Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 23-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10.09.2014 20:10, шаҳри Душанбе

Дар иртибот ба бисту сеюмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани барқияву номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои ҷамъиятӣ идома дорад.

Дар номаи шодбошии Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама чунин омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Мардуми Амрико дар баёни табрикоти самимона нисбат ба Шумо ва мардуми тоҷик вобаста ба ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ман ҳамроҳ мешаванд.

Иёлоти Муттаҳида аз шарикии муназзами худ бо Тоҷикистон- шарикие, ки барои дастгирии сулҳ, субот ва шукуфоии тамоми минтақа аҳамияти ҳаётан муҳим доштани худро идома медиҳад, мефахрад.

Мо умед дорем, ки имсол робитаҳоро миёни давлатҳоямон бо фарогирии кӯшишҳои муштарак ҷиҳати ба даст овардани ояндаи демократӣ, осоишта ва шукуфон барои мардуми Тоҷикистон боз ҳам мустаҳкам намоем”.

Императори Ҷопон Акихито, чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Ирсоли табрикоти самимонаи ман ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси сарфарозӣ буда, ба Шумо саодат, ба мардуми шарафманди тоҷик шукуфоии минбаъдаро хоҳонам.”

Дар паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган чунин омадааст:

“Муҳтарам ҷаноби Президент,

Бародари азизам,

Бо эҳсоси самимӣ Ҷаноби Олӣ ва тамоми халқи тоҷикро бо 23-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мекунам.

Мо бо қаноатмандӣ тағйиротҳои мусбатеро, ки Тоҷикистон дар ҳар як соҳа аз лаҳзаҳои ба даст овардани истиқлолият то ба имрӯз ба даст овардааст, новобаста ба шароитҳои мураккаб дар кишварҳои ҳамсоя мушоҳида мекунем. Ман таҳкими минбаъдаи ин бузургиро таманно дорам.

Ҳамин тавр, боварии амиқ дорам, ки бо робитаҳои наздики дӯстона ва бародаронаи халқҳоямон, ки решаҳои умумии таърихӣ ва фарҳангӣ доранд, мо боз ҳам муносибатҳои рушдкунандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи худро дар асоси ҳамкориҳои мутақобилан судманд таҳким бахшем.

Бо истифода аз фурсат, хоҳишмандам таманниёти сиҳатӣ ва хушбахтӣ ба Ҷаноби Олӣ ва ба халқи дӯсти тоҷик сулҳ ва шукуфоии маро қабул фармоед”.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн дар барқияи шодбошии худ қайд менамояд:

“Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли мамнуният Шумо, Ҷаноби Олӣ, мардум ва Ҳукумати Тоҷикистонро ба муносибати 23 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик менамоям.

Боиси хушнудӣ ва хурсандист, ки муносибатҳои бародаронаи ду давлат дар асоси боварӣ ва якдигарфаҳмӣ рушд ёфта истодааст. Боварии комил дорам, ки муносибатҳои дуҷониба дар оянда боз ҳам тараққӣ хоҳанд ёфт. Умедворам бо Шумо баҳри мақсади ягона, таҳкими сулҳу амонӣ ҳамкорӣ намоям.

Аз фурсат истифода бурда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон пирӯзиву комёбиҳои ҷадид орзумандам.

Ман ин фурсатро барои таҷдиди изҳори ғояти эҳтиром ба Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ ғанимат медонам”.

Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Армения Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Шуморо бо ҷашни муҳими миллӣ-Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ аз самими қалб табрик менамоям!

Анъанаҳои неки эҳтироми ҳамдигарӣ ва дӯстии мардумони мо пойдевори мустаҳкам барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатии Арманистону Тоҷикистон, вусъат додани робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, ҳамкориҳои қобили қабул дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб мешаванд.

Бовар дорам, ки кӯшишҳои муштарак дар ин самт, ки пурра аз манфиатҳои устувор намудани дӯстӣ миёни мардумони кишварҳои мо бармеоянд, метавонанд робитаҳои дуҷонибаро бо барномаҳои шавқовар ва манфиатбахши барои рушди ҳар ду давлат фоидаовар мукаммал намоянд.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, тансиҳатӣ ва барои шукуфоии Тоҷикистон барору комёбиҳо, ба мардуми тоҷик рафоҳатро таманно дорам”.

Президенти Украина Пётр Порошенко дар барқияаш навиштааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Аз номи мардуми Украина ва шахсан аз номи худам Шуморо бо 23-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегӯям.

Бовар дорам, ки муносибатҳои ҳамкориҳои серҷониба миёни Украина ва Тоҷикистон дар асоси шарикии қобили қабул ва дастгирии дуҷониба марҳила ба марҳила инкишоф меёбанд. Бо истифода аз фурсат, ба Шумо тансиҳатӣ ва дар фаъолияти давлатии масъулиятноки Шумо комёбиҳои минбаъдаро таманно намуда, ба мардуми дӯсти тоҷик - сулҳ, беҳбудӣ ва шукуфоиро хоҳонам.”

Номаҳои табрикӣ ҳамчунин аз Шоҳи Марокаш – Муҳаммади VI, Шоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун – Абдуллоҳи II, Султони Уммон – Қобус ибни Саид, Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам – Чионг Тан Шанг, Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка – Маҳинда Раҷапакса, Президенти Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш – Абдул Ҳамид, Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш –Шейх Ҳасина Вазид, Раиси Президиуми Шӯрои Олии мардумии Ҷумҳурии Мардумӣ-Демократии Корея – Ким Ен Нам ва дигарон расиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати 23-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520