Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии раисони шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Файзобод ва Турсунзода

14.04.2012 11:30

Имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Файзобод ва Турсунзода телефонӣ ҳисобот доданд.

Таваҷҷӯҳи асосӣ ба нишондодҳои рушди иқтисодӣ, аз ҷумла иҷрои буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввали соли равон, рафти киштукори баҳорӣ, тақвият додани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва ҳамчунин ҳифзи мардум аз хатари обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ бояд қафомонӣ аз нақшаи киштукори баҳорӣ, ки бар асари тӯл кашидани мавсими имсолаи сардмо ба миён омадааст, бартараф карда шавад.

Барои таъмини ситодҳои аксуламал ба офатҳои табиӣ бо техникаю маводи зарурӣ ва дар ҳолати омодабош қарор додани онҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дастуру ҳидоятҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба шаборӯзӣ ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, бунёди корхонаҳои нав, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва ободонию кабудизоркунии муҳити зист дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520