Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд

14.07.2014 11:27, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Табрику таҳнияти самимии мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фарорасии ҷашни миллии Ҷумҳурии Франсия – солгарди ба даст овардани Бастилия қабул фармоед.

Боиси қаноатмандист, ки таи солҳои охир муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Франсия бар асари саъю эҳтимом ва кӯшишҳои ҳар ду ҷониб сатҳи баланд ва сифатан навро касб намуданд.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои созанда ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои мухталиф дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар рушду густариши пайгир хоҳанд ёфт. Ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими ҳар чӣ бештари ин муносибатҳо, ки омили муҳими таъмини сулҳу субот ва ҳамкорӣ дар минтақа мебошанд, саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.

Бо ибрози орзуҳои беҳтарин ба ҷаноби Президент сиҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Франсия хушрӯзӣ ва саодат таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520