Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Синфэн

29.07.2014 11:05, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Синфэнро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар самти ҳамҳангсозии мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуд.

“Тоҷикистон дар иҷрои уҳдадориҳои худ, ки аз Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай доир ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ бармеояд, ҳамеша устувор аст ва барои таъмини амну суботи минтақавӣ бо ҳамаи шарикони худ ҳамгироии пурсамар ба роҳ мондааст”, - таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Бо таваҷҷуҳ ба авзои кунунии Афғонистон ва дурнамои он, аз ҷумла изҳор гардид, ки натанҳо бо худи терроризм, балки бо омилҳои ба он мусоидаткунанда низ мубориза бояд тақвият дода шавад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита изҳор дошт: “Кумак расондан ба Афғонистон дар роҳи табдил додани он ба кишвари орому осуда ва давлате, ки рушду тараққиёти худро бе истеҳсоли маводи мухаддир таъмин намояд, ба манфиати ҳамаи мо аст”.

Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, зоҳир гардид.

Чжан Синфэн ба ҷараёни раисии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва сохторҳои он баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки чораҳои дар ин сол амалишаванда ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар доираи ин созмон, аз ҷумла дар самти муборизаи муштараки зиддитеррористӣ мусоидати фаъол мекунад.

Изҳори умед карда шуд, ки нақши Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай беш аз пеш боризу муассир мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520