Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташриф ба Донишгоҳи Давлатии Беларус

24.05.2014 20:19, Беларус

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи Давлатии Беларус ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни он мулоқоти судбахш анҷом дод.

Дар оғози мулоқот бо қарори Шӯрои илмӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Профессори фахрии Донишгоҳи Давлатии Беларус» сарфароз гардонда шуд.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва аъзои Шӯрои илмии донишгоҳ барои чунин қадрдонии баланд арзи сипос намуда, таъкид дошт: «Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ бо Ҷумҳурии Беларус манфиатдор аст».

Тавре аён гардид, дар ин мулоқот донишҷӯёни зиёд аз Тоҷикистон низ иштирок доштанд. Ба иттилои масъулини соҳа, ҳоло беш аз 200 донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус таҳсил мекунанд.

Таъкид гардид, ки дар асоси тавофуқоти миёни сарони ду давлат-Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко, минбаъд Ҷумҳурии Беларус натанҳо дар ҳудуди худ мутахассисони тоҷикро омода месозад, балки дар Тоҷикистон низ филиалҳои муассисаҳои таҳсилотии худро боз хоҳад кард.

Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дархост намуд, ки танҳо дар Донишгоҳи Давлатии Беларус ҳар сол 100 бурсия(квота) барои донишҷӯёни тоҷик ҷудо карда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520