Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои матбуот аз рӯи натиҷаи гуфтушунид бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Григорович Лукашенко

24.05.2014 15:53, Беларус

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама мехоҳам суханҳои миннатдориро ба муҳтарам Александр Григорович Лукашенко, Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Беларус барои моро пазироии гарм ва меҳмоннавозии самимӣ карданашон, дубора такрор намояд.

Он чи вобаста ба сафари ман, ин аст, ки мо дар ҷараёни мулоқотҳои худи ҳозир ба анҷом расида дар муҳити созанда ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Беларусро баррасӣ намудем.  

Муҳокимаҳо нишон доданд, ки ҷонибҳо барои тавсеаи маҷмӯи тамоми ҳамкориҳои байнидавлатии худ, ки рушди устувор доранд, ҳавасманданд.

Мо оид ба тавсеаи минбаъдаи манфиатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус дар самти тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар самтҳо, ки манфиатҳои мутақобила дорем, табодули назар кардем.

Дар ҳошияи баррасии самтҳои калидии равобити тиҷоратию иқтисодӣ густариши ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаҳо байни субъектҳои хоҷагидори ду давлат муҳим арзёбӣ гардид. Ин азми мо бо имзо намудани як қатор созишномаҳо дар ин самти ҳамкорӣ мустаҳкам шудааст.

Муносибатҳои расмии миёни идораҳои соҳавии ҷонибҳо ва густариши робитаҳои истеҳсолӣ дар баробари муносибатҳои анъанавии соҳавии Тоҷикистону Беларус ба сифати самти муҳими ҳамгироии минбаъда дар иқтисод маънидод гардид.

Мо масъалаи то андозае пурратар истифода намудани имконоти мавҷударо ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷм ва муносиб намудани сохтори гардиши моли ду давлатро  муҳим донистем.

Бо назардошти имконоти ҷонибҳо, татбиқи лоиҳаҳои манфиатноки иқтисодии мушаххас дар он соҳаҳо, ки Тоҷикистон ва Беларус манфиатҳои якҷоя доранд, ояндадор номида шуд.

Ин, пеш аз ҳама соҳаи агросаноатӣ, мошинсозӣ, соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, саноати сабук ва хӯронворӣ мебошанд.

Мо аҳд намудем, ки корро ҷиҳати пешравии ҳамкориҳо дар самтҳои зикршуда дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ идома медиҳем.  

        Масъалаи таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ дар мадди назар гирифта шуд.

Ба рушди минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг диққати ҷиддӣ дода шуд.

Мо барои омода сохтани кадрҳои баландихтисос, чӣ дар соҳаи шаҳрвандӣ ва чӣ дар самти низомӣ ба Ҷумҳурии Беларус миннатдории самимонаи худро баён месозем.

Ҷонибҳо  қабули бастаи тавофуқи нави натиҷаи музокиротро, ки дар он таҳкими бунёди аҳдномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду тараф оид ба самтҳои мушаххаси ҳамкориҳо даъват шуда буд, қобили аҳамият донистанд.

Дар рафти тамосҳои мунтазами сиёсӣ мо оид ба як қатор масъалаҳои муҳими дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намудем.

Дар ин қисмат масъалаҳои пешрафти минбаъдаи равандҳои интегратсионӣ, тақвият бахшидан ба суботу амнияти минтақа дар маркази диққат қарор дошт.

Дар ин росто мо дурнамои ҳамкориҳоро дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, СААД ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар он Ҷумҳурии Беларус дорои мақоми шарики гуфтугӯҳост, мавриди муҳокима қарор додем.

Ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкорӣ дар риштаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҳушдорҳову таҳдидҳои замони муосир омодагии худро баён сохтанд.

Ҳангоми баррасии масоили дорои аҳамияти минтақавӣ, мо бо Александр Григоревич андешаҳои худро оид ба масоили Афғонистон ба миён гузошта, нигаронии умумии худро нисбат ба воқеаҳои ғайриоддие, ки дар баъзе кишварҳо ва минтақаҳо мегузаранд, нишон додем.

Дар хотима, мехоҳам аз гуфтушунидҳои баргузоргардида қаноатмандии бепоёни худро изҳор  намоям.

Гуфтушунидҳо бо доштани хусусиятҳои корӣ ва эътимодомез дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмии комиле, ки хоси муносибатҳои ин ду кишвар мебошанд, ба вуқӯъ пайвастанд.

Итминон дорам, ки натиҷаи боздиди расмии имрӯза барои самаранокии ҳамкориҳои кишвару халқамон уфуқҳои навро боз хоҳад кард.

Ман аз Александр Григоровичи  муҳтарам даъват намудам, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди расмӣ ба амал оваранд. Умедворам, ки идомаи гуфтугӯҳои самараноки мо дар Душанбе боз ҳам ба ривоҷ додани ҳамкориҳоямон мусоидат хоҳанд кард.

Ташаккур.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520