Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мин Ҷен Чжу мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот баррасӣ шуд.
Гуфтугӯйи судманд доир ба авзои кунунии амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба омодасозии кадрҳои ин соҳа, аз ҷумла доир ба мубориза бо киберҷинояткорӣ ва ҳифзи иттилоот, зоҳир карда шуд.
Мин Ҷен Чжу изҳор дошт, ки “Тоҷикистон бо марзи тӯлониаш бо Афғонистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир қарор дорад, аз ин хотир Ҷумҳурии Мардумии Чин омода аст, ки сохторҳои марбутаи ин кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд”.
Табодули назар, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.