Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Малайзия иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар анҷумани соҳибкону тоҷирони Тоҷикистону Малайзия наздики 300 нафар аз ду ҷониб иштироки фаъол доштанд.
Анҷуманро Вазири тиҷорати байналмилалӣ ва саноати Малайзия доктор Мустафо Муҳаммад ифтитоҳ намуда, суханро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дод.
Президенти кишвар шахсан ва бевосита имконоти васеи ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Тавре зикр гардид, танҳо аз ҷониби сохторҳои давлатии Тоҷикистон беш аз 400 лоиҳаи сармоягузорӣ омода ва пешкаш гардидааст, ки хеле судоваранд. Лоиҳаҳои зиёди дигар ҳамчунин аз ҷониби сохторҳои сершумори соҳибкорию тиҷоратии хусусӣ таҳия шуда, интизори сармоягузорӣ ва татбиқи босамар мебошанд. Фазои сиёсӣ ва ҳуқуқии сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон сол ба сол беҳтару ҷолибтар мешавад.
Зимни анҷуман ҳамчунин соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Малайзия мулоқоту гуфтушунидҳои зиёди рӯ ба рӯ анҷом дода, робитаҳои мустақим барпо намуданд.