Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадӣ

26.05.2014 19:42, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ташриф оварда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуд.

Тавре зикр гардид, ин маркази таълимӣ барои омодасозии мутахассисони хурди ҳайати сарбозӣ ва сержантии Қӯшунҳои сарҳадӣ пешбинӣ шуда, дар он аз рӯйи 18 ихтисос кадрҳо омӯзонда мешаванд.

Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани дарсҳои назарявию амалӣ дар ин ҷо тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст, хусусан пас аз таъмиру навсозие, ки тайи чанд моҳи охир анҷом дода шудааст.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст омодагии сарҳадбонон доир ба ташкил ва гузарондани амалиёти ошкор ва дастгирсозӣ ё безарагардонии гурӯҳи террористӣ ва ё қочоқбари сарҳадшикан намиш дода шуд. Тавре аён гардид, барои ба роҳ мондани чунин машғулиятҳои амалӣ дар ин ҷо макети хатти сарҳад, ки хеле ба мавзеъҳои сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон монанд аст, сохта шудааст. Ин амалиёти таълимӣ бо ҷалби ҳайати шахсӣ, техникаю таҷҳизоти зарурӣ ва сагҳои хизматӣ ба роҳ монда шуд. Омодасозии сагҳои хизматӣ ва кинологҳо низ аз ҷумлаи ихтисосҳои ҳамин маркази таълимӣ аст ва ин кор дар сатҳи хеле баланд анҷом дода мешавад.

Таваҷҷуҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин китобхонаи дорои фонди ғании китобҳо бо толори китобхонаи электронӣ ва осорхонаи маркази таълимӣ ба худ ҷалб намуд. Чунонки аён гардид, бо ҷалби олимони таърихнигор ва рассомони касбӣ дар деворҳои осорхона таърихи бостон ва муосири миллати тоҷик ба таври илюстратсия нигошта шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз майдончаҳои варзишӣ, машғулиятҳои гуногуни тактикӣ, синфхонаҳои сершумор, аз ҷумла синфи омодасозии ошпазҳои касбии низомӣ дидан карда, бо ҳайати шахсии маркази таълимӣ суҳбатҳои ҷолиб анҷом дод.

Зимни суҳбат бо бонувоне, ки имрӯз дар расми гузашти низомӣ дар майдони Дӯстии пойтахт иштирок намуда, маҳорати баланд нишон доданд, ба ҳамаи онҳо арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки дар хизмати низомӣ фаъолу намуна будани занону духтарон боиси афзун гардидани нангу номуси ватандории ҷавонмардони мо мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва суҳбатҳо ба масъулини соҳа доир ба боз ҳам беҳтар намудани шароити хизматию маишӣ ва тарғиби оини ватандорию ватандӯстӣ дар миёни ҷавонони кишвар супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520