Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат

20.03.2002 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Дӯстони гиромӣ!

Ман имрӯз намехоҳам он чиро, ки дар суханронии худ соли гузашта гуфта будам, такрор намоям, зеро дар ҷараёни як сол дар бораи проблемаҳои фарҳанги миллӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо муҳокимарониҳо ва баҳсҳо зиёд буданд. Фақат мехоҳам хотирнишон созам, ки зиёиёни кишвар, олимону нависандагон, оҳангсозону санъаткорон, актёрону режиссёрон, ноширон ва рӯзноманигорон, хулоса ҳамаи равшанфикрони ҷомеаи мо барои пешрафти соҳаҳои гуногуни фарҳанги миллӣ заҳмат кашиданд ва барои то дараҷае беҳтар шудани корҳо кӯшиш намуданд.

Ҷараёни корҳои мусбате, ки дар ин як соли охир анҷом ёфтанд, исбот кард, ки мардуми кишвар, махсусан зиёиён, сиёсати роҳбарияти давлатро дар соҳаи илму фарҳанг пуштибонӣ менамоянд ва барои зина ба зина амалӣ шудани он беш аз пеш саъю талош мекунанд.

Чунон ки аз гузоришҳои имрӯзаи масъулони соҳа дида мешавад, талаботи рӯзафзуни ҳаёти ҷомеа ва ҳисси масъулияти ватандорӣ ва давлатдорӣ олимон, адибон, кормандони фарҳанг ва воситаҳои иттилооти оммаро ба фаъолияти пурсамар ва муассир ҳидоят намуд.

Муҳимтарин рӯйдоди сиёсию фарҳангии мамлакатамон - ҷашни 10-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бори дигар собит кард, ки обрӯю нуфузи байналмилалии кишварамон рӯз то рӯз меафзояд, раванди тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат рӯ ба беҳбудӣ аст. Кулли зиёиён ин ҷашнро бо ҳисси ифтихори бузург аз давлатдории миллӣ ва истиқлолияти сиёсию фарҳангӣ истиқбол карданд. Мо аз он хушнудем, ки зиёиёни кишвар ба ояндаи саодатманди халқамон ва тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистони ҳуқуқбунёди демократӣ ва дунявӣ самимона эътимод доранд.

Дар мулоқоти соли гузашта гуфта будам, ки дар марҳилаи қомат рост кардани ҷомеа қисми асосии зиёиёни мо дар бораи дарҳам шикастани монеаҳои навсозӣ ва бартараф кардани оқибатҳои ҷанги гражданӣ то ҳанӯз сухани муассир нагуфтаанд ва пешниҳодҳои судманд ба миён нагузоштаанд.

Вале, бо гузашти як сол метавон гуфт, ки баъди мулоқоти мо чи дар ҷараёни омодагӣ ва гузаронидани ҷашни даҳсолагии истиқлолияти Тоҷикистон ва чи баъд аз он, дар соҳаҳои асосии илму фарҳанг корҳои ҷиддӣ сурат гирифтанд. Толорҳои театрҳо ва биноҳои консертии мо, ки чанд муддат аз тамошобинон холӣ буданд, ҳоло аз нав ба ҷои истироҳати маънавӣ ва фарогати ҷавонон ва муштоқони санъати миллӣ табдил ёфтаанд. Як силсила асарҳои нав ва ҷолиб ба вуҷуд омаданд, ки ифодакунандаи рӯҳи замони истиқлолият ва таҷассумкунандаи ифтихори таърихию миллии мо мебошанд. Дар асарҳои ба мардум пешкашнамудаи адабӣ ва фарҳангӣ мавзӯъҳое, ки ба худогоҳии миллӣ марбутанд, бештар инъикос гардиданд.

Мо баъд аз ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён дар самти худогоҳӣ ва боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ ба натиҷаҳои назаррас соҳиб шудаем. Имрӯз аз муносибату муомилаи мардум мебинем, ки шууру ҷаҳонбинии одамон, хусусан ҷавонон, хеле дигаргун шудааст.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки ҷавонон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе бештар намунаи одобу маданият зоҳир менамоянд. Онҳо ба варзиш ва чорабиниҳои консертию театрӣ, таҳсил ва тиҷорати оқилонаю маданӣ рӯ овардаанд. Наврасону ҷавонони мо торафт ба табақаи инъикоскунандаи симои фарҳанги миллиамон табдил ёфта истодаанд.

Вале он чи то имрӯз ба даст овардаем, ҳаргиз чунин маъно надорад, ки мо ҷомеаи худро пурра фарҳангӣ кардаем. Ҳанӯз камбудиву мушкилиҳо зиёданд, ки онҳоро бо аҳли зиёи кишвар якҷоя бояд бартараф намоем.

Мутаассифона, баъзан чунин ҳам мешавад, ки мо худ бароямон бе ҳеҷ зарурат проблема эҷод мекунем. Масалан, ман соли гузашта дар суханрониям махсус доир ба забон ҳамчун муҳимтарин рукни ҳастии миллат хеле муфассал таваққуф карда, таъкид карда будам, ки мо пеш аз ҳама барои рушди забони давлатӣ тадбирҳои лозимӣ андешида, танҳо дар ҳамин замина омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан забонҳои русӣ ва англисиро вусъат медиҳем.

Аз касе пӯшида нест, ки забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллат аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллӣ, ифтихори ватанпарастӣ ва ҳувияти давлатдориашро аз даст дода, ба забону тамаддуни халқиятҳои бегона мегаравад ва оқибат завол меёбад.

Дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ин гуна мисолҳо хеле зиёданд. Забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ ва дунё волотарин меросест, ки аз ҳазорсолаҳои дур чун дурдонаҳои пок то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст.

Бузургтарин вазифаи ҳар фарде, ки даъвои фарҳангу забон мекунад, нигаҳбонию пос доштани ин мероси муқаддас ва ба наслҳои оянда расонидани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули точикӣ мебошад. Зеро забон моли халқ, мероси миллат ва сармояи маънавии давлати соҳибистиқлол аст. Ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки аз номи миллат ҳукм барорад, фарҳангу забонашро зери шубҳа гузорад ё бо ҳидояти хоҷаҳои хориҷии хеш ҳақиқати таърихро инкор намояд.

Забони тоҷикӣ дар асоси Конститутсия ба сифати забони расмии давлатӣ қабул гардида, аз ҷониби давлат пуштибонию дастгирӣ мебинад.

Ин таъкиди ман на танҳо ба ҳисси муҳаббат ва эҳтиром ба забони модарӣ асос ёфтааст. Мо аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷиро барои вусъати ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии мардумамон хуб дарк мекунем, ба мақом ва нақши забонҳои хориҷӣ, хусусан забони русӣ дар интишор ва густариши илму фарҳанги муосири тоҷик арҷ мегузорем.

Дар баробари ин ғамхорӣ ва пуштибонӣ аз забони давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ, вусъат бахшидан ба фазои амали он дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар низоми давлатдорӣ, асоси сиёсати давлатии мо буд ва мемонад. Ин як амри таърих, шарти истиқлолияти давлатӣ ва тақозои ҳувияти миллии мо мебошад.

Аз ҳамаи шумо хоҳиш мекунам, ки ба масъалаи забони модарӣ ҳамчун ба арзиши волотарин ва бунёдии миллат муносибат намоед.

Дӯстони азиз!

Ҳанӯз ҳам робитаи байни аҳли фарҳанг ва илм бо мардум беҳбуди ҷиддитарро тақозо дорад. Ман соли гузашта дар ин мавзӯъ низ сӯҳбат карда будам. Хусусан ҳоло, ки марҳилаи созандагию бунёдкорӣ фаро расидааст, ба минтақаҳои гуногун сафар кардани адибону ҳунарпешагон ва ба замини дили мардуми заҳматкаш пошидани донаи маърифат айни муддаост. Бо халқ, ки рӯбарӯ шуда, сӯҳбатҳо баргузор намудед, он вақт ҳам сафи хонандаи китобатон ва ҳам шунаванда ва тамошобини асаратон меафзояд.

Як замон Иттифоқи нависандагон аз барӯмандтарин ташкилотҳои эҷодии мамлакат буд ва дар байни зиёиён нақши пешсафиро адо менамуд. Мутаассифона, Иттифоқи нависандагон ин мавқеъро солҳои охир аз даст додааст. Хусусан адибони мо ба назди мардум кам мераванд, бо халқ кам ҳамсӯҳбат мешаванд. Роҳбарияти Иттифоқи нависандагон ҳарчи аз мо хоҳиш кард, аз рӯи имкон қабул кардем.

Барои харидории нақлиёт, таъмири бино маблағ ҷудо кардем, ки барои ба ноҳияҳо рафтани адибон, кори эҷодии онҳо дар Иттифоқи нависандагон имконияти бештар фароҳам оварда шавад. Лекин натиҷаи кор он қадар ҳам чашмрасу қаноатбахш нест. Умедворем, ки фаъолият дар ин самт ҷоннок карда мешавад.

Ё худ иттиҳодияҳои дигари эҷодиро мисол мегирем, ки ҳар кадомашон собиқаи беш аз нимасра доранд. Ман иттифоқҳои оҳангсозон, меъморон, синамогарон, журналистон, ходимони театр ва дигар созмонҳои эҷодию ҷамъиятиро дар назар дорам, ки нерӯҳои бузурги зиёиён ва офарандагони асарҳои санъати нафисаро гирд овардаанд.

Модоме, ки ҳадафи асосии мо бунёди давлати соҳибистиқлоли миллии демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд бошад, бояд аз таърихи истиқлолият, бурду бохтҳо, мушкилию дардҳои истиқлолият ва роҳҳои бартарафсозии онҳо асарҳо эҷод намоем.

Ман чандин китобҳои шеъру газалҳои шоирони ҷавонро варақ задаам. Аксари шеърҳо ба тарҷумаи ҳол, дарду ғами шахсии шоир ва мусибату сахтиҳои зиндагӣ мансубанд. Дарди иҷтимоӣ ва проблемаҳои ҷомеаро кам дар худ ғунҷондаанд. Ҳар асари арзанда, ба назари ман, бояд бори иҷтимоии замонро бикашад, мардумро рӯҳбаланд созад.

Дар сӯҳбати имрӯза аз вазъи тарбия кардану ба воя расонидани оҳангсозони касбии ҷавон изҳори ташвиш карда шуд. Ин масъала бисёр ҷиддист. Вазоратҳои фарҳанг ва маориф бояд ин проблемаро ҳамаҷониба омӯхта, ба Ҳукумат пешниҳодҳо манзур намоянд. Вобаста ба ҳамин масъала бояд бигӯям, ки мо на аз ҳамаи имкониятҳо ва усулҳои тарбия ва ҳавасманду дилгарм кардани ҷавонон истифода мебарем. Дастгирӣ кардани ҷавонон аз як тараф барои рушди соҳаҳои гуногуни фарҳанги мусиқӣ мусоидат намояд, аз ҷониби дигар барои дарки саҳеҳи симои гуногунрангу пурҷилои Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷониби ҷаҳониён хеле муҳим аст.

Мехоҳам дар бораи фазои иттилоотии кишвар, вазъи воситаҳои иттилооти омма ва фаъолияти кормандони ин соҳа чанд сухан гӯям. Ин ҷо бамаврид аст, ки бори дигар баҳои баланди устод Айниро марбут ба нақши рӯзномаю маҷаллаҳо ва умуман воситаҳои ахбори умум дар зиндагии ҷомеа ёдрас намоем: "Халқе, ки рӯзнома надорад, кӯру нобино аст".

Дар баробари ин фаромӯш набояд кард, ки имрӯз, вақте ки мо дар оғози асри нав қарор дорем ва шоҳиди дастовардҳои беназири ақли инсонӣ, технологияи нав ва глобализатсияи равандҳои ҷаҳонӣ ҳастем, нақш ва масъулияти воситаҳои иттилоотӣ дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ бағоят бузург аст.

Матбуоти тоҷик собиқаи тӯлонӣ ва анъанаҳои хуб дорад, ки бояд онҳоро пайваста идома дод ва тақвият бахшид. Мо имрӯз бо ифтихор таъкид мекунем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 300 номгӯӣ рӯзномаву маҷалла ва агентиҳои иттилоотӣ мавҷуданд.

Солҳои охир дар Тоҷикистон воситаҳои гуногуни алоқаи электронӣ, алалхусус интернет густариш ёфта истодаанд, ки мо инро падидаи нек арзёбӣ менамоем. Гап дар сари он ҳам нест, ки фазои иттилоотии кишварҳои мутамаддинро дар шароити кунунии пешрафти илму техника бе ин воситаҳои алоқа тасаввур кардан мумкин нест. Гап дар сари он аст, ки мо тавассути интернет ба фазои иттилоотии ҷаҳон пайваста, аввалан, аз маҷрои беинтиҳои ахбор ба таври васеъ баҳравар мешавем, сониян, имкониятҳои мо дар кори тарғибу муаррифии Тоҷикистон ба оламиён садчанд меафзоянд.

Матбуоти тоҷик чун узви комилҳуқуқи воситаҳои иттилоотии ҷаҳон дар расондани ахбори дақиқ ва ҳақиқатнигорона хизмати арзанда мекунад. Мо бояд озодии суханро, ки яке аз меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ аст, ба таври воқеӣ қадр кунем ва аз он пурсамар истифода барем.

Бо зуҳури давлати соҳибистиқлоли миллии тоҷикон дар рӯзгори ҷомеаи мо таҳаввулоти ҷиддӣ ба амал омад, пояҳои давлатдорӣ гузошта шуданд, дар иқтисодиёт ислоҳоти куллӣ шурӯъ гардид. Аҳли қалам, ки дар идораи рӯзномаю маҷаллаҳо, телевизион ва радио фаъолият мекунанд, ба инъикоси равандҳои ҷомеа бояд аз ҳамин нуқтаи назар муносибат намоянд ва бо сухани волои худ барои татбиқӣ ғояҳои бузурги умумимиллию давлатӣ - худшиносии миллӣ, ваҳдат ва ягонагии халқи тоҷик, густариши арзишҳои бузурги умумиинсонӣ, бунёди давлати демократӣ мубориза баранд. Мо инро на фақат аз аҳли қалам, адибон ва рӯзноманигорон, балки аз ҳамаи зиёиёни бедордилу миллатдӯст интизор ҳастем.

Дар масъалаи нашр ва ба мардум дастрас гардонидани рӯзномаю маҷаллаҳо тадриҷан пешравӣ ба назар мерасад. Номгӯӣ ва шумораи воситаҳои иттилооти омма сол то сол зиёд шуда, мазмуну мундариҷаашон низ рӯ ба беҳбудист. Лекин ҳанӯз ҳам гуфта наметавонем, ки рӯзноманигорони мо ба таҳлилу таҳқиқи амиқи рӯйдодҳои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, мушкилоти мавҷудаи ҳаёти ҷомеа, ҷустуҷӯ ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли онҳо ҷиддан даст зада бошанд. Мо дар ин роҳ аз рӯзноманигорон мавқеи фаъолтар ва иқдомоти судмандро интизорем.

Фазои иттилоотии кишвари мо аз лиҳози фарогирии мардум бо пахши барномаҳои телевизиону радиои тоҷик хеле беҳбудӣ мехоҳад. Аз ин ҷиҳат хусусан вазъи ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд, тобеи марказ ва минтақаҳои кӯҳистон ташвишовар аст. Холигоҳи иттилоотиро дар аксари ноҳияҳои номбаршуда пахши барномаҳои телевизиони кишварҳои хориҷӣ пур мекунанд. Натиҷаву оқибатҳои чунин ҳолат маълум аст: аҳолӣ аз ҳаёти сиёсиву иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ бехабар мемонад ва ба сиёсату идеологияи бегона мегаравад.

Мо, албатта, кӯшиш хоҳем кард, ки чунин вазъият ислоҳ гардад. Лекин то он дам интизор набояд шуд. Ба ин гуна ҷойҳо рӯзноманигорон, адибон, олимон ва ҳунарпешагон, хулоса гурӯҳҳои эҷодӣ бештар сафар карда, бо аҳолии он ҷойҳо сӯҳбатҳои маърифатӣ баргузор намоянд, натиҷаҳои хубро интизор шудан мумкин аст.

Дар воситаҳои иттилооти оммаи хориҷӣ пахши ахбори ғаразолуду ғайривоқеӣ, нашри китобу мақолаҳои иғвогарона дар бораи вазъ ва рӯйдодҳои Тоҷикистон идома дорад. Муаллифони чунин маводу мақолаҳо, ки аксари мутлақашон фармоишӣ мебошанд, мисли солҳои пешин кӯшиш мекунанд, ки Тоҷикистонро дар назари ҷаҳониён ҳамчун кишвари бесуботу ноором, роҳи қочоқи маводи мухаддир ва умуман як нуқтаи доғи олам нишон диҳанд.

Мо, албатта, наметавонем талаб кунем ё ҳатто орзу дошта бошем, ки тамоми воситаҳои иттилооти омма ва мухбирони хориҷӣ ба кишвари мо, ба миллати мо назари хушбинона дошта бошанд. Ҳамчунин кӯшишҳои аз ҷониби баъзе шахсони ғаразноку авомфиреб дар баъзе кишварҳои ҳамсоя дар бобати таҷдиди назар, яъне ревизия кардани таърихи миллати тоҷик, носазо гуфтан дар ҳаққи ӯ ва бешармона моли худ нишон додани авроқи пуршарафи зиндагиномаи ин миллати куҳанбунёди Осиёи Марказӣ ба назар мерасад. Ин кӯшишҳо пештар ҳам буданд, вале имрӯз аз нав авҷ гирифтаанд. Ин падидаи номатлуб оқибати нек надорад, зеро он на танҳо бар хилофи ҳақиқати таърих мебошад, балки, ҳарчанд ки бебунёд аст, метавонад ҷавононро гумроҳ созад ва муносибатҳои дӯстонаи халқҳои моро сард намояд.

Бояд ҳамагон донанд: илм, таърихи инсонӣ ба мисли сангҳои қимматбаҳо мебошанд, ки боди айём метавонад гардолуд кунад, вале ҳамзамон, чун онҳоро тоза кунӣ, боз ба мисли офтоб медурахшанд. Бинобар ин кӯшишҳои олимтарошони тангназар бо мақсади нопоки таҳриф сохтану барғалат нишон додани таърихи миллати тоҷик, нодида гирифтани дастовардҳои тоҷикон ва гузашта аз ин, бешармона дастдарозӣ кардан ба онҳо кори беҳуда аст. Таърих ва ҳофизаи инсониятро фиреб дода намешавад. Дар айни замон хабару мақолаҳои тӯҳматомезро, ки ба шаъну шараф ва иззати нафси миллат ва давлатамон мерасанд, тамоман беҷавоб гузоштан низ хуб нест. Рӯзноманигорон, сиёсатшиносон, аҳли илму фарҳанги мо дар ин мавридҳо набояд хомӯширо ихтиёр намоянд.

Бо назардошти вазъи геополитикии кишварамон, рушди рӯзафзуни технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва таъсиру нуфузи иттилооти омма ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба мо зарур аст, ки консепсияи ташаккул ва рушди фазои ягонаи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва захираҳои дахлдори иттилооти давлатиро таҳия, баррасӣ ва қабул намоем.

Мо як чизро бояд хуб дарк намоем: инсоният дар тӯли ҳазорсолаҳо як фарҳанги бузурги муштаракро ба вуҷуд овардааст, ки дастоварди ҷовидонаи аҳли башар аст. Ин тамаддуни бузургро ба гулдастаи зебо ва муаттар шабоҳат додан мумкин аст. Миллати кӯҳанбунёди тоҷик ба ин гулдастаи умумӣ як гули бисёр пурҷило ва ба таври ҳамеша тару тозаро ҳамроҳ кардааст.

Вақте ки мо имрӯз дар бораи нақши тамаддунсозии миллати тоҷик дар ақсои олам ҳарф мезанем, метавонем бо ифтихор гӯем, ки маҳз ҳамин фарҳанги куҳан ва пургановати миллати тоҷик, олами беинтиҳо ва пургуҳари маънавиёти тоҷикон, сулҳпарварӣ ва башардӯстии азалии халқи мо имкон доданд, ки мо ба оташи ҷанг хотима бахшем ва дар фарҳанги сулҳи ҷаҳонӣ як саҳифаи нодир, як боби муассир ва ибратомӯз кушоем, ки ҳоло таваҷҷӯҳи оламиёнро ба худ кашидааст.

Мо бо ин гуфтанӣ ҳастем, ки миллати кӯҳанбунёди тоҷик, ки чун миллати тамаддунсоз эътироф гардидааст ва фарзандони фарзонаи ин миллат ситорагони тобноки тамаддуни умумибашарӣ ба ҳисоб мераванд, ҳаққу ҳуқуқи комил дорад, ки на танҳо аз гузаштаи бой ва рангини худ ифтихор намояд, балки анъаноти муқаддас ва ҳуввияти нотакрори ориёиашро маҳфуз дорад ва ба он нерӯи нав бахшад.

Ман дар суханрониҳои хеш борҳо гуфтаам ва ҳоло бори дигар такрор мекунам: ҷомеаи мо озод аст ва мо аз ҳама дастовардҳои барои мо муфиди кишварҳои пешрафтаи дунё истифода мекунем.

Арзишҳои пурқимати умумибашарӣ барои мо ҳаргиз бегона набуданд ва нахоҳанд буд. Мо аз Ғарб бисёр чизҳоро, аз ҷумла асосҳои иқтисоди бозорӣ ва моделҳои демократиро омӯхта истодаем. Вале ин ҳаргиз тақлиди кӯркӯрона нест. Мо ҳарчи аз дигарон қабул мекунем, бояд ба ин амал эҷодкорона муносибат кунем ва вобаста ба шароити кишвар ва ҷаҳонбинии халқи хеш татбиқ намоем.

Мо саъю кӯшиши худро ба он равона сохтаем, ки бо мурури замон Тоҷикистони мо дар миёни кишварҳои мутамаддини ҷаҳон мавқеъ пайдо кунад, вале дар баробари ин мо таърих, фарҳанг, анъанот ва маънавиёти бисёрҳазорсолаи худро ҳифз мекунем.

Дар сафарҳои хориҷии худ борҳо аз забони ашхоси гуногун, ки аз таърихи миллати мо воқифанд, шунидаам: мардумони Ғарб дарси одобу ахлоқ, меҳру муҳаббат, самимияти баланду меҳмоннавозӣ, хайрхоҳӣ, ватандорию миллатдӯстиро бояд аз шумо, тоҷикон, омӯзанд.

Умуман, ба фикри ман, прагматизми Ғарб ва маънавиёти Шарқ набояд муқобили якдигар бошанд, балки якдигарро пурра намоянд. Ман аз шумо, зиёиёни мӯҳтарам, хоҳиш менамоям, ки сари ин мавзӯъ амиқ андеша кунед.

Фаромӯш набояд кард, ки мафҳуми башардӯстӣ, яъне гуманизм аз ҷониби аҷдоди хирадманди мо эҷод шудааст ва суханони ҷовидонаи "Гуфтори нек, пиндори нек, кирдори нек" бори аввал дар сарзамини ориёии мо ба фалак печидаанд.

Бори дигар таъкид мекунам, ки ҳифзи ҳувияти миллӣ ва ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо вазифаи муқаддаси насли имрӯза ва минбаъдаи миллати тоҷик аст, ки баъд аз ҳазор сол соҳиби давлати хеш ва номи баланд дар арсаи ҷаҳон гардидааст.

Дар ҳар як марҳалаи таърихӣ, ки як замон ба замони дигар табдил меёбад, арзишҳои нав тавлид мешаванд ва афкори ҷомеа тарҳи тоза ба худ мегирад, мардум ба каломи оташбор ва илҳомбахши аҳли зиё бештар ниёз доранд.

Ба ёд овардани он кофист, ки дар замони пуризтироби худ Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ ва ҳамсафони онҳо чи инқилоби фикрие дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ карда, ба мардум пайки субҳро оварда буданд.

Имрӯз, вақте ки зарурати таҳкими истиқлолият ва пояҳои давлатдории миллии тоҷикон, тарғиби ғояҳои ягонагии кишвар ва ваҳдати комили миллат ҳамчун омили асосии наҷот ва рушди минбаъдаи он ба миён омадааст, аҳли зиё, аҳли қалам набояд шабеҳи булбулоне бошанд, ки ба гуфти Ҳофизи бузург дар мавсими гул хомӯшанд. Дар ҳоле, ки дарёи зиндагӣ ҷӯш мезанаду талотум мекунад, аҳли зиё, ки таҷассумгари нерӯи зеҳнии ҳар як миллату давлат мебошанд, наметавонанд чун як тамошобини бетараф бархӯрди мавҷҳоро аз соҳил назора кунанд.

Ман ҳар фарди зиёиро чун зарраи хуршед медонам, ки бо худафрӯзӣ, худфарсоӣ ва талошҳои пайгиронааш оламеро равшан мекунад, дили инсонҳоро ба фардои нек гарм месозад, шӯълаи умедро меафрӯзад, масъалаҳои умумимиллиро ба миён мегузорад ва ҳамзамонони худро ба корҳои созандагӣ ба нафъи миллату Ватани хеш ва тамоми аҳли башар ҳидоят менамояд. Ин аст рисолати асосӣ ва ҳамешагии зиёиёни ҳақиқӣ дар назди миллати хеш. Танҳо дар ҳамон сурат аҳли илму адабу ҳунар ҳамдаму ҳамнафаси халқи худ мегарданд ва ба ҷавҳару пайкари бани одам пайванди ҷовидона меёбанд.

Чунон ки огоҳӣ доред, чанде пештар як маҷлиси васеъ ба масъалаи вазъи демографӣ ва танзими оила бахшида шуда буд. Ба нақша гирифтани оила ва тарбияи насли солим як проблемаи муҳими фарҳангӣ низ мебошад. Амалӣ намудани чорабиниҳои вобаста ба танзими оила ва бо ҳамин роҳ расидан ба рушди устувори ҷомеа кори чандон осон ва кӯтоҳмуддат нест, балки як раванди тӯлонӣ ва заҳматталаб мебошад. Дар ҳалли ин проблема зиёиён бояд саҳми муносиб дошта бошанд. Нақши зиёиён дар баланд бардоштани сатҳи моддию маънавии оила, ташкили зиндагии бошууронаи оилавӣ ва ба имконият мутобиқ кардани шумораи фарзандон, афзудани гамхории мардон нисбат ба саломатӣ ва фарҳанги зан - модар бояд назаррас бошад.

Мо доир ба масъалаи танзими оила ва аз он пештар дар бораи ба танзим даровардани расму оинҳо ду чорабинии махсуси умумиҷумҳуриявӣ гузаронидем. Мақсади мо аз машваратҳои зикршуда ин буд, ки диққати мардумро ба аҳамият ва зарурати танзими таваллуд ва расму оинҳо, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум ба хотири таъмини осудагии рӯзгори халқ ҷалб намоем.

Ба андешаи ман, бо имкониятҳои маҳдуд фарзанди зиёд таваллуд кардан ва баъд як умр барои хӯрондану пӯшондани онҳо, тӯю маъракаҳои зиёди серхароҷоте, ки барои ҳар як фарзанд оростан лозим меояд, шабу рӯз заҳмат кашидан тарзи солим ва оқилонаи зиндагӣ нест. Дар чунин шароит ва бо ин аҳвол, табиист, ки тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии кӯдак, таълим ва ҷаҳонбинии ӯ ва умуман инкишофи ҳамаҷонибаи насли оянда ба навбати дуюм мегузарад. Ҳоҷат ба гуфтан надоранд, ки ояндаи ҷамъият, давомдиҳандагони кори мову шумо, зиёиёни мӯҳтарам, чӣ гуна хоҳад шуд.

Акнун худатон қазоват кунед, агар зиёиён дар кишвар шуури мардумро равшан ва зиндагии ӯро пурмазмун насозанд, ин рисолатро кӣ анҷом медиҳад? Албатта, баъзеҳо дар бораи таъминоти моддӣ бештар масъалагузорӣ мекунанд. Беҳбуди вазъи ҷамъиятро танҳо ба маош ва дастгириҳои моддии давлат вобаста медонанд ва ҷиҳатҳои маънавиро камаҳамият мешуморанд. Ин ақида чандон дуруст нест.

Ба назари ман, зиёиён бояд роҳбаладони огоҳи мардум ба зиндагии оянда бошанд, азму боварии халкро ба созандагию ободкорӣ ва маънавиёти баланд қавӣ гардонанд. Ин кор вазифаи зиёиёни воқеӣ, соҳибдил ва собитқадам мебошад.

Вобаста ба ҳамин мавзӯъ мехоҳам ақидаи худро роҷеъ ба зиёии ҳақиқӣ баён намоям. Баъзеҳо зиёӣ гуфта шахси соҳиби маълумоти олӣ ва дипломдорро мефаҳманд. Ин фаҳмиш ноқис аст. Зиёӣ будан фақат маънои таҳсилкардаву донишандӯхта буданро надорад. Мо бисёр касонро медонем, ки таҳсилкарда, дипломдор ва нотиқ ҳам буданд, вале барои роҳи дурустро ба мардум нишон додан, дили ӯро ба ояндаи нек ва ҳадафҳои олии умумиинсонӣ гарм кардан қодир набуданд.

Пас, зиёӣ будан гайр аз соҳибмаълумот ва донишманд будан дили васеи пурмеҳр доштан, ватанпарасту меҳнатдӯст будан, соҳиби хислатҳои инсонпарварӣ ва башардӯстӣ будан аст. Аз кинаву ҳасад, худбиниву ҷоҳталабӣ, сарватпарастӣ ва дигар хислатҳои бад, ки зараровари ҷомеа мебошанд, озод будан, дигаронро низ тарбият карда, фазилатҳои беҳтарини ахлоқию инсониро талқин намудан беҳтарин нишонаҳои зиёӣ ё худ интеллигенти ҳақиқии миллат аст.

Дар гузаштаи начандон дури таърихи миллати мо даҳҳо ва садҳо нафар шахсоне зиндагиву кор кардаанд, ки дар фаъолият ва андешаи онҳо ифтихори миллӣ бо меҳнатдӯстию хоксорӣ, масъулиятшиносӣ бо ҳисси ғамхорӣ дар ҳаққи дигарон сахт омезиш ёфта буд.

Зиёӣ будан маънои нисбат ба худ серталаб буданро низ дорад. Зиёии ҳақиқӣ дар ҷодаи соҳибмаърифат кардани ҷомеа, баланд бурдани сатҳи шуур ва покизагии ахлоки мардум бедареғ заҳмат мекашад.

Боз як сабақи таърихиро азхуд кардани зиёиён, ба назарам, хеле муҳим аст. Ин устуворӣ дар мавқеи сиёсӣ, зиракӣ дар шинохти манфиатҳои миллӣ, парвариш ва талқини ҳисси ватанпарастӣ, оштинопазир будан бо ҷаҳолат ва хурофоту таассуб мебошад.

Устод Айниро мисол мегирем. Мударриси забардаст буд, динро ба дараҷаи аъло медонист. Китоберо низ бо номи "Заруриёти диния" таълиф карда буд. Вале дар тамоми асарҳояш бо таассубу ҷаҳолат мубориза мебурд. Барои ба давлатҳои бедору пешрафта баробар кардани Ватанаш, то сатҳи миллатҳои мутараққӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқаш фидокорона ҷаҳду талош меварзид.

Воқеаҳои Афғонистон нишон доданд, ки чунин шахсиятҳои бузурги фарҳангӣ ба мисли устод Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода барои ҳар халқ зарур мебошанд. Таҷрибаи чунин шахсиятҳои бузург барои ба маҷрои дурусти зиндагӣ ва самти солими рушди фарҳангӣ ҳидоят намудани ҷомеа хеле муҳим аст.

Зиёиёни мо имрӯз вазифаи басо пурмасъулият ва ниҳоят муҳими таърихиро ба зимма доранд. Шумо медонед, ки терроризми байналмилалӣ ва нашъамандӣ ба офатҳои хатарноктарини ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Нашъамандӣ, мутаассифона, дар кишвари мо низ шумораи зиёди ҷавононро ба гирдоби ҳалокатбори худ кашида истодааст. Зиёиёни мо барои аз ин варта наҷот додани наврасону ҷавонон бояд корҳои зиёдеро анҷом диҳанд. Онҳо метавонанд пеш аз ҳама ба солимгардонии фазои ахлоқию маънавии ҷамъият таъсири зиёд расонанд.

Мо ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии ба муносибатҳои бозорӣ асосёфта месозем. Ин роҳ роҳи бебозгашт аст. Маҳз табақаи зиёиёни кишвар барои қадам ба қадам амалӣ шудани ин ҳадафи олӣ ҳамроҳ, ҳамфикр ва такягоҳи давлат мебошанд.

Вобаста ба масъалаи мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ ва умуман вазъи амнияти минтақа мехоҳам илова намоям, ки бо вуҷуди амалиёти дастҷамъонаи кишварҳои гуногун бар зидди терроризми байналмилалӣ дар Афғонистон, вазъият ҳанӯз ҳам мураккаб аст.

Тавре ки чанд рӯз пештар дар мулоқоти гайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Алмаато хотирнишон сохтам, аз рӯзҳои нахустини соҳиби истиқлолият шудани худ Тоҷикистон таҳти таъсири омилҳои хатарноке, ки аз қаламрави Афғонистон ибтидо мегиранд, яъне вуруди силоҳ, маводи мухаддир, қувваҳои террористӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ғайра қарор гирифт.

Бо дарки оқибатҳои фалокатбори ин омилҳо барои амнияти минтақа ва ҷаҳон мо борҳо таваҷҷӯҳи оламиёнро ба ин масъала ҷалб намудем, созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои ҷаҳонро ба ҳамкорӣ даъват кардем. Қариб чор сол пеш Тоҷикистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ҳатто ташкили минтақаи амниятро дар атрофи Афғонистон ҳамчун яке аз тадбирҳои зарурӣ пешниҳод карда буд. Вале ҷомеаи башарӣ, бисёр роҳбарону сиёсатмадорон ҳатто дар Осиёи Марказӣ то ҳодисаҳои 11 сентябр қазияи Афғонистонро нодида гирифтанд. Ва чунон ки мебинем, кор ба амалиёти миқёсан васеъ, серхароҷот ва серталафоти низомӣ омада расид.

Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин давлатҳо буд, ки амалиёти зиддитеррористиро пуштибонӣ ва дастгирӣ намуд, яъне мо дар мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ мавқеи худро ба ҳеҷ ваҷҳ дигар накардем ва сиёсати худро тағйир надодем.

Ҳамчунин мехоҳам хотирнишон созам, ки интихоби роҳи ояндаи Афғонистон кори худи халқи афғон аст. Мо дар навбати худ Афғонистони ҳамсояро ҳамчун кишвари ором ва холӣ аз ҳар гуна хатар барои мамлакатҳои ҳамҷавори он дидан мехоҳем. Ғайр аз ин, мо кӯшиш мекунем, ки дар кори аз нав барқарор кардани Афғонистон ҳисса ва саҳми худро гузорем.

Дар яке аз мақолаҳои худ чанде пештар таъкид карда будам, ки терроризм сарҳад, яъне ватан надорад. Имрӯз мехоҳам ин суханонро дар бобати экстремизм низ такрор намоям. Экстремизм дар ҳама шакли зуҳуроташ мисли терроризм сарҳад, миллат ва мазҳаб надорад. Ба ин маънӣ экстремизмро танҳо ба ислом нисбат додан ва ин дини мубинро бо номи экстремизм бадном кардан кори чандон дуруст нест.

Толибон ва дигар қувваҳое, ки дар кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни олам ба фаъолияти террористӣ, экстремистӣ ва тахрибкорӣ машғуланд, исломро фақат ҳамчун байрақ ва ҳамчун воситаи расидан ба ҳадафҳои шуми сиёсии худ истифода мекунанд. Бо ҳамин восита боиси бадномии ислом мегарданд. Дар асл фаъолият ва андешаи онҳо бо ислом умумияте надорад. Аз ин лиҳоз, ба андешаи ман, вақти он расидааст, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаҳои нангину ҷинояткорона дар таърихи инсоният ҷудо аз ислом ва дину мазҳабҳои дигар дониста шаванд.

Як нуктаи дигари муҳимро низ бояд таъкид кард, ки вазъи сиёсии ҷаҳон баъди ҳодисаҳои 11 сентябр тағйир ёфтааст. Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси зиёиён ҳамчун қисми аз ҷиҳати сиёсию фарҳангӣ пухтаи ҷомеа ин аст, ки дар шароити хеле ҳассоси баамаломада мардумро аз дасисаҳои душманони озодию истиқлолияти Тоҷикистон огоҳ намоянд, барои манфиатҳои ночиз ва даргузар ба фиребу найрангҳои дохилию хориҷӣ дода нашаванд ва манфиатҳои олии миллати азизи худро муқаддас шуморанд.

Зиёиён дар ҳама давру замон ҳомиёни парчами миллат, ворисони таъриху фарҳанги аҷдодӣ, пешбарандагони маърифату худшиносӣ, пуштибонони нангу номус ва ҳувияти миллӣ, мунодиёни асили эҳсоси муқаддаси Ватану ватандорӣ, эҷодгарони воқеии шеъру каломи зебои тоҷикӣ ва офарандагони волотарин дастовардҳои маънавии халқи хеш буданд, ҳастанд ва хоҳанд буд. Ин рисолати бузурги онҳо дар оғози асри нав, дар шароити талотумҳои шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ даҳчанд афзуда, аз ҳар фарди бедордилу соҳибмаърифат зиракии сиёсӣ, суботи маънавӣ, дурбинию дурандешӣ ва қабл аз ҳама садоқати миллию ватандӯстиро тақозо менамояд.

Ман эътимоди комил дорам, ки даҳҳо ҳазор зиёиёни бедордилу ватанпарвар, алалхусус эҷодкорону аҳли илму фарҳанг, кормандони соҳаи маориф дар ин марҳилаи тақдирсози эҳёи давлатдории миллӣ, пуштибонии истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат, ҳифзи муқаддасоти миллат ва мероси таърихию маънавӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Рӯзе мерасад, ки ҳеҷ бадхоҳе таъна ба миллати қадимаву солор ва мутамаддини мо нахоҳад зад ва ҷаҳониён, чунон ки аз сарватҳои маънавию фарҳангии замони Сомониён истифода кардаанд, аз дастовардҳои нави халқи тоҷик ифтихор хоҳанд кард.

Дар остонаи фарорасии Иди Наврӯз ва оғози фасли баҳор ҷамъ омадани мо басо рамзист. Зеро аслан эҳёи табиат, омадани баҳор ва оғози соли нави суннатии ниёгони мо ба эҳёи неруҳои эҷодию маънавӣ, ба ҷӯш омадани сарчашмаи илҳом ва оғози нақшаҳои наву ҳадафҳои тозаи зиёиёну равшанфикрон як қаробату ҳамоҳангие дорад. Яъне эҳёи табиат рамзан таконе ба нерӯҳои эҷодию маънавӣ бахшида, бо қудрати ҳаётбахши хеш дилҳоро ба ҷӯш меорад, торҳои илҳомро нохун мезанад ва сеҳри сухану оҳанги тасвири эҷодкоронро меафзояд.

Имрӯз марди деҳқон ба сари замини худ мебарояд ва барои таъмини ризқу рӯзии мардум меҳнат оғоз мекунад. Ба ӯ баҳори нек, барори кор ва файзу баракат мехоҳам.

Ҳазорсолаи сеюм дар пешорӯи давлати соҳибистиқлол ва миллати фарҳангдӯсти мо вазифаҳои нав ва масъулиятҳои басо бузург мегузорад. Мо бояд дар ҷаҳони имрӯза ва оянда симои миллӣ ва арзишҳои маънавии худро аз даст надода, дар сафи давлатҳои пешрафтаю мутамаддини дунё ҷой гирем ва фарҳангу тамаддуни хешро пуштибонӣ намоем.

Бо ҳамин нияти нек бори дигар шуморо бо Соли нави аҷдодиямон муборакбод мегӯям. Ба ҳамаи шумо, азизон ва дар шахси шумо ба ҳамаи ҳамкорон, ҳамқаламон, аҳли оилаатон ва тамоми сокинони Тоҷикистони азизамон баҳори навро табрик мегӯям. Умедворам, ки бо нафаси тозаи баҳор ва омадани Наврӯзи оламафрӯз ҳамаи хурду бузург ҷомеа ба ободии хонаву кӯчаҳои худ, маҳалли зист ва шаҳру ноҳияҳои хеш, хулоса ба хотири ободии Ватан камар мебанданд.

Барои ҳар кадоми шумо хонаободию сарбаландӣ ва комёбиҳои эҷодӣ ба нафъи Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон орзумандам.

Баҳори нав ва Соли наватон муборак бошад! Саломат бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520