Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти сохтмони маҷмааи универсалии варзишии Пойтахт-90

30.08.2014 14:16, шаҳри Душанбе

Дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони маҷмааи универсалии варзишии Пойтахт-90 бевосита шинос шуд.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи сохтмону ободонӣ ва ҷараёни корҳо, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар майдони қариб 10 гектари ин мавзеи зебо, маҷмааи бузурги универсалии варзишӣ бунёд меёбад. Дар воқеъ, ин мавзеъ дар болои боғи фарҳангию фароғатии Пойтахт ва дар миёни талу теппаҳои Лучоб ва рӯди Душанбе қарор дошта, яке аз ҷойҳои зеботарин ва мувофиқ барои ин ҳадаф аст.

Чунонки зикр гардид, дар ин ҷо қасрҳои варзишии болопӯшида ва нимпӯшида ва ҳам майдону майдончаҳои гуногун барои теннис, ҳавзҳои хурду миёна ва бузурги барои шиноварӣ ва дигар намудҳои варзишӣ обӣ ва ҳамчунин қасри намудҳои варзиши рӯйи ях бо навтарин стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мешаванд. Ин маҷмаа дорои толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишианд, ки ҳар яке аз 150 то 3000 ҷойи нишаст барои тамошобинон доранд. Аз ҷумла 7 майдони омӯзишии теннис ҳар яке 150 ҷойи нишаст ва қасри теннис 3 ҳазор ҷойи нишаст доранд. Қасри калони варзиши обӣ бошад дорои 2 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд.

Тавре аён гардид, лоиҳа аз ҷониби мутахассисони гурӯҳи ширкатҳои Ростовгипрошахти Федератсияи Русия бо назардошти талу теппаҳои атроф ва соҳили рӯди Душанбе тарзе таҳия гардидааст, ки тамоми зебоиҳои релефи маҳал ба фоидаи кор истифода мешавад.

Майдону майдончаҳои теннис ва ҳавзҳои аз рӯйи масоҳат ва чуқурӣ гуногуни ин маҷмаа ҳам барои омӯзиши ин ҳунарҳо ба хоҳишмандон ва ҳам барои мусобиқаҳои маҳаллию байналмилалӣ, аз ҷумла барои бозиҳои олимпӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ин маҷмаа аз кӯдакони ҳафтсола сар карда, то пиронсолон метавонанд бо машқу тамрин машғул шаванд, зеро дар ин ҷо ҳавзҳои аз чуқуриашон камтарин то 3 метр мавҷуд аст. Дар ин ҳавзҳо ҳамчунин ҷойҳои аз баландиҳои 1,5 м., 3, 7 ва 10 метр ба об сарозер хез задан мавҷуд аст, ки ба тамоми талаботи стандартҳои бозиҳои олимпӣ мутобиқат мекунанд.

Дар ҳудуди маҷмааи варзишӣ ҳамчунин таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ барои мошинҳо, роҳраву гулгаштҳои зебо ва ороишоти дилписанд пешбинӣ шудаанд.

Дар рафти сохтмони ин маҷмааи бузурги варзишӣ аз 1,5 то 2 ҳазор нафар ва пас аз ба кор даромаданаш беш аз 600 каси дигар бо кор таъмин мегарданд.

Аз ҳама ҷолиб ин аст, ки қасрҳо ва дигар бинои иншооти ин маҷмаа бо ранги кабуди монанд ба оби соф ороиш меёбанд, ки ин рамз бозгӯй аз кишвари обҳои мусаффо ва ташаббускори ҳалли мушкилоти обии ҷаҳон будани Тоҷикистон аст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520