Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар фаъол гардондани толори бузурги варзишӣ ва варзишгоҳи олимпӣ дар маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони Шоҳини шаҳри Қайроққум

20.08.2014 12:02, шаҳри Гулистон

Дар Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони Шоҳини шаҳри Қайроққум Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як толори бузурги варзишӣ, варзишгоҳи олимпӣ ва чанд биною иншооти нави дигарро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Хотиррасон бояд намуд, ки Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони Шоҳин пас аз навсозии куллӣ 19 июни соли 2013, бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дубора мавриди истифода қарор гирифта буд.

Чунонки иттилоъ доданд, масоҳати умумии марказ 19,5 га буда, он дорои 1 бинои зимистона барои 226 нафар, 9 бинои тобистона барои 456 нафар, 1 бинои таълимӣ, майдончаи гулханафрӯзӣ бо 280 ҷойи нишаст, амфитеатр бо 320 ҷойи нишаст, майдончаи бозиҳои кӯдакона, майдони сунъӣ барои футболи хурд, майдончаҳои волейбол, баскетбол, тенниси калон ва 3 ҳавзи шиноварӣ мебошад.

Дар доираи чорабиниҳои вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо варзишгарони ҷумҳурӣ моҳи декабри соли 2010 баён гардида буд, дар ҳудуди Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони Шоҳини шаҳри Қайроққум ин толори бузурги варзишӣ, варзишгоҳи стандарти ҷаҳонӣ, ҳаммом (сауна) ва майдони бозии голф сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Масоҳати умумии толори бузурги варзишӣ 1800 м2, баландиаш 18 метр буда, барои гузарондани машқҳои таълимӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои баскетбол, волейбол, футболи толорӣ, кӯҳнавардӣ ва тенниси рӯи миз мутобиқ карда шудааст.

Дар дохили толори калон 500 ҷойи нишаст барои тамошобинон, 2 ҳуҷраи обпошӣ барои 7 ҷой, анборхона ва ҳуҷраи хазинадор мавҷуд аст.

Дар ошёнаи дуюми бино толори хурди варзишӣ мавҷуд аст, ки дорои 37 таҷҳизоти обутоби бадан мебошад. Ин толор метавонад шавқмандони зиёди ин навъи варзишро ба ин ҷо ҷалб намояд.

Варзишгоҳи нави маркази мазкур дорои майдони стандартии футбол, роҳрав барои давидан бо дарозии 400 метр, ҷойи нишасти болопӯшида барои 720 нафар, 2 ҳуҷраи либосивазкунӣ, ҳуҷраҳои обпошӣ барои 2 даста, ҳуҷраи доварон ва анборхона мебошад.

Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ин варзишгоҳ туҳфаи арзишманде аст ба ҷавонону наврасони варзишгар дар соли Футболи Оммавӣ. Хотиррасон бояд намуд, ки соли 2014 Соли Футболи Оммавӣ дар Тоҷикистон эълон гардидааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як навраси футболбоз, ки қисмате аз онҳо духтарчаҳои хурдсол буд, тӯбҳои футбол тақдим намуда, ҳамроҳашон акси хотиравӣ гирифт ва изҳори боварӣ намуд, ки дар воқеъ ин навъи варзиш дар Тоҷикистон оянда метавонад рушди назаррас дошта бошад, зеро барои ин кор дар ҳамаи гӯшаю канори ҷумҳурӣ шароити зарурӣ муҳайё мегардад ва ҷавонону наврасони мо ба он шавқу рағбати беандоза доранд.

Дар маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони Шоҳин ҳамчунин ҳаммом барои 25 ҷой бо ҳавзи зебои шиноварӣ бунёд гардида, дар он ҳуҷраҳои обпошӣ, ҳаммомҳои русӣ, туркӣ, финӣ, ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраи масҳ, ошхона ва ҳуҷра барои истироҳат вуҷуд дорад.

Дар оянда имкон дорад, ки маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони Шоҳин ҳамчун муассисаи варзишии омодагии олимпӣ истифода шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520