Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташриф ба қароргоҳи ширкати Ҳайчен групп дар шаҳри Шанхай

20.05.2014 09:44, Чин

Дар шаҳри Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи ширкати чинии Ҳайчен групп ташриф оварда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти ширкат Ҳуан Ҷянжун самимона истиқбол гирифт.

Шиносоӣ бо фаъолияти ин ширкати бонуфуз нахуст дар намоишгоҳи он сурат гирифт.

Зимни суҳбат бо роҳбарияти ширкат, аз ҷумла аз фаъолияти панҷсолаи ин ширкат дар Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд.

Тавре зикр гардид, ин ширкат дар мавзеи Зарнисори Тоҷикистон бо истихроҷ ва коркарди сурбу руҳ машғул буда, то ҳол наздики 1200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо кори доимӣ таъмин намудааст.

Ба наздикӣ аз ҷониби ин ширкат дар шаҳри Истиқлоли (собиқ Табошар) Тоҷикистон сохтмони комбинати металлургӣ ва корхонаҳои семент, кислотаи сулфат ва нуриҳои минералӣ оғоз ёфт, ки дар онҳо қариб 2,5 ҳазор шаҳрвандони тоҷик бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин хоҳанд шуд. Комбинати металлургӣ дорои иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ дар як сол хоҳад буд.

Тавофуқ ҳосил шуд, ки сохтмони ин корхонаҳо тезонда шуда, як сол пеш аз муҳлати муайяншуда ба анҷом расонда шавад. Роҳбарияти ширкати мазкур бо маслиҳати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин уҳдадор шуд, ки дар омодасозии мутахассисони ин соҳаи Тоҷикистон ва ташкили гурӯҳҳои омӯзиши забони чинӣ саҳмгузор мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520