Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Навоз Шариф аз намоишгоҳи неъматҳои табиати Тоҷикистон

18.06.2014 12:25, ноҳияи Варзоб

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф дар қароргоҳи беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб аз намоишгоҳи меваю сабзавот, хушкмева, асал ва дигар неъматҳои табиати биҳиштосои Тоҷикистон дидан карданд.

Чунонки зикр гардид, Тоҷикистону Покистон бо умумиятҳои зиёди фарҳангию мардумии худ метавонанд, дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳамкории пурсамар дошта бошанд. Дар ин замина ба таъсиси корхонаю муассисаҳои муштараки истеҳсолию тиҷоратӣ ҳавасмандӣ зоҳир гардид.

Хотиррасон бояд намуд, ки дирӯз дар доираи боздиди расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Тоҷикистон миёни ду кишвар як зумра санадҳои муҳим, аз ҷумла барои муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати нассоҷӣ, таҳсилоти касбӣ, забономӯзӣ ва китобдорӣ ба имзо расид.

Бо назардошти имконоти фарохи ҳамкорӣ, ки бояд мавриди баҳрабардории пурсамар қарор дода шавад, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки дар вақти барои ҷониби Тоҷикистон муносиб ба Покистон ташриф барад, то ки муколамаи судманд доир ба дарёфти роҳҳои нави густариши робитаҳои ду кишвар идома дода шавад.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520