Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов

11.09.2014 18:37, шаҳри Душанбе

Мулоқоти басо муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов анҷом дод.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Бешубҳа, муносибот бо Узбекистон барои Тоҷикистон аз афзалиятҳои асосӣ ба шумор меравад”. Ҳамчунин таъкид гардид: “Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки мо ба таҳкими муносиботи баробарҳуқуқ бо Узбекистони бародар, тавсиаи арсаҳои ҳамгироӣ ва густариши робитаҳо дар ҳамаи сатҳу зинаҳо самимона манфиатдорем”.

Сарони ҳарду давлат ба таҳким ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ, ки тайи таърихи тӯлонии ҳамзистии мардумони ду кишвар ташаккул ёфтааст, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Бо таассуф зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвари ҳамсоя аз 300 миллион доллари амрикоӣ дар соли 2007 то ба 2,1 миллион дар соли 2014 коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки бо назардошти имконоти мавҷуда ҳаҷми солонаи гардиши мол миёни Тоҷикистону Узбекистон метавонад беш аз 500 миллион доллари амрикоиро ташкил диҳад.

Зимни суҳбати созанда, ки дар фазои гарму самимӣ ҷараён гирифт, изҳори боварӣ карда шуд, ки мушкилу монеаҳои мавҷуда аз роҳи рушди муносиботи ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар доираи Аҳднома доир ба дӯстии абадӣ, ки соли 2000 ба имзо расида буд, бартараф хоҳанд шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520