Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо аъзои Кумитаи тадорукоти ҷашни 3000-солагии Ҳисор ва роҳбарону фаъолони ноҳия

15.08.2014 20:35, шаҳри Ҳисор

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Кумитаи тадорукоти ҷашни 3000-солагии Ҳисор ва роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуд.

Дар оғози мулоқот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва дигар масъулини ҷумҳуриявию маҳаллиро шунида, зимни ҳисоботи онҳо ва суханронии худ доир ба тезондани омодагӣ ба ин ҷашни фархунда, бо суръат ва сифати баланд анҷом додани сохтмону таҷҳизи иншооти сершумори ҷашнӣ, ободу зебо намудани Ҳисори бостонӣ ва ба як шаҳри зебою муосир табдил додани маркази ин водии зархез супоришҳои мушаххас дод.

Бо хушнудӣ зикр гардид, ки 3000-солагии Ҳисор ба феҳристи санаҳои таърихиву фарҳангии созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст ва он бояд дар сатҳи баланд ва бо омодагии ҳамаҷониба истиқбол гирифта шавад.

Дар навбати аввал ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки барои сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани иншооти аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сохташаванда, аз ҷумла варзишгоҳ, Мактаби Президентӣ, Кохи фарҳанг, осорхона, китобхона ва роҳҳои мошингард чораҳои мушаххас андешад.

Инчунин ба масъулини бунёди Чойхонаи миллӣ ва маркази савдои Гипермаркет, ки тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ бояд сохта шаванд, дастур дода шуд, ки корҳои сохтмонро тезонанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор шуд, ки доир ба таъмини иҷрои “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҳисор барои солҳои 2012-2016“, аз ҷумла сохтмону навсозии иншооти ба нақша гирифташуда ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намояд.

Ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки барои дар муҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расонидани сохтмону навсозии 6 иншооти пешбинишудаи соҳаи маориф чораҷӯӣ намояд.

Зикр гардид, ки дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор сохтмон ва барқарорсозии 223 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора тибқи қарори Ҳукумат 25 иншоот ва тибқи рӯйхати иншооте, ки баъди мулоқоти Президенти кишвар бо соҳибкорон ва роҳбарону фаъолони ноҳия бо ташаббуси соҳибкорони ноҳия дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, 191 иншоот пешбинӣ гардидааст.

Тибқи маълумот аз 191 иншооти ҷашнӣ, ки бояд аз ҳисоби соҳибкорон сохта, ба истифода дода шавад, то имрӯз ҳамагӣ 6 иншоот ба истифода супорида шуда, дар 19 иншоот корҳои таҳқиқотиву лоиҳакашӣ идома доранд.

Оғози сохтмони 107 иншоот бо мушкилоти заминҷудокунӣ ва воридсозӣ ба нақшаи генералии маркази ноҳияи Ҳисор рӯ ба рӯ шудаанд. Аз ин хотир, ба Раиси ноҳия ва роҳбарони сохтору мақомоти дахлдор дастур дода шуд, ки ҳамкориро бо соҳибкорони бонангу номуси ноҳия ҳарчи бештар вусъат дода, мушкилу монеаҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф намоянд.

Ҳамзамон бо хушнудӣ таъкид гардид, ки аз ҷониби як қатор соҳибкорони маҳаллӣ берун аз нақша иншооти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст.

Ба Академияи илмҳо супориш дода шуд, ки омӯзиши археологӣ ва корҳои ҳафриётиро дар мавзеъҳои «Қасри ҳоким», «Қалъаи Ҳисор» ва дигар ёдгориҳои таърихӣ суръат бахшад.

Муовини Сарвазир - Муродалӣ Алимардон, Директори Агентии захираҳои моддӣ – Нурмаҳмад Ахмедов ва раиси ноҳия вазифадор шуданд, ки якҷо бо соҳибкорону сармоягузорон доир ба омодагии ҳамаҷонибаи иншооти хизматрасонӣ, аз ҷумла терминали мусофиркашонӣ, меҳмонхона, бозор ва марказҳои савдову хизматрасонӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Бори дигар таъкид гардид, ки ҳарчи зудтар ба кор даровардани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии ба нақша гирифташуда, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва ҷойҳои корӣ барои аҳолӣ вазифаи ҷонии роҳбарону масъулони ноҳия ва соҳибкорон мебошад.

Супоришҳои дигар доир ба баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ, таъмиру тармими ҳар як хонаву кӯча, тозаву озода нигоҳ доштан ва бо гулу дарахтҳои зебо ороиш додани кӯчаву хиёбонҳои ноҳия, вусъат додани корҳои таблиғотии вобаста ба ҷашни 3000 – солагии Ҳисор, таълиму тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи баланди миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва ватандӯстиву созандагӣ дода шуд.

Таъкид гардид, ки дар сурати пурра иҷро шудани ҳамаи нақшаҳои омодагӣ ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор дар ин ҷо беш аз 12 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарону фаъолон ва соҳибкорони баору номуси ноҳия ва хусусан ба 4 соҳибкори бонуфуз – Рустам Саидов, Ҷамшед Зиёев, Қурбонмурод Неъматов ва Абдулло Ҳасанов барои иштироки фаъол дар бунёди иншооти зиёди ҷашнӣ дар ноҳияи Ҳисор арзи сипосу қадрдонӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки иқдомоти онҳо намунаи ибрат барои дигар соҳибкорони баору номуси кишвар мегардад.

Таъкид гардид, ки “ҳадафи асосии ҳар як ҷашну чорабинӣ ободу зебо гардонидани ин ё он гӯшаи диёрамон ва дар маҷмӯъ ободонии Ватанамон мебошад”.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520