхусус нархи тилло ба вазоратҳои энергетика ва саноат ва молия зарур аст, ки ҷиҳати суръатбахшии фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои соҳа чораҳои зарурӣ андешанд.

Илова бар ин, бо дарназардошти мавсимӣ будани истеҳсоли маҳсулот корхонаи «Тиллои тоҷик»-ро зарур аст, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид нақшаи солонаи истеҳсолиро пурра таъмин намояд.

Бояд гуфт, ки минтақаи Шугноб дар замонҳои қадим яке аз мавзеъҳои асосии истихроҷи тилло дар Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, аз асри чоруми то солшумории мо дар ин ҷо мардум ба истеҳсоли тилло шуғл доштаанд. Соли 1976 ҳангоми иҷрои корҳои истихроҷи маъдан дар ҳудуди кони Ёхсу тангае ёфт шуд, ки ба ақидаи мутахассисон ба давраи давлатдории Кушониҳо тааллуқ дорад.

Маълумоти аввалини илмӣ оид ба тиллои ҳавзаи дарёи Вахшро ҳанўз дар осори муаллифони араби асри 8 вохўрдан мумкин аст. Таҳқиқоти бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дараҷаи баланди истеҳсоли тилло ба асрҳои 7-8-ум рост меомадааст. Эҳтимол меравад, ки оғози коркарди тилло дар ҳавзаи дарёи Ёхсу низ ба ҳамин давра тааллуқ дорад.

Нақши истеҳсолкунандагони тиллои он замонро мо имрўз дар мавҷуд будани хоктўдаҳои қадимаи конҳои тилло, дарёфт гардидани маснуоти зебу зиннат, тиру пайкон ва зоғнўлҳо мушоҳида мекунем.

Тибқи маълумот корҳои иктишофӣ дар водии рўдҳои Ёхсу ва Сафеддара аз солҳои 1926 - 1927 оғоз ёфта, бо таваққуфҳои гуногунмуддат то солҳои 1981- 1985 идома ёфтаанд ва баъди бозистии охири солҳои 80 – ум то ҳол давом доранд.

Аз ин рў, вобаста ба масъалаи дақиқ муайян кардани захираҳои тилло дар кони Ёхсу то ҳол норавшаниҳо вуҷуд доранд ва бинобар ин вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки барои пешгирӣ кардани қочоқ захираҳои конҳои зикршударо бори дигар ҳисоб карда, барои зиёд намудани ҳаҷми истихроҷ корхонаро бо таҷҳизоти муосир таъмин намоянд.

ҳамчунин зарур аст, ки сохтмони манзилҳои истиқоматӣ дар минтақаҳои кони тиллои азбайнрафтаи Ёхсу ва мавзеъҳое, ки ба гузаронидани корҳои иктишофию геологӣ зарурат доранд, аз тарафи мақомоти дахлдор, пеш аз ҳама мақомоти прокуратура, амният ва дигар роҳбарону масъулони ноҳия пешгирӣ карда шавад.

Дар сурати кушодани минтақаҳои нави истеҳсолӣ ва ба роҳ мондани корҳои истихроҷӣ дар мавзеъҳои иҷозатномадори кони тиллои Ёхсу, мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии корхона шароити то ба як тонна расонидани истеҳсоли тилло ва таъсис додани зиёда аз 200 ҷойи нави корӣ фароҳам мегардад.

Бояд қайд кард, ки сарфи назар аз мушкилоти молиявӣ ҳамасола барои дастгирии корхона ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии он ва харидории таҷҳизоти зарурии истеҳсолӣ дар буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои зарурӣ пешбинӣ карда мешаванд.

Вале бо вуҷуди ин, дар фаъолияти истеҳсолии корхонаи «Тиллои тоҷик» як қатор камбудиву норасоиҳо ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла, нақшаи истеҳсоли металл дар нўҳ моҳи соли 2011 таъмин нагардидааст.

Инчунин то ҳол таъмини ҳифзу нигоҳдории металлҳои қиматбаҳо ба талабот ҷавобгўй набуда, дар самти пешгирии талафоти он ва беҳтар намудани таъмини амнияти корхона андешидани тадбирҳои иловагӣ зарур мебошад.

Вобаста ба ин, Вазорати молия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва роҳбарияти корхонаи «Тиллои тоҷик»-ро зарур аст, ки ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти истеҳсолии корхона, истифодабарии самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини амнияти корхона, инчунин истеҳсоли ғайриқонунии маҳсулот чораҳои иловагӣ ва қатъӣ андешанд.

Вазорати молия вазифадор карда мешавад, ки доир ба хариди тилло аз аҳолӣ дар доираи қонунҳои амалкунанда чораҷўӣ намояд.

ҳамзамон бо ин, дар ноҳияи Ховалинг дигар корхонаҳои коркарди саноати маъданҳо, аз қабили коргоҳҳои зарш?ии «Одина» ва «Помир», корхонаҳои «Кофтукови ганҷ», «Союз - Зар» ва «Абдулазиз» дар қитъаҳои кони пошхўрдаи тиллои Ёхсу фаъолият дошта, маоши миёнаи коргарон дар ин корхонаҳо қариб 1500 сомониро ташкил медиҳад.

ҳоло дар коргоҳҳои мазкур якҷоя бо Корхонаи «Тиллои тоҷик» беш аз 900 нафар сокинони ноҳия ба ҷойи кор таъмин буда, зиёда аз 60 фоизи даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби пардохти андози онҳо иҷро карда мешавад.

Дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои зикргардида ба маблағи зиёда аз 60 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин назар ба соли 2010 20 миллион сомонӣ ё 1,4 баробар зиёд мебошад.

Зарур аст, ки ин тамоюли мусбатро нигоҳ дошта, истеҳсоли маҳсулот бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда торафт зиёд карда шавад.

Дар ин раванд ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки манфиати давлат ва халқ аз тамоми манфиатҳои дигар афзалтар аст. Ба ин хотир, пурзўр намудани низому тартибот ва танҳо дар чорчўбаи қонун амал кардан вазифаи ҳар як роҳбар, мутахассис ва коргари қаторӣ мебошад.

ҳозирини мўҳтарам!

Самти дигари рушди иқтисодиёти ноҳия соҳаи кишоварзӣ буда, то ба имрўз барои афзоиши нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ хеле корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.

Дар баробари ин, барои тараққӣ додани чорводорӣ, боғу токпарварӣ, кишти картошкаву занбўриасалпарварӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳои истифоданашуда ҳанўз хеле зиёданд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар давоми нўҳ моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 89 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31 фоиз зиёд мебошад. Махсусан, дар ин давра истеҳсоли картошкаву мева аз 2 то 3 баробар зиёд гардидааст.

ҳамзамон бо ин, мехоҳам таъкид намоям, ки дар ноҳия барои васеъ намудани майдони кишти картошка шароиту имкониятҳо мавҷуд буда, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва кишоварзони ноҳияро зарур аст, ки бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ба масъалаи истифодаи самараноки обу замин аҳамияти махсус зоҳир намоянд, ки ин омили муҳимтарини баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таъмини корхонаҳои саноатии коркарди маҳсулот бо ашёи хоми ватанӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти имкониятҳои бисёр мусоиди иқлими ноҳия дар бобати ташкили боғу токзорҳои нав, зиёд кардани истеҳсоли мева ва маҳсулоти хоҷагии ҷангал, картошкапарварӣ ва ба роҳ мондани коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ бори дигар таъкид менамоям, ки бояд дар навбати аввал ба масъалаи баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, истифодаи оқилонаву сарфакоронаи обу замин ва миданияти заминдорӣ таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

ҳозирини гиромӣ!

ҳадафи асосии давлат ва ҳукумати мамлакат тавассути рушди босуботи иқтисодӣ таъмин кардани болоравии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар мебошад.

Тавре ки шумо огоҳ ҳастед, мо ҷанбаи иҷтимоии буҷети давлатиро сол аз сол таҳким бахшида, мунтазам зиёд намудани музди меҳнат, таъминоти нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоиро ҳамчун самти аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлат ҳисоб мекунем.

Масалан, соли оянда ба соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 5 миллиард сомонӣ равона мегардад, ки ин нисбат ба хароҷоти соли ҷорӣ 24 фоиз зиёд буда, қариб 50 фоизи ҳаҷми умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Ё худ танҳо дар даҳсолаи охир буҷети умумии тараққиёти но?ияи Ховалинг қариб 80 миллион сомониро ташкил дода, барои кўмаку дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ, сохтмони иншоот, роҳҳо ва монанди инҳо равона карда шудааст. Дар ин давра аз буҷети ҷумҳуриявӣ 20 миллион сомонӣ маблағҳои субвенсионӣ ва 22 миллион сомонӣ барои пардохти нафақа ҷудо карда шудааст.

Дар натиҷаи чораҳои андешидаи давлат ва ҳукумати мамлакат ва меҳнати созандаву бунёдкоронаи аҳолии ноҳия дар давоми нўҳ моҳи соли ҷорӣ даромади дохилии буҷети ноҳия 167 фоиз иҷро гардида, 5,2 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Илова бар ин, дар ин муддат барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ноҳия аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба ноҳия 3,2 миллион сомонӣ субвенсия ҷудо карда шудааст, ки ин 38 фоизи хароҷоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ташкил медиҳад.

ҳоло дар ноҳия дар доираи татбиқи 3 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 2,3 миллион сомонӣ корҳо дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, сохтмони мактаб, дастгирии бахши кишоварзӣ ва пешгирии хавфи обхезӣ иҷро шуда истодаанд.

ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини эҳтиёҷмандон бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ соли 2010 бо қарори дахлдори худ дар ноҳияи Ховалинг барои зиёда аз 1100 оила ҷиҳати сохтмони манзилҳои истиқоматӣ 94 гектар замин ҷудо намудааст.
ҳукумати мамлакат минбаъд низ андешидани тадбирҳои заруриро доир ба фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои аҳолӣ, аз ҷумла мардуми заҳматкаши ноҳияи Ховалинг идома медиҳад.

Дар робита ба ин, бори дигар зикр менамоям, ки ба масъалаҳои сарфаю сариштакорӣ, риояи муқаррароти қонун дар бораи танзими расму оин ва маросимҳои миллӣ, таълиму тарбияи фарзандон, ободу зебо гардонидани маҳалҳои зист, таъмиру таҷдид кардан ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳу пулҳо бояд ҳамеша аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.

Мо бояд доим шукрона кунем, ки Ватани озоду соҳибихтиёр дорем ва дар фазои озоду осудаи он кору фаъолият менамоем. Зеро баракати хонадон ва пешрафти зиндагии ҳар як сокини кишвар аз сулҳу суботи ҷомеа, тарбияи дурусти фарзандон вобаста буда, ақлу заковати афроди миллат ва заҳмати содиқонаву софдилонаи ҳар як сокини мамлакат омили муҳим ва шарти асосии пешрафти ҷомеа ва таҳкими нуфузи Тоҷикистон дар арсаи олам мебошад.

Барои амалӣ гардидани ин ниятҳои неку созанда ба ҳамаи шумо – сокинони бонангу номус ва сарбаланду қавииродаи ноҳияи Ховалинг барори кору осоиши рўзгор орзу менамоям.

Ҳамеша сиҳатманду комёб бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520