Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус

24.05.2014 15:04, Беларус

Муҳокимаи масоили ҳалталаб дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду кишвар идома ёфт.

Александр Лукашенко Тоҷикистонро “шарики боэътимоди Беларус дар минтақаи дорои аҳамияти стратегӣ-Осиёи Марказӣ” номида, бо муроҷиат ба ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус изҳор дошт: “ҳар кумаке, ки мо ба Тоҷикистон метавонем расонда, бояд расонем”.

Гуфтугӯйи судманд доир ба ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, амниятӣ ва фарҳангию гуманитарӣ сурат гирифт.

Барои татбиқи босамари заминаи васеи қарордодию ҳуқуқии мавҷуда фаъолияти бештари Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва Шӯрои соҳибкорони ду кишвар зарур шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки бунёди корхонаи муштараки истеҳсоли тракторҳо ва мошинолоти кишвоварзӣ дар Тоҷикистон бояд тезонда шавад.

Ба андешаи сарони ду давлат, ҳамчунин бунёди корхонаҳои муштарак дар бахшҳои коркарди пахта, меваю сабзавот ва доир ба истеҳсоли молҳои талаботи ҳаррӯза манфиатовар хоҳад буд.

Ба ташкил ва густариши ҳамкории мустақим миёни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар субектҳои хоҷагидори ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Тавре зикр гардид, ҳамкорӣ миёни муассисаҳои илмию истеҳсолӣ, таҳсилоти олӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ низ дорои дурнамои наку аст.

Гуфтугӯйи судбахш, ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон ва рушди ҳамкорӣ барои нигаҳдории амну суботи минтақавӣ сурат гирифт. Таъкид гардид, ки авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, хусусан пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ ҳамгироии ҷиддии дуҷониба ва бисёрҷонибаро талаб мекунад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520