Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Алмазбек Шаршенович,
Табрикот ва беҳтарин таманниёти маро ба муносибати фарорасии Рӯзи истиқлолияти давлватии Ҷумҳурии Қирғизистон қабул фармоед.
Қирғизистон барои мо ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад ва мо барои тавсеа ва таҳкими муносибот миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дорои анъанаҳои бойи таърихианд, ҳавасмандем. Умедворам, ки ба мо муяссар мешавад якҷоя шарикии кишварҳоямонро, ки ҷовобгӯи аслии манфиатҳои ду халқи бародар аст, таҳким бахшем.
Ба Шумо муҳтарам Алмазбек Шаршенович саломатӣ ва хушбахтӣ, ба халқи бародари қирғиз – сулҳ ва шукуфоӣ таманно менамоям».