Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба солгарди 60-уми Академияи илмҳои Тоҷикистон

18.11.2011 13:00, шаҳри Душанбе

Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавии бахшида ба солгарди 60 - уми Академияи илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавии бахшида ба солгарди 60 - уми Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки дар толори бузурги театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд, бо суханронии табрикии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.

Президенти кишвар аз таърихи бостонӣ ва муосири илми тоҷик, нақши фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушди илми ҷаҳонӣ ва натиҷаҳои фаъолияти 60-солаи Акдемияи илмҳои Тоҷикистон ёдовар шуда, барои бо рушди имрўзаи илму техника ҳамқадам будани олимони тоҷик дар назди Академияи илмҳо ва дигар муассисаҳои илмию маърифатӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

Таъкид гардид, ки барои ба даст омадани натиҷаҳои дилхоҳи илмию техникӣ ва технологӣ дар ҳамаи соҳаҳо корҳо бояд ҳадафмандона, тибқи нақшаҳои мушаххас ва ба таври муттасил ба роҳ монда шаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз комёбиҳои муҳими олимони тоҷик дар соҳаҳои зилзилашиносӣ ва гелогия, ки солҳои охир ба назар мерасанд, изҳори хушнудӣ намуд. Таъкид гардид, ки чунин корҳо бояд муттасил идома дода шаванд, зеро олимони тоҷик ҳама вақт дар ин самтҳои илми ҷаҳонӣ натиҷаҳои намоён доштанд. Гузашта аз ин «рушди улуми зилзилашиносӣ ва гелогия барои кишвари кўҳистони Тоҷикистон басо муҳим аст», - таъкид гардид дар суханронӣ.

Бо изҳори нигаронӣ аз гармшавии иқлими сайёра, обшавии пиряхҳои бузург, таъмин набудани дастрасии пурра ба оби тоза ва нерўи барқ дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, таъкид гардид, ки олимони тоҷик дар тадқиқоти масоили пешгирӣ аз хатари гармшавии иқлим ва таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои алтернативии нерўи барқ, аз ҷумла нерўгоҳҳои обӣ, офтобӣ, бодӣ ва нерўи биологӣ бояд пешсаф бошанд. «Аз худ намудани чунин технологияҳо, ба хусус аз он сабаб муҳим аст, ки захираҳои нафту газ дар ҷаҳон аллакай баъди 40-50 соли дигар метавонанд анҷом ёбанд», - таъкид дошт Сарвари давлати Тоҷикистон. ҳамзамон изҳор гардид, ки Тоҷикистон барои таъмини рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодии худ ба ҷуз сохтмону ба истифода додани нерўгоҳи Роғун ва дигар нерўгоҳҳои гидроэнергетикӣ роҳи дигар надорад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки олимони тоҷик дар тарғибу ташвиқ ва татбиқи амалии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти таъмини дастрасии васеи аҳолии сайёра бо оби тоза бояд парчамбардор бошанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди илму техника ва технологияҳои муосир дар кишвар тамоми захираҳои имконпазирро равона месозад. Аз ҷумла тазаккур дода шуд, ки маблағгузории ин соҳа дар 5 соли охир 3 баробар ва маоши кормандони илмӣ аз 1 сентябри соли 2011 2 баробар афзун гардид ва ҳанўз аз соли 1996 Фонди президентии тадқиқоти бунёдӣ амал мекунад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин мужда расонд, ки ҳаҷми унвонпулии узви пайваста (академик) ва узви вобастаи Академияи илмҳо, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 – уми январи соли 2002 мутаносибан дар ҳаҷми 100 ва 50 доллари амрикоӣ муайян гардида буд, 1 баробар зиёд шуда, аввалӣ ба 200 ва дувумӣ ба 100 доллари амрикоӣ расонда мешавад.

Дар маҷлиси тантанавии бахшида ба солгарди 60 - уми Академияи илмҳои Тоҷикистон, ҳамчунин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов, Директори Пажўҳишгоҳи муттаҳидаи тадқиқоти ядроии Федератсияи Русия Виктор Матвеев, Президенти Академияи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурад Журинов, Раиси Фарҳангистони Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Довари Ардаконӣ, Президенти Академияи илмҳои Эстония Ричард Вилямс ва Раиси Фарҳангистони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулбарӣ Рошид иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз ҷониби Директори Пажўҳишгоҳи муттаҳидаи тадқиқоти ядроии Федератсияи Русия Виктор Матвеев ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои нақши намоёнаш дар пуштибонӣ аз рушди илму техникаи муосир мукофоти олии ин муассисаи бонуфузи илмии Русия – медали тиллоӣ тақдим карда шуд.

Зимни ин ҷамъомад, ҳамчунин ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника дар соли 2011 ба барандагони онҳо тақдим карда шуд.

Ҷоизаи давлатии ба номи Абўалӣ ибни Сино дар бахши илмҳои физикаю математика, кимиё, геология ва техника ба доктори илмҳои геологиву минералогия Далер Почоҷонов барои силсилаи корҳои Геохимияи таҳшинҳои аридӣ тақдим гардид.

Дар бахши биология ин ҷоиза барои силсилаи корҳои «Асосҳои физиологии растанипарварии солонаи сареъ дар заминҳои обёришавандаи Тоҷикистон» насиби доктори илми биология Хуршед Каримов ва дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ барои силсилаи таҳқиқот дар бораи таърихи фалсафаи тоҷик ба академик Мусо Диноршоев тақдим карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520