Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи меҳмонхона ва маркази муосири хизматрасонӣ дар ҷамоати деҳоти Ҳисор

15.08.2014 18:52, шаҳри Ҳисор

Дар ҷамоати деҳоти Ҳисор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як меҳмонхонаи зебо ва маркази хизматрасонии дорои шароити муосири ҷаҳонӣ ба истифода дода шуд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Рустам Саидов бунёд ёфтааст.

Меҳмонхонаи он дорои 30 кати хоб буда, бо дигар шароити муосири дар он бунёдёфта ба дараҷаи 4 ситора баробар аст.

Гулгаштҳои атрофи меҳмонхона дорои ҳавзи шиноварии зебо бо оби ҳамеша покшаванда ва ҳарорати муътадил, шароити офтобдиҳии бадан, майдончаи варзишӣ, фаввораҳои рақсони рангоранг ва дигар ороишоти дилнишин мебошанд.

Рустам Саидов минбаъд азм дорад, ки майдони ин маркази зебои истироҳату фароғатро васеъ намуда, дар ҳудуди он бо боғу токзори намунавӣ, ҳавзи моҳипарварию моҳидорӣ, мамнуъгоҳи табиӣ, шикоргоҳ ва ғайра шароити муосир барои сайёҳони экологӣ муҳайё созад.



 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520