Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия

05.11.2002 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои азими халқи мо мебошад. Аз ин рӯ, ҳар сол рӯзи ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани онро мо бо шукӯҳу шаҳомати тоза таҷлил менамоем.

Аҳамияти таърихии ин санади асосии меъёрию ҳуқуқӣ, ки сиёсати давлат ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт муқаррар намудааст, ниҳоят бузург аст. Аввалан, он дар шароите таҳия ва ба муҳокимаи умум гузошта шуда буд, ки гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ ҳанӯз барои амалӣ гардидани ҳадафҳои худ вобаста ба сохтори давлатдорӣ талош доштанд. Сониян, бо дарназардошти иродаи аксарияти мардуми кишвар мураттаб ва қабул гардидани Конститутсия ба нофаҳмиҳо ва саволҳои сершумори онҳое, ки ба ояндаи Тоҷикистон чандон эътимод надоштанд, ҷавоби амиқ дод.

Роҳи интихобкардаи мо, яъне эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ мувофиқи иродаи кулли мардум мебошад. Ба шарофати сиёсати пешгирифтаамон дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати комил таъмин гардид, ки имрӯз таҳким ва ҳифзи онҳо қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад.

Аз рӯзи қабул карда шуданаш Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони чи дохилию чи хориҷӣ ва коршиносони созмонҳои байналхалқӣ баҳои баланд гирифта буд. Чунки он ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам мазмун ҷавобгӯйи меъёрҳои демократикунонии ҷомеа мебошад.

Дар навбати худ тамоми санадҳои қонунгузории мамлакат тадриҷан бо ин ҳуҷҷати такдирсоз мутобиқ карда шуд, ки дар натиҷа ба демократикунонии ҷомеа ва рушди ислоҳоти иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам омад.

Ҳамин тариқ, дар давоми ҳашт соли баъди қабул гардидани Сарқонун ҷомеаи мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ба пешрафт ноил гардид. Пеш аз ҳама ҳисси худшиносиву ватанпарастии мардум баланд гардида, волоияти қонун торафт таҳким меёбад, ки ин омилҳо истиқлолияти воқеии давлатамонро таъмин менамоянд.

Ҳамватанони гиромӣ!

Конститутсияи мо ба мисли чароғи роҳнамоест, ки ҷомеаро ба ояндаи нек раҳнамун месозад. Он меҳварест, ки тамоми нерӯҳои созандаи кишварро дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун муттаҳид менамояд.

Бинобар ин, ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Конститутсия самимона табрик намуда, ба ҳар хонадони Тоҷикистон рӯзгори осуда ва шодмониҳо орзумандам.

Ҳамеша тансиҳату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520