ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Вазири адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани
Худоёров Б.Т.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Худоёров Бахтиёр Таварович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
5 январи соли 2012
№1200