Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Шурообод

31.10.2011 17:00, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои оғози сохтмони пули навбатии мошингарди миёни Тоҷикистону Афғонистон ба ноҳияи Шуроободи вилояти Хатлон сафар кард.

Хотиррасон бояд намуд, ки пули Шурообод баъди пулҳои Хорўғ, Ишкошим, Қалъаи Хумб, Ванҷ ва Панҷи Поён пули 6 – уми мошингард дар болои рўди Панҷ миёни Тоҷикистону Афғонистон хоҳад буд.

Барои иштирок дар оғози сохтмони ин пули азим, ки ба дарозии 182 метр дар мавзеи Дашти Ҷуми ноҳияи Шурообод бунёд меёбад, ҳамроҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷо, ҳамчунин пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4, Вазири фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳамидӣ, як гурўҳ сафирони давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва дигар меҳмонони воломақом ташриф оварданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4 ва Вазири фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳамидӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди пули 6 – уми миёни Тоҷикистону Афғонистон оғоз бахшиданд.

Тавре зикр гардид, пули нави 182 метра бо 500 метр роҳи нави аз шоҳроҳи мошингарди Кўлоб – Қалъаи Хумб то лаби рўди Панҷ бо харҷи беш аз 17 миллион сомонӣ маблағҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷумҳурии Федеролии Олмон ва Хазинаи Оғохон дар зарфи 11 моҳ бунёд хоҳад ёфт. Иқтидори борбардории пул, ки бо усули овезон сохта мешавад, баробари 30 тонна хоҳад буд.

Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Оби Ниҳоли ноҳияи Шўрообод ташриф оварда, ба навсозии қитъаи 40 километраи Шўрообод - Шоҳони шоҳроҳи байналмилалии Кўлоб -Қалъаи Хумб - Хорўғ - Кулма - сарҳади Чин оғоз бахшид.

Тавре зикр гардид, қитъаи мазкури ин шоҳроҳ бо харҷи 440 миллион сомонӣ ё худ 93 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 2 соли оянда мавриди навсозӣ қарор мегирад. Дар ин қитъаи роҳ, ҳамчунин 9 пул ба дарозии умумии 1064 метр бунёд меёбад. Бузургтарини онҳо пули Оби Ниҳол хоҳад буд, ки дарозиаш 264 метр мебошад. Дар зери 72 ҷойи роҳ, ҳамчунин қубурҳои калони обгузар хобонда мешаванд, ки барои ҳифзи он аз селу обхезӣ пешбинӣ шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки пули 6 – уми миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Шўрообод қитъаи 40 километраи шоҳроҳи Кўлоб – қалъаи Хумб бо 9 пули бузург бояд бо сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар муҳлати муайяншуда, навсозӣ шуда, мавриди баҳрабардории мардум қарор бигирад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520