Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Шӯрои директорони ширкати Зиҷин Майнинг Ван Ҷенхуа

19.05.2014 16:40, Чин

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Шӯрои директорони ширкати Зиҷин Майнинг Ван Ҷенхуаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба кори имрӯза ва ояндаи Корхонаи муштараки Зарафшон баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи 7 соли кор дар ин корхонаи муштарак ширкати Зиҷин Майнинг зиёда аз 235 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуда, беш аз 2200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо кори доимӣ таъмин кардааст. Дар корхона корҳои ғанигардонии маъдан, поксозии тиллою нуқра (аффинаж) ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Оянда дар ин ҷо ҳамчунин комбинати коркарди мис бо иқтидори солонаи 10 ҳазор тонна бояд бунёд ёбад.

То соли 2016 дар ин ҷо бояд якчанд коргоҳҳои нави дигар бунёд ёфта, 500 ҷойи нави корӣ муҳайё гардад ва ҳаҷми истеҳсолоти корхонаи муштараки Зарафшон ба 1,5 миллиард сомонӣ расонда шавад.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла барои коргарони корхонаи муштараки Зарафшон, сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520