Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими оғози расмии навсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе - Ҳисор - Шаҳринав - Турсунзода - сарҳади Узбекистон

07.11.2011 15:00, шаҳри Турсунзода

Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон навсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе - Турсунзода - сарҳади Узбекистон расман оғоз ёфт.

Маросими оғози расмии навсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе - Ҳисор - Шаҳринав - Турсунзода - сарҳади Узбекистон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, Ноиби президенти Бонки осиёии рушд Сиаою Жао, роҳбарони сохторҳои марбутаи кишвар ва аҳли ҷамоати ноҳияҳои ду паҳлўи ин шоҳроҳ баргузор гардид.

Зимни гузоштани санги асос ва шиносоӣ бо лоиҳаи навсозӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин шоҳроҳи дарозиаш 66 километр бо харҷи беш аз 900 миллион сомонӣ ё худ 181 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тармиму навсозӣ қарор мегирад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ширкати роҳсозии Чайна Роуди Ҷумҳурии Мардумии Чин таъкид дошт, ки ин кор на дар 3 сол, балки дар 2 сол, вале бо риояи тамоми талаботи ҷаҳонии сифату эътимодбахшӣ анҷом дода шавад.

Бинобар таъкиди Президенти кишвар, дар ин ҷо зиёда аз 600 нафар роҳсозони маҳаллӣ соҳиби кору маоши хуб мешаванд, зеро беш аз 80% коргарон аз Тоҷикистон хоҳанд буд.

Тавре зикр гардид, ин нахустин роҳи дараҷаи якуми сифат дар Тоҷикистон хоҳад буд, зеро роҳҳои дигари то ин вақт бунёдёфта ба дараҷаҳои дуюм ва сеюм тааллуқ доранд.

Тибқи лоиҳа, масофаи 4,6 километри ин роҳ – аз назди пайкараи Абўалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе аз 8 хатти ҳаракати мошинҳо ва боқимондаи роҳ аз 4 хат иборат хоҳад буд.

Дар паҳлуи ҷойи ин ҷамъомад, ки дар гардиши роҳи осоишгоҳи Шоҳамбарӣ қарор гирифта буд, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда, ҳамчунин ба сохтмони як маҷмааи тиҷоратию хизматрасонӣ оғоз бахшид.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин маҷмаа аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфта, иборат аз тарабхона, чойхона, меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии мошинҳои гуногуни боркашу сабукрав хоҳад буд. Тибқи нақша ин маҷмаа баъд аз 2 сол ба кор медарояд ва дар он зиёда аз 300 нафар соҳиби кори доимӣ шуда, ба роҳгузарони шоҳроҳи Душанбе - Ҳисор - Шаҳринав - Турсунзода - сарҳади Узбекистон хизматрасонӣ хоҳанд кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520